Сиёсат

Асорати беш аз 2 ҳазор низомии арабистонӣ ва муттаҳидонаш ба дасти артиши Яман (филм ва тасовир)

Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, рӯзи якшанбе (29 сентябр) аз бузургтарин амалиёти низомӣ дар устони Наҷрони Арабистони Саудӣ ба номи “Насрун миналлоҳ” хабар дод ва дар як конфронси хабарӣ ҷузъиёти бештареро дар бораи ин амалиёт ташреҳ кард.

Ба гузориши шабакаи Алмасира, Сареъ гуфт, артиши Яман амалиёти мазкурро аз 15 август дар меҳварҳои мухталифи ҷабҳаи Наҷрон оғоз кард. Ин амалиёт бо расади дақиқ ва иттилоотии чандмоҳа анҷом шуд ва ягонҳои мухталифи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар он ширкат доштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, унсури “ғофилгирӣ” аз муҳимтарин дастовардҳо барои бартарӣ бар душман дар ин амалиёт будааст. Вай афзуд, унсурҳои нуфузии артиши Яман дар дохили “нерӯҳои душман ва фиребхӯрдагон” нақше муҳим дар ин амалиёт ва муваффақияти он ифо карданд.

Вай афзуд: “Амалиётҳои мушакӣ, ки дар марҳилаи аввали амалиёти “Насрун миналлоҳ” анҷом шуд, 9 адад буд, ки дар он, мақаррҳо, пойгоҳҳои низомӣ ва фурудгоҳҳои душман ҳадаф қарор гирифтанд.”

Яҳё Сареъ тасреҳ кард, ягони паҳподии артиши Яман беш аз 20 амалиёт анҷом дод, ки ҳадафи яке аз онҳо маркази низомии ҳассосе дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ буд.

Вай идома дод, падофанди ҳавоӣ болгардҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангии Эътилофи Саудиро ночор ба тарки минтақаи амалиёти “Насрун миналлоҳ” кард.

Яҳё Сареъ таъкид кард: “Дар марҳилаи аввали амалиёти мазкур 350 километри мураббаъ дар тӯлу арзи минтақаи амалиёт озод шуд, ки дар дохили он, мақаррҳо ва пойгоҳҳои низомӣ қарор дошт.”

Вай дар идома гуфт: “Иттилооти аввалии мо нишон медиҳад, хасоратҳои инсонии душман беш аз 500 кушта ва захмӣ аст.”

Сареъ таъкид кард: “Дар ин амалиёт се тип аз нерӯҳои Эътилофи Саудӣ нобуд шуд ва таҷҳизоти онҳо ба ғанимат гирифта шуд.”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман афзуд: “Беш аз 200 тан аз кушташудаҳои нерӯҳои душман касоне ҳастанд, ки дар пайи ҳамалоти ҳавопаймоҳои ҷангии Эътилофи Саудӣ ҳангоми фирор ё таслим, ҷони худро аз даст додаанд.

Сареъ гуфт: “Нерӯҳои мо талош карданд кӯмакҳои аввалии дармониро ба маҷрӯҳони душман, ки дар пайи ҳамалоти ҳавопаймоҳои ҷангии Эътилоф захмӣ шуда буданд, ироа диҳанд. Он чи барои муздурон ва фиребхӯрдагон иттифоқ афтод, як наслкушии ҷамъӣ буд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Эътилоф муртакиби он шуданд. Ҳавопаймоҳои ҷангии Эътилоф талош мекарданд, ки ҷилави фирори муздурон ё таслими онҳоро бигиранд.”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар идома тасреҳ кард: “Ин амалиёт мунҷар ба асорати беш аз 2 ҳазор нафар аз нерӯҳои душман шуд, ки бо камоли таассуф дар байни онҳо кӯдакон низ ҳузур доранд. Душман кӯдакони яманиро дар таҷовузи худ дар ҷабҳаҳои Ҷозон, Асир ва Наҷрон ба кор мегирад. Бештари асирон пас аз он ки муҳосира шуданд ва мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии Эътилоф қарор гирифтанд, худро довталабона таслими нерӯҳои мо карданд.”

Сареъ дар идома аз ба ғанимат гирифтани мақодири зиёди силоҳҳои сабуку сангин ва таҷҳизоту худравҳои зиреҳӣ дар ин амалиёт хабар дод ва афзуд: “15 худрави зиреҳии душман дар ин амалиёт дучори оташсӯзӣ ва нобуд шуданд.”

Вай эълом кард, ин амалиёт мизони бетаваҷҷӯҳии душмани Саудӣ ба ҷону зиндагии “фиребхӯрдагон”-ро собит кард.

Сареъ сипас гуфт: “Амалиёти “Насрун миналлоҳ” чандин марҳила дорад ва марҳилаи аввали он таҳти унвони амалиёти “Шаҳид Абӯабдуллоҳ Ҳайдар” бо муваффақият ва тайи 72 соат анҷом шуд. Дар ин 72 соат ҳавопаймоҳои ҷангии Эътилофи Саудӣ 300 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд, ки 100 адади онҳо дар 48 соат анҷом шуд.”

Филм ва тасовире аз ин амалиёт:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.