Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (384)

Қиссаи миро кардани румиёну чиниён дар илми наққошӣ ва суратгарӣ (1)

* * *

Хулосаи достон

Мардуми Чину Рум бар сари маҳорату чирагии худ дар ҳунари наққошӣ, бо якдигар баҳсҳо ва гуфтугӯҳо мекарданд. Ҳар як аз он ду гурӯҳ маҳорату устодии худро месутуд. Подшоҳи он даврон хост, ки ба ин мубоҳисаҳо ва раҷазхониҳо поён диҳад ва ҳунари ононро дар амал ба бӯтаи озмоиш дароварад.

Наққошони чинӣ аз шоҳ хонае хостанд, ки ҳунари худро дар он ба маърази дид қарор диҳанд. Шоҳ хонае ба чиниҳо ва хонае низ ба румиён дод, то маҳорату устодии худро нишон диҳанд. Шоҳ ҳамаи имконоти лозимро барои наққошони чинӣ фароҳам овард, вале румиҳо ҳеч чиз аз шоҳ нагирифтанд, балки дарҳои хонаро бастанд ва фақат ба сайқал задани дару девори хона пардохтанд.

Чиниҳо ҳамагуна рангро бо устодии тамом ба кор гирифтанд ва таркиботи бадеъу дилнишине аз он сохтанд ва бар девори хона нақш карданд. Вақте аз кори худ фориғ шуданд, аз шодиву шӯр таблҳо заданду карнайҳо навохтанд. Шоҳ ба тамошои кори наққошони чинӣ рафт ва аз дидани он нақшҳои дилфиреб бисёр хурсанду шодмон шуд. Сипас ба сӯи коргоҳи румиён рафт ва ҳамин ки бад-он ҷо расид, пардаҳоро пас заданд ва ногаҳон подшоҳ саҳнаи руъёии ҳайратангезе дид; ҳамаи нақшҳо ва тасовири рангину зебои чиниҳо бар девори утоқҳои румиён ба гунае шукӯҳманду афсонаӣ мунъакис шуда буд. Шоҳ аз дидани ин саҳна шӯре хосс пайдо кард ва дид, ки маърифати румиҳо сабаб шуда, ки коре халлоқтару бадеътар ба вуҷуд ояд. Пас маҷзуби кори румиҳо шуд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.993-994)

* * *

Манбаъи ин достон китоби “Эҳёи улуми дин” ва “Искандарномаи Низомӣ” аст. Мо дар инҷо ин ҳикоятро аз матни арабии “Эҳёи улуми дин” ба форсӣ тарҷума кардаем:

Чунин гузориш додаанд, ки чиниёну румиён дар маҳзари яке аз шоҳон аз маҳорату чирагии худ дар ҳунари наққошӣ ва суратгирӣ доди сухан доданд. Шоҳ чунин савоб дид, ки хонае дар ихтиёри ҳар ду фариқ қарор дода шавад, то ҳар кадом дар қисмате аз он ба нақшу нигор пардозанд. Ва миёни ҳар ду гурӯҳ пардае овехтанд, то аз кори якдигар огаҳ нашаванд. Румиён аз ҳар гуна рангу нигор баҳра ҷустанд, вале чиниён ранге ба кор нагирифтанд ва фақат ба сайқали деворҳо даст заданд. Вақте румиён аз кори тасвиргарӣ ва наққошии худ фориғ шуданд, билофосила чиниён низ гуфтанд, кори мо низ тамом шуд. Шоҳ аз ин сухани наққошони чинӣ дар шигифт шуд, ки чӣ гуна кори онон тамом шуда дар ҳоле, ки ҳеч ранге масраф накардаанд?! Аз ин рӯ аз чиниён пурсиданд: чӣ гуна корро бидуни рангрезӣ тамом кардаед? Онҳо гуфтанд: боке нест, пардаро вопас занед! Пардаро пас заданд ва ногаҳон тамоми наққошиҳои бадеъи румиён бо талаълуъе хоссу зебоие шигифтангез бар деворҳои сайқалзадаи чиниён афтод; гӯӣ ки деворҳои наққошони чинӣ ойинае дурахшон буд. (Эҳёи улуми дин, Ғаззолӣ, 3/17)

* * *

Ҳамон гуна ки мулоҳиза шуд, бино ба нақли “Эҳёи улуми дин”, ин чиниён буданд, ки деворҳоро сайқал заданд, дар ҳоле, ки Мавлоно билъакс румиёнро сайқалзанандаи хона муаррифӣ кардааст. Албатта, ин дахлу тасарруф мутаносиб бо мақосиде аст, ки Мавлоно дар нақли ҳикоёт дар назар дорад. Мақосиде, ки Мавлоно аз ин достон ирода карда, дар лобалои ҳикоят хоҳад омад.

Дар достони Мавлоно, чиниён намудори олимони зоҳирӣ ҳастанд, ки дили худро бо анвоъи улуму маҳфузот нақш задаанд ва румиён намудори асҳоби кашфу шуҳуд. Пас илми аъло аз роҳи тасфияи ботин ва тазкияи нафс ҳосил ояд, ва илми адно сирфан маҳфузоте чанд аст, ки бори одамӣ аст, на бори Ӯ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.994)

* * *

Чиниён гуфтанд: мо наққоштар,

Румиён гуфтанд: моро карру фар.

Чиниҳо гуфтанд: мо дар наққошӣ маҳорати бештаре дорем. Ва румиён гуфтанд: мо бошукӯҳу ҷалолем.

Гуфт султон: имтиҳон хоҳам дар ин,

К-аз шумоҳо кист дар даъво гузин?

Подшоҳ гуфт: дар ин хусус бояд имтиҳон кунам, то бибинам, кадом як аз шумо дар ин давъо гузида ва бартар аст?

Чиниёну румиён баҳс омаданд,

Румиён аз баҳс дар макс омаданд.

Наққошони чинӣ ва румӣ бар сари ин иддао баҳсҳо мекарданд, вале румиҳо дигар ба гуфтугӯву мақол идома надоданд ва сукут карданд. (Зеро онон аҳли кашфу шуҳуд буданд ва бо қилу қол мувофиқате надоштанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с. 995))

Чиниён гуфтанд: як хона ба мо

Хоса биспореду як они шумо.

Наққошони чинӣ гуфтанд: як хона ба мо ихтисос диҳед ва як хона низ мухтасси шумо бошад.

Буд ду хона муқобил дар ба дар,

З-он яке чинӣ ситад, румӣ дигар.

Ин ду хона дарҳое муқобили ҳам доштанд ва аз он ду хона якеро чиниён гирифтанд ва дигареро румиён.

Чиниён сад ранг аз шаҳ хостанд,

Пас хазина боз кард он то ситанд.

Чиниён аз шоҳ сад навъ ранг хостанд, пас он шоҳ дари хазонаашро гушуд, то он рангҳоро бигиранд.

Ҳар сабоҳе аз хазина рангҳо

Чиниёнро ротиба буд аз ато.

Ҳар бомдод аз бахшишҳо ва атоҳои шоҳона миқдоре аз рангҳои гуногун ба сурати муқаррарӣ ба наққошони чинӣ дода мешуд, то корашонро тамом кунанд.

Ротиба: муқаррарӣ ва мустамиррӣ.

Румиён гуфтанд: на лавну на ранг

Дархур ояд корро, ҷуз дафъи занг.

Вале румиён гуфтанд: мо фақат сайқал мезанем ва зангорҳоро аз дару девор пок мекунем ва ҳеч нақшу нигору ранге ба кори мо намеояд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: