Сиёсат

Арабистони Саудӣ ба Яман пешниҳоди оташбас дод

Арабистони Саудӣ ба Давлати наҷоти миллии Яман (Ҳусиҳо) пешниҳоди оташбас додааст.

Ба гузориши рӯзномаи омрикоии The Wall Street Journal, ин пешниҳоди Арабистони Саудӣ баъд аз ибтикори амали Давлати наҷоти миллии Яман ироа шудааст.

Ин рӯзнома, оташбаси пешниҳодии Риёзро “оташбаси ҷузъӣ” донист ва навишт, ки ин оташбас дар чаҳор меҳвар аз ҷумла шаҳри Санъо, пойтахти Яман иҷро хоҳад шуд.

Ба навиштаи ин рӯзнома, дар сурати муваффақ будани ин оташбас, саудиҳо ба густариши маҳдудаи ин оташбас хоҳанд пардохт ва бахшҳои дигари Яманро низ шомил хоҳад шуд.

Ибтикори амали Яман чӣ буд?

Маҳдӣ Ашшаммот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман, ҳафтаи пеш баъд аз 6 рӯз аз ҳамлаи талофиҷӯёнаи артиш ва кумитаҳои мардумии Яман (Ҳусиҳо) ба шарқи Арабистони Саудӣ, аз ибтикори амали Санъо барои таваққуфи ҳамалоти худ алайҳи Риёз хабар дод.

Ӯ гуфт, ки Давлати наҷоти миллии Яман “довталабона ва ба сурати якҷониба” амалиётҳои паҳподӣ ва мушакии худ ба хоки Арабистони Саудиро мутаваққиф мекунад, машрут бар ин ки Арабистони Саудӣ ва “эътилофи мутаҷовиз” ба раҳбарии ин кишвар низ ҳамалоти худро ба Яман мутаваққиф карда ва ба муҳосираи ин кишвар поён диҳад.

Артиши Яман 14 сентябри соли ҷорӣ аз бузургтарин амалиёти паҳподии худ дар умқи хоки Арабистони Саудӣ хабар дод. Дар ин амалиёт, ки ба талофии ҳамалоти эътилофи Саудӣ ба хоки Яман сурат гирифт, 10 фарванд паҳподи (ҳавопаймои бидуни сарнишини) яманӣ таъсисоти бузургтарин ширкати нафтии Арабистони Саудӣ — Оромкуро дар минтақаи Бақиқ ва Харис (шарқи Арабистон) ҳадаф қарор доданд, ки дар пайи он, 50 дарсад аз тавлиду содироти нафти Саудӣ мутаваққиф шуд.

Арабистони Саудӣ, ки аз 26 марти соли 2015 таҳти эътилофи арабии зидди Яман ба ин кишвар лашкаркашӣ кард, баъд аз гузашти ин муддат ҳанӯз натавониста ба аҳдофи худ аз ин лашкаркашӣ даст ёбад.

Баъд аз даргириҳои ҷануби Яман ва тақвияти сайтара ва нуфузи нерӯҳои таҳти ҳимояти Аморот ва фирори нерӯҳои давлати Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури фирорӣ аз шаҳри Адан (пойтахти муваққати ин давлат) ва иқдоми Аморот дар коҳиши 75 дарсадии нерӯҳои худ дар Яман, Арабистон низ ба дунболи роҳе барои хуруҷи обрӯмандона аз ботлоқи Яман аст.

Тайи ин ҳафта Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ ба Арабистони Саудӣ рафт ва бо мақомоти аршади ин кишвар дидору гуфтугӯ кард, ки ҳадаф аз ин сафар миёнҷигарии Бағдод байни Риёз ва Санъо будааст.

Абдулмаҳдӣ баъд аз ин сафар гуфт, ки ҳеч як аз тарафҳои даргир дар Яман, ба дунболи идомаи ҷанг нестанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.