Перейти к содержимому

Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид (8)

Ба қалами Мирбобо Мирраҳим

Қисмати 8

ЗАМИМАҲО

То ба кай об аз таги ях меравад?

Андешаҳо аз боби тарбияи интернационалӣ ва атеистӣ

Ман метавонам он чиро такрор намоям, ки пештар гуфта будам:ҳақиқатро ҳарос нест. Ҳақиқат ва тарс созгор нестанд.”

Академик Дмитрий Сергеевич Лихачёв

Пиромуни баҳс

Як соли сипаришуда пас аз маҷлиси фаъолони идеологии Ҷумҳурӣ, ки масъалаҳои тарбияи интернационалию атеистиро баррасӣ карда буд (30 августи соли 1986), барои тарғиботи атеистӣ хеле бобаракат гардид. Дар ин муддат мақолаҳои зиёде дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расиданд, радио ва оинаи нилгун гуфтору намоишҳои хешро зиёдтар намуданд ва дар ин гуфтугузор афкори ҷолиби диққате рӯи об омад. Баррасӣ ва ҷамъбасти ҳамаи мақола, гузориш ва суханрониҳои номбурда, аз ҳавсала ва имконияти ин мақола берун аст.

 

Бояд иқрор шуд, ки на ҳамаи фикру мулоҳизаҳои оид ба тарбияи интернационалию атеистӣ баёнгардида дар як поя меистанд. Ва ин худ як амали табиист. Сатҳи назариявии мақолаю барномаҳои воситаҳои ахбори оммавӣ дар солҳои охир боло рафта бошад ҳам, мутаассифона, бояд гуфт, ки ҳоло ҳам тамоюлҳои тафаккури қолабии гузашта аз байн нарафтааст. Аз ҷумла, ҳамин ки мавзӯи баҳс ба тарбияи интернационалию атеистӣ дахл менамояд, аксаран зуҳуроте, ки дар миқёси умумииттифоқ бо номи «сверхинтернационалист» ё дақиқтараш «нигилизми миллӣ» (нестангории миллӣ) машҳур шудааст, тору пуди баҳсро печонида мегирад. Яъне ҳанӯз ҳам сатҳӣ фаҳмидани масъалаи интернационализм ва тарбияи атеистӣ, гурез аз масъалаҳои ҳассоси миллӣ, муқоисаҳои архаистию (кӯҳнаву обшустаи) омиёна, хунукназарӣ ва таҳқири гузаштаи худ-дар партави таърифҳои бамаҳалу бемаҳали маданият ва забони русӣ паст задани таърих, маданият ва забони хеш ҷой дорад. Рости гап, кор ба дараҷае расидааст, ки интернационализмро ба таври содалавҳона тасаввур кардан, яъне воридоти мех ба Осиёи Миёна, баъзан (бемавқеъ!) номгузорӣ кардани бисёр ҷойҳо, номи одамон, чандин баробар афзудани истеҳсоли мол ва ашё, пахта ва қувваи барқ бо муқоиса назар ба соли 1913 расм шудааст. Дар натиҷа арзишҳои ахлоқию маънавӣ, ҷаҳонбинию идеологӣ ва бунёдкоронаи интернационализм ва атеизми марксистӣ ба мадди охир партофта мешавад. Муросокорӣ бо нигилизми миллӣ, ки дар рад кардан ва паст задани миллати хеш, забон, маданият, анъанот ва хизмати таърихии вай зуҳур меёбад, оқибати нек нахоҳад овард. Алалхусус, вақте ки дар санаи 70-солагии Инқилоби Октябрь ва пештар аз он дар баъзе асарҳо, китобу маҷмӯаҳои интишорёфта халқҳоро бо ибораҳои «саросар бесавод», «аз маданият қафомонда» ва ғайраҳо ёдовар мешаванд, натиҷаи чунин муносибат дар афкори умум ва психологияи ҷамъиятӣ таъсири баръакс пайдо мекунад.

Пас, моҳияти зуҳуроти нигилизми миллӣ ё худ «фавқинтернационалистӣ» дар куҷост? Ба фикри мо ин, ин зуҳурот ҷанбаи (характер) дутарафа дошта, дар айёми карахтӣ аз як тараф бештар барои рӯйпӯш кардани амали ноҷоя ва тамаллуқкорона ба кор мерафт. Чи тавре ки хотирнишон шуд, дар чунин ҳолат муқоисаи амудӣ (вертикалӣ)-и инкишофи иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурӣ ба таври пуртумтароқ ба хонанда пешкаш мегардид ва хидмати ин ё он халқу миллат на бо тамоми буду шуд, балки бо муқоисаи пасту баланд баҳо мегирифт. Аз ҷониби дигар ҳадафи зуҳуроти хотирнишоншуда ба таври маъмурӣ таъҷилан ҳал намудани баъзе масъалаҳои ба муносибатҳои миллӣ, маданият ва паҳлӯҳои маишат алоқаманд буд. Дар натиҷа зиддиятҳои ҳанӯз дар муносибатҳои миллӣ ҷойдошта ба таври сунъӣ як навъ «андова» мешуданд. Мутаассифона, ин ду ҷиҳат ба ин ё он шакл имрӯз низ идома дорад, ки мехоҳем, баъзеи онҳоро баррасӣ намоем.

Аз ҷумла, дар як қатор мақолаҳои Ҷавоҳир Қобилов, ки дар зери унвони (рубрика) «Ба пешвози Пленуми 111 ЛКСМ Тоҷикистон» ба нашр расид, метавон зуҳуроти болоро рӯшан мушоҳида кард. Ин муаллиф бе ҳеҷ як ибо дар рӯзи қабули Қонуни Асосии (Конституциияи) Иттиҳоди Шӯравӣ дар мақолааш «Интернационализм чист?» навиштааст: «Баъди ғалабаи Инқилоби Октябрь мардуми мо ҳуруфоти хеш (?), ягонагии ҳудудӣ (?), баробарӣ бо дигаронро пайдо кард» (Ниг.: Комсомолец Таджикистана, 7 октября 1987 г.).

Бадбахтӣ дар он аст, ки мақолаҳое, ки дар онҳо ғояҳои нигилистӣ ва «фавқинтернационалистӣ» ҷой доранд, хеле бозоргиранд ва ҳамин ки касе ба хатоии онҳо эрод ё ҷавоб нависад, бо тезӣ ба «миллатчигӣ» ва нафаҳмидани «сиёсати миллӣ» гунаҳкор карда мешаванд. Хулоса, ҳар қадар халқи хешро паст занем, таҳқир кунем, ҳамон қадар барои «фавқинтернацонализм» роҳ меку‐ шоем. Он нукта, ки муаллифи мақола ҳақиқати таърихиро нисбат ба ҳуруфоти тоҷикон таҳриф месозад, бе ягон далел ҳам рӯшан аст. Вале тааҷҷубовар аст, ки касе ба ин хел камбудиҳо эрод намегирад ва аз рӯи зарбулмасали мардумӣ-«аз бало ҳазар» канорагирӣ менамояд. Ва ҳол он ки камбудии рафиқамонро бояд рӯирост бигӯем, то ки минбаъд такрор нашавад.

Тааҷҷубовар аст, ки баъзе аз «мутахассисони» атеизм низ дар дарки мавзӯи баҳс ба бепринципӣ (беусулӣ) ва таҳриф роҳ медиҳанд. Одатан баъзе аз муллоёнро ба сифати «чаласавод» ном бурдан расм шудааст. Пас, чаро баъзе аз чаласаводонеро, ки аз номи илм ба ҳақ ё ноҳақ будани ин ё он масъала баҳо медиҳанд, ном набарем. Аз ҷумла, муаллими фанни атеизми Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод (алҳол Хуҷанд) Х. Давлятмендов баробари нафаҳмидани омилҳои айнии (объективии) диндорӣ роҷеъ ба масъалаи омӯзиши забони арабӣ, ки дар деҳаи Қалъаи Баланди ноҳияи Ӯротеппа фанни таълимӣ аст, сухан ронда, гуфтааст: «… Пурсиши хонандагон нишон дод, ки бачагон бо рағбати калон забони арабиро меомӯзанд» (Ниг.: «Круглый-не значит без углов»-Комсомолец Таджикистана, от 15 декабря 1987 г.).

Ба мантиқи суханони боло эътибор диҳед. Суоле қонунист, ки агар фанни таълимиро хонандагон бо рағбат биёмӯзанд хуб аст ё бад? Х. Давлятмендов гиламанд аст, ки аз хатмкардагони мактаби мазкур то ҳол касе ба мактаби олӣ дохил нашудааст. Дар асноди КМ ҲК Тоҷикистон, ки дар матбуот интишор ёфт, аз боби «усули» (принципи) қабул ба Донишкадаи ховаршиносии ДДТ ба номи В. И. Ленин сухан рафта буд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии он дахолати КМ лозим омад.

Аммо, бубинед, ки тадқиқотчии атеизм аз омӯзиши забони арабӣ дар мактаби тоҷикӣ чӣ хулосаи «илмӣ» баровардааст: «Аз куҷо кафолат дода метавонем, ки ба наздикӣ ин бачаҳо аз донистани забони Қуръон истифода бурда, ба дини мусулмонӣ пайравӣ накунанд». Таърихи начандон дуреро ба ёд биёварем, ки солҳои 1937-38 низ бисёр китобу дастхатҳо бо «айби» он ки бо ҳуруфоти арабианд, сӯзонда шуданд. Шояд он солҳо ҳамин хел «омӯзгорон» ба он ҷиноятҳо «фатво» дода бошанд.

Мо аз шарҳи бисёр нуктаҳо худдорӣ намуда, иқтибоси дигареро аз суханронии Х. Давлятмендов мисол меоварем, ки ба гуфтаҳои боло тамоман зид аст. Натиҷаи тадқиқоти (ва ҳол он ки услуби тадқиқоти Х. Давлятмендов шубҳаовар менамояд) он кас дар мактаби миёнаи деҳаи Янгиқӯрғони ҳамин ноҳия, ки он ҷо низ забони арабиро меомӯзанд, гӯё нишон додааст: «Падар, модар ба худо эътиқод доранд, бобою момоям ҳам, аммо ман на». Ана, аз куҷо бояд бурдани кори атеистиро омӯхт».

Шояд худи хонандагони гиромӣ бемантиқии ин гуна суханрониҳои печ дар печи Х. Давлятмендовро дарк намоянд. Танҳо ҳаминро илова кардан мехоҳам, ки агар чунин омӯзгорон дар мактабҳои олӣ атеизми илмиро дарс диҳанд, пас, вой бар ҳоли шогирдоне, ки аз онҳо сабақ гирифта дар мактабҳои миёнаю дигар соҳаҳои хоҷагии халқ кор мекунанд.

Имрӯз ба мо лозим аст, ки арзишҳои ахлоқию маънавии атеизми илмиро баланд бардорем. Барои ин кор пеш аз ҳама камбудиҳоеро, ки аз надонистани атеизми илмӣ сар задаанд ва алҳол идома доранд, фошофош бигӯем. Бале, фошофош! Ман он ҷиноятҳо ва камбудиҳоеро дар назар дорам, ки солиёни зиёде аз тарафи амалдороне содир мегардиду дар оқибати кор оммаи васеъ атеизмро гунаҳкор мекарданд. Масалан, вайрон кардани усулҳои озодии виҷдон дар як қатор шаҳру ноҳияҳо (чунончи, ба талаби қонунии диндорон барои қайд кардани ҷамоаи диниашон ҷавоби манфӣ додани комиҷроияи ноҳияи Ленинград, ки аз ин бобат дар Пленуми кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб моҳи июли соли 1987 сухан рафта буд), нодуруст баҳо додан ба мероси гузаштагон танҳо бо «айби» он ки гӯё ҳуруфоти арабӣ динист, иваз кардани он ва сӯзонидани дастхату китобҳо дар солҳои сиюм, ба анборҳои хоҷагӣ табдил додани масҷидҳо, ки баъзеашон имрӯз ҳоли табоҳ доранд ва ғайра, дар рӯзҳои мо бошад ба ҷои кор бурдан бо мардум «муллоҳо дар чойхона»-гӯён қуфл задани дари онҳо (аз нотавонӣ ва ноӯҳдабароӣ), либоси миллӣ-куртаю поҷомаро «нишони дини ислом» гуфта ба ин васила таҳқир кардани ҳисси миллии духтарон аз ҷониби баъзе омӯзгорон, калимаҳо, номҳо ва топонимикаҳоро (номи мавзеъҳо) динӣ эълон кардан (чунончи, «Ялла» ва «Мӯъминобод»), хулласи калом, зери пардаи «атеистӣ» корҳое ба субут расидаанд ва идома доранд, ки агар дар тарозуи хирад баркашем, ба ягон кӯчаи илми атеизми марксистӣ намегунҷад. Зиёда аз ин пастфитрати(вульгаризми)-и маъмуриятчигӣ ё худ «экстремизми атеистӣ», ки алҳол дар ноҳияҳо ва вилоятҳои Ҷумҳурӣ устувор аст, ба назрияи атеизми марксистӣ ягон алоқамандие надорад, балки баръакс тамоман хилоф аст.

Андешаҳо

Маро он нукта ба ташвиш овардааст, ки дар тарбияи атеистию интернационалӣ, ки қисми таркибӣ ва муҳими тарбияи коммунистӣ аст, камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранду аммо баррасии онҳо бештар яктарафа сурат ме-гирад. Ба иловаи ин роҷеъ ба тарбияи атеистӣ ва интерна-ционалӣ ҳама омодаанд соатҳои зиёде сухан ронанд, вале дар амал кореро ба субут нарасонанд. Ё худ шоирону нависандагонеро, ки кӯшиш мекунанд, дар мавзӯъҳои гу-ногун сухани бикр гӯянд, бо тезӣ ба ин ё он «гуноҳ» айб-дор созанд. Ман ҳаминро дар назар дорам, ки шеъри Бо-зор Собир «Забони Ватан», ашъори Мӯмин Қаноат, Лоиқ ва Гулрухсорро баъзан бо унвони «миллатчиёна» ном мебаранд. Ҳол он ки ягон нафар аз шоирони зикршуда миллати дигареро паст назадаанд, балки дар ашъори онҳо ифтихор аз тамаддун ва таърихи инсонҳо баландтар садо медиҳад. Кор ба дараҷае расид, ки боре дар як сӯҳбати илмӣ шахсе, ки ҳатто унвони илмии баланд дар Фарҳан-гистон дорад, ин шоҳбайти Муҳаммади Иқбол:

Шоир андар синаи миллат чу дил,

Миллати бешоире анбори гил.-

ро «шеъри миллатчиёна» номид (1). Хайрият, ки Муҳаммади Иқбол аз назари нажодӣ ҳиндуӣ аст ва ба забони форсии тоҷикӣ дурри маънӣ суфтааст, вагарна метавон тасаввур кард, ки тавассути ин шоҳбайт бар сари ашъори ӯ чӣ ноху-шиҳо меомад. Дар омади гап, бояд бигӯям, ки дар дунё халқе нест, ки шоир надошта бошад ва мазмуни байти боло бузургдошти мақоми шоир дар ҷамъияти инсонист.

Алқисса, ҳамаи масъалаҳои пухтарасидаро дар як мақола гунҷонидан имкон надорад. Ва ҳоло мехоҳем бар сари мақсад биёем, ки дар муносибати байни миллатҳо чӣ қазияҳое вуҷуд дорад ва ҳалли онҳо чӣ гуна бояд амалӣ шавад.

Нахуст зарур аст, ки маданияти муносибатҳои милиро баланд бардорем, яъне баробарҳуқуқии ҳамаи миллатҳо ба таври демократӣ ҳам дар сухан ва ҳам дар амал таъмин гардад. Бо таассуф қайд кардан мехоҳам, ки дар ҷумҳурии бародарии Ӯзбакистон ҳуқуқи тоҷикон ва яҳудиён дар интихоби мактаб, боғча ва матбуот бо забони тоҷикӣ (мулоимтар карда гӯем) поймол ва таҳқир мешавад.

Мо ба бародарони яҳудӣ бояд ташаккур бигӯем, ки маҳз тавассути онҳо дар Шаҳрисабз як мактаби тоҷикӣ барқарор аст ва боз Тӯҳфа-апа Пинҳосова дар Бухоро ансамбли тоҷикӣ дорад. Мо аз саҳифаҳои матбуот борҳо мутолиа кардаем, ки дар мактабҳои тоҷикии ҷумҳурии бародарии Ӯзбакистон китобҳои дарсӣ намерасанд, ба обунашавии аҳолӣ ба рӯзномаҳои тоҷикӣ дар бисёр ҷойҳо монеъ мешаванд ва ғайра. Зиёда аз ин то он ҷое, ки иттилоъ дорем, дар чанд соли охир ба забони тоҷикӣ дар Ӯзбакистон ҳамагӣ ду китоб (он ҳам тарҷумаи адабӣ) нашр шудаасту халос. Бародарони ӯзбак бошанд, нашр нашудани китобҳои тоҷикиро бо он ҷиҳат шарҳ медиҳанд, ки гӯё имконияти чоп вуҷуд надорад. Кас ҳайрон меша-вад, ки нашриётҳои зиёди Тошканд барои ба забонҳои ӯзбакӣ, тоторӣ, қазоқӣ, русӣ, инглисӣ, арабӣ, кореӣ, фа-ронсавӣ, пушту, ӯрду ва даҳҳо забонҳои дигар чоп карда-ни китобҳо, маҷаллаву маҷмӯаҳо имконият доранду ҳа-мин ки навбат ба тоҷикӣ расид, яку якбора оҷиз мемо-нанд. Мувофиқи маълумоти расмии рӯйхати аҳолӣ (соли 1979) дар Ӯзбакистон 595 ҳазор нафар тоҷик зиндагӣ дорад.

Пас, наход ки то имрӯз барои ҳамин қадар аҳолӣ ва хонандагони мактабҳои тоҷикӣ нашри китобҳои дарсӣ имкон надошта бошад? Дур наравем, дар Тоҷикистон ҳамаи китобҳои дарсӣ, ки барои ӯзбакҳо зарур аст, чоп карда мешавад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар пули телевизионӣ (телемост)-и Душанбе-Тошканд раиси яке аз совхозҳои вилояти Сурходарёи ҶСС Ӯзбакистон, ки дар студияи Душанбе меҳмон буд, изҳор дошт, ки гӯё байни ҷумҳури-ҳои мо «монеаҳо» мавҷуд аст. Дар раванди ҳамин пули телевизионӣ Ҳунарпешаи Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҷӯрабек Муродов сари вақт ба ин иштибоҳ ҷавоб гуфта, хотирни-шон намуд, ки байни ду ҷумҳурии бародарӣ ягон хел мо-неае вуҷуд надорад ва агар бошад ҳам маҳз дар Ӯзбакис-тон бар хилофи сиёсати миллӣ-ленинӣ нисбат ба тоҷикони он ҷо мавҷуд аст.

Бо як назари сатҳӣ ҳам рӯшан аст, ки дар равобити дутарафаи Тоҷикистону Ӯзбакистон нобаробариҳо вуҷуд доранд. Масалан, рӯзномаи «Совет Тожикистони» ҳафтае (шаш) бор нашр мешаваду «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ҳа-магӣ се бор, дар рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Ленино-бод» ва «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», рӯзномаҳои ноҳиявии даҳҳо ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаҳои ӯзбакӣ мавҷуд буда, ҳатто дар рӯзномаҳои ноҳиявии Нов ва Про-летар аҳён-аҳён саҳифаҳои тоҷикӣ низ вомехӯранд. Ҷум-ҳурии Тоҷикистон намоишҳои студияи телевизионии Тош-кандро тамоми ҳафта ҳар бегоҳ аз аввал то охир паҳн (транслация-пахш, тақвият) мекунад, аммо намоиш-ҳои оинаи нилгуни тоҷик тавассути студияи Тошканд ҳамагӣ ду бор: шаби сешанбе баъд аз соати 22.15 ва шоми шанбе аз соати 19.00 нишон дода мешавад. Ё худ дар Тоҷикистон театри касбии ӯзбекӣ вуҷуд дорад (дар бораи мавҷудияти театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарӣ, студияҳои сабти овоз ба забони ӯзбекӣ ҳоҷати гап ҳам нест, онҳо дар сари ҳар қадаманд), дар кинотеатрҳо ва клубҳо фильмҳо ба забони ӯзбекӣ намоиш дода мешаванд, дар барномаи радиои тоҷик гуфтори «Қишлоқ ҳаёти» ҳаст, дар гуфтори радио барои коркунони кишоварзӣ (агросаноатӣ) ва дигар барномаҳо доимо сурудҳои ӯзбекӣ садо медиҳанд, тамоми асноди (материалҳои) расмӣ ба забони ӯзбекӣ бо сифати баланд ва теъдоди (тиражи) зиёд нашр мешавад, ки ҳеҷ кас ба ин зид нест. Баръакс, донистани забони халқи дигар, ҳурмату эҳтиром кардани дӯстон дар байни тоҷикон анъанаи нек аст, ки банда низ парвардаи ин обу ҳавоям ва аз он ифтихор дорам.

Пас, чаро бародарони ӯзбек дар муносибатҳои хеш ба нишондодҳои сиёсати миллӣ-ленинии Ҳизби Комму-нистӣ беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Ман дар бораи таҳрифи таърих, таҳқири ҳисси миллии тоҷикон, ғараз, сиёсати панӯзбакистӣ, ки ғолибан дар 20-25 соли охири замони «шарофрашидовчигӣ» ба авҷи аълояш расид ва тору пуди тамоми адабиёт ва илми Ӯзбекистонро печонида буд (намунаи хуби онҳо китоби Л. Солдадзе «Ибни Сино», мақолаи соли 1980 дар маҷаллаи «Гулистон» нашршуда, ки Бобоҷон Ғафуровро «олими буржуазӣ» номид, тарҷумаи ӯзбекии китоби В. Васкобойников роҷеъ ба пури Сино, ки аз ҳама саҳифаҳояш калимаи «тоҷик»-ро хат заданд, китоби М. Маҳмудов «Қуллаҳои абадӣ» ва ғайра) ва ғояи ҳамаи ин «сиёсат»-ро олими ӯзбек М. Ваҳҳобов дар мақолааш «Правде истории вопреки» (Ниг.: Правда Востока, от 4 декабря 1986 г.) барҳақ танқид кард, ки ба он чизеро илова кардан намехоҳам.

Дар Ӯзбекистон сиёсати зиддитоҷикӣ ва ҳамчунин антисемитизм пеш бурда мешавад. Моҳияти шовинизми бузурги ӯзбекӣ дар чунин самтҳо зоҳир мегардад:

1) Нашри асарҳои ходимони ҳизбию давлатии гузашта, ки дар вақташ ба миллатчигӣ ва пантуркизм гунаҳкор шуда буданду имрӯз сафед гардидаанд (пеш аз ҳама Файзулло Хоҷаев, ки дар вақташ ба ҳаракати ӯзбакгароӣ ба муқобили тоҷикон раҳбарӣ мекард).

Гап дар сари нашри осор нест, балки моҳияти кор дар он аст, ки ин асарҳо бидуни шарҳ, муқаддимаи зарурӣ, баҳои марксистӣ, тавзеҳоти илмию таърихӣ чоп мешаванд. Ва ҳол он ки аксарияти онҳо дар давраи инкишофи ӯзбакгароӣ, миллатчигии ӯзбекӣ бо мақсади густариши ин ҷараёни махуф иншо шудаанд;

2) Минбаъда манъ кардани доираи истифодаи забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон. Ин кор бо роҳи манъ кардани фурӯши китобҳои тоҷикӣ, китобҳои дарсии тоҷикӣ, рӯзнома ва маҷаллаҳо, кам кардани мактабҳои тоҷикӣ ва бастани онҳо ба амал бароварда мешавад /Барои собит намудани ин ҳақиқати рӯшан маълумоти омории шумораи тоҷиконро дар вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Фарғона ва дигар мавзеъҳо байни солҳои 1940-1982 муқоиса кардан кифоя аст/. Гӯё далел меоранд, ки китобҳои дарсии тоҷикӣ дар мактабҳо намерасанд. Ҳақиқатро гӯем, Вазорати маорифи Ӯзбекистон ба таври маснӯъӣ аз фармоиши китобҳои дарсии тоҷикӣ худдорӣ менамояд. Сониян, гуё таҳсил ба забони тоҷикӣ оянда надошта бошад ва ба ҳамин сабаб ин забонро падару модарон намехоҳанд; гӯё забони тоҷикӣ дар ин минтақа аз Эрон (!) омада бошад ва ғайраю ҳоказо. Дар тамомии мактабҳои олии Ӯзбекистон ҳангоми имтиҳоноти қабул ба забони ӯзбекӣ иншо талаб карда мешавад. Аммо дар Тоҷикистон дар Институтҳои педаго-гии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа муаллимо-ни ҳамаи фанҳо бо забони ӯзбекӣ тайёр карда мешаванд. Ҳамчунин дар техникуму омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон низ таълим ба забони ӯзбекӣ ҷорист. Донишкадаи дандонпи-зишкии Институти давлатии тибии ба номи Абӯалӣ ибни Синои Тоҷикистон дар инҳисори ақвоми турку лақай, яъне ӯзбак қарор дорад (ва ин як расм ё худ анъана шудааст) ва довталабони тоҷик ба ин донишкада ба душворӣ он роҳ меёбанд;

3) Яке аз ҷиҳатҳои хоси сиёсати имрӯзаи ӯзбаксозии тоҷикон кӯшиши таърихи фарҳанги тоҷиконро аз они худ кардан мебошад, ба вижа онҳоеро, ки таърихан зодаи Бухоро ва Самарқанд буданд /таъкиди ин нукта зарур аст, ки он вақт дар ин сарзаминҳо аз қавми ӯзбек ҳеҷ ному нишоне набуд/. Ин амал навъе аз истеъмори фарҳангии навбаромад ва бознависии таърих аст.

Ҳамчунин ба ҳамагон рӯшан аст, ки солҳои бистум ва сиюм шиносномаи ҳазорон-ҳазор тоҷики Бухорову Самарқанд, Фарғонаву Тошканд, Сурхондарёву Ҷиззах ва бисёр дигар мавзеъҳоро ба таври ғайриқонунӣ дигар кардаанд, яъне ба таври зӯр ба зӯрӣ миллати онҳоро дар шиносномаҳояшон «ӯзбек» сабт намуданд. Имрӯз на танҳо тоҷиконе, ки дар Ӯзбекистон, балки онҳое, ки дар Тоҷикистон ё дигар ҷойҳо зиндагонӣ ба сар мебаранд, наметавонанд ҳуқуқи миллиашонро барқарор намоянд, инчунин фарзандону наслҳои ояндаи онҳо низ ин корро карда наметавонанд. Пешниҳодҳои ман ин аст, ки: якум, дар Низомномаи шиносномаи шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ ин тағйироти ҷиддӣ ворид карда шавад, ки ҳар кас ҳақ дорад бо хоҳиши худ миллаташро дар шиноснома бинависад, яъне ҳаққи интихоби миллат ба худи шаҳрванд аст, на маъмури Идораи шиноснома; дуввум, дар рӯйхатгирии навбатии аҳолӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ин рафтори ғайриинсонӣ ва ғайриконституционӣ, ки миллионҳо нафар тоҷик ба зӯрӣ «ӯзбак» навишта шудаанд, бояд бартараф карда шавад ва «ҳақ ба ҳақдор бирасад» (2).

Сабаби дигар, мавзӯи муносибатҳои миллӣ ҳам дар илм ва ҳам дар адабиёт, санъат ва синамо (кино) аз мавзӯъҳои пӯшида ба шумор мерафт. Ва агар ба мавзӯи муносибатҳои миллӣ дахл кардан лозим ояд, зарур буд, ки онро танҳо бо обу ранги хуб бе ягон қазия (проблема), ҳалшуда нишон бидиҳем, ки оқибати кор бо қадаҳгӯиҳои шодбошӣ хотима меёфт. Вобаста ба ҳамин мавзӯъ боз як нуктаи муҳимро ёдоварӣ кардан зарур аст, ки то кунун илмҳои ҷамъиятшиносӣ, ба вижа таърих ва адабиёт, мардумшиносӣ ва ҳикмат ба муносибатҳои миллӣ хеле кам дахолат намудаанд. Яъне, худи мавзӯъ ва масъалаи тақсимоти миллию ҳудудӣ, давлатдории миллӣ ва усулҳои он то имрӯз дар илми ҷомеъашиносии шӯравӣ ба таври бояду шояд тадқиқ нашудааст ва бисёр нуктаҳои баҳсталаб ҷой доранд, ки ба гумон аст, дар ин солҳои наздик илм ба онҳо посух гӯяд.

Банда ҳамфикри нависандаи мардумии Ӯзбекистон Комил Икромов ҳастам, ки ба қарибӣ гуфта буд: «Даҳсолаҳои охир қазияҳои (проблема) тарбияи интернационалӣ хеле умумӣ омӯхта мешуданд, ки ба қадаҳҳои шодбош монанд буд. Чунин менамуд, ки гӯё асарҳои В. И. Ленин роҷеъ ба масъалаи миллӣ ба давраи қадим дахл дорад ва бо иқтибос аз суханрониҳои сталинӣ иктифо карда метавонем. «Мутахассиси» асосӣ доир ба муносибатҳои миллӣ Берия буд, ки аксаран «назарияи» хешро дар амал татбиқ мекард» (Литературная газета, 10.06.1987).

Мо таърихи ташкили Ҷумҳуриамон, ҷонбозиҳои устодон Садриддини Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Абдулқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Шириншоҳи Шоҳтемур, Нисор Муҳаммад ва садҳо рӯшанфикри пешқадами миллатамонро дар ин роҳ ба таври муназзам намедонем. Ва агар донем ҳам хеле сарсарӣ ба таври канда-канда, ки тасаввуроти комил пайдо кардан душвор аст. Таъкиди он нукта зарур аст, ки баъди тақсимоти миллию ҳудудӣ дар Осиёи Миёна қисми асосӣ ва сершумори зиёиёни тоҷик дар Ӯзбекистон монданд ва барои ташаккули илм ва маданияти социалистии ӯзбек хидмати шоистае карданд (метавон худи устод С. Айниро мисол овард, ки яке аз асосгузорони адабиёти шӯравии ӯзбек шинохта шудааст, инчунин Мухтор Ашрафӣ, Комил Ёрматов ва дигарон).

Охирин нуктае, ки мехостам дар боби аъҷубаи нигилизми миллӣ баррасӣ намоям, ин нодурустии ақидаи бархе аз рафиқон, ки монда нашуда, омода набудани омма ва «саросар бесаводии» мардумро баъди Инқилоби Октябрь исбот карданӣ мешаванд. Дар остонаи 70-солагии Инқилоби Октябрь ибтидо рӯзномаи «Известия» ва сонитар «Советская культура» лозим донист, ки ба ин ақидаи бардурӯғ зарба занад. «Ин нукта бӯҳтон аст, ки гӯё Ҳокимияти Шӯравӣ дар гӯшаҳои миллӣ тавассути силоҳ аз Маскав оварда шуда бошад,-навиштааст «Известия» аз 4 октябри соли 1987,-ибтидои соли 1919 дар сафҳои Артиши Сурх зиёда аз 50 ҳазор нафар мусулмон ҷоннисорӣ мекарданд». «Известия» навиштааст, ки ба эътирофи аксарияти ҷаҳониён Ҳукумати Шӯравӣ пас аз Инқилоби Октябрь «зиёитарин Ҳукумати дунё буд». Ба мазмуни ин суханон бояд сарфаҳм рафт ва ифтихор кард.

Дуюм. Масъалаҳое, ки ба таблиғот ва тарбияи интернационалистию атеистӣ сахт алоқаманд аст, барбарии забонҳо ё аниқтараш барбарҳуқуқии амалии дузабонӣ дар Ҷумҳурии мост. Бигузор чунин масъалагузорӣ касеро ба ҳайрат наорад. Ин нуктаро дуруст шарҳ додан лозим аст. Дар омади гап, пеш аз баррасии қазияҳои дузабонӣ як-ду ишораеро раво медонам.

Дар давоми бист соли охир доир ба камбудиҳои забонии шиору плакатҳо, навиштаҷоти кӯчаву хиёбонҳо, эълони пештоқи дари идораҳо он қадар мақолаҳо навишта шудаанд, ки ҳисоб кардан душвор аст. Аммо то имрӯз ман ёд надорам, ки вайронкорону гунаҳкорони ин хиёнат ҷазое дида бошанд ва дар навиштаҳои тоҷикӣ ғалат кам шуда бошад. Балки баръакс, рӯҳи беэътиноӣ ба забони тоҷикӣ бештар шудаасту халос.

Борҳо ба сӯҳбатҳои устоди мӯҳтарам, Президенти АИ Ҷумҳурӣ Муҳаммади Осимӣ шарафёб гардидаам. Ва ҳар гоҳ ки муаллим аз сафарҳои хеш ба хориҷа, аз сӯҳбатҳояшон бо арбобони илму фарҳанги ҷаҳон нақл карда, таъкид менамоянд, ки шеъри Мирзои Турсунзода ва ё ашъори Муҳаммади Иқболро дар нусхаи асл (яъне форсии тоҷикӣ) дар Ҳинду Покистон, Эрону Туркия ё мамолики араб, Италия, Франция ё Олмон қироат кардаанд ва сомеъонашон мафтун гаштаанд, рости гап, ифтихори бузурге маро фаро мегирад. Мазмуни сӯҳбатҳои устод М. Осимӣ ҳикмати ҳаёт, пос доштани анъанаҳои пешқадами миллатамон ва ваҳдати забони тоҷикист.

Вале кас дар ҳайрат мемонад, ки ҳамин як-ду соли ахир чанд тан махсус ба «тақсими» забони модарии мо даст задаанд. Ман мақолаҳои дар рӯзномаҳои «Адабиёт ва санъат» ва «Коммунист Таджикистана» ба табъ расонидаи доктори илми филологӣ, профессор Турдинисо Бердиева ва номзади илми филологӣ С. Мергановро дар назар дорам, ки масъалаи бардоштаи онҳо зуҳури паҳлӯҳои нави нигилизми миллӣ буда, посухи муайянеро тақозо менамояд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки рӯи об омадани ақидаи рафиқони зикршуда бесабаб нест. Шоираи хушсалиқаи тоҷик Гулрухсор оид ба ин мавзӯъ хуб фармудааст: «Марги миллат аз марги забон сар мешавад, марги забон аз беномусиву бегонапарварии соҳибзабонон» (Адабиёт ва санъат, 20.08.1987).

Аз ин лиҳоз ба таври «илмӣ» даъвои он ки гӯё забони тоҷикӣ аз форсӣ ё дарӣ фарқи куллӣ дорад, аз равобит ва иқтибос бо онҳо даст кашид (гӯё забон синфӣ бошад), зеро онҳо се забони мустақиланд, забони тоҷикӣ вазифаи интернационалистиро иҷро карда наметавонад, чӣ маънӣ дошта бошад? Аз қазо рӯзе насиб гардад, ки нафаре аз мо бо намояндагони ягон мамолики Шарқ ва ё Ғарб тавассути забони тоҷикӣ радду бадал намоем, магар аз ин кор ба интернационализм халал мерасад? Ё худ дар шароите, ки муносибатҳои мо ба мамлакати дӯст-Ҷумҳурии Мардумии Чин беҳтар шуда истодааст ва шояд дар ин равобит бо ҳазорон-ҳазор тоҷике, ки аз қадимулайём дар он сарзамин зиндагӣ доранд, иртибот барқарор гардад, бо кадом забон бо онҳо бояд гуфтугӯ кард? Ва мақсад аз чунин тақсимот чист? Рости гап, боз як қатор суолҳое ҳастанд, ки ба он посух гуфтани забоншиносони зикршуда, душвор аст. Мӯмин Қаноат ба ин баҳси зиёитарошон бо шеъри «Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ»-аш хеле барвақт ҷавоб гуфта буд.

Чӣ тавре ки дар боло ишора рафт, масъалаи дузабонӣ барои ҳамаи Ҷумҳуриҳои Иттиҳод хеле муҳим аст. Аммо чӣ метавон кард, ки иддае аз забоншиносони зикршуда чунин ақидаеро пеш рондаанд, ки гӯё танҳо иқтибоси калимаҳо аз забони русӣ «интернационализм» асту бас. Вақте ки таърихи 29 апрели соли 1987 дар толори АИ Тоҷикистон баҳсе дар мавзӯи забоншиносӣ, маданияти забони тоҷикӣ доир гардид, на муаллифи мақолаи «Хазинаи хирад», на ангезандагони ин назарияи навбаромад ва на ходимони рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» ба он ҷой наомаданд. Дуруст аст, ки Т. Бердиева наомада бошад ҳам … як нафар донишҷӯи ДДТ ба номи В. И. Ленинро пинҳонӣ бо магнитафон фиристод (шояд аз рӯи одоби омӯзгорӣ ин хел корҳо раво бошад!), ки баҳси илмиро сабт карда, ба ӯ бирасонад. Хушбахтона, кормандони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баҳсро пурра дар навори овоз сабт карданд ва ба «хидмати хирсонаи» он донишҷӯ ҳоҷат намонд. Ин нуктаҳоро на барои он навишта истодаам, ки аз баҳси мазкур ним сол сипарӣ шуда шуда бошад ҳам, нашри мадорики он баҳсро на ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва на рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» чоп кардан намехоҳанд, ҳарчанд ки баҳсро худи онҳо оғоз намуданд. Ку он ошкорбаёнӣ, ки дар саҳифаҳои аввали ин рӯзно‐ маҳо ибтидо ҷилвагар буд?

Ёдоварӣ кардан лозим аст, ки дар баҳси мазкур донишмандони соҳаи забон ва адабиёти тоҷик узвҳои вобастаи АИ Тоҷикистон С. Улуғзода, М. Шукуров (алҳол академик), докторҳои илмҳои филологӣ Б. Тилавов, М. Шаҳобова, Ш. Рустамов (алҳол узви вобастаи АИ), А. Афсаҳзод, Р. Ғаффоров ва боз даҳҳо нафар дигар олимон суханронӣ карда, беасосии даъвои Т. Бердиева ва зиёитарошонро рӯшан нишон доданд. Акнун хулоса бароред, ки забони тоҷикиро Т. Бердиева хуб медонад ё рафиқоне, ки зикрашон рафт?!

Аммо ним сол мешавад, ки Т. Бердиева ба ҷои дигаронро низ шунидан дари идораҳои болоиро иҷора гирифтаасту сари ҳар вақт ҳамаро ба «миллатчигӣ» айбдор карда мегардад ва аз он ҷо «матни русии баҳс»-ро талаб мекунанд (охирин маротиба ин талаб 18 ноябри соли 1987 воқеъ гардид). На, ба ҳамаи ин салавот. Маро нуктаи дигар ба ташвиш меорад, ки он ҳам бошад, ҳамаи ин назарияи «фавқинтернационалистӣ» аз номи забони русӣ, аз номи халқи рус, тавассути забони русӣ ба амал бароварда мешавад. Ва ҳол он ки худи халқи рус ва забони русӣ чунин хушомадгӯиро намеписандад ва мӯҳтоҷи он ҳам нест.

Хулласи калом, ба ҳамаи ин нуктаҳои дар боло хотирнишоншуда оид ба аъҷубаи нигилизми миллӣ ва «фавқинтернационалистӣ», илова бар он гилаи ноҷояи М. Некрасова, ки гӯё барои нависандагони рус дар Тоҷикистон имконият нест, инчунин серфарзандии тоҷикону ӯзбекҳоро «бадбахтӣ» эълон кардани С. Ҳакимова ва барои банақшагирии он фатвои «илмӣ» додани мутахассиси иқтисоди сиёсии социализм, номзади илми иқтисодӣ (ҳоло доктор) Ҳ. Умаров, ақидаи нодурусти гӯё «оилаҳои интернационалӣ ва русҳо дар Тоҷикистон кам шуда истодаанд», ки баъзе рӯзномаҳо ин масъаларо гоҳ-гоҳе баҷою беҷо ҳадафи хеш қарор додаанд, мехоҳам бо суханони С. Куняев, ки ӯ ҳам 27 ё 28 апрели соли 1987 дар Пленуми риёсати Иттиҳоди адибони ИҶШС суханронӣ кардааст, хотима гузорам: «Ба наздикӣ як шоири қазоқ дар матбуоти маҳаллӣ чунин навишт: «Ифтихор аз забони модарӣ, ғамхорӣ барои тозагии он, кӯмак барои инкишофи вай-аз вазифаҳои асоситарини ҳар як қазоқ ва тамомии аҳолист. Мо бояд забони модариамонро ба яке аз маърифатноктарин ва аз ҳама бойтарин забон табдил диҳем. Ин вазифаи имрӯзаи мо ва ҳам наслҳои оянда аст».

Аз эҳтимол ҳар яки мо роҷеъ ба забони модариамон фикр карда, дар дил ҳамин суханҳоро мегӯем. Вале бубинед ин даъвати табиӣ чӣ тавр тафсир мешавад: «Дар сухан ғамхорӣ доир ба забони модарӣ… эгоизми миллӣ дида мешавад»… Бале, ман фикр мекунам, ки ҳар як қазоқи ин сатрҳоро дар рӯзнома мутолиа карда, ба шӯр меояд. Ва ман ҳам ба ҷои ӯ ба шӯр меомадам ва фикр мекардам: мана, ин русификация (русигардонӣ). Хушбахтона, русҳои ҳақиқатан рӯшанфикр (интеллигент)-интернационалист барои чунин «русификация» ҳеҷ гуна масъулияте ба дӯш надоранд. Шояд барои ягон кас лозим бошад, ки нисбат ба русҳо дар Ҷумҳуриҳо ҳамин хел муносибат пайдо шавад? Чаро ин гуна беэътиноӣ нисбат ба забони модарӣ?» (3)

Ва, инак, ман ПЕШНИҲОД МЕКУНАМ, КИ:

-дар тамоми мактабҳои синфхонаҳои русӣ ва тоҷикӣ дошта, ҷамъомади пагоҳӣ як рӯз ба забони тоҷикӣ ва як рӯз ба забони русӣ гузаронида шавад. Риоя нашудани ин усулро бояд воқеаи фавқулодда донист. Ва бозсозиро дар дузабонӣ бояд аз омӯзгорони мактабҳо ва мураббияҳои кӯдакистонҳо сар кард. Вагарна ҳамаи суханҳои оид ба тарбияи интернационалистию атеистӣ гуфташуда, дар ҳаво муаллақ мемонанд. Ҳамчунин маҷлисҳо, мулоқотҳо низ бо ду забон сурат гирад;

-таълими забони тоҷикӣ ва таърихи мардуми тоҷик дар тамоми мактабҳои олӣ ҷорӣ карда шавад;

-омӯзгороне, ки дар мактабҳои олии Ҷумҳурӣ аз фанни атеизми илмӣ дарс мегӯянд, бояд мутахассиси атеизми марксистӣ бошанд. Бидуни ду-се мактаби олии пойтахт дар дигар ҷойҳо атеизми илмиро касе, ки хоҳад дарс медиҳад. Муаллимони мактабҳои олӣ бояд аз ихтисоси «атеизми илмӣ» ҳеҷ набошад, имтиҳони номзадӣ супорида, дар ҳар панҷ сол бояд давраи коромӯзӣ (стажировка) гузаранд;

-дар Ҷумҳурӣ Шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи атеизми илмии Академияи илмҳои ҷамъиятии назди КМ ҲКИШ ташкил карда шавад, то ки олимон назария ва амалияи тарбияи атеистиро мувофиқи шароити минтақаи Осиёи Миёна ба кормандони ҳизбию комсомолӣ биёмузанд. Бояд хотиррасон шавад, ки тамоми баҳсҳои «тезутунд» то Пленуми 111 КМ ЛКСМ Тоҷикистон, марказҳои мубоҳисавӣ ва худи Пленум низ дар атрофи «қалин» (ҳатто «донишманде» ин калимаи туркиро тарҷума карда «қалин ба забони арабӣ маҳр аст» гӯён фатво ҳам додааст), баъзе номҳои тотемистӣ ва «худсӯзӣ» давр мезаду бас. Ва ҳол он ки Идораи динии мусулмонони Осиёи Миёна ва Қазо‐ қистон бо чанд фатвое ба ислом ягон рабита надоштани «қалин» ва хилоф будани вайро таъкид карда буд (Новое время, 1986, №21, с. 26).

Ногуфта намонад, решаҳои иҷтимоии боқияҳои диндорӣ, сабабҳои асосии пайдошавии эътиқод ба худо, омилҳои айнӣ ва зеҳнии диндорӣ, ки атеизми марксистӣ баррасӣ менамояд, аз мадди назари аксарият берун монд. Ҳатто ягон кас ҳам ба ин мавзӯъ рӯй наовард;

-ниҳоят, яке аз муҳимтарин масъала ин масъалаи ҳуруфоти классикии тоҷикон аст. Бо чӣ сабаб бошад, ки ҳуруфоти тоҷикон дар як даҳсола ду бор иваз шуд, яъне, аввал ба лотинӣ, сонӣ ба русӣ (дар омади гап, бояд хотирнишон шавад, ки ӯзбекҳо ҳам ду бор ва қазоқҳо бошанд се бор ҳуруфоташонро иваз карданд, ки дар ин бобат «Правда» низ навишта буд). Дар натиҷа ба таври зеҳнӣ донандагони ҳуруфоти классикӣ (аз ҷумла муллоҳо) ба зинаи баланд ва мавқеи хубтар бардошта шуданд. Метавон аҳволи онҳоеро тасаввур кард, ки ҳуруфоти лотиниро омӯхта буданд ва боз лозим омад, ки аз нав босавод шаванд. Мақсад агар барҳам додани бесаводӣ бошад, пас, лозим буд, ки яку якбора ба ҳуруфоти русӣ гузарем. Ё худ беҳтар мебуд, ки қисми дарсҳои таълимӣ бо ҳуруфоти арабӣ ва дарси забони русӣ бо ҳуруфоти нав сурат мегирифт ва шояд имрӯз ин қадар дарҳамбарҳамӣ рӯй намедод. Охир барои дубора ва себора босавод кардани одамон маблағ ва нерӯи нуҷумӣ сарф гардид! Дигар он ки мардумони Қафқоз (гурҷӣ ва арманӣ), Лаби Балтик (литвонӣ, латиш ва эстон) ва як қатор халқҳои дигар ҳуруфоти хешро иваз накарданд. Имрӯз бошад пешравии онҳо аз мо баландтар аст. Ба иловаи ин мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дараҷаи забондонии халқҳои мазкур (забони русиро дар назар дорем) назар ба тоҷикон (ба ҷуз арманиҳо) хеле суст аст, вале касе ба лаҳҷа (акцент) ва шеваи баёни онҳо эрод намегирад.

Хулоса, шояд вақти он расида бошад, ки ба масъалаи таълими ҳуруфоти арабӣ (ин танҳо ба ном «арабӣ» аст, аммо кайҳо тоҷикӣ шудааст) дар мактабҳои миёнаю олӣ баргардем. Барои ин кор ҳамаи шароиту имкониятҳо мавҷуд аст, танҳо хоҳиш даркор. Аз манфиат холӣ нест, агар дар Ҷумҳурӣ рӯзнома ва маҷаллае бо ҳуруфоти ниёкон-классикиамон нашр мегардид. Шояд Кумитаи Марказии комсомол ва Иттиҳодияи адибон бо машварат доир ба ин таклиф сари мақсад оянд.

Рӯшан тасаввур мекунам, ки пешниҳодҳои боло муқобилони зиёде пайдо мекунад. Метавон мисол овард, ки давлати Юнон низ барои бозгашт ба забони Ҳомер қарор қабул кард. Исроил ба иврит гузашт, Чин (Хитой) ба роёна-компьютерҳои ҳозиразамон иероглифҳоро ворид намуд (Ҷопонро як сӯ мегузорем, зеро қиёс бо он беҷо аст). Ва аз ин кор давлатҳо ва мардумонашон чизеро бой надоданд, балки баръакс меросият ва пайванди гузаштаю оянда барқарор шуд. Шахсе, ки гузаштаро намедонад, барои оянда хидмате нахоҳад кард. Ӯ манкуртест, ки бо як лаҳза зиндагӣ дорад ва он ҳам танҳо барои хеш, на барои инсоният. Зеро:

Ки бе дирӯз ҳоло нест,

Ки бе имрӯз фардо нест.

Пеш омадани суоле табиист, ки таълими ҳуруфоти арабӣ (чӣ хеле ки Х. Давлятмендов ақида дорад) ба диндорӣ роҳ намекушояд? Ба фикри ман, аз ин ҷиҳат ҳаросидан беасос аст. Пеш аз ҳама мо имконият пайдо мекунем, ки бо тамоми мероси ниёгонамон шинос ва аз касалии «манкуртӣ» халос шавем. Сониян, ҳарифи маънавиамон, яроқи «илмӣ»-и ӯро дониста, вайро мағлуб кардан осонтар аст. Ба тавре ки маълум аст, сафи диндорон аз ҳисоби ҷавонон меафзояд ва ин ҷараён бештар як мусобиқаи зоҳирпарастиро мемонад, ки баҳонаи ҳамаи он алифбост ва танҳо тавассути амали мушаххас метавон онро пиёда кард. Аз тарафи дигар, ҳуруфоти классикӣ дар инҳисори (монополия) ҳам зумрае аз муллоҳо ва ҳам бархе аз забоншиносон қарор гирифтааст, ки алҳол табақаи дуюмӣ (чӣ тавре ки сифаташон дар боло рафт) ба тақсими мерос даст задаанд. Агар якумӣ бо он такаббур созанд, ки «дин»-ро медонанд, пас, дуюмӣ даъвои «забондонӣ» доранд. Ин ҷо танҳо бо ибораи Умари Хайём сухан гуфтан метавон:

«К-эй бехабарон, роҳ на ин асту на он!» (4)

Ҳамин тавр мо ба ҳар ду ақидаи ғалат зарба зада, ба камолоти маънавии инсон, маърифати илмӣ ва бозсозии ҳақиқӣ роҳ мекушоем.

* * *

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Муаллифи ин «кашфиёти илмӣ» узви вобастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Ғаффор Ашӯров аст, ки 6.01.1988 аз овардани номи ишон дар рӯзнома худдорӣ карда будем. Истеҳзои таърихро бинед, ки маҳз ҳамин Ғ. Ашӯров узви комиссиони омӯзиши «парвандаи» сардабири рӯзномаи «Комсомолии Тоҷикистон» Ато Хоҷаев (А. Ҳамдам) дар мавриди чопи мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» таъйин шуд ва ҳатто чанд бор барои таъзим ва пӯзиш ба Тошканд ҳам рафт.

(2) Аз ҷумлаи «Дар Ӯзбекистон сиёсати зиддитоҷикӣ ва ҳамчунин антисемитизм пеш бурда мешавад» (с.141) сар карда, то мақоли «ҳақ ба ҳақдор бирасад» ҳангоми чопи мақола дар рӯзнома (6.01.1988) ҳазф шуда буд, ки ҳоло он ба шакли пурра ба таваҷҷӯҳи хонандагон пешкаш мешавад.

(3) Литературная газета, 06.05.1987.

(4) Шакли пурраи ин рубоӣ:

Қавме мутафаккиранд андар раҳи дин, Қавме ба гумон фитода дар роҳи яқин. Метарсам аз он, ки бонг ояд рӯзе:

-К-эй бехабарон! Роҳ на ин асту на он.

Мисраъи охир дар баъзе сарчашмаҳо ба ин шакл омадааст:

-К-эй бехабарон! Роҳ на он асту на ин.

* * *

Қисматҳои дигари мақолаи «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: