Пароканда

Эҳдои ҷоизаи “Бунёди Гейтс” ба нахуствазири Ҳинд ба хотири сохти ҳоҷатхона

Норендро Мудӣ, нахуствазири Ҳинд, ҷоизаи “Бунёди Бил Гейтс”-ро, ки ба хотири поён додан ба “мадфуъ кардан дар маконҳои умумӣ” ба ӯ эҳдо шуд, дарёфт кард.

Тасмими “Бунёди Бил Гейтс” барои эҳдои ин ҷоиза ба Норендро Мудӣ хашми се барандаи ҷоизаи Нубелро дар пай дошт, ки бо ишора ба афзоиши ҳамалот алайҳи ақаллиятҳои Ҳинд дар даврони нахуствазирии Мудӣ, ба ин иқдом эътироз карданд. Ҷамила Ҷамил ва Риз Аҳмад, бозигарони осиёӣ-ангилисӣ ҳам дар эътироз ба ин иқдом дар маросими эҳдои ин ҷоиза ҳозир нашуданд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, “Бунёди Бил Гейтс” изҳор кард, ки ба назароти мунтақидон эҳтиром мегузорад, аммо аз тасмими худ дифоъ мекунад.

Ин бунёд таъкид кард, ки риояти беҳдошт масъалае нодидагирифташуда аст ва барномаи Ҳинд метавонад улгуе барои дигар кишварҳо дар ин замина бошад.

Мудӣ пас аз дарёфти ин ҷоиза аз Бил Гейтс, бунёнгузори ширкати Microsoft ва милёрдери омрикоӣ, ки дар умури башардӯстона низ фаъолият дорад, изҳор кард: “Ман ин ҷоизаро ба ҳамаи ҳиндиҳое тақдим мекунам, ки “маъмурияти Ҳинди покиза”-ро ба ҷунбише мардумӣ табдил карданд ва покизагиро бузургтарин авлавияти зиндагии рӯзмарраи худ қарор доданд.”

Давлати Ҳинд мегӯяд, аз соли 2014 ва таҳти як ибтикори амали 20 милёрд дулорӣ, беш аз 100 милюн ҳоҷатхона сохта, то бо муъзали мадфуъ кардан дар маконҳои умумӣ бавежа дар манотиқи рустоӣ муқобила кунад.

Бо ин ҳол, Мойрид Могвир, Таваккул Кирмон ва Ширин Ибодӣ, барандагони ҷоизаи сулҳи Нубел изҳор карданд: “Ҳинд таҳти раҳбарии Мудӣ дар ҳарҷу марҷи хатарноке қарор гирифта, ки пайваста ҳуқуқи башар ва демукросиро тазъиф кардааст.”

Онон дар баёнияе зимни дархост аз “Бунёди Гейт” барои таҷдиди назар дар эҳдои ин ҷоиза изҳор карданд: “Ин масъала мӯҷиби нороҳатии мост, зеро маъмурияти таъйиншуда барои бунёди шумо ҳифзи зиндагӣ ва муқобила бо нобаробарӣ аст.”

Эҳдои ин ҷоиза ҳамчунин дар тӯморе интернетӣ бо 100 ҳазор имзо мавриди эътироз қарор гирифт.

“Бунёди Гейтс” дар баёнияе ба хабаргузории Фаронса изҳор кард: “Пеш аз маъмурияти поксозии муҳитии Ҳинд, беш аз 500 милюн нафар дар ин кишвар ба имконоти беҳдоштӣ дастрасӣ надоштанд ва ҳоло аксари онон аз ин имконот бархӯрдоранд. Ин маъмурият метавонад улгуе барои дигар кишварҳои ҷаҳон бошад, ки ниёзи зарурӣ ба беҳбудии дастрасӣ ба имконоти беҳдоштӣ доранд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.