Перейти к содержимому

Афви байналмилал: “Миср ба зиндони бузурги мунтақидон табдил шудааст”

Созмони Афви байналмилал (Amnesty International) дар пайи боздоштҳои ахир дар Миср, аз давлати ин кишвар хост, то аз “иқдомҳои саркӯбгароёнаи худ, ки Мисрро ба зиндони бузурги мунтақидону мухолифон табдил кардааст, даст бардорад.”

Ба гузориши Алҷазира, Созмони Афви байналмилал якшанбешаб баёнияеро пас аз тазоҳуроти ахири мисриҳо алайҳи Ассисӣ, ки дар он садҳо нафар боздошт шудаанд, мунташир кард.

Дар ин баёния омадааст, ки давлати Миср бояд ба ҳаққи озодии баён ва таҷаммӯъи мӯътаризон эҳтиром бигузорад ва даст аз “иқдомоти саркӯбгароёна”-и худ алайҳи мӯътаризон бардорад.

Созмони Афви байналмилал таъкид кард: “Давлати Миср ҳарчи сареътар ба мавҷи боздоштҳои хушунатомези худ алайҳи тазоҳуроткунандагон поён диҳад.”

Маркази ғайридавлатии ҳуқуқи иҷтимоӣ ва иқтисодии Миср ахиран эълом кард, ки теъдоди афроде, ки дар тазоҳурот алайҳи Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср дастгир шудаанд, ҳудуди ду ҳазор нафар аст.

Бино бар эъломи ин марказ, то кунун ҳаддиақал 1909 нафар дар ҷараёни ин эътирозҳо боздошт шудаанд, ки дар байни онҳо 68 духтари ҷавон ҳам ҳузур доранд.

Гуфтанист, эътирозот пас аз он оғоз шуд, ки фарде ба номи Муҳаммад Алӣ — тоҷир ва ҳунарманди мисрӣ, ки мегӯяд солҳо бо артиши Миср ҳамкорӣ карда ва акнун дар Испониё ба сар мебарад, видеоҳое аз сохти кохҳои бузурги риёсати ҷумҳурӣ ва ҳамин тавр фасоди даруни артиш ва хонаводаи Ассисӣ мунташир кард.

Бисёре аз расонаҳои ҷаҳонӣ эътирозҳои ахири мисриҳоро ғайримунтазира тавсиф карда ва гуфтаанд, ки дар миёни саркӯби шадиди солҳои ахир интизори ҳузури мардум дар хиёбонҳоро надоштаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: