Ҷаҳон

Нахуствазири Молезӣ “Исроил”-ро сарчашмаи теруризм донист

Нахуствазири Молезӣ (Малайзия) бо интиқод аз ҳимояти кишварҳои ғарбӣ аз режими саҳюнистӣ гуфт, ки ин режим маншаи теруризм аст.

Моҳотир Муҳаммад бо эроди суханоне дар 74-умин нишасти солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид хотирнишон кард, кишварҳои ғарбӣ бо тасарруфи сарзаминҳои фаластиниён ва ихроҷи 90 дарсад аз ҷамъияти араб, ин режимро дар минтақа ташкил додаанд.

Нахуствазири Молезӣ афзуд: “Бисёре аз ҷангҳо дар минтақа, пас аз ташкили режими саҳюнистӣ ба вуҷуд омадааст.”

Ба гуфтаи Моҳотир Муҳаммад, бо эҷоди режими саҳюнистӣ минтақа шоҳиди густариши беандозаи теруризм будааст, дар ҳоле, ки пеш аз он чунин рухдодҳое бисёр нодир будааст.

Вай, бо интиқод аз ҳимояти режими саҳюнистӣ аз теруристҳо гуфт: “Иқдоми низомӣ алайҳи теруризм муваффақ нахоҳад буд, зеро мо бояд ибтидо реша ва иллати аслии онро шиносоӣ кунем ва баъд онро ҳазф кунем. Аммо қудратҳои бузург аз муқобила бо иллати аслӣ худдорӣ меварзанд.”

Нахуствазири Молезӣ бо интиқод аз ҳимояти кишварҳои ғарбӣ аз режими саҳюнистӣ таъкид кард: “Тасарруфи ошкори сарзамини фаластиниён ва табдили онҳо ба шаҳракҳо барои яҳудиён тавҷеҳпазир нест.”

Моҳотир Муҳаммад хотирнишон кард, ба далели эҷоди режими саҳюнистӣ акнун мусалмонон бидуни далел муттаҳам ба ҳимоят аз теруризм шуда ва аз кишварашон ихроҷ ва таҳти зулм қарор мегиранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.