Перейти к содержимому

Ҳимояти густурда аз Комило Шамсӣ пас аз рафтори ношоисти доварони ҷоизаи олмонӣ

Пас аз он, ки масъулони ҷоизаи адабии Нелӣ Зокс (Nelly Sachs) аз эътои ҷоизаи нақдӣ ба Комило Шамсӣ, барандаи имсоли ин рӯйдоди адабӣ, ба далели фаъолиятҳояш алайҳи “Исроил” худдорӣ карданд, нависандагон аз саросари ҷаҳон ҳимояти худро аз ӯ эълом карданд.

Ба гузориши Khabaronline, ҷоизаи адабии Нелӣ Зокс, ки ба номи шоираи олмонии барандаи Нубел баргузор мешавад, имсол Комило Шамсӣ — нависандаи бритониёӣ-покистониро ба унвони барандаи ниҳоии худ эълом карда буд, аммо пас аз чанд рӯз ва дар тасмиме аҷиб, ҳайати доварони олмонии ин ҷоизаи адабӣ эълом кард, ки ба сабаби нақши ин нависанда дар бойкути “Исроил” ва фаъолиятҳояш дар ҳимоят аз мардуми Фаластин, аз тасмими худ сарфи назар карда  ва ҷоизаи 15 ҳазор евроиро ба ин нависанда нахоҳад дод. Ҳоло иқдоми масъулони ин ҷоизаи адабӣ вокуниши беш аз 250 нависандаро ба дунбол доштааст.

Орундотӣ Руй (Arundhati Roy) — барандаи ҷоизаи Букер, Ҷон Моксвел Кутсе (John Maxwell Coetzee) — барандаи ҷоизаи Нубели адабиёт ва Букер ва Сели Рунӣ (Sally Rooney) — барандаи ҷоизаи китоби соли Бритониё, аз ҷумлаи нависандагоне ҳастанд, ки ҳимояти худро аз Комило Шамсӣ эълом кардаанд.

Ин чеҳраҳо ба ҳамроҳи нависандагони дигаре аз ҷумла Нувом Чомски, дар номаи саргушодае, ки 23 сентябр дар вебсойти London Review of Books мунташир шудааст, баён карданд: “Масъулони ҷоизаи Нелӣ Зокс тасмим гирифтаанд як нависандаро барои ҳимоят аз ҳуқуқи башар муҷозот кунанд.”

Ҳомиёни Шамсӣ ин суолро матраҳ мекунанд, ки “маънои як ҷоизаи адабӣ, ки ҳаққи ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва усули озодии баён ва озодии интиқодро зери суол мебарад, чист? Бидуни вуҷуди ин арзишҳо, ҳунару адабиёт ба хушгузарониҳое бемаънӣ табдил мешаванд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: