Перейти к содержимому

“Номи чеҳраҳои ҳукуматӣ низ дар феҳристи номзадҳои ҷоиза буданд”

Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо ва масъули Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова, бо баёни ин ки Кумисиюни арзёбӣ ва ташхиси барандагон дар муддати кӯтоҳе “40 нафар аз афроде, ки тавассути фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ба мо муаррифӣ шуда будро баррасӣ карданд”, хотирнишон кард: “Дар феҳристи номзадҳо, ҳам сиёсатмадорон буданд, ҳам ҳуқуқдонҳо ва рӯзноманигорон, блогерҳо, иқтисоддонон ва ҳам таърихшиносон, ва нуктаи ҷолиб ин, ки дар миёни номзадҳо ҳатто номи бархе чеҳраҳои давлатии Тоҷикистон ҳамчун Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ёдгор Файзов, раиси феълии вилояти худмухтори Бадахшон низ ба чашм мехӯрд.”

Чанд рӯз пеш дар остонаи оғози конфронси солонаи ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Урупо дар шаҳри Варшав, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ нахустин маросими эҳдои Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидоваро баргузор кард. Барандаи нахустин соли баргузории ин ҷоиза, Бузургмеҳр Ёров, аз вакилони дифои тоҷик, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндон ба сар мебарад, муаррифӣ шуд. Дар ғиёби Бузургмеҳр Ёров, бародари ӯ Ҷамшед Ёров Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидоваро дарёфт кард. Дар ҳамин росто, хабаргузории Тасним мусоҳибаеро бо Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова тартиб додааст, ки дар идома мехонед.

Тасним: Лутфан дар бораи Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова бигӯед. Чӣ навъ ҷоизае аст ва аҳдоф аз баргузорӣ ва таъсиси он чӣ буда?

Ёқубов: Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова, ки аз сӯи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо пас аз талошҳои фаровон бо ҳамкории мақомоти Ҷумҳурии Литвонӣ сабти ном шудааст, ҷоизае ҳуқуқӣ мебошад ва номзадҳои дарёфти он бояд дар яке аз ин арсаҳо фаъол бошад: дифоъ аз ҳуқуқи башар, тарвиҷу рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии мазҳабӣ ва қавмӣ, рушди матбуоти озод ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон. Ҳамчунин онҳое номзад мешаванд, ки дар тақвияти сулҳ, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа фаъолиятҳои чашмгире кардаанд. Илова бар ин, бояд гуфт, ин ҷоиза танҳо махсуси шаҳрвандони Тоҷикистон нест, балки шаҳрвандони дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ метавонанд онро дарёфт кунанд. Ҳамчунин созмонҳои ҳуқуқи башарӣ, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият мекунанд низ метавонанд барандаи ин ҷоиза бошанд. Ҳадаф аз таъсиси ин ҷоиза тақдиру ташвиқи афрод ва созмонҳое аст, ки фаъолияти худро дар дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии андеша дар Осиёи Марказӣ сурат додаанд. Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова шомили лавҳи тақдир, тандис ва як ҷоизаи молӣ мебошад, ки дар соли ҷорӣ маблағи ин ҷоиза 3 ҳазор дулор буд. Ин маблағ метавонад ҳар сол тағйир ёфта камтар ё бештар шавад.

Тасвире аз тандиси Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова

Тасним: Оё созмонҳои байналмилалӣ низ дар ин ҷоиза мушорикат доштаанд?

Ёқубов: Тайи 2 моҳе, ки ин ҷоиза фаъолияти худро оғоз кардааст ва пас аз он ки дар моҳи июли соли ҷории 2019 сабти ном шуд, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва созмонҳои муртабит бо ин ҷоиза номаҳое ирсол кард, то дар ин ҷоиза мушорикат кунанд. Албатта то кунун танҳо 2 моҳ аз таъсиси ҷоиза гузашта ва ин созмонҳо агарчи хурсандии худро изҳор карданд, аммо то ба ҳол номаи расмӣ, ки созмоне широкат бо Анҷумани муҳоҷирон ва ё ҳимоят аз ин ҷоизаро дарбар дошта бошад, дарёфт накардем. Аммо аксари ин созмонҳои байналмилалӣ аз сабти номи як ҷоизаи байналмилалӣ ба ин ном, хеле изҳори хурсандӣ ва хушнудӣ карданд. Дар оянда шояд мушорикатҳое сурат бигирад.

Пустере, ки аз Файзинисо Воҳидова дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст

Тасним: Лутфан дар бораи Файзинисо Воҳидова бигӯед. Чӣ тавр шуд, ки тасмим гирифтед ин ҷоизаро ба номи эшон номгузорӣ кунед?

Ёқубов: Марҳума Воҳидова дар 55 соли зиндагии худ, беш аз 35 солро дар дифоъ аз ҳуқуқи башар ба унвони як вакил ва умдатан дар Тоҷикистон сарф намуд. Вакил Файзинисо Воҳидова яке аз ҷасуртарин вакилони тоҷик маҳсуб мешуд ва агар дар Тоҷикистон 2 вакили машҳур ва боҷасорат бошад, яке аз онҳо Воҳидова аст. Аммо боиси таассуф аст, ки соли гузашта пас аз фишору таҳдидҳои зиёд, дар декабри 2018 бемор шуданд. Пас аз он барои мудово дар рӯзҳои 17 ва 18 декабр ба бемористон рафтанд ва ҳатто дар ҳамон бемористон ҳам таҳти фишору таҳдид буданд, то ин ки дар 25 декабр беҳуш шуда ва дар кумо фурӯ рафтанд. Дар ниҳоят низ муттаассифона дар таърихи 4 январи 2019 дигар ба ҳуш наомаданд ва фавт карданд. Ҳамчунин нуктаи дигар ин аст, ки пас аз ҳаводиси сентябри соли 2015, ки мунҷар ба баста шудани Ҳизби наҳзати исломӣ шуд, нерӯҳои давлат садҳо нафар аз фаъолони сиёсиро зиндонӣ карданд. Дар ҳамин замон низ марҳума Воҳидова бо ҷасорату шуҷоат аз ин зиндониён дифоъ мекарданд ва дар авҷи хафақони солҳои 2015 ва 2016 ҳарфҳои худро бавежа дар бораи мақомоти амниятӣ ва қазоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мезаданд. Мо низ бо тавваҷӯҳ ба таҷрибаҳои эшон бавежа шуҷоату ҷасорати марҳума, тасмим гирифтем ин ҷоиза ба номи эшон сабт шавад.

Нуктаи дигар ҳам ин аст, ки созмони мо мӯътақид аст марҳума Воҳидова дар ҳолате номуайян ва машкук вафот кардааст. Аз ҳамин рӯ мо дар канори ин ҷоиза, таҳқиқотеро низ барои мушаххас шудани иллати фавти эшон оғоз кардаем. Мо ва бархе созмонҳои байналмилалӣ бар ин ақидаем, ки эшон ба марги табиӣ фавт накардаанд ва ҳаддиақал таъқибу фишорҳои давлат нақши муҳимме дар ин замина ифо кардааст.

Тасвире аз маросими эҳдои Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова

Тасним: Фароянди интихоби афрод ва эъломи гузинаи ниҳоии барандаи Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова чӣ гуна буд? Ғайр аз Бузургмеҳр Ёров чӣ гузинаҳои дигаре барои дарёфти ҷоиза матраҳ буданд?

Ёқубов: Пас аз сабти номи ин ҷоиза, дабирхонаи ҷоиза билофосила кумисиюни арзёбиро ташкил дод. Дар ин кумисиюн 9 шахсияти маъруф ва байналмилалӣ аз ҷумла рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони матраҳ узви он шуданд. Худи банда, ки сарпараст ё раиси Дабирхонаи ин ҷоизаи байналмилалӣ ҳастам, узви ин кумисиюн набудам. Умдаи ин афрод аз хориҷ аз кишвар ва бахше низ дар дохили Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Ин кумисиюн дар муддати кӯтоҳе 40 нафар аз афроде, ки тавассути фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ба мо муаррифӣ шуда будро баррасӣ карданд. Дар ин феҳристи номзадҳо, ҳам сиёсатмадорон буданд, ҳам ҳуқуқдонҳо ва рӯзноманигорон, блогерҳо, иқтисоддонон ва ҳам таърих‌шиносон. Нуктаи ҷолиби дигар ин аст, ки дар миёни номзадҳо, ҳатто номи бархе чеҳраҳои давлатии Тоҷикистон ҳамчун Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ёдгор Файзов, раиси феълии вилояти худмухтори Бадахшон низ ба чашм мехӯрд. Ҳатто бархе кормандони собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки пас аз ҳаводиси солҳои ахир аз кори худ дар ин кумита даст кашиданд, ҳамчун Муҳаммадалӣ Расулов низ дар листи 40 нафараи номзадҳо ҳузур доштанд. Манзури ман ин аст, ки дар ин лист ҳам аз фаъолони шаҳрвандӣ, ҳам намояндагони ҳукумат, ҳам шахсиятҳои сиёсӣ ва ҳам аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ буданд ва танаввӯъ дошт.

Аз ин ҷиҳат дар муддати кӯтоҳе Кумисиюни арзёбӣ тавонист як листи кӯтоҳро аз тариқи раъйгирӣ мушаххас кунанд, ки шомили 3 нафар буд. Ин се нафар иборатанд аз: Бузургмеҳр Ёров, Каримҷон Ёров ва сеюмин нафар Иззат Амон буд. Каримҷон Ёров ва Иззат Амон аз фаъолони арсаи дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ҳастанд. Ҳамон тавр ки медонед, беш аз 2 милюн муҳоҷири тоҷик дар Русия машғул ба кор ҳастанд, ки ҳуқуқи бисёре аз онҳо поймол мешавад. Аз ин ҷиҳат фаъолиятҳои ин 2 нафар бисёр мавриди тавваҷӯҳ қарор гирифт. Дар ниҳоят ҷаласаи охири кумисиюн баргузор шуд ва барандаи ниҳоӣ Бузургмеҳр Ёров интихоб шуданд. Эшон ҳам ҳамон тавр ки медонед, як вакили пурҷасорати тоҷик аст, ки акнун зиндонии сиёсӣ маҳсуб мешавад.

Бузургмеҳр Ёров, барандаи Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова

Тасним: Лутфан аз охирин вазъияти Бузургмеҳр Ёров бигӯед. Охирин бор гӯё Созмони Милал ҳам дархости озодии вайро карда буд?

Ёқубов: Бале, тавсияе аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои озодии Бузургмеҳр Ёров ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шудааст. Аммо то ба ҳол ҳукумати Тоҷикистон иқдоме барои ин мавзӯъ анҷом надодааст. Вазъияти Бузургмеҳр Ёров монанди дигар зиндониёни сиёсӣ ҳамчун Муҳаммадалӣ Ҳайит, Сайидумар Ҳусайнӣ, Қиёмуддин Аваз ва даҳҳову садҳо нафари дигар, ба далели шароити тоқатфарсо дар зиндонҳои Тоҷикистон, ки хеле вахим аст. Бештари ин зиндониёни сиёсӣ аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров ба бемориҳои мухталифе аз ҷумла нороҳатиҳои қалбӣ, фишори мағзӣ ва дарди по гирифтор шудаанд. Ҳамчунин мо хабардор ҳастем, ки бисёре аз ин афрод таҳти шиканҷа ва зулми зиндонбонҳо гирифтор шудаанд. Ҳоло аз ин ҷиҳат ман бояд бигӯям, ки Созмони Милали Муттаҳид барои 3 нафар ин қарорро фиристодааст аз ҷумла Муҳаммадалӣ Ҳайит, Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёров. Акнун низ дар ҳоли баррасии мадорики 11 зиндонии дигар ҳастанд ва умедворам дар рӯзҳои наздик барои озод кардани боқимондаи зиндониён низ ин қарори тавсияиро ба ҳукумати Тоҷикистон бифиристанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: