Перейти к содержимому

Мусалмонон нақши густурдае дар поён додан ба «фарҳанги қуруни вустоӣ» доштанд

Пруфесур Асмо Саъид мӯътақид аст: “Ҳамзамон бо бедории Ғарб ва оғози ренусонс, сарзаминҳои исломӣ ва шаҳрҳои бузургу сарватманди он мавриди таҳоҷуми ваҳшиёнаи муғулҳо қарор гирифтанд ва аз миён рафтанд, ва ин иттифоқ боиси бурузи як ақибмондагии таърихии маъкус нисбат ба садаҳои пешин шуд.”

Пас аз бурузи ҷангҳои салибӣ миёни мусалмонон ва масеҳиён — ки таҳти раҳбарии Поп Урбони II, ки бо ангезаи бозпас гирифтани Байтулмуқаддас аз мусалмонон ба баҳона ҳазорумин соли таслиби (уруҷи) ҳазрати Масеҳ (е) ба сарзаминҳои исломӣ юриш оварда буданд — шикасти муфтазеҳона ба бор омад ва урупоиҳо бидуни имкони тасхири Байтулмуқаддас, ба сарзаминҳои худ бозгаштанд.

Бо ин ҳол, бисёре аз пажӯҳишгарони таърихи садаҳои миёна ва қуруни ҷадид, аз нақши ин мувоҷеҳа дар поён ёфтани қуруни вусто дар Урупо ва оғози асри ренусонс сухан ба миён меоваранд.

Нишонаҳои мустанади ин муддаоро дар оғози сохтани киштӣ ва коғаз ва азсаргирии тиҷорат тавассути урупоиҳо медонанд. Сафарноманигориҳои нахустини садаҳои ренусонс ва пеш аз вуқӯи инқилоби санъатӣ, ба хубӣ баёнгари шигифтзадагии мардумони сарзаминҳои урупоӣ дар боздидҳояшон аз Эрон, Миср, Чин ва Ҳинд аст. Шаҳрсозӣ, фаровонии коло ва танаввӯъи ғизоҳо, густурдагии тиҷорат, амнияти боло ва мӯҳтарам доштани донишмандони динӣ ва ғайридинӣ, аз барҷастатарин нукоте аст, ки сайёҳон ва сафарноманависони урупоии пеш аз инқилоби санъатӣ, дар сафар ба Машриқзамин, мавриди ишора қарор медиҳанд.

Пруфесур Асмо Саъид

Пруфесур Асмо Саъид, устоди риштаи исломшиносӣ ва мудири барномаи Мутолеоти исломии Донишгоҳи Йел (Yale University) ва нигорандаи асари барҷастаи “Интиқоли донишу андеша аз муслимин”, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Илно, аз аҳаммияти таърихии интиқоли текнулужӣ ва донишҳои инсонӣ аз Машриқ ба Мағриб сухан мегӯяд.

Илно: Пас аз поёни ҷангҳои салибӣ, урупоиҳо аз боварҳои пешин дар робита бо мазмум будани тиҷорат даст бардоштанд ва нисбат ба навсозии санойеъи худ ва густариши тиҷорат пардохтанд. Иллати ин такониши шадид дар бунёнҳои назарии Ғарб дар робита бо масоили иқтисодӣ чӣ буд? Оё ҷанг ба танҳоӣ метавонад боиси ин тағйирот шавад?

Асмо Саъид: Ҷангҳои салибӣ ҳудуди ду қарн тӯл кашиданд ва боиси мувоҷеҳаи ғарбиҳо бо мазоҳири мухталифи тамаддуни мусалмонон шуданд. Дар ибтидо ҷангҷӯёни салибӣ таҳти таъсири дастуроти калисо, мазоҳири тамаддуни исломиро барнаметофтанд ва пас аз дидани равнақи бисёр зиёди сарзамини Шому Миср, эҳтимол доданд, ки соири сарзаминҳои исломӣ равнақи бисёр бештаре ба нисбати сарзаминҳои марзиашон доранд ва албатта онҳо, ки хотираи бозпас гирифтани Андалус (Испониё)-ро ба хотир доштанд ва биноҳои бошукӯҳу бозорҳои пурравнақи онро дида буданд, ба ин ҷамъбандӣ расида буданд, ки тафовутҳои бунёдине дар нигоҳ ба зиндагии маданӣ дар ду сӯи замин вуҷуд дорад ва мардумони Машриқ, ба зиндагии моддӣ таваҷҷӯҳи бисёр зиёде доранд. Ба ин тартиб ба натиҷае расиданд, ки бар асоси мушоҳидоти мустақим, тавонистанд дар як фароянди урфӣ, нисбат ба ин мавзӯъ тағйироти лозимро эъмол кунанд; ҳам тиҷоратро тасҳил карданд ва ҳам ба рушди санъату улуми таҷрибӣ ва инсонӣ таваҷҷӯҳ карданд.

Илно: Метавон аз интиқоли дастовардҳои илмии Шарқ ба Ғарб, бар асари як ибрати низомӣ сухан ба миён овард? Усулан ҳамвора ҷараёнҳои тамаддунӣ масире аз Ғарб ба Шарқро тай кардаанд, чӣ гуна дар ин маврид, хилофи раванди таърихӣ сурат пазируфт?

Асмо Саъид: Бисёр ҷолиб аст, ки бидонед ин нукта, ҳам саҳеҳ аст ва ҳам нодуруст. Гузораи шумо дар робита бо хилофи ҷиҳати таърихӣ будани ин иттифоқ саҳеҳ аст, аммо бояд бидонед, ки нахустин ҷараққаҳои ин моҷаро дар Испониё буруз ёфт. Дар воқеъ Испониё ғарбитарин нуқта дар Урупост ва боз ҳам ин ҷараён аз назари таърихӣ иттифоқ афтодааст. Бо ин ҳол, ошноии кишварҳо бо дастовардҳои илмии якдигар, маъмулан аз тариқи рӯёрӯии низомӣ иттифоқ меафтод ва кишварҳо бо даргириҳои низомӣ ва бо пирӯзӣ ё шикаст, ба ин натиҷа мерасиданд, ки то чӣ андоза пешрафтатар ҳастанд ва ё ақибафтодагиҳое нисбат ба ин душманони худ доранд.

Илно: Бештарин меросе, ки аз улуми роиҷ дар сарзаминҳои исломӣ ба Ғарб мунтақил шуд, шомили чӣ улуме буд? Оё ин асарпазирӣ дар мардуми Мағрибзмин таъсироти мусбатеро ҳам барои мусалмонон ба дунбол дошт?

Асмо Саъид: Улуме, ки аз Машриқ ба Ғарб мунтақил шуда буданд, аз танаввӯъи бисёр зиёде бархӯрдор буданд ва аз дониши фаннии сохти таҷҳизоти мухталиф то улуми пизишкӣ ва улуми инсонӣ ва риёзиётро дарбар мегирифт. Ин улум боис шуданд, ки дидгоҳҳои заминӣ ҷойгузини дастуроти калисоӣ шаванд, ки ҳеч гуна саодатеро дар рӯи замин мумкин намедонист. Дар воқеъ ин танаввӯъ боис шуд, ки кишоварзӣ ба суръат аз масири феудолӣ ва маишатӣ хориҷ шавад ва боис шуд, ки таъмини ғизо бисёр сареътар ва барои ҷамъияти пуршумортаре тасҳил шавад. Сохти киштӣ ва қутбнамо ва коғаз ва бархе аз таҷҳизоти марбут ба обёрӣ, боиси рушди тиҷорат шуд ва аз байн рафтани монеаҳои тиҷорӣ ҳам боиси шаклгирии шаҳрҳои бисёр бузургу сарватманд дар Урупо шуд.

Дар улуми инсонӣ ҳам, тамоми дастовардҳои мусалмонон, дар зершохаҳои улуми фалсафӣ ва ақлӣ, адабиёт, таърихнависӣ ва ҷуғрофиё ва улуми иҷтимоӣ, ба Ғарб мунтақил шуд ва боиси падид омадани мероси илмӣ ва фалсафӣ ва адабии бисёр бузурге дар Ғарб шуд. Улуми фаннӣ ва муҳандисии мубтанӣ бар риёзиёт низ ба иллати интиқоли мероси густурдае, ки аз сарзаминҳои исломӣ омада буд, тамаддуни башарӣ дар риштаҳои фаннӣ ва муҳандисӣ рушди бисёр зиёде кард.

Бояд бо таассуф ба ин нукта ишора кунам, ки ҳамзамон бо бедории Ғарб ва оғози ренусонс, сарзаминҳои исломӣ ва шаҳрҳои бузургу сарватманди он, мавриди таҳоҷуми ваҳшиёнаи муғулҳо қарор гирифтанд ва аз миён рафтанд ва бисёре аз он шаҳрҳо ҳанӯз ҳам натавонистанд, ки ҷойгоҳи воқеии худро эҳё кунанд ва дар воқеъ боиси бурузи як ақибмондагии таърихии маъкус нисбат ба садаҳои пешин, миён Шарқу Ғарб шуд, ва ин бор, ғарбиҳо дигар тавозӯъи шарқиҳоро барои пешрафти маҳдуд ба марзҳои худашон надоштанд ва бо хӯйи таҳоҷумӣ ба дунболи ба зону даровардани Ғарқ буданд ва асри истеъморро оғоз карданд. Ҷуброни ин ақибмондагӣ, бо истифода аз таҳаввул дар улуми инсонӣ имконпазир аст ва тағйироти бунёдин дар улуми инсонӣ, метавонад роҳро барои пешрафт дар тамоми заминаҳои текнулужик барои сарзаминҳои исломӣ фароҳам кунад.

Ilna

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: