Перейти к содержимому

Нигаронии ҳайати ҳукумат аз “сарзаниш” шудан пас аз бозгашт

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳамин алъон гузорише дидам дар сомонаи “Ахбор”, ки ёддоштҳои яке аз аъзои ҳайати ҳукумат дар нишасти САҲА-ро ба нашр расонда. Аз ҳарфҳои ин ёддоштнавис — ки дар бораи кистии мухолифон ва бахусус ПМТ ва чистии барномаҳояш ва ин ки онҳо “чизе” набудааанд ва бо ҳам “даргир” будаанд ва ин ки “беадабу пархошгар” будаанд ва ҳоказо … навишта — комилан ҳувайдост аъзои ин ҳайат ба хотири расвоиҳое, ки дар ин нишаст барои ин ҳукумат рақам хӯрд, аз ҳамин ҳоло нигарони “сарзаниш” шудан аз сӯи ҳукумат бахусус мақомоти амниятӣ, ки онҳоро гусел кардаанд мебошад.

Ин ёддоштнавис зоҳиран фикр мекунад, мардум гузориши ин нишастро ва ин ки дар он чӣ гузашт ва ҳайати мухолифон чӣ гуфт ва чӣ кард ва дар муқобил ҳайати ҳукумат чӣ ҳунаре аз худ ба намоиш гузоштро, аз забони ӯ хоҳанд шунид; ғофил аз ин ки ҳам матни суханрониҳои ҳайати мухолифон лаҳза ба лаҳза гузориш мешавад ва ҳам суханрониҳои ҳайати ҳукумат, ҳам ба сурати мактуб ва ҳам ба савту сурат.

Барои як коршинос, ки аз берун вазъиятро расад мекунад, комилан равшан аст, ки мухолифон ба ин нишаст омадаанд, то аз вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бигӯянд, аз вазъияти зиндонҳо ва зиндониён бигӯянд, аз ин бигӯянд, ки режими ҷаноби Раҳмон ба ҳеч як аз таъаҳҳудоти (ӯҳдадориҳое) байналмилалӣ дар хусуси ҳуқуқи башар, ки зерашон имзо гузошта, амал намекунад ва ин таъаҳҳудот пеши ӯ ба пашизе намеарзанд. Ҳайати мухолифон тамоми ҳарфашон дар ин нишаст, ки мавзӯи он ҳамин масоил аст, иборат аз ҳаминҳост. Ва ҷуз ба далелу мадрак ҳам чизе ба забон ҷорӣ намекунанд.

Ва дар баробари ин, нозир ва расадкунанда ба аён мебинад, ки ҳайати ҳукумат ба ин нишаст омада, ки бо мухолифонаш дарафтад. Оё дар ҳеч як аз суханронии аъзои ҳайати ҳукумат ва “ҷомеаи мадание”, ки ба ҳамроҳ овардааст, касе чизе дар бораи масоили мавриди назари ин нишаст шунид?! Оё ҳарфе аз зиндониёни сиёсӣ ба забон оварданд?! Оё масалан гуфтанд, ки режим дар ҳаводиси ду зиндони Хуҷанд ва Ваҳдат тақсиру кӯтоҳӣ дошт?! Оё дар бораи вафоти 14-15 зиндонӣ дар роҳи Хуҷанд-Душанбе ва ин ки оё фавти онҳо далелаш “хлеб” буд ё чизе дигар ва ин ки оё мақомоти зиндон дар ин фоҷеа тақсире доштанд ё на, сухан гуфтанд?!

На. Балки тамоми корашон ин буд, ки аз “Пешво” дифоъ кунанд ва аз ин ки ӯ “Фюрер” хонда шавад, асабонӣ мешаванд ва вожаи “Фюрер”-ро навъе тавҳин ба Раҳмон талаққӣ мекунанд, ғофил аз ин ки вожаи “Фюрер” дар воқеъ олмонии ҳамон вожаи “Пешво” аст, на чизе дигар.

Ва ё корашон ин аст, ки навор сабт кунанд ва бигӯянд: “Мара Абдураҳими Кӯлобӣ мегӯянд!..” сипас онро пахш кунанд.

Ва ё дар як ҷаласаи ҳошияӣ дар ин нишаст ҳузур биёбанд ва номае аз Муҳаммадалӣ Ҳайит биёваранд, ки ӯ ҳеч гуна шиканҷа намешавад ва ӯ мошоаллоҳ дар сиҳҳату саломати комил ба сар мебарад ва вазъаш идеол аст ва тамоми он чи ҳамсару фарзанди Ҳайит то ба ҳол гуфтаанд, ҳама дурӯғанд! Ҷолиб ин ки Муҳаммадалӣ Ҳайит дар ин нома навиштааст, ман дар ҳамин рӯзе, ки ин номаро менависам, шиканҷа нашудам.

Хуб, оё як нозир ва расадкунанда ин чизҳоро намебинад?! Ё фикр кардед, ҳама кару гунгу лолу кӯранд?!

Ба ҳамин хотир аст, ки фикр мекунам, паёми ёддоштҳои ин оқо ҷуз тавҷеҳу табриа нестанд ва барои ин навишта шудаанд, ки “сарзаниш” нашаванд ва сарнавишти Сайфулло Сафаров домангири онҳо нашавад ва “ронда” нашаванд.

Вагарна, нокомии ин ҳайат ва беъурзагиаш ҳатто барои шахси банда, ки фикр мекардам бо вуҷуди Раҳнамо дар он шояд муртакиби хатоҳои соли қабл нахоҳад шуд, ғайримунтазира буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: