Перейти к содержимому

Интихоботи Афғонистон поён ёфт

Кумисиюни интихоботи Афғонистон эълом кард, ки 4-умин даври интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон дар сар то сари ин кишвар поён ёфтааст.

Забеҳуллоҳ Содот, сухангӯи Кумисиюни мустақилли интихобот дар ин робита гуфт: “Раъйгирӣ дар сар то сари Афғонистон поён ёфтааст ва фақат дар марокизе, ки афрод ҳузур доранд раъйгирӣ аз онҳо анҷом хоҳад шуд.”

Қарор буд, ки интихобот соати сеи аср поён ёбад, вале кумисиюн онро барои ду соати дигар тамдид кард, ки соатҳое пеш поён ёфт.

Тибқи ин гузориш, 9 милюн нафар аз шаҳрвандони Афғонистон воҷиди шароити раъйдиҳӣ буданд, ки қарор буд дар 4500 маркази раъйдиҳӣ орои худро ба сандуқ биандозанд. Аммо Кумисиюни интихоботи Афғонистон эълом кард, ки ба далоили масоили амниятӣ, дар чандин марказ раъйгирӣ анҷом нахоҳад шуд.

Аз сӯи дигар, бархе расонаҳои хабарӣ эълом карданд, ки танҳо 2 милюн нафар то поёни раъйгирӣ дар интихобот ширкат карданд.

Бо вуҷуди омодагии комили нерӯҳои амниятии Афғонистон дар баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, аммо Толибон, ки аз чанде пеш дар эъломияҳое ин интихоботро ба ҳамла таҳдид карда буд, имрӯз низ чандин маркази ахзи раъйро дар ин кишвар аз ҷумла Нангарҳор ва Қандаҳорро мавриди ҳамла қарор дод.

Қарор аст 3 ҳафтаи дигар натоиҷи аввалияи ин интихобот эълом шавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: