Сиёсат

Нигоҳе ба суханрони Ардуғон ва вокуниши асабонии Натонёҳу

Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Irdiplomacy

Пас аз нутқи шадидуллаҳни Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, алайҳи амалкарди “Исроил” дар навори Ғазза ва каронаи Бохтарии рӯди Ӯрдун, ибтидо Бенёмин Натонёҳу ва баъд Изроил Котз, вазири умури хориҷаи “Исроил”, дар вокунише хашмгинона хитоб ба ӯ гуфтанд: “Ардуғон ба далели қатли омми курдҳо ва саркӯби мардумаш, дар мавқеияти мавъиза барои “Исроил” нест!”

Дар ин дунё мушаххас нест, ки чӣ кишваре дар мавқеияти мавъиза барои кишвари дигаре аст. Чун ҳар кишваре, ки ба корномаи ҳуқуқи башарии кишвари дигаре эътироз мекунад, фавран бо ин вокуниш рӯ ба рӯ мешавад, ки: магар ту худат корномаи сафеде дар риояти ҳуқуқи башар дорӣ, ки корномаи моро сиёҳ медонӣ?!

Ин рафтор нишонгари навъе инҳитоти сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯз аст. Мисли ин аст, ки ба фарде эътироз кунӣ, ки чаро масалан ба амволи умумӣ дастбурд задааст ва ӯ дар посух бигӯяд: ту, ки худат занатро кутак мезанӣ ва бо модарат қаҳрӣ ҳастӣ, чӣ салоҳияте барои эътироз ба дуздии ман дорӣ?

Масалан, агар ба ҷои Ардуғон, раисони кишварҳои Нурвеж ё Суэд (Шветсия) ё Суис (Швейтсария) ва ё созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар, аз сиёсати “Исроил” дар баробари фаластиниҳо интиқод мекарданд – ки маъмулан ҳам мекунанд – Котз ва Натанёҳу худро мулзам ба посухгӯӣ медонистанд?

Таҷриба нишон медиҳад, ки он даста аз кишварҳое, ки дар риояти меъёрҳои ҳуқуқи инсон корномаи дурахшонтаре доранд, дар баробари интиқод аз амалкардашон дар ин замина низ шикебоӣ ва оромишу мудоро аз худ нишон медиҳанд. Дар муқобил, онҳо, ки корномаи ҳуқуқи башари сиёҳу нангине доранд, дар баробари ҳар интиқоде бо хашму пархошҷӯӣ бархӯрд мекунанд.

Ин мавзӯъ дар сатҳи фардӣ низ комилан мисдоқ дорад. Афроди бофарҳангу фарҳехта ва рушдёфта маъмулан дар муқобили интиқодҳои баҷову беҷо, аз худ тавозӯъ ва нармиш ва мулойимат нишон медиҳанд, чун медонанд, ки одамӣ мавҷуди комиле нест ва хоҳ нохоҳ нақсу заъф дорад. Дар муқобил, афроди бефарҳангу заъифу ноболиғ, дар муқобили кучактарин интиқоди бамаврид ё бемавриде бо хашму нафрат аз кӯра дармераванд ва бо мунтақиди худ даст ба гиребон мешаванд. Одамҳои сустунсур ба адами булуғи шахсияташон худро комилу бе айбу нақс тасаввур мекунанд ва бо ҳар интиқоде аз онҳо тасвири зеҳниашон аз худашон фурӯ мерезад ва дучори ноамнӣ ва ҳаросу ваҳшат мешаванд ва дар натиҷа вокуниши хушунатомез нишон медиҳанд.

Ин масъала кашфи тозаи равоншиносӣ дар даврони мудерн нест. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ бо нубуғи беҳамтои худ, 700 сол қабл аз ин мушкили инсонӣ парда бардоштааст:

Ҳар кӣ нақси хешро диду шинохт,

Андар истикмоли худ даҳасба тохт.

З-он намепаррад ба сӯйи Зулҷалол,

К-ӯ гумоне мебарад худро камол.

Иллате баттар зи пиндори камол

Нест андар ҷони ту, эй зудалол!

Аз дилу аз дидаат бас хун равад,

То зи ту ин мӯъҷибӣ берун равад.

Иллати Иблис «ано хайрӣ» будаст

В-ин мараз дар нафси ҳар махлуқ ҳаст.

Гарчи худро бас шикаста бинад ӯ,

Оби софе бину саргин зери ҷӯ.

Чун бишӯронад туро дар имтиҳон,

Об саргинранг гардад дарзамон.

Дар таги ҷӯ ҳаст саргин, эй фато,

Гарчи ҷӯ софӣ намояд мар туро.

* * *

Аҳмади Зайдободӣ, рӯзноманигор

Манбаъ: пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.