Машоҳир

Широк; сиёсатмадори зидди ҷанг

Жок Широк, раисиҷумҳури асбақи Фаронса, ки рӯзи панҷшанбе (26 сентябр) дар синни 86-солагӣ даргузашт, аз ҷумлаи шахсиятҳои матраҳи ҷаҳон буд, ки дар даврони риёсати ҷумҳуриаш дар Фаронса бо сиёсатҳои ҷангталабонаи Иёлоти Муттаҳида бавежа дар таҳоҷуми низомии Омрико ба Ироқ мухолиф буд.

Широк мутаваллиди 29 ноябри соли 1932 ва фарзанди як мудири бонк буд, ки кори худро ба унвони як корманди олии давлатӣ шурӯъ кард ва муддати кӯтоҳе пас аз он вориди сиёсат шуд. Ӯ пеш аз расидан ба мақоми нахуствазирии Фаронса, мансабҳои мухталифе аз ҷумла шаҳрдори Порис (Париж), вазири кишоварзӣ ва вазири кишвари Фаронса буд.

Сиёсатҳои дохилии ӯ дар замони нахуствазирӣ дар ибтидо шомили коҳиши нархи молиёт, ҳазфи назорат бар қиматҳо, эъмоли муҷозоти шадид барои табаҳкорон ва теруристҳо ва ​​хусусисозии шуғл буд.

Албатта Широк пас аз пайгирии ин сиёсатҳо дар давраи дуввуми қудратгирии худ ба унвони нахуствазир, назароти худро тағйир дод. Ӯ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 1995 бо касби 52.6 дарсади оро дар даври дуввум бо ғалаба бар Лиунел Жуспин, нахуствазири асбақи сусиёлисти Фаронса, аз 17 майи ҳамон сол калиди Кохи Элизаро ба даст гирифт.

* * *

Широк; шахсияти зидди омрикоӣ ва зидди ҷанг

Широк як мунтақиди барҷастаи ҷанги Ироқ маҳсуб мешуд, ки як ҳафта пеш аз ҳамлаи эътилофи таҳти амри Омрико ба Ироқ дар соли 2003 гуфта буд: “Ҷанг ҳамеша охирин гузина аст.” Ӯ ҳушдор дода буд, ки ишғоли Ироқ ба кобусе барои ҳамагон табдил хоҳад шуд.

Ӯ яке аз ҷиддитарин мухолифони ҳамлаи Ҷурҷ Буши писар ба Ироқ буд ва аз ибтидо пешбинӣ мекард, ки ин ҳамлаи низомӣ чӣ ошӯбу бӯҳронеро ба Ховари Миёна таҳмил хоҳад кард.

Широк ба далели мавзеъгириаш дар баробари ҳамла ба Ироқ ба раҳбарии Омрико, ба унвони сиёсатмадори зидди ҷанг шинохта шуд, ки бархе аз сиёсатмадорон низ гуфта буданд, ки ӯ асолатан шахсияте зидди омрикоӣ дошт. Ин мавзеъи Широк мизони маҳбубияти ӯро дар мақтаъе ба 90 дарсад ҳам расонда буд.

Мокрун, раисиҷумҳури кунунии Фаронса, рӯзи панҷшанбе дар посдошти иқдомҳои Широк дар арсаи сиёсати хориҷӣ, худдории Фаронса барои ҳузур дар ҷанги соли 2003 алайҳи Ироқ ба раҳбарии Омрикоро хотирнишон кард.

Шабакаи RTL дар ин бора мегӯяд: “Широк дар чандин навбат фурсат барои ҳушдор додан ба раисиҷумҳур Буш дошт ва гуфт, ки ҷанги Ироқ метавонад Ховари Миёнаро барои чанд даҳа бесубот кунад”. Ва ӯ дуруст мегуфт. Ӯ эҳсос карда буд, ки қарор аст чӣ иттифоқе биуфтад, он чи мо имрӯз таҷриба мекунем.

Дар маҷмӯъ ва дар нигоҳ ба корномаи сиёсати хориҷии Фаронса, нозирони сиёсӣ дар Фаронса Широкро мутахассиси Ховари Миёна медонанд; касе, ки медонист муъодилоти Ховари Миёна чӣ гуна кор мекунад ва дар чунин минтақаи печидае чӣ тавр метавон ҳам бо Саддом Ҳусайн равобити наздике дошт ва ҳам бо Теҳрон муровидоти худро ҳифз кард.

* * *

Коҳиши дусолаи даврони риёсати ҷумҳурӣ аз ислоҳоти сиёсии Широк

Широк ҳамчунин даврони риёсати ҷумҳурӣ дар Фаронсаро дар соли 2000 аз 7 то 5 сол аз тариқи реферондум коҳиш дод, ки ба унвони яке аз ислоҳоти сиёсии Широк маҳсуб мешавад.

Широк пас аз ироаи як корномаи муваффақ дар даври нахусти 7-солаи риёсати ҷумҳурии худ, дар дуввумин давра низ бо касби 82.2 дарсади оро дар даври дуввум ва дар муқобили Жон Морӣ Лупен, номзади ифротии Фаронса, пирӯз ва ба унвони раисиҷумҳури Фаронса интихоб шуд.

Широк ба сиёсатмадори пурнуфузи фаронсавӣ шӯҳрат дорад, ки бо беш аз 43 сол фаъолият дар арсаи сиёсат бо вуҷуди бархе интиқодҳо ҳамвора аз ӯ ба унвони яке аз маҳбубтарин сиёсатмадорони таърихи Фаронса ёд шудааст.

Ӯ бо вуҷуди маҳбубияти боло дар даврони нахусти худ ба унвони риёсати ҷумҳурӣ, дар даври дуввуми риёсати ҷумҳурии худ ба далели нотавонӣ дар амалӣ кардани сиёсатҳои пешбинишуда, ба камтарин мизони маҳбубияти худ расид.

Агарчи дар даври нахуст, Широк раисиҷумҳуре муқтадир дар таҳаққуқи шиорҳо ва ваъдаҳои додашуда буд, аммо дар давраи дуввуми риёсати ҷумҳурӣ, аз рутбабандии бисёр поине бархӯрдор буд, ки ба унвони яке аз руасои ҷумҳури Фаронса бо камтарин мизони маҳбубият дар таърихи сиёсии муосири ин кишвар ба ҳисоб меомад.

Дар 15 декабри соли 2011, додгоҳи Порис, Широкро ба далели суистифода аз будҷаи умумӣ ва эътимоди умумӣ дар замони масъулияташ ба унвони шаҳрдори Порис, муқассир донист ва барои ӯ ҳукми таълиқи дусола содир кард.

Irna

Рубрики:Машоҳир, Сиёсат, Таҳлилот

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.