Перейти к содержимому

Боистаҳои ПМТ дар баробари насли севвум

(Бахши севвум ва поёнии мақолаи “ПМТ ва насли севвуми пас аз истиқлол”)

Ба баҳонаи нахустин солгарди таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Тазаккур: Он чи дар ин ёддошти таҳлилӣ меояд, рабте ба дидгоҳҳо ва мавозеи расмии Паймони Миллии Тоҷикистон — ки нигоранда узви он аст — надорад ва аз ин рӯ дар мавориде аз ин таҳлил, чи басо азизони ҳамразм бо ин банда мувофиқ набошанд. Ин ёддошт бардоштҳо ва таҳлилҳои шахсии нигоранда аз вазъияти ду насли пас аз истиқлол ва дурнамое аз вазъияти насли севвум ва боистаҳои ПМТ дар баробари ин насл аст.

* * *

Дар ду бахши пешин ба тафсил дар бораи насли аввал ва дуввуми пас аз истиқлоли кишварамон баҳс кардем. Инак, дар бахши севвум ва поёнӣ, дар бораи насли севвум баҳс карда ва боистаҳои ПМТ дар баробари ин наслро мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳем дод.

* * *

Насли севвуми пас аз истиқлол ва вежагиҳои он

Соли 2020 оғози даврони насли севвуми пас аз истиқлол аст. Ба сухани дигар, аз соли 2020 майдонпуркунҳо дар ҷомеаи мо ҷавононе хоҳанд буд, ки чизе ба номи Шӯравӣ — ба ҷуз он чи дар китобҳо хондаанд ва ё аз даҳони бузургтарҳо шунидаанд — намедонанд. Зеро ин насл ҳамагӣ пас аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон ба дунё омадаанд. Инак, чанд вежагии боризи ин насл: (Лозим ба ёдоварист, ошноӣ бо ин вежагиҳо ва хусусиятҳо, дар чигунагии кору таъомул бо онҳо зарурист, зеро барқарории иртибот бо ин насл ва пайдо кардани “забонаш” танҳо замоне бароямон муяассар аст, ки як шинохти ҳарчанд нимакомил аз онҳо дошта ва ба дағдағаҳояш огоҳ бошем.)

1) Ҳамон тавр ки дар баҳс роҷеъ ба насли дуввум ёдовар гардид, ки насли дуввум дунёдидатар аз насли аввал будааст ва “ҷаҳонаш” васеътар аз ӯ, насли севвум низ чунин аст, яъне ҳам аз насли пеш аз худ дунёдидатар аст ва аз “ҷаҳони” васеътаре бархӯрдор ва ҳам аз насли аввал. Ва чунонки дар бахши дуввум ишора шуд, дунёдида будан ва аз “ҷаҳони” васеъ бархӯрдор будан, рабте ба сатҳи донишу саводи инсон надорад, балки кофист инсон дар интихобҳояш, бо гузинаҳои бештаре рӯ бо рӯ бошад;

2) Вежагии дигари ин насл он аст, ки ӯ таҷрибаи ҳамзистӣ бо ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97, ки дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст надорад. Бале, шояд дар лобалои китобҳо чизе дар бораи он хонда ва ё бузургтарҳо чизе аз он ҳаводис барояш нақл бикунанд, аммо ин хондану шуниданҳо ҳаргиз эҳсосеро, ки насли аввал ва то ҳадде насли дуввум аз он даргириҳо доранд, ба даст намедиҳад. Тасаввури ӯ аз ин ҷанг, фарқе бо тасаввураш аз — масалан — ҷанги ҷаҳонии дуввуми солҳои 1941-1945 надорад. Бинобар ин, агар аҳёнан эътирозе бар сиёсатҳои ҳукумат бикунад ва мақомот барои сокит кардани ӯ аз ҳаводиси ҷанги шаҳрвандии даҳаи 90-уми қарни пешин сухан бигӯянд – чунонки 20 сол аст мақомот дар баробари ҳар эътирозе ба ҳамин тарфанд паноҳ мебаранд – ин ёдовариҳо ҳеч таъсире дар ӯ, ки аз тарси вуқӯи ҷанг даст аз эътирози худ бардорад нахоҳанд гузошт, балки дуруст мисли ин мемонад, ки вақте лаб ба эътироз гушояд, ҳокими кишвар барояш аз воқеаҳои талхи ҷанги “босмачиҳо” бо болшевикҳо ва ё ҷанги ҷаҳонии дуввум бигӯяд. Ва ба илова, ҳар навъ ёдоварӣ аз он ҷанг барои ӯ, чӣ аз сӯи ҳукумат (ба унвони як тарафи ҷанг) сурат бигирад ва чӣ аз сӯи мухолифони насли аввал (ҳамчун тарафи дигари он ҷанг), ин ёдоварӣ, ҷуз бар нафрату танаффури ин насл нисбат ба ҳар ду тарафи ҷанг намеафзояд ва нафринашон мекунад, ки чӣ гуна даст ба қатлу куштори ҳамватанон ва бародарону хоҳарони худ задаанд!

3) Ба назар мерасад, барои насли севвуми пас аз истиқлол, минтақаву маҳал он андоза, ки барои ду насли пеш аз ӯ бахусус насли аввал аҳаммият дошт ва “кӯлобӣ будан”, “хуҷандӣ будан”, “ғармӣ будан” ва хулоса таъаллуқ ба маҳаллу минтақа барояш муҳимтар аз “тоҷик будан”-аш буд, аз аҳаммияти чандоне бархӯрдор нахоҳад буд. Намегӯям, ин беморӣ куллан рахт хоҳад барбаст, на, балки манзурам ин аст, ки ба тадриҷ дар ҳоли камранг шудан аст. Дар воқеъ, “тоҷик будан”, дорад ҷойи “кӯлобӣ будан” ё “хуҷандӣ будан” ва ғайраро мегирад ва ҳатто ҷойи “тоҷик ба изофаи кӯлобӣ будан”-ро низ мегирад.

Далели ин муддао, беш аз ҳар чизи дигаре, набуди он омилҳое аст, ки дар замони Шӯравӣ мӯҷиби бурузи ин беморӣ шуда ва дар дили мардуми минтақае нисбат ба мардуми минтақаи дигари Тоҷикистон навъе бадбинӣ падид оварда буд. Он омилҳо дигар нестанд. Ин воқеият бахусус аз ин назар ҳоизи аҳаммият аст, ки бидонем, ҳукумати феълӣ бақои худ бар аршро ҳанӯз марҳуни вуҷуди ҳамин бемории музмини иҷтимоӣ медонад ва мӯътақид аст дар сурати вуқӯи эътирозҳои мардумӣ алайҳи ӯ, мардуми минтақаи Кӯлоб ба ҳимоят аз ӯ бархоҳанд хост;

4) Яке дигар аз вежагиҳои насли севвум, ба назари роқими ин сатрҳо, ин аст, ки ин насл шояд нахустин насл пас аз истиқлоли Тоҷикистон бошад, ки барояш унсурҳои ташкилдиҳандаи истиқлол мисли забон, хатт ва ҷойгоҳи Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар ҷаҳон, иззат ва сарбаландиаш, аз аҳаммияти бисёр болое бархӯрдор хоҳанд буд. Ӯ мисли насли аввал ва дуввум, ба унусурҳои барҷоймонда аз даврони истеъмори Шӯравӣ бетаваҷҷӯҳ нахоҳад буд. Масалан, агар барои насли аввал ва дуввум, хатти сирилик чандон бегона наменумуд, он ҳам ба хотири унсу улфаташон ба он, аммо барои насли севвум ин хатт дигар комилан бегона аст, ҳарчанд ба он бихонаду бинависад. Инҳоро, ки арз мекунам, аввалан бо таваҷҷӯҳ ба нишонаҳои ин насл аст, ки аз ҳамин ҳоло намудор мешаванд, ва сониян, таърихи ҳар миллате, ки замоне зери истеъмор буда ва сипас истиқлол ёфтааст, ҳикоят аз ин дорад, ки ғолибан ҳувиятёбӣ ва бозсозӣ, аз даврони насли севвум шурӯъ шудааст;

5) Вежагии дигаре, ки метавон барои насли севвум — ва лоақал барои бахши қобили таваҷҷӯҳе аз он — баршумурд ин аст, ки ин насл низ мисли насли дуввум пойбанд ба умури динӣ ва мазҳабист. Инро наметавон нодида гирифт. Асосан, тоҷик ва ҷомеаи Тоҷикистон таърихан ҷомеае динӣ ва мазҳабист. Ин як воқеият аст, ки касе тавони инкори онро надорад. Мунтаҳо, дар ин росто ба назарам насли севвум вежагии бахши қобили таваҷҷӯҳе аз насли дуввумро, ки бештар ифротгаро ва тундрав буданд нахоҳад дошт, ба далоили зиёде, ки муҳимтаринаш, фурӯкаш кардани ҷараёни ифротгароӣ ва тундравии мазҳабӣ дар кулли ҷаҳони ислом аст. Пас аз шикасти ДОЪИШ дар Ироқ ва Сурия ва ба эътидол гароидани гурӯҳе мисли Толибон, аз шиддату ҳиддати ифротгароӣ ва тундравӣ дар ҷаҳони ислом бисёр коста шудааст, ва ҳатто ҷараёни ваҳҳобият ва салафигарӣ низ ба тадриҷ рӯй ба эътидол меоварад;

6) Яке дигар аз вежагиҳои ин насл он аст, ки нигоҳаш ба ду кишвари Русия ва Чин бисёр манфӣ хоҳад буд. Ба Русия ба хотири ин, ки мебинад, ҳамватанонаш дар ин кишвар мавриди белутфӣ ва бемеҳрӣ ва аҳёнан ситами русҳо ва мақомоти интизомии ин кишвар қарор мегиранд. Ва ба илова, мисли ҳар ҷавони озода ва миҳандӯст, хоҳони дахолатҳои ин кишвар дар умури дохилиаш ва вобастагии кишвараш ба он нест. Лозим ба ёдоварист, ки нигоҳи ин насл ба Русия ва русҳо, ҳаргиз мисли нигоҳи насли аввал ва то ҳадде насли дуввум ба он нест. Зеро ин ду насл навъе эҳсоси ҳамгароӣ ва наздикӣ бо ин кишвар ва мардумонаш доштанд (ва ҳанӯз ҳам доранд), он ҳам ба далели ин, ки давроне зери як сақфи муштарак зиндагӣ ва сарнавишти воҳиде доштанд. Аммо барои насли севвум, Русия ва русҳо фарқе — масалан – бо Омрико ва омрикоиҳо ё Фаронса ва фаронсавиҳо надорад.

Ва нисбат ба Чин аммо ба ин далел, ки рӯз аз рӯз бар нуфузи Чин дар Тоҷикистон афзуда шуда ва Тоҷикистон аз назари сиёсӣ ва иқтисодӣ вобастагиаш ба ин кишвар бештар мешавад. Ба назари роқими ин сатрҳо, паёмадҳои ногувори вобастагии иқтисодӣ (ва ба дунболи он, сиёсӣ) ва қарзҳое, ки он давлат ба Тоҷикистон додааст, бо зуҳури насли севвум, ба рӯ мезанад. Ва табиатан, ин ҳаргиз мавриди қабулу писанди ин насл нест.

7) Вежагии дигари насли севвум, ва балки барҷастатарин вежагиаш ин аст, ки ӯ ҳам мисли насли дуввум, як насли муҳоҷир ва саргардон аст. Зеро, бо таваҷҷӯҳ ба сиёсатҳои ҳукумати кунунии Тоҷикистон, ки на танҳо ба фикри таъмини шаҳрвандонаш бахусус ҷавононаш ба кор ва ҷилавгирӣ аз падидаи муҳоҷират нест, балки амалан ташвиқашон мекунад, то ба Русия муҳоҷират намуда ва кор кунанд, ва ба ин тариқ, будҷаи ҳукумат пур шавад.

Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба он чи то кунун гуфта омадем, инак шурӯъ мекунам ба баёни боистаҳои Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар баробари насли севвуми пас аз истиқлол.

* * *

Боистаҳои ПМТ дар баробари насли севвум

1) Асоситарин нукта, ки бояд дар ин росто мавриди таваҷҷӯҳ бошад ин аст, ки ПМТ ба унвони эътилофе фарогир, ки хоҳони тағйиру таҳаввули решаӣ дар ҷомеа ва баданаи ҳоким дар кишвар аст, ин муҳимро ҷуз ба дасти насли севвуми пас аз истиқлол наметавонад ба зуҳур бирасонад. Ва лозимаи ин ҳам он аст, ки аз ҳамин ҳоло наҳваи иртиботаш бо ин наслро муайян карда ва барномаҳояшро бо дар назар гирифтани вежагиҳо ва дағдағаҳои ин насл тарҳрезӣ намояд (ки дар бандҳои баъдӣ дар ин хусус бештар баҳс хоҳем кард.) Ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки оғози даврони ин насл солҳои 2020 ба баъд аст, аз ин рӯ, интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2020-ро — ки хелеҳо ба он умед бастаанд ва фикр мекунанд, ки дар ин сол эҳтимоли тағйиру таҳаввул вуҷуд дорад – фаромӯш кунем.

Бале, эҳтимол дорад Рустами Эмомалӣ вориси тоҷу тахти падараш шавад. Аммо ин рухдод маъное ҷуз идомаи сиёсате, ки ҳудуди 30 сол аст бар ҷомеаи Тоҷикистон соя афканда надорад. Ва ҳатто агар Рустам худаш хоҳони тағйир (ҳарчанд тағйири шаклӣ) ҳам бошад, аммо бо таваҷҷӯҳ ба қонун дар бораи “Пешво”, ки дар воқеъ Эмомалӣ Раҳмонро қонунан фавқи қонун қарор додааст, аз дасти Рустам — дар сурати раисиҷумҳур шуданаш — коре сохта нест, зеро ҳама чиз камокон дар қабзаи “Пешво” аст ва мақоми риёсати ҷумҳурӣ дар ин сурат чизе ҷуз як ниҳоди иҷроия ба шумор нахоҳад рафт.

Бинобар ин, ин ки баъзе аз сиёсатмадорон ба умеди эҷоди тағйир имрӯзҳо ба фикри номзад шудан ва ё номзад кардани фарде дар интихоботи риёсати ҷумҳурии соли оянда ҳастанд, ин иқдом чизе ҷуз равнақ бахшидан ва гарм кардани бозори режими кунунӣ нест. Ба назарам, ин сиёсатмадорон, ки имрӯзҳо андаке сару садояшон баланд шудааст, ҳамин ки интихоботи соли 2020 баргузор ва иттифоқи хоссе дар он рух надиҳад, садояшон хомӯш гардида ва ба тадриҷ майдони сиёсатро тарк ва он гоҳ хоҳанд фаҳмид, ки иштибоҳашон дар ин будааст, ки умри сиёсии худро баста ба як интихобот, ки равшан аст ҳеч иттифоқе дар он намеафтад, карда будаанд.

Бар ҳамин асос, ПМТ бидуни таваҷҷӯҳ ба ин интихобот ва ин ки чӣ хоҳад шуд ва чӣ касе хоҳад омад ва бе он ки вақту энержии худро сарфи он кунад, бояд бо ин фарз, ки ҳеч чизе дар ҳоли рух додан нест, ба кору фаъолияти худ идома диҳад ва тамаркузаш бештар рӯи чигунагии иртибот бо насли севвум бахусус дар дохили кишвар бошад. Ва ҳатто ин масъала, ки оё аз номзади муайяне ҳимоят намояд ва ё интихоботро таҳрим кунад низ дағдағааш набошад. Яъне, на таҳрим ва на ҳимоят аз касе. Асосан, гӯӣ ҳеч иттифоқе дар ҳоли рух додан нест ва ин интихобот кучактарин аҳаммияте барояш надорад. Ва дар воқеъ, ҳадафи ПМТ дар марҳилаи кунунӣ, ба назари роқими ин сатрҳо, фаротар аз интихобот ва таҳрим ё адами таҳрими он аст. Ҳадафи ПМТ эҷоди як тағйиру таҳаввули решаӣ ва усулӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Албатта, чунонки дар пешонии ин силсиламақолот ёдовар шудаам, ин дидгоҳ рабте ба мавзеи расмии ПМТ надорад ва шояд Паймон мавзеи дигаре бигирад. Он чи арз шуд, дидгоҳ ва пешниҳоди шахсии нигоранда аст.

2) Бо ин ки ПМТ ба як маъно идомадиҳандаи роҳи Иттиҳоди Нерӯҳои Опозсиюни Тоҷик (ИНОТ) ба шумор меравад ва ИНОТ як тарафи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 будааст, аммо бо таваҷҷӯҳ ба нигоҳи нисбатан манфии насли севвум ба ин ҷанг, лозим аст ПМТ парвандаи ҷанги шаҳрвандиро бибандад ва дигар аз он сухан ба миён наёварад. Албатта, вазифа дорад таърихро ҳамон тавр ки будааст ба наслҳои баъдӣ мунтақил намояд, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки имрӯзҳо режими кунунӣ зимни таҳрифи он вақойеъ ва ҳаводис, муҷаддан дар садади эҳёи онҳост. Инҷо бар ПМТ воҷиб аст ҳақиқатро бигӯяд. Аммо фақат ба унвони баргае аз таърихи Тоҷикистон, на ба ин манзур, ки муборизаҳои феълӣ гӯё идомаи ҳамон даргириҳост, ки якчунин нигоҳе бори бисёр манфӣ дорад.

3) Аз дигар вазифаҳои бисёр муҳимми ПМТ дар баробари насли севвум, таваҷҷӯҳ ба аносури ташкилдиҳандаи истиқлоли як миллат ва як кишвар аст; аносуре мисли забон, хатт, фарҳанг, таърих, якпорчагии сарзамин, варзиш ва ғайра, ки бетардид аз дағдағҳои асосии ин насл ба шумор меояд. ПМТ ҳаддиақал ба лиҳози назарӣ, барномаҳо ва тарҳҳои мушаххасе дар ин заминаҳо барои ҷомеа иро бикунад, мисли тарҳ дар хусуси гузор ба хатти модарӣ (порсӣ) ва худоҳофизӣ бо хатти бегонаи сирилик, полойиши забон аз вожаҳои бегона, бознигарӣ дар таърихи тоҷикон, ки умдатан дар даврони истеъмори Шӯравӣ навишта шуда ва камокон дар мадорису донишгоҳҳо тадрис мешаванд, тарҳ дар хусуси ҳифзи якпорчагии сарзамини Тоҷикистон, тарҳ дар мавзӯи боло бурдани ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи варзиш (бахусус бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар асри ҳозир ҷойгоҳ пайдо кардан дар арсаи варзишҳое мисли футбол, ба шиддат бо иззат ва сарбаландии як миллат гиреҳ хӯрдааст), тарҳ дар арсаи донишҳои бунёдин ва ғайра…

4) Яке дигар аз вазифаҳои ПМТ дар баробари насли севвум ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба мазҳабӣ будани ҷомеаи Тоҷикистон, чунонки дар боло арз шуд, ва ин ки ин насл низ мисли насли дуввум дар байнаш ҷавонони диндору мазҳабӣ фаровон пайдо хоҳанд шуд, аз ҳамин ҳоло барномаҳои мушаххасе ҷиҳати барқарории робита ва зери чатри худ гирифтани онҳо тарҳрезӣ ва ба марҳилаи иҷро дароварад. Дар ин мавзӯъ, вуҷуди ҲНИТ дар зимни ПМТ, як фурсат аст. Яъне дар воқеъ ин муҳим бар ӯҳдаи ин ҳизб ва бахусус руҳониҳои ин ҳизб аст, ки талош кунанд вазъияте, ки бо насли дуввум пеш омад ва робита бо онҳо густаста шуд ва дар натиҷа ҷавонони фаровоне доъишӣ ва ифротӣ гардиданд, пеш наояд.

Роқими ин сатрҳо мӯътақид аст, ки ҲНИТ – бо таваҷҷӯҳ ба вуҷуди руҳониҳои бисёр огоҳ ва ошно ба маорифи исломӣ дар суфуфаш — метавонад ҳидояти ин наслро ба даст бигирад. Албатта лозимаи ин кор он аст, ки ба онҳо гӯш фаро бидиҳад ва бо дағдағаҳояшон ошно шавад ва ба дур аз таъассуботи мазҳабӣ ва ин ки он ҷавон ҳанафӣ аст ё салафӣ, шиъа аст ё таҳрирӣ, ҲНИТ-ро меписандад ё намеписандад, асоси таъомулаш бо онҳоро “ҳикмат, мавъизаи ҳасана ва гуфтугӯ ба равиши некӯтар” қарор бидиҳад.

Лозим аст инҷо ин нуктаро ёдовар бишавам, ки ПМТ, бар хилофи режими кунунӣ ва ҳатто бархе аҳзобу гурӯҳҳо ва ё шахсиятҳои сиёсии тоҷик, ки ҳамеша дину диндориро барои Тоҷикистон як таҳдид донистаанд (ва камокон таҳдид медонанд) ва ҳамвора ба таҳқиру тавҳини падидаҳои мазҳабӣ ва мазҳабиҳо пардохтаанд, бояд вуҷуди ҷавонони диндору мазҳабиро як фурсат шуморад, на таҳдид. Зеро, фориғ аз ин ки шуморе аз аъзои ПМТ бахусус наҳзатиҳо худ диндору афроди пойбанд ба динанд, фориғ аз ин, амалгароии сиёсӣ низ дар ҷомеае мисли ҷомеаи Тоҷикистон тақозо мекунад, ки ҳукумат ва ҳар ҳизбу гурӯҳу шахсияти сиёсӣ, ба афроди диндори ҷомеа бахусус ҷавононаш ба чашми таҳдид нигоҳ накунад. Якчунин нигоҳе, дар ҷомеае мисли ҷомеаи Тоҷикистон, як ҳамоқати сиёсӣ аст. (Фориғ аз ин ки барои фарде динмадор, дин аз сиёсат ҷудонопазир аст.)

Бинобар ин, мабод ПМТ ҳамоқатеро, ки ҳукумат дар ин мавзӯъ муртакиб мешавад ва балки бархе аҳзобу гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ дар ҳоли иртикоби он ҳастанд, муртакиб шавад ва коре кунад, ки ҷавонони мазҳабӣ аз ӯ дур шаванд. Набояд ба ин роҳ дод, ба ҳеч ваҷҳ. Набояд лаҳзае фаромӯшамон бишавад, ки дар ҷомеае мисли ҷомеаи Тоҷикистон, ки таърихан мазҳабист, агар қарор аст тағйиру таҳаввуле рух бидиҳад, ба дасти ҷавононаш бахусус ҷавонони мазҳабиаш рух хоҳад дод. Инро, ҳам таърих мегӯяд ва ҳам воқеиятҳои ҷорӣ дар кишварҳои исломӣ. Ин ҷавонон ҳаргиз дунболарави теъдоде ангуштшумор аз нухбаҳои сиёсӣ, ки миёнаи хубе бо мазҳабу мазҳабиҳо надоранд, нахоҳанд буд. Дар ҷомеаҳои исломӣ, майдонпуркунҳо ҳамеша ҷавонони мазҳабӣ будаанд. Тоҷикистон на Арманистон аст, на Укройн аст ва на Гурҷистон, балки Тоҷикистон аст.

5) Вазифаи дигаре, ки ПМТ дар баробари насли севвуми пас аз истиқлол бар ӯҳда дорад ин аст, ки кору фаъолият бо муҳоҷирони кориро – ки гуфтем, насли севвум ҳам бештар муҳоҷирони корӣ хоҳанд буд – ба хусус дар Русия тақвият намуда ва робитааш бо онҳоро беҳтар аз ин ки имрӯз ҳаст танзим намояд.

Яке аз корҳои бисёр муҳим, ки ПМТ дар ин замина метавонад анҷом бидиҳад ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба ҳузураш дар кишварҳои урупоӣ ва муносибати хубаш бо ҳукуматҳо, заминаи эҷоди фурсатҳои корӣ барои ҷавонони тоҷикистонӣ дар ин кишварҳоро фароҳам созад. Ин кор чандон душвор нест, фақат як ирода мехоҳад. Ва шарт нест ҷавоне, ки ПМТ барои ӯ фурсати шуғлӣ дар ин кишварҳо пайдо мекунад, ҳаводори ПМТ бошад ё мухолифи ӯ, инҳо муҳим нестанд, балки муҳим ин аст, ки расман ва зимни доду ситад бо ҳукуматҳои урупоӣ, барои ҷавонони тоҷикистонӣ фурсати шуғлӣ дар ин кишварҳо пайдо кунад — ва масалан ҳар сол 10 ҳазор тоҷик (ба унвони мисол арз мекунам) битавонад ба ҷойи Русия ба ин кишварҳо муҳоҷират ва кор кунанд — ки қатъан ба маротиб беҳтар аз Русия хоҳад буд. Ва зимнан, ин кор кӯмак хоҳад кард, ки аз вобастагии Тоҷикистон ба Русия низ коста шавад ва дигар русҳо бар сари мо миннат нагузоранд. Ин кор як кори бисёр муҳим аст, ки фикр мекунам ПМТ агар ирода кунад, метавонад аз ӯҳдааш барояд.

* * *

Хуб, ин буд тамоми баҳс дар ин мавзӯъ, ки ба муносибати нахустин солгарди таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон ба риштаи таҳрир даровардам, ҳарчанд фикр мекунам хеле аз матолиб ҳаст, ки шоиста буд баён шаванд, вале онҳоро ба як фурсати дигар мавкул мекунам.

Саломат бошед.

Бахши аввали ин мақола

Бахши дуввуми ин мақола

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: