Перейти к содержимому

Саранҷом Бен Салмон қабул кард, ки дар қатли Хошуқчӣ масъул аст

Валиҳади Арабистон барои аввалин бор дар гуфтугӯ бо як шабакаи омрикоӣ эътироф кард, ки қатли рӯзноманигори мунтақиди арабистонӣ дар консулгарии Риёз дар Истонбул дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ масъули умури Арабистон Саудӣ буда ва аз ин рӯ, ин ҳодиса масъулияте низ мутаваҷҷеҳи ӯ мекунад.

Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон, барои аввалин бор дар гуфтугӯ бо шабакаи омрикоии PBS, эътироф кард, ки ӯ низ дар қатли Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори мунтақиди арабистонӣ дар консулгарии Риёз масъул маҳсуб мешавад, чаро ки ин иқдом дар даврае иттифоқ афтода, ки ӯ масъулияти умурро дар Арабистон бар ӯҳда дорад.

Хабаргузории Reuters ба нақл аз барномае дар шабакаи PBS, ки қарор аст ҳафтаи оянда пахш шавад, гузориш кард, ки валиаҳди Арабистон масъулияти қатли соли гузаштаи Ҷамол Хошуқчӣ тавассути авомили саъудиро бар ӯҳда гирифт ва гуфт, “зеро ин иқдом дар баробари дидагони ман сурат гирифт.”

Тибқи ин гузориш, Муҳаммад бен Салмон то кунун ба сурати ошкоро дар бораи қатли ин мунтақиди саудӣ дар консулгарии Арабистон дар Истонбул сухане ба миён наёварда буд.

Бо ин ҳол, Ожонси иттилооти марказии Омрико ё ҳамон CIA ва бархе аз давлатҳои ғарбӣ эълом карда буданд, ки Муҳаммад бен Салмон дастури қатли Хошуқчиро содир карда буд.

Муҳаммад бен Салмон ба Мортин Исмит (Martin Smith), муҷрии шабакаи PBS дар бораи қатли Хошуқчӣ гуфт: “Ин (қатл) дар замони масъулияти ман анҷом гирифт. Ман тамоми масъулиятро мепазирам, зеро дар давраи масъулияти ман анҷом гирифтааст.”

Бо ин ҳол, ба назар намерасад манзури Бен Салмон ин бошад ки ӯ масъулияти мустақими қатлро бар ӯҳда мегирад, балки манзури вай аз баёни ин ҷумалот ин аст ки вай чун масъули умур дар Арабистони Саудӣ буда, бояд аз тасмим ба қатли Хошуқчӣ огоҳ мебуда ва аз он ҷилавгирӣ мекардааст.

Мустанади шабакаи PBS таҳти унвони “Валиаҳди Арабистон” қарор аст 1 октябр қабл аз аввалин солгарди қатли Ҷамол Хошуқчӣ пахш шавад ва ин изҳороти Муҳаммад бен Салмон дар пешнамоише аз ин мустанад нишон дода шудааст.

Арабистони Саудӣ, ки дар ибтидо ҳар гуна мушорикат дар қатли ин рӯзноманигори мунтақиди арабистониро инкор мекард, дар идома пазируфт, ки ин қатл тавассути авомили “саркаши” саудӣ анҷом гирифтааст.

Додситони умумии Арабистони Саудӣ эълом кард, ки муовини собиқи раиси иттилооти ин кишвар дастури бозгашти Хошуқчӣ ба кишварро содир карда буд, аммо баъд аз шикасти гуфтугӯҳо барои бозгардондани ин мунтақиди саудӣ ба меҳан, музокиракунандаи аршад дастури қатли вайро содир кардааст.

Додситони умумӣ гуфта буд, ки Саъуд Алқаҳтонӣ, дастёри муҳимми Муҳаммад бен Салмон, ки бино ба гузориши Reuters аз тариқи Skype ба қотилон дастури қатли Хошуқчиро додааст, қабл аз амалиёти қатл, тими зарбатро дар ҷараёни фаъолиятҳои Хошуқчӣ қарор дода буд.

Муҳаммад бен Cалмон дар посух ба суоли муҷрии шабакаи PBS дар бораи чигунагии имкони вуқӯи ин қатл бидуни итилоъи вай гуфт: “Мо 20 милюн ҷамъият дорем. Мо се милюн корманди давлатӣ дорем.”

Муҷрии PBS аз валиаҳди Арабистон пурсид, ки оё қотилон метавонанд ҳавопаймоҳои давлатиро мавриди истифода қарор диҳанд, ки Муҳаммад бен Салмон дар посух гуфт: “Ман мақомҳо ва вазироне дорам, ки умурро дунбол мекунанд ва онҳо масъул ҳастанд. Онҳо муҷаввизи анҷоми чунин кореро доранд.”

Яке аз мақомҳои аршади Омрико дар моҳи июн ба Reuters гуфт, ки давлати Трамп ба Риёз фишор оварда, то барои муҳокимаи ниҳоии онҳое, ки пушти қатли Хошуқчӣ будаанд, “пешрафтҳои малмусе”-ро ҳосил кунад.

Тибқи ин гузориш, 11 мазнуни саудӣ дар як фароянди маҳрамона дар иртибот бо парвандаи Хошуқчӣ муҳокима шуданд, аммо гузориши чандоне дар хусуси он мунташир нашуд.

Гузориши Созмони Милал низ хостори таҳқиқ аз Муҳаммад бен Салмон ва дигар мақомоти аршади Саудӣ дар иртибот бо қатли ин рӯзноманигори мунтақиди арабистонӣ шуда буд.

Гуфтанист, Хошуқчӣ, сутуннависи рӯзномаи омрикоии Washington Post дар таърихи 2 октябри соли гузашта дар ҳоле ки вориди консулгарии Арабистон дар Истонбул мешуд, дида шуда буд. Вай барои дарёфти мадорике қабл аз издивоҷаш ба консулгарӣ рафта буд ва он тавр ки гузориш шудааст, ҷасади вай тикка-тикка шуда ва аз сохтмон хориҷ шуда буд ва то кунун ҳеч радду нишоне аз ҷасади вай ёфт нашудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: