Перейти к содержимому

Оғози сохти филме дар бораи Мавлоно ва Шамс аз сӯи Эрону Туркия

Тасвирбардории филми “Масти ишқ” маҳсули муштараки Эрону Туркия ба коргардонии Ҳасани Фатҳӣ, коргардони эронӣ, ба зудӣ дар Қуния оғоз мешавад.

Аз чап ба рост: Порсо Пирӯзфар дар нақши Мавлоно, Шаҳоби Ҳусайнӣ дар нақши Шамси Табрезӣ

Ба гузориши вебсойти Созмони родию ва телевизиюни давлатии Туркия (TRT), Ҳасани Фатҳӣ, коргардони эронии филми “Масти ишқ” дар сафҳаи инстогроми худ аз оғози тасвирбардории ин асар дар ояндаи наздик дар шаҳри Қунияи Туркия хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, бозигари нақши Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ Порсо Пирӯзфар хоҳад буд. Фатҳӣ пеш аз ин Шаҳоби Ҳусайниро барои нақши Шамси Табрезӣ интихоб карда буд.

Авомили аслии филм, ки ҷамъе аз синамогарони Эрону Туркия ҳастанд низ ба тартиби зер муаррифӣ шуданд:

Ҷонишини таҳиякунанда: Шаҳроми Зоҳидӣ, мудири филмбардорӣ: Муртазо Пурсамадӣ, мудири ҳунарӣ: Нилуфар Ҷомур, тарроҳи грим: Имони Умедворӣ, сарпарасти гурӯҳи коргардонӣ: Муҳаммадризо Рустамӣ, дастёри аввал ва мудири барномарезӣ: Фотеҳ Куҷо, мудири тавлид: Тулго Тусун, тарроҳи ҷилваҳои вежаи майдонӣ: Ойткин Ёлчин, тарроҳи бадалкорӣ: Шоҳин Корокуш, сармоягузорон: Ширкати Симориё ва ширкати ANG.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: