Перейти к содержимому

Эмомалӣ Раҳмон дар тарозуи андешаҳои Мавлоно

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Мавлоно

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дирӯз дар хабаргузории давлатии “Ховар” гузорише дидам бо ин унвон: “Маҳз бо талошҳои маорифпарваронаи Сарвари давлат шӯҳрати ҷаҳонии Мавлоно дубора эҳё гардид”. Ин ҷумларо ҷаноби Сироҷиддин Эмомалӣ, яке аз устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфтааст. Ӯ, дар ҳамоише, ки дар шаҳраки донишҷӯёни ДМТ ба муносибати зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баргузор гардида, бо баёни ин ки “барои зинда кардани номи Мавлоно дар замони соҳибистиқлолии мамлакат саҳми Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва берун аз Тоҷикистон зиёд мебошад”, гуфтааст: “Маҳз бо талошҳои маорифпарваронаи Сарвари давлат шӯҳрати ҷаҳонии Мавлоно дубора эҳё гардида, имрӯз хурду бузург ашъори безаволи ӯро мутолиа, таҳлилу таҳқиқ ва муҳокима менамоянд.”

Росташ, намедонам манзури ин устоди донишгоҳ аз “эҳёи шӯҳрати Мавлоно”, ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар он саҳм доштааст чист, аммо қатъан муродаш эҳёи “андешаҳои Мавлоно” нест. Шояд манзураш, баргузории ҳамоишҳо ва конфронсҳо барои Мавлоно бошад, ки албатта тасреҳ ҳам мекунад, ки “барои гиромидошти шахсияти ин орифи бузург ҳамоишҳои гуногун баргузор карда мешаванд.”

Асосан, тасаввури афроде мисли Раҳмон аз арҷ гузоштан ба машоҳиру мафохири миллат – мисли Исмоили Сомонӣ, Устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлоно Балхӣ ва ғайра — ҷуз ин нест, ки масалан, шаҳр ё русто ва ё хиёбонеро ба номи онҳо гузоранд, ё барояшон муҷассама бисозанд, ё ҳамоишу конфронсҳо барояшон баргузор кунанд. Фақат ҳаминҳост, на эҳё ва зинда кардани афкору андешаҳои онон ва улгу гирифтан аз сулуку рафторҳояшон. Бале, ин корҳо ҳам зарурат доранд, дар ин шакке нест, вале ҳадаф аз ин корҳо низ дар воқеъ бояд эҳёи андешаҳои он бузургон ва ошно сохтани ҷомеа бо он андешаҳо бошад, на ифтихору мубоҳоти сирф ба номи онҳо, ки ҳеч дардеро даво намекунад.

Ҳол, агар ҳадаф аз “эҳё”-ро, пеш аз ҳар чизе дигар, зинда кардани афкору андешаҳои Мавлоно ва амал ба онҳо бидонем, дар ин сурат, на танҳо раво нест Эмомалӣ Раҳмонро “эҳёгар”-и андешаҳои Мавлоно шумурд, балки ӯро бояд дар қатори мухолифони фикрии Мавлоно ва афкораш қарор дод. Зеро, пиндору гуфтору кирдори Раҳмон, дуруст дар муқобили пиндору гуфтору рафтори Мавлоно меистад.

Дар ин навиштор, танҳо порае аз андешаҳои соҳиби Маснавии маънавиро дар маърази диду назари азизони хонанда қарор медиҳам, то рафтору сулуки Раҳмонро дар тарозуи ин андешаҳо гузошта ва доварӣ кунанд, ки Мавлоно чӣ мегӯяд ва Раҳмон дар куҷост?!

1) Аз назари Мавлоно, фармонравоён замоне худкома ва диктотур мегарданд, ки атрофиёнашон бо онҳо аз роҳи таърифу тамҷид ва тамаллуқу чоплусӣ ворид шаванд:

Аз вуфури мадҳҳо Фиръавн шуд,

Кун залилан-нафси ҳавнан ло тасуд.

(Маснавӣ, дафтари аввал, Мазаррати таъзими халқ ва ангуштнамой шудан)

Ба гуфтаи Мавлоно, таърифу тамҷид аз чизҳое аст, ки хушоянди ҳар кас хоҳад буд, лекин дар ниҳоят ба оташе табдил хоҳад гардид, ки дуди ҳалокатовари он ҳама ҷоро фаро хоҳад гирифт:

Лутфу солуси ҷаҳон х(в)аш луқмаест,

Камтараш хӯр, к-он пуроташ луқмаест.

Оташаш пинҳону завқаш ошкор,

Дуди ӯ зоҳир шавад поёни кор.

(Маснавӣ, дафтари аввал, Мазаррати таъзими халқ ва ангуштнамой шудан)

Аз ин рӯ, тавсияи Мавлоно ба соҳибони қудрат ин аст, ки:

То тавонӣ банда шав, султон мабош,

Захмкаш чун гӯй шав, чавгон мабош.

(Маснавӣ, дафтари аввал, Мазаррати таъзими халқ ва ангуштнамой шудан)

Фарқ миёни гӯй бо чавгон ин аст, ки чавгон зарба ворид мекунад ва гӯй зарба мехӯрад. Яъне агар ҳокиме дар ҷое зарбае ба ӯ ворид шавад, беҳтар аз ин аст, ки зарбаеро бар касе ворид кунад.

Яке аз омилҳое, ки дар ҷомеаи мо дар ду даҳаи ахир мӯҷиби тақвияти пояҳои худкомагии Раҳмон гардид ва бо камоли таассуф мавриди хушоянду писанди шахси Раҳмон ҳам будааст, ин ситоиши бе ҳадду андоза аз вай мебошад. Баъзеҳо ба далели тарс ва баъзе ҳам ба хотири расидан ба мақому мансаб, забон ба тамаллуқ аз ӯ гушуда ва мегушоянд.

Аз назари Мавлоно, ҳокимони худкома, аз сари ғафлат ва ё бар асари худфиребӣ, тасаввур мекунанд, ки ҳамду сано ва таърифу тамҷид дар онҳо таъсир намегузорад. Аммо Мавлоно мегӯяд, ин тасаввур нодуруст аст:

Ту магӯ: он мадҳро ман кай х(в)арам?

Аз тамаъ мегӯяд ӯ, пай мебарам.

Модеҳат гар ҳаҷв гӯяд бармало,

Рӯзҳо сӯзад дилат з-он сӯзҳо.

Гарчи донӣ, к-ӯ зи ҳирмон гуфт он,

К-он тамаъ, ки дошт аз ту, шуд зиён.

Он асар мемонадат дар андарун,

Дар мадеҳ ин ҳолатат ҳаст озмун.

Он асар ҳам рӯзҳо боқӣ бувад,

Мояи кибру хидоъи ҷон шавад.

(Маснавӣ, дафтари аввал, Мазаррати таъзими халқ ва ангуштнамой шудан)

Яъне мардуми ситоишҷӯ ва тамаллуқдӯст тасаввур мекунанд, ки таърифу тамҷидҳо дар онҳо асар намегузорад, ҳол он ки ин, пиндоре нодуруст аст. Меъёре, ки ин иштибоҳу таваҳҳумро ошкор мекунад, мавзеи онҳо дар баробари ҳаҷву мазаммату интиқод аст. Ин худкомагон, ки худро дар баробари мадҳу сано осеб‏нопазир мед‏онанд, ҳамин, ки касе забон ба интиқоди онҳо гушояд, якбора озурдаву ошуфтахотиру хашмгин мешаванд. Пас, маълум мешавад, ки ғаризаи худхоҳӣ ва худбартарбинӣ дар онҳо қавӣ аст, вагарна мебояд, ки аз сарзанишу накӯҳишу интиқод ҳам дилтанг нашаванд.

2) Аз назари Мавлоно, ҳифзи ҷоҳу мақом мӯҷиб мешавад, ки худкомагон тамоми арзишҳои ахлоқӣ ва инсониро зери по гузоранд ва аз бими рафтани қудрат аз дастонашон, тамоми рақибони эҳтимолӣ ҳатто агар аз наздиктарин дӯстонашон бошанд аз миён бардоранд:

Он шунидастӣ, ки “Ал-мулку ақим?”

Қатъи хешӣ кард мулкатҷӯ зи бим…

Ҳар чӣ ёбад ӯ, бисӯзад, бардарад,

Чун наёбад ҳеч, худро мех(в)арад.

(Маснавӣ, дафтари панҷум, Тафсири “ва ин якоду-л-лазина кафару лаюзлиқунака биабсориҳим, ал-оя”)

3) Аз нигоҳи Мавлоно, худкомаҳо мубтало ба навъе худбартарбинӣ ва ғуруранд; ғуруре, ки соҳибаш бар асари сармастии қудрат, кораш ба ҷое мерасад, ки дам аз мақоми улуҳийят (худоӣ) мезанад:

Аз улуҳийят занад дар ҷоҳ лоф,

Томеъи ширкат куҷо бошад муоф?

(Маснавӣ, дафтари панҷум, Тафсири “ва ин якоду-л-лазина кафару лаюзлиқунака биабсориҳим, ал-оя”)

4) Мавлоно рафту омад ва ва ҳам‏нишинӣ бо умарову мулукро барои дин‏у ахлоқ маншаи зарар ва ҳатто мояи хатар медонад. Дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” мегӯяд: “Бо подшоҳон нишастан аз ин рӯй хатар нест, ки сар биравад, ки сарест рафтанӣ, чӣ имрӯз, чӣ фардо. Аммо аз ин рӯ хатар аст, ки эшон чун дароянд ва нафсҳои эшон қувват гирифтааст ва аждаҳо шуда, ин кас, ки ба эшон сӯҳбат карда ва даъвии дӯстӣ кард ва моли эшон қабул кард, лобуд бошад, ки бар вифқи эшон сухан гӯяд ва раъйҳои бади эшонро аз рӯи дилнигоҳдоштӣ қабул кунад ва натавонад мухолифи он гуфтан. Аз ин рӯ хатар аст, зеро динро зиён дорад.” (Мавлоно, Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.9)

5) Аз назари Мавлоно, интиқодпазирӣ монеъи падид омадани уҷбу ғурур аст:

Рӯй бояд ойинавор, оҳанин,

Тот гӯяд: рӯйи зишти худ бибин.

(Маснавӣ, дафтари севвум, Рафтани амир хашмолуд барои гӯшмоли зоҳид)

Интиқод, бар хилофи мадҳу сано, мӯҷиб мешавад, ки чашму гӯши инсон‏ҳо бавежа соҳибони қудрат барои дидану шунидани айбҳо ва нуқоти заъфи хеш боз шавад ва дар натиҷа заминаи мусоиде барои шинохти норасоиҳо ва кӯтоҳиҳояшон ва бартараф кардани онҳо фароҳам ояд, ки натиҷаи он коҳиши ибтило ба бемории ғурур аст.

Мавлавӣ, зимни яке аз ҳикоятҳои дафтари панҷуми Маснавӣ, ба нақди руҳияи интиқоднопазирӣ ва адами таслим дар баробар ҳақ, ки руҳияи худкомагон аст пардохта. Хулосаи ин достони ибрат‏ангез, ки васфи ҳоли худкомагон аст, бад-ин шарҳ аст:

Подшоҳе бо далқаки худ ба бозии шатранҷ мепардозад. Натиҷаи бозӣ ба нафъи далқак тамом ва шоҳ ба истилоҳ мот мешавад. Вале ба муқтазои бархӯрдорӣ аз қудрат ва руҳияи истикбории ношӣ аз он, ҳозир ба пазириши шикасти худ, он ҳам дар баробари яке аз зердастонаш, нест. Аз ин рӯ, ба шиддат хашмгин мешавад ва мӯҳраҳои шатранҷро бар сари далқак мекӯбад. Далқак аз шоҳ амон металабад ва шоҳ ба ӯ фармон медиҳад, ки дар даври баъдии бозӣ шикаст ихтиёр кунад. Далқак дар ҳоле, ки аз шиддати ваҳшату бими ҷон, ҳамонанди шахсе бараҳна дар сармои замҳарир, ларза бар андомаш афтодааст, шурӯъ ба бозӣ мекунад. Аз қазо, ин бор низ далқак пирӯз мешавад:

Бохт дасти дигару шаҳ мот шуд,

Вақти “шаҳ-шаҳ” гуфтану миқот шуд.

Далқак аз тарс ба кунҷе паноҳ мебарад ва худро дар зери болиш‏ҳо ва намадҳо пинҳон мекунад; бошад, ки аз заработи саҳмгини шоҳ, ки ин бор оташи хашмаш беш аз пеш забона кашидааст, масун бимонад:

Барҷаҳид он далқаку дар кунҷ рафт,

Шаш намад бар худ фиганд аз бим тафт.

Зери болишҳову зери шаш намад

Хуфт пинҳон, то зи хашми шаҳ раҳад.

Шоҳ иллати ин корро аз ӯ ҷуё мешавад ва далқак чунин посух медиҳад:

Кай тавон ҳақ гуфт ҷуз зери лиҳоф?

Бо ту, эй хашмовари оташсиҷоф?

Эй ту моту ман зи захми шоҳ мот,

Мезанам “шаҳ, шаҳ” ба зери рахтҳот.

(Маснавӣ, дафтари панҷум, Ҳикояти мот кардани Далқак Саййидшоҳи Тирмизро)

6) Ва дар ниҳоят, Мавлоно худкомагонро ба ҷаноза‏ҳои ҳамлшуда бар дӯши мардум ташбеҳ мекунад:

Номи мириву вазириву шаҳӣ,

Дар ниҳонаш маргу дарду ҷондиҳӣ.

Банда бошу бар замин рав чун саманд,

Чун ҷаноза на, ки бар гардан баранд.

Ҷумларо ҳаммоли худ хоҳад кафур,

Чун савори мурда орандаш ба гӯр.

Бар ҷаноза ҳар киро бинӣ ба хоб,

Фориси мансиб шавад, олирикоб.

З-он ки он тобут бар халқ аст бор,

Бор бар халқон фиканданд ин кибор.

(Маснавӣ, дафтари шашум, Дар баёни он ки ин ғурур танҳо он ҳиндуро набуд, балки ҳар одамие ба чунин ғурур мубталост дар ҳар марҳилае “илло ман асамаллоҳ”)

* * *

Манобеъ:

1) Маснавии маънавӣ.

1) Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, Карими Замонӣ.

2) Шарҳи Маснавии шариф, Бадеъуззамон Фурӯзонфар.

3) Осебшиносии қудрат дар андешаи Мавлоно, Аҳмади Китобӣ.

4) Дар накӯҳиши тамаллуқ, Муҳаммадтақии Фозили Мибадӣ.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: