Перейти к содержимому

Раҳмон ва “кеши шахсият” аз забони Хрушчеф

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Никито Хрушчеф (Никита Сергеевич Хрущёв) аз раҳбарони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (ИҶШ=СССР) аст. Ӯ аз соли 1953 то 1964 дабири кулли Ҳизби кумунисти ИҶШ (Генеральный секретарь ЦК КПСС) буд. Хрушчеф дар 20-умин кунгура (съезд)-и ин ҳизб – ки аз 14 то 25 феврали соли 1956 ҳудуди сеюним сол пас аз марги Жузеф Истолин (Иосиф Виссарионович Сталин) баргузор шуд – суханронии бисёр муҳимме дошт. Ӯ дар ин кунгура, дар бораи диктотурии Истолин ва “кеши шахсият” (культ личности), ки перомуни Истолин шакл гирифта буд, суханронӣ кардааст.

Он чи дар ин суханронӣ ҳоизи аҳаммият аст ин аст, ки агар аз он номи Истолин бардошта шавад ва танҳо ба равишҳо ва шеваҳои ӯ, ки дар ин суханронӣ ба онҳо ишора шудааст таваҷҷӯҳ кунем ва ин равишҳоро бо шеваҳо ва равишҳои Эмомалӣ Раҳмон муқоиса кунем, мебинем, гӯё Хрушчеф дар ҳоли интиқод аз Раҳмон аст ва айнан дар бораи ӯ суханронӣ мекунад.

Инак, муруре мекунем ба ин суханронӣ:

1) Дар оғози ин суханронӣ, Хрушчеф мегӯяд: “Баъд аз марги Истолин, Кумитаи марказии ҳизб шурӯъ ба тавзеҳи ин мавзӯъ кард, ки боло бурдани як фард ва табдили ӯ ба абармарде, ки соҳиби хислатҳои Худогуна аст, бо руҳи морксизм–ленинизм бегона аст. Ин мард чунон ба тасвир кашида мешавад, ки ҳама чизро медонад, ҳама чизро мебинад, ба ҷои ҳама фикр мекунад, ҳар коре метавонад бикунад ва дар кирдор маъсум аст. Чунин боваре нисбат ба як мард ва бахусус нисбат ба Истолин, солҳо дар миёни мо тарвиҷ дода шудааст…” (1)

Дар инҷо, Хрушчеф дар воқеъ аз системе интиқод мекунад, ки дар боло бурдан ва то марзи “худоӣ” расондани Истолин нақши асосиро бозидааст. Яъне маҷмӯае аз сиёсатмадорон, ҳунармандон, шоирон, нависандаҳо, рӯзноманигорон, устодони донишгоҳ ва ғайра, ки корашон танҳо таърифу тамҷид аз шахсияти Истолин будааст.

Дар Тоҷикистон низ, бахусус дар як даҳаи ахир, маҷмӯае ба роҳ афтодаанд, ки корашон ба ҷуз таърифу тамҷиду ситоиш аз Раҳмон ва то марзи “худоӣ” бурдани ӯ нест. Дар ин росто, баъзе аз шоирону нависандаҳо “косаҳои доғтар аз ош”-анд:

Паёмашро кунад таҳлил Путин,

Трамп аз он баҳо бидҳад ба тоҷик.

Ба тафсираш нишинад Син Тзинпин,

Қазоқу қирғизу афғону ӯзбек…

(Ато Мирхоҷа)

Ва ё:

Паёми Пешво маънӣ ба маънӣ

Барои олимон бошад ҳама илм,

Барои шоирон бошад ҳама шеър,

Барои доварон бошад ҳама ҳилм.

(Ато Мирхоҷа)

Ва ё:

Дар он соат, ки Доҳӣ бо муҳаббат

Паёми худ ба Маҷлис мерасонад,

Бигардад Кохи Сомон Каъбаи фазл,

Бигардад минбараш чун Санги асвад.

(Ато Мирхоҷа)

Ва ё:

Агар гӯем шоҳаншоҳи давронӣ, ту меарзӣ,

Барои тоҷикон пайғоми Яздонӣ, ту меарзӣ.

Парешон халқи тоҷик буд зи дасти аҷнабӣ, аммо,

Раҳо кардӣ Ватанро аз парешонӣ, ту меарзӣ.

Хурофотӣ кунад тарғиби дину мазҳаби дигар,

Зи реша қасди бадхоҳон бисӯзонӣ, ту меарзӣ.

Бигӯӣ даъвати ифротиён хавфу хатар дорад,

Хатокории гумроҳон бифаҳмонӣ, ту меарзӣ…

(Рамазон Раҳимзода «Ниҳонӣ», вазири умури дохила)

2) Хрушчеф дар бахше дигар аз суханрониаш дар бораи Истолин мегӯяд: “Истолин мухтареъи мафҳуми “душмани миллат” буд. Ин истилоҳ, истифода аз золимонатарин саркӯбҳоро алайҳи ҳар касе, ки танҳо гумони он мерафт, ки қасди хасмона дошта бошад… мумкин мекард. Дар кулл, танҳо мадраки ҷурме, ки истифода мешуд, “эътироф”-и худи муттаҳам буд. “Эътирофот” аз тариқи фишорҳои ҷисмӣ гирифта мешуданд. Афроди бегуноҳ – ки дар гузашта аз хатти ҳизб дифоъ мекарданд – қурбонӣ шуданд. Дастгириҳои анбӯҳ ва ихроҷи ҳазорон нафар аз кишвар, эъдоми бидуни муҳокима ва бидуни таҳқиқоти маъмул, шароите аз эҳсоси ноамнӣ, тарс ва ҳатто ноумедиро рақам зад…” (2)

Тамоми он чи Хрушчеф дар ин бахш аз суханонаш дар бораи Истолин гуфтааст, дар мавриди ҷаноби Раҳмон низ сидқ мекунад. Зеро Эмомалӣ Раҳмон низ мисли Истолин мухтареъи вожаи “душмани миллат” барои мухолифони сиёсии худ бахусус ҲНИТ аст. Ӯ дар суханрониҳояш ҳар ҷо сухан аз мухолифон бигӯяд, ҳамеша аз онҳо ба “душманони миллат” таъбир карда ва мекунад.

Он чи Раҳмон бо раҳбарон ва аъзои боздоштшудаи ҲНИТ пас аз ба истилоҳ, “ошӯби” Ҳочӣ Ҳалим кард, оё ҷуз “эътироф” аз тариқи шиканҷа ва фишор будааст? Оё ҷуз “муҳокима бидуни таҳқиқоти маъмул” будааст?

Он чи баъд аз ин воқеа рух дод, оё ҷуз “дастгириҳои анбӯҳ ва ихроҷи ҳазорон нафар аз кишвар” будааст?

Муруре кӯтоҳ ба тамоми гузоришҳо дар бораи боздошт ва муҳокимаи Муҳаммадалӣ Ҳайит, Саидумар Ҳусайнӣ, Бузургмеҳр Ёров ва даҳҳо боздоштшудаи дигар, ки дар расонаҳо дарз шуданд ва ба дасти созмонҳои ҳуқуқи башар расиданд, кофист ин муддаоро собит кунад. Ин гузоришҳо дар расонаҳо ҳаст ва азизони хонанда метавонанд ба онҳо руҷӯъ кунанд.

Ба назарам, Раҳмон дар мавориде, аз Истолин ҳам гузаштааст, ки агар Истолин алъон зинда мебуд, ангушти ҳайрат мегазид. Агар дар даврони Истолин фаразан интернет мебуд ва касе зери матлабе, ки мавриди хушоянди ӯ нест, “лойк” мемонд, фикр накунам Истолин “тройка” ташкил дода ва ӯро ба “ҷурми” ин лойк, ба 9 сол зиндон маҳкум кунад. Аммо ҷаноби Раҳмон то ин замон ду ҷавонро ба “ҷурми” лойк, ба зиндон афкандааст.

3) Хрушчеф дар қисмате дигар аз суханронии худ дар ин кунгура мегӯяд: “Анбошти қудрат дар дастони як нафар — Истолин, мунҷар ба паёмадҳои ҷиддӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ шуд. Вақте ба хеле аз достонҳо, филмҳо ва таҳқиқоти таърихӣ-илмии худамон нигоҳ мекунем, нақши Истолин дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шакли ғайриқобили боваре тасвир шудааст; ин ки: Истолин ҳама чизро пешбинӣ карда буд. Пирӯзии ҳамосии мо тавре ҷилва дода шуда, ки гӯӣ ба куллӣ мадюни нубуғи Истолин будааст… Истолин саъй кард, ин тасаввурро талқин кунад, ки пирӯзиҳое, ки миллати Шӯравӣ ба даст оварда буд, ҳама дар натиҷаи шуҷоат, ҷасорат ва нубуғи Истолин буда ва на ҳеч каси дигаре… Ҳама чиз ба мардум дар партави ин нури козиб нишон дода мешуд. Чаро? Барои ин ки Истолинро ҳолаи шукӯҳ дарбар гирад – бар хилофи ҳақиқати таърихӣ, ки на Истолин, балки куллияти ҳизб, давлати Шӯравӣ, артиши қаҳрамонамон, раҳбарони боистеъдод ва сарбозони шуҷоъаш, ҳамаи миллати Шӯравӣ – инҳо касоне ҳастанд, ки пирӯзиро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба армуғон оварданд…” (3)

Азизони хонандаро ба замони пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои созишномаи ба истилоҳ, сулҳу оштӣ дар кишварамон бармегардонам, ки қатъан ахбору гузоришҳои он даврон ва лоақал порае аз онҳоро дар ёд доранд. Дар он даврон, аз Раҳмону дору дастааш ба унвони як тарафи ин сулҳ ва аз ИНОТ ҳамчун тарафи дигари он ном бурда мешуд. Дар бештари маъракаҳое, ки ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор мегардид, дар канори Раҳмон устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ менишастанд. Аммо рафта-рафта расонаҳо ва дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумат дигар номе аз ИНОТ ҳамчун як тарафи ин сулҳ ба забон намеоварданд ва ба тадриҷ кор ба ҷое расид, ки имрӯза Эмомалӣ Раҳмон на ба унвони як тарафи сулҳ, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” унвон мешавад ва аммо тарафи дигари сулҳ “душманони миллат”. Яъне имрӯз ин маъно ба ҷомеа илқо мешавад, ки он сулҳу оштӣ ба гуфтаи Хрушчев “гӯӣ ба куллӣ мадюни нубуғи Истолин (шумо Раҳмон бихонед) будааст”.

(4) Дар бахше дигар, Хрушчеф мегӯяд: “Рафиқон! Кеши шахсияти як фард агар ба чунин андозаи ғулосое расид, бештар ба ин хотир буд, ки Истолин худаш аз таҷлили шахсияташ ҳимоят мекард. Чопи 1948 аз биюгрофии кӯтоҳи ӯро, ки саропо чоплусии муфтазеҳона аст, худаш шахсан вироиш ва таъйид кардааст. Ӯ ҷоҳоеро, ки фикр мекард ситоиши хидматҳояш ба қадри кофӣ набуда хат мекашид. Инҷо чанд мисол назди ман аст, ки ин кори Истолинро намоён мекунад ва ба дастхатти худи Истолин аст: “Қувваи ҳидояти ҳизб ва кишвар рафиқ Истолин буд.” Инро худи Истолин навишта. Сипас изофа мекунад: “Агарчи ӯ вазоифи худро ба унвони раҳбари мардум бо маҳорате тамому камол анҷом дод, аммо Истолин ҳаргиз иҷоза надод, ки заррае ғурур, фиреб ё худситоӣ вориди корҳояш шавад.” Куҷо ва кай як раҳбар ингуна худро ситоиш кардааст?..” (4)

Росташ, ман намедонам, ки оё Раҳмон низ мисли Истолин худаш дар бораи худаш чизе менависад ё на, ва ё “ҷоҳоеро, ки фикр мекунад ситоиши хидматҳояш ба қадри кофӣ набуда хат мекашад” ё на, аммо рафтору кирдорҳояш (бахусус аз нуқта назари равоншиносии рафторӣ) бавузуҳ нишон медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ин ки таърифу тамҷиду ситоиш шавад, бисёр хушаш меояд. Ин падида бахусус дар ҳангоми “истиқболҳои” ончунонӣ аз вай, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ дар сафарҳои ӯ ба ноҳияҳо ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон тартиб медиҳанд ва дар баробараш ҷавондухтарону ҷавонписарон истода ва ба тамҷиду тавсифаш мепардозанд, ҳувайдо мешавад.

Зеро агар хушаш наояд, пас чаро то ба кунун ҷилави инчунин “истиқболҳои” зиллатбору хиффатоварро нагирифтааст? Ин ҳам, ки гоҳе аз ӯ нақл мекунанд, ки гӯё гуфта будааст, аз чунин корҳо хушаш намеояд, ин дуруст мисли ин сухани Истолин дар бораи худашро мемонад, ки: “Агарчи ӯ вазоифи худро ба унвони раҳбари мардум бо маҳорате тамому камол анҷом дод, аммо Истолин (шумо Раҳмон бихонед) ҳаргиз иҷоза надод, ки заррае ғурур, фиреб ё худситоӣ вориди корҳояш шавад.” Вагарна, Раҳмон агар ба сурати ҷиддӣ аз ин корҳо хушаш наояд, ҳаргиз шоҳиди такрори ин гуна саҳнаҳои хиффатбор намешудем, дар ҳоле, ки камокон идома доранд.

Як намунаи дигар аз худшефтагии ҷаноби Раҳмон ин ановину алқобе аст, ки ба онҳо хонда мешавад. Дар ибтидо Раҳмон ба назарам танҳо як унвон дошт, ки “Ҷаноби олӣ” буд, аммо ба мурури замон бар алқобу ановини пуртамтароқаш афзуда шуд. Имрӯз унвонҳое, ки Раҳмон ба онҳо хонда мешавад, ҳудуди як метр аст: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (то охир)…

Ин ифтизоҳ оё ҷуз ба хотири ин аст, ки ба қавли Хрушчеф: “Кеши шахсияти як фард агар ба чунин андозаи ғулосое расид, бештар ба ин хотир буд, ки Истолин (шумо Раҳмон бихонед) худаш аз таҷлили шахсияташ ҳимоят мекард.

Ин навишторро бо ҷумлаи ахири Никито Хрушчеф хитоб ба ширкаткунандагон дар 20-умин кунгураи Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти ИҶШ ба поён мерасонам:

Рафиқон! Мо бояд як бор барои ҳамеша кеши шахсияти фардиро барчинем. Мо бояд дидгоҳҳои марбут ба кеши шахсиятро дар таърих, фалсафа ва улум тасҳеҳ кунем, ва ба сурати низомманд коре, ки тавассути Кумитаи марказии ҳизб анҷом шударо идома диҳем; коре, ки шохисаи он раҳбарии ҷамъӣ ва интиқод аз худ аст.” (5)

* * *

Матни комили суханронии Никито Хрушчеф дар 20-умин кунгураи Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти ИҶШ ба русӣ.

Матни комили суханронии Никито Хрушчеф дар 20-умин кунгураи Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти ИҶШ ба тоҷикӣ.

* * *

Пайнавишт:

(1) Суханронии Никито Хрушчеф дар 20-умин кунгураи Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти ИҶШ (Маскав, 25 феврали соли 1956)

(2) Ҳамон.

(3) Ҳамон.

(4) Ҳамон.

(5) Ҳамон.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: