Ҳуқуқи башар

Бузургмеҳр Ёров бо диплуми Ҷоизаи Вотслов Ҳовел қадрдонӣ шуд

Ба гузориши Родию Озодӣ, Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонии тоҷик ва яке аз се номзад ба дарёфти Ҷоизаи Вотслов Ҳовел, бо диплуми ин ҷоиза қадрдонӣ шуд. Ин диплумро ба бародари адвокати зиндонӣ Ҷамшед Ёров тақдим карданд. Ҷоизаи Вотслов Ҳовел дар соли 2019 ба Илҳом Тухтӣ, фаъоли ҳуқуқи башари уйғур аз Чин ва созмони Youth Initiative for Human Rights тақдим шуд.

Бар пояи ин гузориш, маросими супурдани ҷоизаи Вотслов Ҳовел рӯзи 30-юми сентябр дар Маҷмааи порлумонии Урупо дар шаҳри Истросбург баргузор гардид. Ҷамшед Ёров, бародари хурдии Бузургмеҳр Ёров, ки дар маросими ҷоизасупорӣ дар Маҷмаи порлумони Урупо дар Истросбург иштирок кард, гуфт, аз он ки ҷоиза ба ду номзади дигар тақдим шуд, нороҳат нест.

Ӯ гуфт: “Худи ин ки исми Бузургмеҳр Ёров ба феҳристи се номзади барандаи ҷоизаи Вотслов Ҳовел ворид шуд, як ғалаба буд. Гирифтани маблағи пулӣ мақсади мо нест. Мақсади мо матраҳ шудани қазияи Бузургмеҳр Ёров ва мушкилоти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон буд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ҳоло маълумот дар бораи Бузургмеҳр Ёров зиёдтар аст.”

Ҷамшед Ёров гуфт, ки ҳадафи ниҳоии онҳо озод шудани Бузургмеҳр аз зиндон аст ва умедвор аст, ки чорабиниҳое мисли ин метавонад мубориза барои раҳоии ӯро аз зиндон вусъат бахшад.

Бино бар гузориши Родию Озодӣ, Бузургмеҳр Ёров аввалин нафар аз Тоҷикистон аст, ки номзадиаш барои дарёфти ин ҷоиза пешниҳод шуда ба феҳристи ниҳоии номзадҳо барои дарёфти ҷоиза ворид шуд.

Гуфтанист, ду ҳафта пеш (18 сентябр) Бузургмеҳр Ёров барандаи ниҳоии Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова эълон шуда ва ин ҷоиза ба дасти бародараш Ҷамшед супурда шуд. Маросими эътои Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова дар маросиме дар ҳошияи нишасти солонаи САҲА дар Варшав баргузор гардид. Ин ҷоиза аз сӯи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо таъсис шуда ва дабирхонааш дар пойтахти Литвонӣ қарор дорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.