Перейти к содержимому

Худам кардам, ки лаънат бар худам бод!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сиёсатмадороне ҳастанд, ки аз сари бедироятӣ гоҳе ба иштибоҳҳое роҳ медиҳанд, ки бо гузашти рӯзгор замоне, ки осори нохушоянди он хатоҳо гиребонгирашон мешавад, ангушти надомат мегазанд, ки эй кош муртакиби ин ҳамоқат намешуданд!

Тардид надорам, ки Эмомалӣ Раҳмон тоза мефаҳмад, ки бо қатъи фаъолияти ҲНИТ ва “теруристӣ” эълон кардани ин ҳизб ва ба зиндон андохтани раҳбаронаш, муртакиби чӣ ҳамоқате шуда будааст!

Ӯ замоне, ки фаъолияти ин ҳизбро дар кишвар қатъ ва “теруристӣ” эълон кард, пиндораш ин буд, ки ҲНИТ дигар ба таърих мепайвандад ва раҳбарони боздоштшудааш дар зиндонҳо мепӯканд ва боқии фаъолону аъзояш, ки Тоҷикистонро тарк кардаанд, ба фаромӯшӣ супурда хоҳанд шуд ва арса аз танҳо рақибе, ки таҳдидаш мешумурд холӣ шудааст.

Ба зеҳни Раҳмон ҳаргиз хутур намекард, ки ҲНИТ на танҳо ба таърих намепайвандад ва аз ёдҳо фаромӯш намешавад, ки бо гузашти андак замоне, барои Раҳмону дору дастааш, ба бузургтарин дарди саре табдил хоҳад гардид, ки хобро аз чашмонаш мерубояд ва фикру зикрашро машғули худ месозад ва тамоми ҳамму ғаммаш ин мешавад, ки чӣ гуна бо ӯ муқобила кунад ва аз “шарраш” халос шавад!

Раҳмон тоза мефаҳмад, ҲНИТ-и расмӣ, ки фаъолияташ зери назари худи ӯ буд, чӣ қадр барояш беҳтар аз ҲНИТ-и ғайрирасмӣ, ки мутлақулъинон аст будааст! Ӯ тоза дарк мекунад, ки бо раҳо кардани моҳие, ки даруни “оквориум” қарор дошт ва таҳаррукаш маҳдуд ва таҳти назар буд ва инак ба наҳанге табдил ёфта, ки наздик аст ӯро бибалъад, муртакиби чӣ ҳамоқату балоҳате шудааст!

Оё барои ҲНИТ-и “расмӣ” имкони ин ҳама ифшокориҳо аз фасоди Раҳмону хонаводааш барои ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳониён ва маҷомеи байналмилалӣ вуҷуд дошт?! Қатъан на! Имрӯз ба баракати “ғайрирасмӣ” будани ҲНИТ аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҷаҳониён аз фасоди Раҳмону дору дастааш, аз вуҷуди ҳарҷу марҷ дар ниҳодҳои давлатӣ, ҳайфу майли сарватҳои Тоҷикистон ба дасти Раҳмон ва мофиёи хонаводагаии ӯ, зулму бедодаш нисбат ба мардум огоҳӣ пайдо мекунанд.

Раҳмон тоза мефаҳмад, ки таъсиси як эътилофи сиёсии фарогири мухолифон, ки имрӯз ӯ ва аршу курсиашро ба ларза даровардааст ҳаргиз бо “расмӣ” будани ҲНИТ ва дар дохили кишвар қарор доштанаш имконпазир набуд, аммо бо қатъи фаъолияти ин ҳизб ва муҳоҷираташ ба берун аз қаламрави Тоҷикистон ин имкон фароҳам омад ва инак ин эътилоф (Паймони Миллии Тоҷикистон) ба бузургтарин таҳдид на танҳо барои ҳукумати ларзонаш, ки барои шахси худи ӯ ва ояндаи сиёсии авлодаш табдил ёфтааст.

* * *

Қалам ба дастони ҷирахори Раҳмон, ки имрӯза тамоми талоши худро сарфи костан аз шаъну ҷойгоҳи ПМТ ва таъсири он дар ҷомеаи Тоҷикистон мекунанд ва дар мақолаҳо ва ёддоштҳои худ бо як такаллуфи аҷибу ғариб саъй дар “бетаъсир” ҷилва додани ин эътилоф мекунанд, нек медонанд, ки ПМТ ва фаъолияти фақат яксолааш, хоб аз чашмони “Пешво” ва дору дастааш рабуда. Вагарна, ин ҳама сару садо ва ин ҳама “фермаю фабрикаҳо” роҳ андохтан ва ин ҳама нависандаву устоди донишгоҳу муаллимонро басиҷ кардан то алайҳи ПМТ “мақола” бибофанд, барои чист? Ба ҳадде, ки танҳо мавзӯи сойтҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ин ПМТ, Кабирӣ ва соири раҳбарони ин эътилоф гардидааст.

Комилан равшан аст, ки агар ПМТ “бетаъсир” буда ва аз ҷойгоҳу пойгоҳе дар ҷомеаи Тоҷикистон бархӯрдор намебуд, чунонки ин ҷирахорон иддао мекунанд, ниёз ба ин ҳама нигаронӣ ва нороҳатӣ ва ибрози хашму ғазаб ва навиштани “мақолот” алайҳи ӯ набуд.

Албатта, ин “мақолаҳо” ва ин сару садо роҳ андохтанҳо на ба суди Раҳмону дору дастааш, ки сад дар сад ба суди ПМТ ва мухолифон аст. Аз ин назар, барои нависандаҳои ин мақолот ва фармондеҳонашон як “аҳсанти” бисёр бузурге мефиристам. Зеро, ин азизон корро барои мо бисёр осон ва кӯмакамон мекунанд, то ҷомеаи мазлуму ситамдида ва аз дасти Раҳмону мофиёи хонаводагиаш ба дод омадаи Тоҷикистон беҳтару бештар бо фарзандони барӯманди ин марзу бум, ки дар баробари ин худкома ва диктотур истодаанд ошно шаванд. Дастатон дард накунад!

* * *

Бале, Раҳмон имрӯз пушаймон аст ва бо забони безабонӣ мегӯяд: “Худам кардам, ки лаънат бар худам бод!” Ин зарбулмасал дар мавриди афроде ба кор бурда мешавад, ки худашон мӯҷиботи нороҳатӣ ва пушаймонии худро фароҳам овардаанд. Зарбулмасали “Аз мост, ки бар мост” низ ҳамин мазмунро мерасонад. Ҳаким Носири Хусрав (р) дар як достони бисёр зебо, ки дар бораи як уқоб аст, мегӯяд:

Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост,

Баҳри талаби тӯъма пару бол биёрост.

Бар ростии бол назар карду чунин гуфт:

“Имрӯз ҳама рӯйи замин зери пари мост.

Бар авҷи фалак чун бипарам аз назари тез,

Мебинам агар заррае андар таҳи дарёст.

Гар бар сари хошок яке пашша биҷунбад,

Ҷунбидани он пашша ъаён дар назари мост”.

Бисёр манӣ карду зи тақдир натарсид,

Бингар, ки аз ин чархи ҷафопеша чӣ бархост.

Ногаҳ зи камингоҳ яке сахт камоне

Тире зи қазову қадар андохт бар ӯ рост.

Бар боли уқоб омада он тири ҷигарсӯз,

В-аз абр мар ӯро ба сӯйи хок фурӯ кост.

Бар хок бияфтоду биғалтид чу моҳӣ,

В-онгаҳ пари хеш гушод аз чапу аз рост.

Гуфто: “Аҷаб аст ин ки зи чӯб асту зи оҳан,

Ин тезию тундию паридан-ш куҷо хост?”

Чун нек нигаҳ карду пари хеш бар-ӯ дид,

Гуфто: “Зи кӣ нолем, ки аз мост, ки бар мост”.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: