Перейти к содержимому

ПМТ ва насли севвуми пас аз истиқлол (2)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба баҳонаи нахустин солгарди таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ)

Бахши дуввум

Тазаккур: Он чи дар ин ёддошти таҳлилӣ меояд, рабте ба дидгоҳҳо ва мавозеи расмии Паймони Миллии Тоҷикистон — ки нигоранда узви он аст — надорад ва аз ин рӯ дар мавориде аз ин таҳлил, чи басо азизони ҳамразм бо ин банда мувофиқ набошанд. Ин ёддошт бардоштҳо ва таҳлилҳои шахсии нигоранда аз вазъияти ду насли пас аз истиқлол ва дурнамое аз вазъияти насли севвум ва боистаҳои ПМТ дар баробари ин насл аст.

* * *

Насли дуввуми пас аз истиқлол

Ба назарам, даврони насли аввал ба унвони ҷавонони майдонпуркун, дар интиҳои қарни 20 ва бо вуруд ба қарни 21 поён ёфт. Насли дуввуми пас аз истиқлол ҷавононе ҳастанд, ки дар оғозҳои қарни 21 (солҳои 2005-2010 тақрибан) синну солашон 20-30 будааст. Даврони ин насл аз ҳамин солҳо оғоз меёбад.

Боризтарин вежагии ин насл (ки бешак вежагии насли севвум низ чунин хоҳад буд) ин аст, ки ӯ нисбат ба насли аввал дунёдидатар ва “ҷаҳонаш” васеътар будааст ҳарчанд аз назари сатҳи савод (дар умум) ба далели вазъи нобасомони кишвар шояд поинтар буда бошад. Дунёдида будан ва аз “ҷаҳони” васеъ бархӯрдор будан, чандон рабте ба сатҳи саводи инсон надорад. Балки кофист инсон дар интихобҳояш, бо гузинаҳои бештаре рӯ бо рӯ бошад. Ва ин имкон, бешак, барои насли дуввум бештар фароҳам буд, то насли аввал.

Ба унвони мисол, агар як ҷавони диндор дар даврони Шӯравӣ ва даҳаҳои 90-ум, сарчашмаи ошноӣ бо масоили динӣ барои ӯ танҳо муллоҳои маҳалли зисташ ва ё ҳаддиаксар муллоҳои кишвараш ва китобҳои навишташуда тавассути онҳо будааст, аммо барои насли дуввум сарчашмаҳо ва манобеи ошноӣ бо масоили динӣ уламои дигар кишварҳо ва китобҳои онҳо низ гардид, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар ин солҳо ҷавонони фаровоне дар донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд. Ба иловаи он ки барои ин насл имкони ошноӣ бо маорифи динӣ аз тариқи шабакаҳои моҳвораӣ низ фароҳам гардид.

Дар соири арсаҳо низ масъала аз ҳамин қарор аст, на танҳо арсаи дин. Масалан, агар як ҷавони даҳаи 90-ум (насли аввал), ки аҳёнан гароишҳои бединӣ дошта ва ба далели фазои ҳоким дар ҷомеаи он даврон, аз ибрози андешаҳояш худдорӣ мекард (ба хотири тард нашудан аз ҷомеа), аммо дар даврони насли дуввум вазъ дигар чунин набуд, балки якчунин ҷавоне дар ин даврон худро озодтар эҳсос мекард ва дар ибрози андешаҳои худ, дар асари мушоҳида ва бархӯрд бо ҳамандешонаш дар соири нуқоти олам, ҷареътар шуд. Ба сухани дигар, агар дар даҳаҳои 90-ум аз ин ки касе дар ҷомеаи мо “кофир”-у “бедин” хонда шавад ҳарос дошт, аммо дар даврони насли дуввум ин ҳарос аз байн рафт.

Ин ки дар баҳс дар мавриди насли аввал, яке аз камбудиҳояшро “такон нахӯрдан аз ҷояш” унвон кардем, ин камбудӣ дақиқан камбудие аст, ки боис гардид ӯ натавонад бо насли пас аз худ — яъне насли дуввуми пас аз истиқлол — робита барқарор кунад ва дар натиҷа ин насл аз ӯ гусаста шавад. Инҷо, фақат ба ду намунаи боризи ин густастагӣ ишора мекунам. (Агар ин камбудиҳоро ёдовар ва намунаҳое барои он меоварам, барои адами такрори онҳо дар таъомул бо насли севвум аст.)

1) Намунаи аввал, дидгоҳҳои ифротии динӣ пайдо кардани бахши қобили таваҷҷӯҳе аз насли дуввум ва доъишӣ гардидани бисёре аз онҳост. (Лозим ба ёдоварист, ба ДОЪИШ пайвастани беш аз 2 ҳазор ҷавони тоҷик, бо таваҷҷӯҳ ба ҷамъияти начандон болои Тоҷикистон, адади андаке нест.) Ин воқеияти бисёр талх далелаш фақат ин нест, ки ин ҷавонон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми ДОЪИШ афтоданд ва гӯли таблиғоти онҳоро хӯрданд ҳамон тавр ки бисёре аз таҳлилгарону коршиносон ин боварро илқо мекунанд. Бале, ҷузъе аз иллат бетардид ҳамин аст, аммо тамоми иллат ин нест. Балки бештар бармегардад ба ин ки робитаи насли дуввум бо насли пеш аз худ (насли аввал) комилан густата буд. Ва тақсиру кӯтоҳӣ дар ин миён, бештар ба гардани насли аввал аст.

Тавзеҳ он ки: насли аввал — ки гуфтем “аз ҷояш такон нахӯрдааст” — таъомулаш бо насли пас аз худ, бар пояи мантиқи ҳоким бар “ҷаҳони” худаш устувор буд; мантиқе, ки мегӯяд: кучактарҳо бояд ба ҳарфи бузургтарҳо гӯш кунанд ва ҳар чи мегӯянд, бе чуну чаро бипазиранд, бе он ки таваҷҷӯҳе ба худи ҷавон ва дидгоҳҳои ӯ дошта бошад ва ин ки “ҷаҳони” ин насл ғайр аз “ҷаҳони” ӯст ва ин ки дар ошноӣ бо маорифи динӣ ӯ бо сарчашмаҳое мисли ДОЪИШ низ рӯ ба рӯст ва ин ки ин насл нигоҳаш ба насли пеш аз худ ин аст, ки ӯро тарсуву беш аз ҳадд мулоҳизакор мепиндорад. Бахусус бо дар назар гирифтани ин воқеият, ки ҳар чи замон пеш меравад, аз фарҳанги “тақлид” ва “ҳарфгӯшкунӣ” коста гардида ва наслҳои ҷадид беш аз ин ки таваҷҷӯҳашон ба “кистии” гӯянда бошад, ба “чистии” ҳарфҳои ӯст. Инҳост, ки сабаб шуданд робитаи насли дуввум бо насли пеш аз худаш комилан бурида шавад. Насли аввал ба ин ҳақоиқ зоҳиран таваҷҷӯҳе надоштанд.

Гуфторе ҳаст, ки ба ҳазрати Алӣ (а) нисбат медиҳанд. Ҳазраташ мефармояд:

لا تؤدبوا أولادكم بأخلاقكم، لأنهم خلقوا لزمان غير زمانكم‏

Фарзандони худро ба ахлоқи худ (мурод аз ахлоқ дар инҷо, одобу фарҳанг аст) тарбият накунед, зеро онҳо дар замоне ғайр аз замони шумо падид омадаанд.”

Шояд ин суол пеши ҳар тоҷикистонӣ матраҳ бошад, ки чӣ гуна дар ҷомеае, ки як ҳизби исломӣ (ҲНИТ) дар он фаъолият мекунад, ҷавононаш ба гурӯҳе мисли ДОЪИШ бипайванданд?! Магар барномаҳои ин ҳизб барои як ҷавони диндор ҷолиб набуданд ва ё андешаҳо ва амалкардҳояш мавриди қабули ӯ набуданд?

Посухи ин пурсиш он аст, ки ба назари ман, на барномаҳои ҲНИТ нодуруст буданд (бахусус аз назари исломӣ) ва на андешаҳо ва амалкардҳояш дар маҷмӯъ носаҳеҳ, балки мушкил – тамоми мушкил – дар густастагӣ миёни ин ду насл ва ин ки робита байни онҳо вуҷуд надошт нуҳуфта ва насли аввал мутаассифона таваҷҷӯҳе ба ин воқеият надоштанд.

Ин комилан табиист, ки вақте ба кучактар аз худ таваҷҷӯҳ намекунӣ; ва намедонӣ дағдағаҳои ӯ кадом аст ва дар зеҳнаш чӣ мегузарад ва барои ӯ барномае надорӣ, табиист аз ту бурида шавад, ва на танҳо бурида шавад, балки шинохти саҳеҳе аз ту ва барномаҳоят низ надошта бошад. Комилан табиист, ки дар ин сурат, масалан ба ДОЪИШ бипайвандад, ба Алқоъида бипайвандад ва ё ба як заҳри мори дигаре бивайвандад. Ин комилан табиист.

Роқими ин сатрҳо мӯътақид аст, агар ҲНИТ дар он солҳо (солҳои 2005 то 2010, ки даврони насли дуввум аст) андак таваҷҷӯҳе ба ин насл мекард ва онҳоро бо андешаҳо ва барномаҳояш ошно месохт ва байни онҳо робита барқарор мебуд ва насли дуввум (бештар ҷавонони пойбанд ба дин аст манзурам) ҲНИТ-ро хуб мешинохтанд, маҳол буд як ҷавон ин ҳизбро раҳо кунад ва масалан ба ДОЪИШ бипайвандад, ин ба назарам маҳол буд. Зеро, афроди ҲНИТ ва бахусус руҳониҳояш, нисбат ба ислом агар нагӯем дилсӯзтар аз муршидҳои доъишии ин ҷавонон буданд (ва ҳастанд), қатъан камтар аз онҳо нестанд. Тақсири насли аввал, ба назарам, дар ин буд, ки фикр мекард, он чи дар зеҳни ӯ ҷавалон мезанад, дар зеҳни он ҷавони бечора низ доир аст, ҳол он ки чунин набуд. Насли дуввум (бахусус онҳое, ки ба ДОЪИШ пайвастанд) агар эътиқоде ба ҲНИТ надошт, ба хотири адами ошноияш бо ӯ буд, аслан намешинохт. Ва ин адами ошноӣ далелаш набудани робита буд. Ва ҲНИТ ҳам барои онҳо барномае надошт ва таваҷҷӯҳе ба онҳо накард; ва ҳамин сабаб гардид, ки дигарон (мубаллиғони ДОЪИШ) ҷои онҳоро пур кунанд; халаъеро, ки дар натиҷаи бетаваҷҷӯҳии ҲНИТ эҷод шуда буд, ДОЪИШ ва барномаҳояш пур кард.

2) Намунаи дуввум, зуҳури падидае ба номи шаҳид Умаралӣ Қувватов ба унвони як мухолифи сарсахти ҳукумати феълӣ дар арсаи сиёсии Тоҷикистон ва ҷамъ шудани анбӯҳе аз ҷавонони тоҷик (ва бештар ҳамин насл яъне насли дуввум) дар атрофи ӯст. Шаҳид Умаралӣ, бо ин ки худаш ба насли аввал таъаллуқ дорад, аммо ҳаракате, ки эҷод кард, бешак ҳаракатест мутаъаллиқ ба насли дуввуми пас аз истиқлол, дар ин ҷои ҳеч шакку тардиде нест.

Баҳси ман дар инҷо, дар бораи шахси шаҳид Умаралӣ Қувватов (Худо ғариқи раҳматаш кунад!) ва ҳаракате, ки поярезӣ кард нест. Ин мавзӯъ худаш як баҳси ҷудогона аст. Балки баҳсам ин аст, ки чаро ин ҳама ҷавон (насли дуввум) мавриди таваҷҷӯҳи насли аввал (манзурам бештар ҲНИТ аст) набуданд?! Ҳаракати шаҳид Умаралӣ собит кард, ки насли дуввум фикру зикраш фақат пайдо кардани кор дар Русия ва ёфтани қуте лоямут ва сер кардани шиками худ ва хонводааш ва ин ки ба сабаби ин машғала, дигар парвои сиёсат ва дарди ҷомеа надорад набудааст. Балки агар сокит буда, далели сукуташ набудани як барнома ва як роҳнамо будааст, аз ин рӯ, ҳамин ки шаҳид Умаралӣ зуҳур кард, дар гирди ӯ ҷамъ шуданд ва ҳозир буданд ҳар чи ӯ мегӯяд, анҷом бидиҳанд. Ба сухани дигар, халаъе вуҷуд дошта, ки ин халаъро ҳаракати шаҳид Умаралӣ пур кард.

Ҳамон матолибе, ки дар бораи иллати пайвастани ҷавононе аз насли дуввум ба ДОЪИШ ёдовар шудам, дар инҷо ҳам сидқ мекунанд; бо ин фарқ, ки ДОЪИШ як гурӯҳи комилан бегона барои ҷомеаи Тоҷикистон ва як ҳаракати ифротӣ ва теруристӣ аст, аммо ҳаракати шаҳид Умаралӣ ҳаракате дохилӣ ва марбут ба ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷунбише мардумӣ аст ва такбуъдӣ набуд.

* * *

Дар поёни ин мақола лозим аст як нуктаро арз кунам. Ва он ин ки: ин баҳсҳо бештар рӯяш ба опозисиюн ва мухолифони режим аст, на ҳукумат ва барномаҳояш барои наслҳои аввал ва ё дуввум. Зеро аввалан, ин мавзӯъ худаш як мавзӯи ҷудогона аст, ва сониян, ин баҳсро ба худи ҳукумат вогузор мекунем, то худаш биёяд ва фаъолияташ бо ҷавонон тайи беш аз ду даҳаро мавриди арёзбӣ ва таҳлил қарор бидиҳад, на мо.

Ва агар ҳам бихоҳем дар ин робита чизе бигӯем, ба сурати хеле кӯтоҳ ва мухтасар фақат метавон гуфт, ки ҳукумати Раҳмон на танҳо ҳеч таваҷҷӯҳе ба ҷавонон ва дағдағаҳои онҳо надорад, балки мутаассифона нигоҳаш ба онҳо як нигоҳи абзорӣ аст. Яъне, ба ҷавон ба унвони як абзор ва васила, ки метавон аз ӯ дар пешбурди аҳдоф баҳра бурд, нигоҳ мекунад. Боризтарин намунааш, таъсиси гурӯҳҳое мисли “Авангард” аст, ки фаъолияти онҳо бештар дар ин хулоса мешавад, ки дар баробари дафтари САҲА масалан тазоҳурот барпо кунанд ва алайҳи мухолифони сиёсии режими Раҳмон, ки аслан намешиносанд онҳо кистанду чӣ кораанд шиор сар диҳанд, фақат ҳамин. Ва ё аз онҳо хоста мешавад, ки ҳар аз гоҳе вориди фазои маҷозӣ бишаванд ва алайҳи мухолифон баду бероҳ бинависанд ва ҳар таҳқиру тавҳине, ки ба даҳонашон омад нисори мухолифон ва раҳбарони онҳо бикунанд. Ва ё ба таърифу тамҷиди “Пешво” андармон шаванд. Фақат ҳамин.

Аммо ин ки ин ҷавон чӣ мехоҳад, дағдағаҳояш чист, дар зеҳнаш чӣ мегузарад, чӣ таманниёте дорад ва ин қабил мавзӯъҳо, кучактарин аҳаммияте барои Раҳмону дору дастааш надоранд. Инҳоро, ки мегӯям, шиор нестанд, воқеият ҳастанд. Кофист саре ба шабакаҳои телевизиюнии Тоҷикистон – ки мошоаллоҳ имрӯза дар моҳвора ададашон наздик ба 13 конол расидааст – бизанед ва ба барномаҳое, ки иҷро мешаванд диққат кунед, то ин муддао бароятон собит шавад.

Ба ҳар сурат, ҳаминҷо баҳсамро ба поён мерасонам ва иншоаллоҳ дар бахши севвуми ин мақола дар бораи насли севвум, ки дар ҳоли зуҳур аст; дар бораи дағдағаҳои ӯ ва ин ки ин насл чӣ гуна хоҳад буд ва ин ки боистаҳои ПМТ дар баробари он кадом аст баҳс хоҳам намуд, то иштибоҳоте, ки насли аввал дар робита бо насли дуввум муртакиб шуд, такрор нашаванд.

Идома дорад

* * *

Бахши аввали ин мақола

Бахши севвуми ин мақола

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: