Перейти к содержимому

Эъҷози забони порсӣ

Барои ин ки каме дар бораи забони порсӣ ва аҳаммияти он ҳарфе зада бошем, нукоте ғурурофаринро аз ин забони ширин истихроҷ кардаем, ки дар идома мехонед:

Забони порсӣ дар 29 кишвари ҷаҳон сӯҳбат мешавад, ки дар радифи 6-ум баъд аз забони испониёӣ ва қабл аз забони олмонӣ (аз назари теъдоди кишварҳое, ки дар онҳо порсӣ сӯҳбат мекунанд) радабандӣ шудааст.

Забони порсӣ дуввумин забони килосики ҷаҳон баъд аз забони юнонӣ шинохта шуда ва ҳамаи вежагиҳои як забони килосикро дорад. Забонҳои лотину сонскрит дар радифҳои севвуму чаҳорум қарор доранд.

Забони порсӣ аз назари танаввӯи масал (зарбулмасал) байни 3 кишвари аввали дунёст.

Забони порсӣ аз назари домана ва танаввӯи вожаҳо яке аз пурмоятарин ва бузургтарин забонҳои дунёст.

Дар камтар забоне фарҳанги луғоте мисли Луғатномаи 18 ҷилдии Деҳхудо ё Фарҳанги Муин дар 6 ҷилд дида мешавад.

Забони порсӣ тавоноии сохтани 225 милюн вожаро дорад, ки дар миёни забонҳои ҷаҳон беҳамтост.

Забони порсӣ 13-умин забони пуркорбурд дар муҳтавои вебу интернет аст.

Забони порсӣ як сада пеш аз лотин ва 12 сада қабл аз ангилисӣ вуҷуд доштааст.

Аз 10 шоири бартари ҷаҳон 5 нафар аз онҳо порсизабон‌ ҳастанд.

Охирин нукта ҳам ин, ки забони порсӣ забонест, ки мешавад теъдоди зиёде феълро канори ҳам гузошту дар охир як ҷумлаи маънидор дошт. мисли: доштам, мерафтам, дидам, гирифта, нишаста, гуфтам, бигузор, бипурсам, бибинам, меояд, намеояд, дидам, мегӯяд, намехоҳам, биёям, мехоҳам, биравам, бигирам, бихобам.

Манбаъ: Khabaronline

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: