Перейти к содержимому

Омӯзиши фалсафаро аз куҷо бояд шурӯъ кард?

Яке аз азизон пурсиданд, ки агар бихоҳам фалсафа биёмӯзам, аз куҷо бояд шурӯъ бикунам? Пештар ҳам шабеҳи чунин суоле матраҳ шуда буд ва посухе мухтасар навишта будам, ҳол ҳамон посухро бо андаке изофот меоварам:

1) Нахустин чизе, ки бояд дар ин замина аз он шурӯъ кунед, ин мутолеаи дақиқу амиқи таърихи фалсафа аст аз замони Юнони бостон то ба имрӯз. Ва беҳтарин китоб дар омӯзиши таърихи фалсафаи Ғарб китоби “Таърихи фалсафа”-и Фридрек Коплестон — ки ба забони порсӣ ҳам тарҷума шудааст — мебошад, ва аммо дар таърихи фалсафаи исломӣ беҳтарин китоб китоби “Таърихи фалсафаи исломӣ”-и дуктур Сайидҳусейни Наср ба шумор меравад. Ин дуро шумо метавонед дар ҳар ҷое аз дунё, чӣ ба забони ангилисӣ ва чӣ ба забони порсӣ пайдо кунед;

2) Дуюмин чиз, фарогирии фанни «Равиши пажӯҳиш дар улум» аст. Омӯзиши ин фанн қабл аз вуруд ба баҳсҳои фалсафӣ, хеле муҳим аст. Агар донишомӯз надонад, ки кадом илм ба кадом равиш таҳқиқу баррасӣ мешавад, байни улум меомезад ва раҳгум мегардад. Масалан: мехоҳад Худоро дар лобалои озмойишгоҳҳо пайдо кунад, ва ё табдили мис ба оҳанро ба шеваи ақлӣ ва фалсафӣ ҳал кунад, ки ин кор натиҷаи надонистани равиши таҳқиқу пахӯҳиш дар улум аст.

Яке аз беҳтарин китобҳо дар ин замина, китоби “Илм чист? Фалсафа чист?”-и дуктур Абдулкарими Суруш мебошад;

3) Сеюмин чиз, фарогирии фанни мантиқ аст, ки худ ба ду қисм аст: мантиқи сурӣ ва мантиқи риёзӣ. Беҳтарин китоб дар заминаи мантиқи сурӣ китоби “Мантиқ”-и Музаффар ва бахши мантиқи ҳар як аз китобҳои “Шифо” ва “Наҷот”-и Абуалӣ ибни Сино (р) мебошад.

Ва аммо дар заминаи мантиқи риёзӣ, китоби “Даромаде бар мантиқи риёзӣ”-и дуктур Ҳодӣ Фазлуллоҳ, китоби хубест. Албатта дар ҷаҳони ғарб ҳам дар ин ду замина китобҳои фаровоне навишта шудааст, вале он чиро ба забони форсӣ дар ин замина навишта шудааст бароятон муаррифӣ кардам;

4) Чаҳорумин чиз ва аз ҳама муҳим қабл аз вуруд ба баҳсҳои фалсафӣ, огоҳии амиқ пайдо кардан ба илми “Маърифатшиносӣ” аст. Зарурати фарогирии ин дониш, ки донише навин аст, ба ин ҷиҳат аст, ки дар ду се қарни ахир, касоне пайдо шудаанд, ки равиши таҳқиқи ақлӣ ё худ «фалсафаи назарӣ»-ро инкор мекунанд. Бо фарогирии илми маърифатшиносӣ, метавонед бо ҳар як аз далелҳои исботкунандагон ва ё инкоркунандагони шеваҳои таҳқиқ ошно гардида, худ доварӣ намоед, ки кадом дуруст аст ва кадом нодуруст.

Беҳтарин китоб дар ин замина, яке китоби “Назариятул-маърифа”-и Оятулло Ҷаъфари Субҳонӣ аст, ва дигар “Санҷиши хирад”-и Эмонуел Конт, ки дуюмӣ тарҷумаи порсӣ ҳам дорад.

Баъд аз тайи ин мароҳил, шумо метавонед ба баҳсу баррасии масоили фалсафӣ ворид шавед. Ва аммо китобҳои фалсафӣ фаровонанд, аз ҷумла китоби “Шифо” ва “Ишорот”-и Сино (р) аз беҳтарин китоб дар ин замина ба шумор мераванд. Ҳамчунин китобҳое чун: «Омӯзиши фалсафа» (Мисбоҳи Яздӣ), «Ниҳоятул-ҳикма» (Аллома Таботабоӣ), «Фалсафа ва равиши реализм» (Мутаҳҳарӣ), ки мо дар сойти Кимиёи саодат овардем ва ҳамчунин «Даромаде бар фалсафа» (Китоби омӯзишии Донишгоҳи Оксфорд ба ангилисӣ ва тарҷумаи он ба порсӣ ҳам ҳаст) ва ғайра, ки дигар зиёданд.

Инҷониб дар оянда ният дорам, ду китоби Бӯалӣ (Шифо ва Ишорот)-ро ба хатти кириллӣ ва бо шарҳу тавзеҳ ба чоп бирасонам.

Саломат бошед.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: