Перейти к содержимому

Дар дӯстӣ ва душманиҳоят зиёдаравӣ макун!

Имом Ғаззолӣ (р) ривояти ҷолиберо аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с) дар китоби “Эҳёи улуми дин” нақл мекунад. Ин ривоятро Имом Тирмизӣ (р) низ дар Сунани худ овардааст. Ҳазраташ мефармояд:

أحبب حبيبك هوناما عسى أن يكون بغيضك يوماما، وأبغض بغيضك هوناما عسى أن يكون خبيبك يوماما

Дӯсте, ки мавриди алоқаи туст, ба як андозаи муайян дӯсташ бидор ва зиёдаравӣ макун, зеро чи басо рӯзе душманат гардад. Ва ҳамчунин, бо душманат низ дар душманӣ зиёдаравӣ макун, ки чи басо рӯзе дӯстат гардад.”

* * *

Ва ба сухани дигар, агар бо як нафар дӯсту рафиқ ҳастӣ, саъй кун ҳамаи асрори худро барои вай ифшо макунӣ, бояд як ҳадди муайянеро дар ин дӯстӣ нигаҳ бидорӣ, зеро ки аз куҷо маълум аст, ки рӯзе ин одам душманат гардад?!

Ва низ агар бо касе миёнаи хубе надорӣ ва масалан душманат аст: ё дар сиёсат бо ту мухолиф аст ё дар андешаву ақида бо ҳам ихтилофи назар доред, дар душманӣ бо вай зиёдаравӣ макун ва ба истилоҳ, хутути қирмизро ҳамеша риоят ва пардадарӣ макун, ки рӯзе шояд бо ту дӯст гардад, ки он вақт пеши ӯ хиҷолатзада хоҳӣ шуд.

Хулоса, инсон бояд ҳамеша эътидолро дар ҳама чиз риоят кунад, ба хусус дар дӯстиҳо ва душманиҳо.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: