Перейти к содержимому

Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид (7)

Ба қалами Мирбобо Мирраҳим

Қисмати 7

Ба посухҳоям нуқтаи таммат гузоштанӣ будам, ки ногаҳон ду нукта ба ёдам расид.

Нахуст, ду баёнот ё гузорише аст, ки дар мавриди М. Мирраҳимов соли 1990 (пас аз рухдодҳои моҳи феврал) ба КГБ-и Тоҷикистон расида. Дертар он гузоришҳо ба парвандаи ҷиноии шастуҳафтҷилдаи №625 нисбат ба М. Мирраҳимов (ба ин парванда корномаи А. Комилов, Х. Қосимов ва Х. Назаровро низ мулҳақ кардаанд) дӯхта шудааст ва ҷилди даҳумро ташкил додаст. Мо аз овар-дани ин аснод дар китоби «Рӯзномаи маҳкум ба қатл. Хо-тироти зиндони КГБ дар солҳои 1993-1994» худдорӣ карда будем. Он чӣ, ки ҷаноби С. Мирзорахматов бо ҷумлаҳое чун-«Кто-то пытался объяснить, что Мирбобо толком не знает таджикский язык, нашей культуры и, наконец, нашу письменность» (1); «писаки» (2); «он картавит немного» (3), «барои Бунёди забон, Растохез коре накард» ва дигар ибораҳо дар ҳаққи М. Мирраҳимов мақола менависанд, дар он гузоришҳо дақиқан навишта шудааст (4). Албатта, ҷаноби С. Мирзорахматов хуб медонанд, ки муаллифи он суханҳо ва гузоришҳо кист. Афзун бар ин аз сабки нигориши С. Мирзорахматов чунин бармеояд, ки касе ҳамчун хуфиянавис аз рӯзе (ва ҳатто пеш аз он), ки мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» ба нашр расид, доиман дар камин ва ё пушти сари Мирбобо Мирраҳимов ҳама ҷо ва дар ҳар макон ва дар ҳар замон ҳозиру нозир аст ва бо диққат наззора дорад ва мунтазир аст, ки чӣ иштибоҳе аз ӯ рух медиҳад, то дастгираш кунем ва ба гуноҳе муттаҳам созем. Чун рафтори ғайриқонуние аз банда рух надода, пас бо тӯҳматномаҳои подарҳаво мақола навишта, сиёҳ кардан ва дар ҳаққаш дурӯғ парокандан, ки касе посухгӯ набошад, беҳтар аст, то даъвои ҳақиқӣ!

Дуввум, дар авҷи даргириҳои соли 1992 дар рӯзномаи «Правда» мақолаи «Двойка по философии. Эхо таджикского полупереворота» (5) бо имзои «хабарнигори вижа Игорь Ленский» чоп шуд, ки асосан дар танқиди М. Мирраҳимов ва қисман Ш. Юсупов ихтисос дошт. Он замон ман ба он дурӯғнома эътирозе накардам, зеро ҳатто фурсати кофӣ ҳам дар ихтиёр надоштам. Албатта, «Игорь Ленский» кист ва чаро ӯ танҳо доир ба масоили даргириҳои Тоҷикистон мақола менавишт ва чаро имрӯз С. Мирзорахматов айнан ба монанди Игорь Ленский аз М. Мирраҳимов (ва, албатта, аз Ш. Ф. Юсупов-ҳамтабақаш) танқид ба амал меоварад, пас аз хондани ин ҷумлаи зерини сафсаттабоф: «С Мирбобо вообще не знаком» (6) каме шубҳаомез аст. Ёд надорам, ки кадом як «хабарнигори вижаи «Правда» Игорь Ленский» ба таври мустақим моҳи июн ва ё июли соли 1992 бо ман мусоҳиба карда бошад, вале чанд тоҷики роҳибнамо, ки маълум буд, дасти Маскав ҳастанд ва ба олами рӯзноманигорӣ низ сару кор доранд, бо баҳонаи дидор вориди дафтари корӣ шуда, аз боби гӯё баста шудани барномаҳои русӣ дар садо ва симо пурсон шуда буданд, ки суроби яке онҳо шабоҳат ба устоди С. Мирзорахматов дошт…

Он рӯзҳо «Игорь Ленский» аз «мулоқот ва мусоҳиба» бо М. Мирраҳимов ин тавр ёдовар шудааст:

«С видным деятелем оппозиционного движения Мирбобо Миррахимовым по странному совпадению тоже кандидатом философии, мы встретились в его только обретенном кабинете председателя теле радиокомитета (?) Таджикистана. Захотелось узнать о происшедшем из первых уст. Мое намерение не понравилось министру.

-Как член правительства национального примерения я не могу нарушить затишья.

Раз так, я спросил: почему ликвидируется русская редакция. Министр нахмурился:

-Она не ликвидируется. Она преобразуется в между‐ народную.

-Не следствие ли это заявления Шодмона Юсуфа?

-Он прав. Русские в большинстве своем никогда не чувствовали себя гражданами Таджикистана.

-У нас была одна страна…

-Все равно. Им не дорога наша земля. Они даже языка не знают.

Внезапно сверкнув очами, министр стал резко говорить о начальнике гарнизона и о русских солдатах, которые так здесь не нужны. Я осторожно напомнил, что в мартовском интервью «Правде» президент Набиев высказался за охрану внешних границ республики силами СНГ.

-Сейчас другое время. Нам незачем защищаться от своих братьев, -жестко возразил философ, давая понять, что разговор окончен» (7).

«Игорь Ленский» дар шумораи 4 сентябри соли 1992 рӯзномаи «Правда» (№117/26871/) дар мақолае бо номи «Что стоит за путчем в Душанбе» дар мавриди истеъфои Р. Набиев чунин навиштааст*:

«Ссылка на таджикское радио крайне важна для оценки информации. Не исключено, что таджикская телерадиокомпания, руководимая одним из вождей исламистов М. Миррахимовым, выдает желаемое за действительное. Телегато явно поставлена впереди лошади. Сессия еще не собралась, и неизвестно, соберется ли и будет ли на ней кворум, уже решен. Решен правительством и президиумом парламента, которым по конститутиции Таджикистана такое право не предоставлено…»

Як моҳ пас аз нашри ин мақола ин бор дар саҳифаҳои якум ва дуввуми шумораи 6 октябри соли 1992 (№139/26893/) рӯзномаи «Правда» шахси «Игорь Ленский»-ро якбора «хабарнигори вижаи «Правда» Виктор Ряшин» иваз мекунад ва мақолаи муфассалеро бо номи «Кулябское сопротивление» ба чоп мерасонад, ки мазмунан ба навиштаҳои С. Мирзорахматов дар соли 2002 ҳамсадо аст. Турфанди беназир дар рӯзноманигории коммунистӣ ин аст, ки рӯзномаи «Правда» дар соли 1992 дар Тоҷикистон аз хидмати ду «хабарнигори вижа» истифода мекардааст, дар ҳоле ки аз мӯҳтавои рӯзнома бармеояд он замон вазъи иқтисодии хубе надошт ва гирифтори додгоҳи фаъолони ГКЧП ва рӯзшумори ташрифи ҳунарпешаи мексикоӣ Вероника Кастро ба Русия буд. Дар поёни моҳи октябр «Игорь Ленский» сари кор баргашта ва боз дар бораи воқеаҳои Тоҷикистон 31 октябри соли 1992 мақолаи дигареро ба нашр расонидааст, ки «Таджикистан может остаться без таджиков» ном дорад. Унвони мақола бисёр дилсӯзона нисбат ба тоҷикон ба назар мерасад, вале муаллиф дар мазмуни нигориш ба юришу турктозии С. Кенҷаев, ки пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанберо бо зархаридони аҷнабӣ ғасб карда, куштаҳои зиёде бар ҷой гузошт, чунин баҳои мусбат додааст:

«Захватив президентский дворец, Кенджаев нашел мужество признать: за полгода погибло больше 20 тысяч человек. Одна из самых жестоких гражданских войн в Гватемале унесла 100 тысяч. Но за тридцать лет. Сравните цифры» (8).

Агар ин қатли оми омори 20-ҳазор нафар тоҷик аз Ширкати давлатии садо ва симои пахш шуда буд, ҳатман террор маҳсуб мешуд, вале ҳоло бо қаламфарсоии «Игорь Ленский» «мардонагии С. Кенҷаев» ном гирифтааст, зеро он устоди кудато субҳи 24 октябри соли 1992 Ширкати давлатии садо ва симоро бо кӯмаки низомиёни Русия ва бо сарварии сарҳанг Камышкин ғасб карда, дар суханронии хеш ва Рустами Абдураҳим (9) шахси худашро «Президенти Тоҷикистон» эълон кард. Он чӣ пас аз юриши С. Кенҷаев (10) танҳо дар назди сохтмони бинои садо («Дом Радио») се кушта ва назди қаҳвахонаи «Деҳқон»-и бозори «Баракат» (дигар имрӯз на аз он қаҳвахона ва на бозор нишоне нест) беш аз сездаҳ шаҳид (дигар куштори дар Душанбе анҷомшуда аз ҷониби аҷнабиён дар 24.10.1992-ро мо мисол намеоварем) мерос боқӣ монд, аҳамияте надорад ва дар қатори омори 20 ҳазор нафара дохил намешавад!

Лозим аст далелҳои ин ду ҷумла бо ҳам муқоиса шавад. Ҷаноби С. Мирзорахматов солҳои 2002-2011 чунин навиштаанд:

«21 июня 1992 года большой отряд боевиков народного фронта вторглись на территорию печально известного совхоза «Туркменистан» Вахшского района. Мирные жители от страха прятались в сбросных каналах, на полевых станах и на кладбищах. Однако, боевикам, видимо была дана команда не трогать мирное население (был убит один мирный житель, якобы оказавший сопротивление). Это был акт устрашения, демонстрация силы» (11).

«Игорь Ленский» 11 июли соли 1992 дар мақолааш чунин навишта буд:

«Новой кровью налился полувековой давности этно-религиозный спор между гармскими и кулябскими таджиками. Без видимых причин 27 июня произошло столкновение в совхозе «Ленинград» Курган-Тюбинской области -погибли более 30 человек» (12).

Умуман мақолаҳои «Игорь Ленский» барои хоҷагони Маскав ва Тошканд (Ӯзбакистон), ки дар воқеъаҳои фоҷиабори Тоҷикистон дахил буданд, раҳнамуд ва дастаки хубе шуд ва таъсири баде ба мерос гузошт ва имрӯз дар навиштаҳои нави Нур Табаров ва С. Мирзорахматов бо ҳамон сабки қадим, вале ба ранги нав зуҳур кардааст.

Дар муаррифиномаи С. Мирзорахматов, ки пушти ҷилди тӯҳматномаашон (якҷо бо акс) овардаанд, як порае аз тарҷумаи ҳоли дурӯғнависи коммунистмаоб аз нашр афтодааст (шояд барои рӯйпӯш кардани фитнаи таърих, фарти фаромӯшхотирӣ ва ё бо машварати устод Нур Табаров), ки барои хонандаи дақиқназар лозим аст ин ҷо зикр шавад: рафиқ С. Мирзорахматов пас аз муддатҳо хабарнигорӣ дар «Коммунист Таджикистана» бо пофишории устод Отахони Латифӣ (пас аз истеъфои ишон дар соли 1989) ба вазифаи пурмасъулияти хабарнигори рӯзномаи «Правда» дар Тоҷикистон тавсия шуданд (дар мухолифат бо номзадии Шариф Ҳамдамов-Шарифи Ҳамдампур). Ин ҷо ради пои хабарнигори «Правда» дар Тоҷикистон гум мешавад. Пас аз ҳазф шудани моддаи «нақши роҳбарикунандаи ҲКИШ дар Иттиҳоди Шӯравӣ» аз Қонуни Асосии (Конситутсияи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ) дар моҳҳои аввали соли 1990  “Правда” дигар мухтор буд, ки ҳар касеро мехост барои хабарнигорӣ дар Тоҷикистон баргузинад.

Барои андеша: мақолаи «Аплодисменты есть, не дай Бог слезы», ки бо имзои мустаори «М. Далер» дар шумораи 224(26672) аз 25 сентябри соли 1991 чоп шудааст, ҳамгаро бо сабки навиштаҳои С. Мирзорахматов дар солҳои 2002 ва 2011 мебошад. Албатта, бо итминони комил наметавон гуфт, ки матни зер ба қалами С. Мирзорахматов тааллуқ дорад, вале мисол овардани он барои муқоиса бо навиштаҳои минбаъдаи ин ҳазарат ва мутолааи таърих аз аҳамият холӣ нест:

«Чуть больше двух часов Республика Таджикистан находилась на черезвычайном положении, объявленном парламентом. И лишь за несколько минут до окончания заседания Верховного Совета депутаты переиграли и приняли черезвычайное положение только в Душанбе.

Тем временным митнги в столице республики не прекрещаются пятый день и, видимо, захватили парламентариев. Под аплодисменты приняли они отставку и. о. Президента Республики Таджикистан, Председателя Верховного Совета Таджикистана К. Аслонова, признавшего свою вину, под аплодисменты отменили его указ о Национализации имущества Компартии Таджикистана и ее правопреемников. Под аплодисменты сессия избрала и нового Председателя Верховного Совета Республики Таджикистан народного депутата Рахмона Набиева. По Конституции Таджикистана он теперь является и и. о. президента республики до всенародных выборов нового главы таджикского государства, которые назначены на 27 октября этого года. Кстати, Р. Набиев-один из претендентов на этот пост. На сегодняшний день свыше 240 трудовых коллективов и организаций республики выдвинули и поддержали его кандидатуру. Овациями встретили нового Председателя Верховнего Совета Республики Таджикистан участники митинга протеста против запрещения компартии (перешедшей, правда, в ранг социалистической), национализации ее имущества, против сноса памятника В. И. Ленину. Митинг проходил на прощади Озоди, у здания парламента.

Сторонники оппозиции-представители народного движения Растохез, Демократической партии Таджикистана и Партии исламского возрождения не ликовали. Они организовали свой митинг, который шел всю ночь и продолжался во вторник. На проспекте имени Ленина, переименованном в проспект Рудаки, баррикады. Митингующие не согласны с решениями сессии, и они выступают против введения черезвычайного положения, за восстановление законной власти в лице К. Аслонова. Оппозиция требует отставки Р. Набиева.

М. ДАЛЕР. г. Душанбе».

Дертар 9-уми декабри соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ бо муоҳидаи Беловежск байни Президентҳои Русия, Украина ва Белорус-Б. Н. Ельцин, Л. Кравчук ва С. Шушкевич барҳам хӯрд ва мавқеи рӯзномаи «Правда» нисбат ба тоҷикон ва Нерӯҳои миллӣ-озодихоҳии Тоҷикистон шабеҳу айни сиёсати хасмонаи Б. Ельцин ва И. Каримов ва ҳатто дар бархе маворид бештар аз он чӣ буд, ки метавон тасаввурашро кард, шуд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин дар корномаи хабарнигори «Правда» ҳеҷ мақолае дар нимаи дуввуми соли 1992 бо ному имзои номубораки-«С. Мирзорахматов» рӯи чопро надидааст. Шумо кистед, Саломиддин-ака?! Чанд чеҳра доред?! Мардаки ҳазорчеҳра. Ба наздикӣ ҳама шуморо хоҳанд шинохт ва хеле маъруф хоҳед шуд. Фарҷоми оғозатон муборак!

Ҷилва бар ман мафурӯш, эй маликулҳоҷ, ки ту

Хона мебиниву ман хонахудо мебинам (13).

Шояд қатли нобаҳангоми Отахони Латифӣ дар рӯзи наҳси 22-юми сентябри соли 1998 барои дигарон роҳи шӯҳрати тозаеро боз карда ва таъриф аз он равон‐ шод ин таъриф аз худ бошад?! Одатан ашки тимсоҳ (сусмор) барои он аст, ки касеро фурӯ бурда ва гӯиё намаки дар бадани инсон вуҷуд дошта вайро азият мекардааст… Агар моҳи феврали соли 1990 бо кӯмаки сӯзанбоне (стрелочник) чун Нур Табаров рӯзноманигори барҷаста Отахони Латифиро барои тарафдории гирдиҳамомадагон муттаҳам карда бошанд, пас чаро дар соли 1998 он тӯҳмат бо пӯкиши нохостаи С. Мирзорахматов ҷомаи марг напӯшад?!

Пас аз ин посухҳои бо мантиқ, мадорик ва далелҳои маҳкам, ки дар боло овардем (ва инҳоро устод Нур Табаров бисёр таманно доштаанд ва доранд, ки рӯи дасташон гузошта шавад ва ё барои ҳамлунақл ҳамчун гулчанбаре гирди сарашон дуруст гардад, ки ҳатто ба хонандагони китобча ҳам ин орзӯяшонро қисмат кардаанд) (14), ба ҷаноби Саломиддин Мирзорахматов барои он ки аз нав бар осиёби дигарон об рехта истодаанд, бо забони худо‐ биёмурз Ҷӯлқунбой (А. Қодирӣ) ва бо камоли эҳтиром таманнои шаби хуш менамоем ва мегӯем:

-Энди яхши етиб туринг! (15)

* * *

Ба ҷои охирсухан

Баробари ба даст гирифтани китобчаи С. Мирзорахматов «Герои истинные и мнимые» дар таърихи 17 марти соли 2011 ва боз кардани нахустин саҳифаи он номи ин посух дар зеҳнам зуҳур кард: «Ҳамтабақи Шодмон Юсуфов ва Хулькар Юсупов ПӮКИД». Ин номи китоб маро он чунон ба худ мафтун сохт ки дар як они воҳид аксари далоили лозим барои ради тӯҳматномаи ишон омода шуд ва маро зарур омад, ки як моҳи комил паси мизи корӣ нишаста, онҳоро рӯи сафҳа биёварам (дертар танҳо бархе пойнавишт ва аксҳо ба он афзуда шуд). Шояд хонанда суол пеш оварад, ки чаро номҳои Шодмон Юсупов ва Хулькар Юсупов дар ин китоб бо унвони ҳамтабақӣ бо С. Мирзорахматов ба таври вижа таъкид шудааст. Посух ин аст:

 

Замоне ки мо мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?»-ро навиштем Ш. Юсупов вазифаи котиби созмони ибтидоии Ҳизби коммунистӣ дар Шӯъбаи фалсафа ва пасон котиби кумитаи Ҳизби коммунисти Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва ҳамчун коммунисти сирф сурх шӯҳрат ба даст оварда буд ва, бадбахтона, мо ҳамкор маҳсуб мешудем. Пас аз нашри мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» онро шадидан маҳкум кард ва каме баъдтар дар ҷойи кор сарангушти дасти росташро ба сӯям тир намуда, чунин таъкидро ба нишонии мо раво донист:

-Ҳамаи ин бедори мардуми тоҷик аз мақолаи шумо сар шуд. Шумо сазовори ҷазо ҳастед…

Лозим аст ба дафтари хотирот муроҷиат намоем ва ба моҳи марти соли 1989 баргардем:

«10.03.1989. Муҳити корӣ дар Шӯъбаи фалсафа барои ман бисёр носозгор шудааст. Ҳарчанд ҳамкоронам Шерзот Абдуллоев, домулло Раҳим Маҷидов, акаи Фармон, Саидалӣ маро дастгирӣ мекунанд, вале дар маҷмӯъ эҳсос мешавад, ки бо сарварии котиби бюрои ташкилоти коммунистии Шӯъба рафиқ Шодмон Файзуллаевич Юсупов алайҳи инҷониб таъқиби пинҳонӣ идома дорад. Шодмон Юсупов дар бобати вазъияти ба миёномада дар Ҷумҳурӣ, яъне раванди худшиносӣ ва бедории миллии мардум, мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?»-ро сабабгор медонад. Ин ҷиҳати масъала маро бисёр мушавваш кардааст. Ҳарчанд ман коммунист нестам ва ҳатто ягон бор ҳам барои узвият ба ягон ҳизб аризае нанавиштаам, аммо ҳоло ҳам ба ҷомеаи шӯравӣ Ҳизби Коммунист сарвар аст ва бо ҳар баҳона гардани одамро метавонанд, бишкананд. Зиёда аз ин котиби бюрои ҳизбӣ Ш. Юсупов худашро ҷонсупурдаи ҷаҳонбинии марксистӣ мешуморад ва ягон ақидаи мухолифро таҳаммул надорад. Ҳамаи бадбахтиҳо дар ҷомиаи шӯравӣ аз дасти ҳамин хел котибони бюроҳои ҳизбӣ рух додаст ва фоҷеаҳои бешуморе бар сари мардуми мо фурӯ рехта аст. Дод аз дасти ин қабил котибчаҳо!» (16)

Чунон ки зикр шуд мо аъзои Ҳизби коммунист набудем ва дар замони бозсозӣ ва ошкораёнӣ ба сар мебурдем, барои муҷозоти идеологӣ ва сиёсӣ дасти Ш. Юсупов кӯтоҳӣ кард ва ба «гуноҳи навиштани мақола» ва аз назорат дур мондан, ба ҷои банда сардори бахши диншиносии Шӯъбаи фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон доктори илми фарсафа, профессор Раҳим Маҷидович Маҷидовро бо танбеҳи ҳизбӣ «мушарраф» сохт. Бо дастгирии бевоситаи Муҳаммади Осимӣ ва Ғаффор Ашӯров (ин зотҳои шариф он замон ба тартиб яке Раёсат ва дигаре муовинати улуми иҷтимоии Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро сарварӣ мекарданд) монеъаҳои зиёдеро дар масири кори мо ба вуҷуд овард. Яке аз эроди «ҷиддӣ»-и сарварони гиромӣ нисбат ба банда ин буд, ки набояд зери мақолаҳоям, ки дар матбуот ба нашр мерасад, нишонии ҷои кор зикр гардад, зеро ин ҷиҳат гӯё нуқтаи назари Шӯъбаи фалсафа талаққӣ хоҳад шуд. Бинобар ин мо дигар аз навиштани нишонии ҷои кор дар поёни мақолаҳоямон худдорӣ меварзидем ва хушбахт ҳам будем, ки дигар наметавонанд ба мо эрод бигиранд (бинобар ин зери мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» танҳо унвони илмии мо зикр шудааст) (17).

Бо вуҷуди эҷоди ҳамаи он бадбинӣ ва монеъаҳо ман аз Ш. Юсупов нороҳат нестам ва ӯро бахшидаам. Бо Ш. Юсупов мешавад баҳсу андеша кард ва ба ҳар ҳол андаке одамигарӣ дар вуҷудаш ҳаст (шояд Ҳазрати Бурх ё Борухи Валӣ назар карда, вале ҷаноби С. Мирзорахматов ба куллӣ аз ҳар гуна одамигарӣ орӣ ва холист). Ёд дорам, ки боре Шодмон Юсупов дар як баҳси илмӣ даъво пеш овард, ки ӯзбакҳо ҳам ба нажоди ориёӣ дохил мешаванд. Банда дар посух ба ин даъво филфавр бо сароҳат барояш чунин гуфтам:

-Барои ҳамсари ту шуда, нажоди ориёиро олуда ва хароб намекунем! (18)

Шодмон Юсупов аз ин ҳарфи бисёр сахти банда наранҷид ва дилгир ҳам нашуд, ки ҳамсараш ӯзбакзан аст. Аз назари илми нажодшиносӣ ӯзбакҳо боқияи ҳамон Олтин Ӯрда ва нажоди муғул (ранги зард) маҳсуб мешаванд ва дар сухани мо ҳеҷ ҷое таҳқир дар шаъни Ш. Юсупов вуҷуд надошт. Вале, мутаассифона, он замон аз назари ахлоқӣ лаҳни сухани мо хуб набуд…

Аммо дар мавриди ҳамтабақи дигари С. Мирзорахматов рӯзномахарош Хулькар Юсупов бояд ин нуктаро зикр кард, ки фузулӣ, хиёнат ва пештозии аҷулонаи ӯро бо номаи саргушодааш «А разве ледоход не начался? Открытое письмо кандидату философских наук М. Миррахимову» аз ҳеҷ нигоҳ бахшидан наметавон, зеро бо дурӯғ мардуми бечораро фиреб дод ва гумроҳ сохт ва рӯҳияи зиддитоҷикиро дар Тоҷикистон, қаламрави шӯравии собиқ поягузорӣ намуд, фитна ва низоъи байни миллатҳоро бар по хезонд ва бо даҳон задан ба номи мо ҳамаро гирифтори балои миллатчигӣ гардонид. Номбурда то имрӯз он хиёнаташро дарк накарда (шояд он фитнаи ангехтаашро ба дасти фаромӯшӣ супурдааст) ва пешаи дурӯғпароканиро кеши худ интихоб кардааст. Рӯдакии бузурговор дар мавриди фитнакорон, ки ҷомеаро бо доғи нангин меолоянд, чунин фармудааст:

Яке олуда кас бошад, ки шаҳреро биёлояд,

Чу аз говон яке бошад, ки говонро кунад рихин (19)

Он чӣ ки имрӯз С. Мирзорахматов аз Х. Юсупов пуштибонӣ мекунад ва ӯро ҳақ мебарорад гувоҳи он аст, ки ин бандаи нохонда мулло ҳам дар ҳамон баҳри таҳриф ва ғафлат шиновар аст ва аз ҳамон оби шӯри уқёнуси бузурги хиёнат об мехӯрад.

Мо дар боло беҳуда ба С. Мирзорахматов машварат надодем, ки «агар ин дурӯғатонро он сол менавиштед ва чоп мекардед, шояд ҳол дар Қазоқистон зиндагӣ намекардед. Онҳое, ки ин корро сари вақт ё каме дертар дар аз солҳои 1989-1994 ва ҳатто 2001 анҷом додаанд, имрӯз дар Ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳо чӣ мақому мансабе ва чӣ ҷоҳу манзалате доранд, ки шумо онҳоро дар хоби шабатон ҳам орзӯ карда наметавонед ва намебинед! Ин машварати муфтро дар хотиратон занҷирбанд кунед: минбаъд дурӯғ ва тӯҳматро сари вақт нависед ва ба чоп расонед ва аз пода дер намонед».

Барои мисол. Аскари Ҳаким дар бораи рухдодҳои февралӣ ба КГБ роҷеъ ба мо гузориш навишта, таъкид карда буд, ки ба Қ. Маҳкамов таҳдид кардааам, ки ба истеъфо биравад ва гӯё ҳангоми гуфтушуниди Кумитаи 17 бо раҳбарони вақти Тоҷикистон дар бинои Кумитаи Марказии ҲКТ аз забони мо даъвати «Зинда бод ҷумҳурии исломӣ!» баланд шудааст. Дар мавриди шиори бисёр таҳрикомези «Зинда бод ҷумҳурии исломӣ!» ҷанобони дастгоҳи амниятӣ ва Додситонии кулли кишвар беш аз як сол аз мо бозҷӯӣ ба амал оварданд. Он лаҳзаҳои бозҷӯӣ дар солҳои 1990 ва 1991 мо то нимқадамии марг фосила доштем ва ҳар бор пеш аз «лаббайк» гуфтани даъватномаи Додситонии кулл ё … бо аҳли хонавода ва дӯстон самимона хайрухуш мекардем. Дар охир маълум шуд, ки гӯшу ҳуши ҷаноби Аскари Ҳаким ҳангоми воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 ба ихтилол дучор шуда, аз роҳи иштибоҳ даъвати пурҳаяҷони Назари Мӯсозода-«Зинда бод ҷумҳурии исломӣ!»-ро ба мо нисбат додааст. Ин маврид танҳо ҳангоми мулоқот-рӯбарӯкунӣ дар сохтмони Додситонии кулли кишвар, ки бозрас Гаркуша анҷом дод, мушаххас шуд ва ҷаноби Аскари Ҳаким ба иштибоҳи хеш эътироф кард ва парванда баста шуд. Бозраси Додситонии кулли кишвар рафиқ Гаркуша, ки ин парвандаро дар даст дошт, қасам хӯрда буд, ки агар даъвои Аскари Ҳаким дар мавриди даъвати «Зинда бод ҷумҳурии исломӣ!» дуруст аз об дарояд ва собит шавад, ки он аз забони ман баромадааст, ҳатман дар ҳамон дафтари кориаш як тири халосро (амале, ки пас аз ба қатл расонидани одам ба ҷой меоваранд ва ба русӣ онро «контрольная пуля» меоманд) аз банда дареғ нахоҳад дошт ва ҳаққи хеш медонист, ки ин корро анҷом бидиҳад ва ҳатто далелашро ҳам аз қабл эълон карда буд…

Мо мақолаеро бо номи «Се дурӯғи Аскар Ҳаким» навишта, ҳақиқати ҳолро нишон додем. Аммо Аскари Ҳаким ба ҷои он ки ҳамчун инсон аз тӯҳмат даст бардорад ва узр пеш оварад, баръакс пешхезиро ихтиёр карда, бо ҳақорат дар ҳаққи мо дар саҳифаи «Адабиёт санъат» назме ба чоп расонид. Мо ба чунин беадабӣ ва бефарҳангии ин шеърхарош чизе нагуфтем, зеро вақте ба ҷои далел таҳқир ва ҳақорат ба кор меравад, шаҳодат аз носолимӣ ва нотавонии рӯҳии он тараф медиҳад, на эҷодкори каломи бадеъ ва махлуқи нотиқ. Сардабири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» нозимхӯҷа Гулназар Келдиев (Келдӣ-ҳам доир ба рухдодҳои февралӣ ба … нишондод додаанд) дақиқан дар ҳамон ҳолу ҳавои дурӯғ, мавқеъият ва ҷаҳонбиние қарор дошт, ки Аскари Ҳаким ба сар мебурд ва ҳақоратномаи он нозими шеърхарошро бе ҳеҷ андеша дар ҳафтанома чоп кард. Ин ифтихороти беназирро бубинед ки пас аз чунин корномаи пуршараф «хидматҳои Аскари Ҳаким ва Гулназари Келдӣ» бо Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ қадр шуд, дар зинаҳои мансаб нишонда ва кам-кам рӯи даст бардошта ба боло бароварданд ва афзун бар ҳама онҳоро сазовори унвони «Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» донистанд ва ҳол аз обрӯи баланди иҷтимоӣ ва сиёсӣ бархурдоранд, осорашон бо ҳазинаҳои давлатӣ чоп мешавад ва яке ҳамчун Райиси собиқи Иттиҳодияи нависандагон ва дигаре узви Кумитаи давлатии Ҷоизаи Рӯдакӣ каллаву гардани адабу фарҳанги Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷ аз кишвар бо забондарозӣ муаррифӣ мекунанд. Бубинед, душманони озодии мо ба чӣ ифтихоротеро сазовор шудаанд (шумо бошед муҳоҷир дар Қазоқистон)! Дар интиқод ва бадбинӣ нисбат ба М. Мирраҳимов дарки мавқеъият ва ҳушёрии сиёсӣ лозим аст, ҷаноби С. Мирзорахматов! Шумо аз пода ақиб мондед.

 

Метавон боз даҳҳо ном ва номи хонаводагии дигарро мисол овард, ки он солҳо дар муқобили мо дар рӯзномаву моҳномаҳо мақола ва идораҳои дахлдори давлатӣ гузоришҳои сиррӣ навиштанд ва имрӯзҳо аз мавқеъияти хуби мақоми расмӣ ва давлатӣ бархурдоранд ва аз вазифаи мушовиру мағзи мутафаккир ва сафир сар карда, то мансаби сардору курсии вазирӣ ва сарвату савлати бепоёнро дар ихтиёр доранд. Агар мӯҳтарам ҷаноби С. Мирзорахматов он солҳои худшиносии миллат, ки ба поёни солҳои ҳаштодуми садаи бист рост меояд, сари вақт тӯҳматномаашонро дар ҳаққи мо навишта, дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана»-органи КМ ҲКТ чоп мекарданд, бо итминони комил метавон гуфт, ки имрӯз дар ҷои Шукурҷон Зуҳуров симмати Райиси Маҷлиси намояндагонро дар даст доштанд ва аспашонро маҳмез мезаданд, валекин мо боз ҳамон Мирбоби Мирраҳим будем, ҳастем ва боқӣ мемонем, ҳарчанд ба ин нуктаи зебои Хоҷа Ҳофиз натавонистем амал намоем:

Мо озмудаем дар ин шаҳр бахти хеш,

Берун кашид бояд аз ин варта рахти хеш (20)

Ҳеҷ даъво ба касе надорем ва аз забони шоири шаҳири рус-Сергей Есенин, ки дар зиндагиномааш 14 моҳи майи соли 1922 дар шаҳри Берлин навиштааст, ҳамчун ҳусни хитоми ин матлаби мухтасар ба ҳамаи сарварони гиромӣ мегӯем:

«-Хоҳишманд аст, тирборон накунед!» (21)

* * *

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Мирзорахматов С. Герои…, с. 74.

(2) Мирзорахматов С. Герои…, с. 80.

(3) Мирзорахматов С. Герои…, с. 82.

(4) Ҷаноби С. Мирзорахматов барои дурустии ин ҳарфҳо ва итминони комил метавонанд ба рафиқон Хайриддин Қосимов, Аҳмадшоҳ Комилов ва Хуршед Назаров, ки он парвандаро дидаанд ва мутолаа ҳам кардаанд, муроҷиат намоянд. Онҳо ҳатман шуморо дар ин масир роҳнамоӣ хоҳанд кард.

(5) Правда, 11.07.1992, №92(26846), с. 2.

(6) Мирзорахматов С. Герои…, с. 9.

(7) Правда, 11.07.1992, с. 2.

(8) Правда, 31.10.1992, №158(26912).

(9) Пас аз ин суханронии таърихӣ Р. Абдураҳимро байни соатҳои 1240 ва 1305 ҳамон рӯзи 24 октябри соли 1992 Ризвон Содиров дар автобазаи №3 ба қатл расонд. Ин воқеаро ба мо Имомназари Холназар ва А. Комилов бо телефон хабар доданд.

(10) Бунёдгузори Фронти халқии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев, ки корнома ё дақиқтараш парвандаи ҷиноятии худашро дар чанд ҷилд китоб бо номи «Табаддулоти Тоҷикистон» ба сабт ва дар Душанбе ва Тошканд ба нашр расондааст, дақиқан дар ҳамон рӯзе ба қатл расид, ки Файзалӣ Саидов ва Сангак Сафаров ҳамдигарро (ё онҳоро) кушта буданд, яъне 30.03.1993. Тафовут танҳо дар он буд, ки таърих ба С. Кенҷаев дақиқан шаш соли дигар фурсати зиндагӣ дод, то дарк кунад ва панд бигирад, ки барои мансаб талош кардан, хиёнат ва хун рехтан мукофоти сахте ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё насибаш хоҳад шуд.

(11) Мирзорахматов С. Герои…, с. 85.

(12) Правда, 11.07.1992, с. 2.

(13) Ин байт аз Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аст. Маликулҳоҷ-сардори дастаи ҳоҷиён, сарвари корвони зиёраткунадагони Каъба; ба қавли тоҷикони имрӯз «ҳоҷибарак».

(14) Устод Нур Табаров дар ин маврид чунин таърифу тавсифро нисори хоки пойи Акбари Турсун ва Саломиддин Мирзорахматов кардаанд, ки мутолааи он аз аҳамият холӣ нест: «Историки и философы, кроме ссылки на общепринятую официальную оценку глубоких исследований причин и последствий происшедших событий, ничего толком пока не говорят, исключая серьезные заметки Акбара Турсуна-нашего Платона в изгнании. И вот Саломиддин Мирзорахматов, достаточно известный русскоязычный таджикский журналист-публицист, взялся за описание портретов политических фигур ХХ столетия-своих соотечественников, замечу, наиболее известных» (с. 12). Чӣ ҳикмате суфтаанд ва чӣ каромоте халқ кардаанд ин пири ботадбир, ки дақиқан ин байт баёнгари таърихдонӣ, ҳамадонӣ ва ҳамабинии ишон аст:

Аз каромоти пири мо чӣ аҷаб

Панҷаро боз карду гуфт: -Ваҷаб!

Ду рухдоди бузурги таърихӣ дар соли 2011 барои Тоҷикистон ин аст, ки пас аз ин таърифу тавсиф Афлотун аз дори табъиди Амрико (ИМА) ба Ватан баргашта (ва 11 апрели соли 2011 Раиси пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, ховаршинсӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда) ва Саломиддин-ака Мирзорахматов ҳам бо пахши ройгони китобчаи пур аз дурӯғу тӯҳмат ва сафсаттаҳояшон дар дилу дидаи ҳамагон ҷо гирифтаанд. Ҳамчунон ки худи С. Мирзорахматов дар мавриди шинохти мавқеъият ва замонасозӣ чунин фалсафафурӯшӣ кардаанд: «А вообще у многих тогда нюх сработал. Следуя принципу УУ (выражение Акбара Турсунаугадай и угоди), одни коммунисты, сдав билет члена КПСС, стали демократами и на каждом шагу демонстрировали ненависть к коммунизму. Другие же, ставь беспартийными, стали выжидатьь: куда же примкнуть, чтобы не прогадать» (с. 80-81). Ҳазрати Афлотун низ пас аз ба мансаб расидан мувофиқи усули ҳикматбарангезу сеҳрангези хеш-«УУ», яъне «угадай и угоди», фармуданд: «Тоҷикистон давлати тоталитарӣ нест» (Ниг.: Пайкон, №15/98/; Фараж, №17/227/). Чӣ хуб аст, ки аъмоли имрӯзи бузургон ба қавли нозиме «шарми занона дорад» ва шабеҳ ба гуфтаи болост ва УУ=СМ+НТ+АТ=УУУУУУ~=баробар аст ва ба як муаммои тоза ё фарзияи (гипотеза) риёзии тоҷикона. Фарзияи (гипотеза) риёзии дардисарофарини Пуанкаре пас аз даргузашти сад сол аз ҷониби риёзидони Русия Перельман кашф шуд. Мунтазир хоҳем монд то ягон тоҷик ин фарзияи тозапайдои «УУ=СМ+НТ+АТ=УУУУУУ~»-ро низ дуруст ҳаллу фасл намояд. Хушо ба ҳоли шумо, сарварони гиромӣ!

(15) «Ҳоло бо хаёли роҳат бихобед!» Иттифоқан Қ. Маҳкамов ҳам дар ҳафтодупанҷсолагии хеш дуруст фармудаанд, ки: «По ночам я сплю спокойно» -«Asia-Plus», №17, 2007 г.; 20.04.2011, №30(619). Бо хаёли роҳат хобидан хеле хуб ва муҳим аст ва ҳамчунон ки дар як мисраъ шеъри мардумӣ гуфта мешавад: Гар хоб барад, хоби калонат бибарад! Мо ҳам мегӯем: Аз хоби гарон махезед, дар хоби гарон бимонед!

(16) М. Мирраҳим. Падидаҳои худшиносӣ, с. 302-303.

(17) Имрӯз ҷаноби С. Мирзорахматов дар тӯҳматномааш ба унвони илмии мо эрод мегирад. Дигар аз дасти шумо, ҳамтабақҳо-Юсуповҳо ва Мирзорахматов чӣ кор кунем?! Ба куҷо равем, ки шуморо набинем ва садоятонро нашунавем!

(18) Барои ҷаноби С. Мирзорахматов оҳиста ба гӯшашон мегӯем, ки ҳақиқати ин суханҳоро аз Сайфулло Сафаров-ҷонишини Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Дастгоҳи иҷроияи Раиси Ҷумҳур пурсон шаванд. Боварӣ дорем бисёр нуктаҳои дигар аз ин посухҳо, аз ҷумла масъалаи эҳё ва нахустин баргузориҳои Ҷашни Наврӯз дар сатҳи давлатӣ дар солҳои 1980-1982 ва 1987, пайдоиши номи писарам, навиштани мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?», дигар далоил ва ҳатто «ангезаи зиддикоммунистӣ доштани осори» моро ишон барои мӯҳтарам С. Мирзорахматов ба таври рӯшантар бо овардани аснод ва мадорик шарҳ хоҳанд дод.

(19) Манбаъ: Саъдӣ, Муслиҳиддин. Гулистон. Теҳрон: Хоразмӣ, 1387 хуршедӣ, чопи 8-ум, с. 325.

(20) Хоҷа Шамсиддин Ҳофизи Шерозӣ. Девон. Теҳрон: Интишороти Раҷабӣ, 1373 хуршедӣ, с. 271.

(21) С. Есенин. Овоҳои форсӣ. Ба эҳтимоми Мирбобои Мирраҳим.

Теҳрон: Фартоб, 1387, с. 14. Бо хати форсӣ.

* * *

Қисматҳои дигари мақолаи «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: