Перейти к содержимому

Ман беш аз ҳама аз Умари Саъд шудан метарсам

Гуфторе аз Алӣ Шариатӣ

Дар ҳодисаи Карбало бо се намунаи шахсият рӯ ба рӯ мешавем:

Аввал: Ҳусайн

Ҳозир нест таслими ҳарфи зӯр шавад.

То охир меистад.

Худашу фарзандонаш кушта мешаванд.

Ҳазинаи интихобашро медиҳад ва ба чизе, ки намехоҳад тан намедиҳад.

Аз об мегузарад, аз обрӯ на.

Дуввум: Язид

Ҳамаро таслим мехоҳад.

Мухолифро таҳаммул намекунад.

Сари ҳарфаш меистад.

Наваи пайғамбарро сар мебурад.

Беобрӯиро ба ҷон мехарад ва ба чизе, ки мехоҳад мерасад.

Севвум: Умари Саъд

Ба ривояти таърих, то рӯзи 8 муҳаррам дар тардид аст.

Ҳам Худоро мехоҳад, ҳам хурморо,

Ҳам дунёро мехоҳад, ҳам охиратро.

Ҳам мехоҳад Ҳусайнро розӣ кунад, ҳам Язидро.

Ҳам аморати Кӯфаро мехоҳад, ҳам эҳтироми мардумро.

На ҳозир аст аз қудрат бигузарад, на аз хӯшномӣ.

Ҳам об мехоҳад, ҳам обрӯ.

Дасти охир аммо Умари Саъд танҳо касе аст, ки ба ҳеч кадом аз чизҳое, ки мехоҳад намерасад.

На саҳме аз қудрат мебарад, на аз хӯшномӣ.

* * *

Мо одамҳои маъмулӣ росташ на ҷуръату иродаи Ҳусайн шуданро дорем, на қудрату абзори Язид шуданро.

Аммо дар даруни ҳамаи мо як Умари Саъд ҳаст.

Ман беш аз ҳама аз Умари Саъд шудан метарсам…

(Алӣ Шариатӣ)

* * *

Тазаккур: Умар ибни Саъд ибни Абиваққос, аз муосирони Имом Ҳусайн (р), аз дониш ҳам баҳра дошт, шахсияти маъруфе буд. Дар ҳангоми ҳодисаи Карбало, Убайдулло ибни Зиёд — волии Язид дар Кӯфа ба Умар ибни Саъд ҳукумати Райро аз тарафи Язид ваъда кард, аммо баҳояшро ҷанг бо Имом Ҳусайн (а), наваи гиромии ҳазрати Паёмбар (с) қарор дод ва гуфт, агар Ҳусайнро куштӣ, ҳукумати Рай аз они туст. Умар ибни Саъд дар оғоз байни ин ду кор: ҳукуматт Рай ва куштани Имом Ҳусайн (а) дар тардид буд. На мехост дастонаш ба хуни ҷигаргӯшаи Паёмбар (с) олуда шавад, ва на мехост аз ҳукумат бар мулки Рай маҳрум бимонад. Ин аст, ки Шариатӣ мегӯяд, ҳам Худоро мехост, ҳам хурморо. Аммо дар ниҳоят шайтон бар ӯ чира гашт ва пеши худ гуфт: Ҳусайнро мекушам, сипас тавба мекунам. Ба ривояти таърих, Умар ибни Саъд пас аз қатли Имом Ҳусайн (а) ҳукумат бар мулки Рай ҳам насибаш нашуд. (С.И.)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: