Перейти к содержимому

Афғонистон дар дуроҳии демукросӣ ва Толибон

Сарфи назар аз ояндаи музокироти сулҳ, ки ҳанӯз дар ҳолае аз ибҳом қарор дорад, созукори интихобот ва ба таври куллӣ фарҳанги демукросӣ дар Афғонистон низ ба хатар афтодааст. Толибон интихоботро “ғайриқонунӣ” донист ва ҳушдор дод, ки мумкин аст марокизи раъйгириро ҳадаф қарор диҳад. Давлати Афғонистон бо мустақар кардани беш аз 70 ҳазор нерӯи амниятӣ, талош кард интихоботро баргузор кунад. Бо ин ҳол, ҳудуди ду ҳазор маркази раъйгирӣ, ба хотири таҳдидоти Толибон, дар рӯзи шанбе боз нашуданд.

Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Fararu

Шанбе 28 сентябр чаҳорумин интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон бо дарсади мушорикати нисбатан поин ва дар фазое аз тарсу нигаронӣ баргузор шуд. Интихобот дар ҳоле баргузор шуд, ки таҳдидҳое аз ҷониби Толибон барои ҳамла ба марокизи раъйгирӣ вуҷуд дошт.

Беш аз 12 номзад барои расидан ба қудрат дар кишвари ҷангзадаи Афғонистон дар интихоботи ин кишвар рақобат карданд. Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон гуфтааст, омори бадастомада аз беш аз нисфи марокизи раъйгирӣ, нишон дод, ки ҳудуди 1.1 милюн шаҳрванди афғонистонӣ ба яке аз 12 номзад раъй додаанд. Натоиҷи ниҳоии интихобот ҳанӯз эълом нашуда, аммо рӯзи душанбе Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Иҷроияи Афғонистон ва яке аз номзадҳои аслии интихобот муддаии пирӯзӣ шуд. Ин дар ҳолест, ки то эъломи натоиҷи ниҳоӣ тақрибан 20 рӯз боқӣ мондааст.

* * *

Мушорикати поин

Ҳудуди 9.6 милюн шаҳрванд барои ширкат дар интихобот сабти ном карда буданд. Омори ниҳоии мизони мушорикат дар интихобот ҳанӯз мунташир нашуда, аммо тибқи бархе гузоришҳо аз Афғонистон, фақат теъдоди каме аз шаҳрвандон дар интихобот ширкат кардаанд. Мизони мушорикат, аз интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2014 ва интихоботи порлумонии 2018 камтар будааст. Шабакаи таҳлилгарони Афғонистон, дар гузорише, бо истинод ба омори Кумисиюни мустақилли интихобот, тахмин задааст, ки камтар аз ду милюн шаҳрванд дар интихобот раъй додаанд; амре, ки нишон медиҳад дарсади каме аз мардуми Афғонистон сарнавишти демукросӣ дар ин кишварро таъйин хоҳанд кард.

Бархе нозирон мегӯянд, таҳдидоти Толибон ба ҳамла ба марокизи раъйгирӣ, созукори маъюби интихобот ва нигарониҳо аз тақаллуб, муҳимтарин омилҳои поин омадани сатҳи мушорикати мардум буданд. Бо шурӯи интихобот, ҳамалоти Толибон низ оғоз шуд. Шабакаи таҳлилгарони Афғонистон мегӯяд, ҳамзамон бо интихобот, ҳудуди 400 ҳамла дар кишвар гузориш шуда, вале ҳеч кадом он қадр бузург набуданд, ки раванди баргузории интихоботро мухтал кунанд. Бо ин ҳол, адами мушорикати бисёре аз мардум нишон медиҳад, ки омилони ҳамалот тавонистанд бисёре аз мардумро аз ширкат дар интихобот мунсариф кунанд.

Дар канори ноамнӣ, шакку шубҳаҳо дар саломати интихобот низ дар дилсард шудани мардум аз демукросӣ нақш дошт. Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, аз соли 2014, бо висотати Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи вақти Омрико, қудратро дар миёни худ тақсим карданд. Дар интихоботи 2014 Абдуллоҳ Ғаниро ба тақаллуб дар интихобот муттаҳам кард ва муддаӣ шуд, ки як милюн раъйи тақаллубӣ ба сандуқҳо ворид шудааст.

Ин бор низ нигарониҳое дар бораи тақаллуб дар интихобот вуҷуд дорад. Хусусан ки бархе номзадҳо ҳушдор додаанд, дар сурате ки интихобот солиму шаффоф баргузор нашавад, ба муборизаи мусаллаҳона бозхоҳанд гашт. Гулбиддин Ҳикматёр, пайкорҷӯи собиқ, ҳушдор додааст, ки агар интихобот солиму шаффоф баргузор нашавад, ӯ аз ҳазорон ҳомии худ дар саросари кишвар дархост хоҳад кард, ки ба майдони набард бозгарданд. Ҳикматёр, ки ба намояндагӣ аз ҳизби худ (Ҳизби исломии Афғонистон) дар интихобот ширкат карда, то соли 2016 бо давлати расмии Афғонистон дар ҷанг буд. Дар соли 2016 ӯ бо давлати Ашраф Ғанӣ сулҳ кард ва бахшида шуд. Дар соли 2017 низ таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Ҳикматёр бардошта шуд.

* * *

Чашмандози мубҳами оянда

Мушорикати маҳдуд дар интихоботе, ки дар як давраи ҳассос барои Афғонистон баргузор мешавад, метавонад чашмандози сулҳу субот дар ин кишварро тираву тор кунад. Бо гузашти ҳудуди 18 сол аз ҳамлаи Омрико ба Афғонистон, Ғарб ҳанӯз натавонистааст Толибонро решакан кунад. Агарчи дар ҳоли ҳозир музокироти сулҳи Омрико ва Толибон тақрибан мутаваққиф шуда, аммо давлати Дунолд Тромп ҳанӯз умедвор аст, ки бо имзои тавофуқи сулҳ бо Толибон, муқаддамоти хуруҷи Омрико аз Афғонистонро фароҳам кунад. Омрико исрор мекунад, ки давлати расмии Афғонистон ҳам дар музокироти сулҳ мушорикат дошта бошад, аммо Толибон моил аст давлати расмиро давр бизанад ва бо омрикоиҳо ба тафоҳум бирасад.

Ашраф Ғанӣ аз мардуми кишвараш дархост карда дар интихобот мушорикат кунанд ва ба раисиҷумҳури ояндаи Афғонистон ихтиёри музокира дар бораи тавофуқи сулҳ бо Толибон бидиҳанд. Бинобар ин, боло ё поин будани мушорикат дар интихобот, таъсири мустақиме бар музокироти сулҳ дорад. Аз сӯи дигар, Толибон, аз асос, давлати мустақар дар Кобулро ба расмият намешиносад ва онро “режими даст‎нишонда” медонад. Ҳол ки мушорикати мардум дар интихобот ҳам камтар шуда, давлати Афғонистон мавқеияти душворе дар музокироти сулҳ хоҳад дошт. Хусусан ки алъон Толибон дар беҳтарин мавқеияти худ пас аз соли 2001 қарор дорад. Толибон қаламрави таҳти сайтараи худро густариш додааст.

Сарфи назар аз ояндаи музокироти сулҳ, ки ҳанӯз дар ҳолае аз ибҳом қарор дорад, созукори интихобот ва ба таври куллӣ фарҳанги демукросӣ дар Афғонистон низ ба хатар афтодааст. Толибон интихоботро “ғайриқонунӣ” донист ва ҳушдор дод, ки мумкин аст марокизи раъйгириро ҳадаф қарор диҳад. Давлати Афғонистон бо мустақар кардани беш аз 70 ҳазор нерӯи амниятӣ, талош кард интихоботро баргузор кунад. Бо ин ҳол, ҳудуди ду ҳазор маркази раъйгирӣ, ба хотири таҳдидоти Толибон, дар рӯзи шанбе боз нашуданд. Афзун бар ин, афроди мусаллаҳ бо ҳадафи қатъи иртибототи телефонӣ, ба бурҷҳои иртиботот ҳамлавар шуданд ва иртиботи ҳудуди як ҳазор маркази раъйгирӣ бо Кобулро мухтал карданд.

Интихоботи Афғонистон ба хотири музокироти сулҳи Толибон ва Омрико ба таъвиқ афтода буд, то натиҷаи музокирот мушаххас шавад. Аммо бо фурӯпошии музокирот интихобот баргузор шуд. Агар омори ниҳоии мушорикат дар интихобот собит кунад, ки мизони мушорикат поин будааст, эҳтимоли муваффақияти музокироти сулҳ беш аз пеш камтар хоҳад шуд. Созукори ҳукмронӣ дар Кобул мушаххас аст; интихобот бо ҳамаи камбудиҳои он баргузор мешавад ва бозигароне, ки аксарияти ороро ба даст биёваранд, зимоми умурро ба даст мегиранд. Тазъифи созукори интихобот Афғонистонро сар дуроҳии демукросӣ ва бозгашти “пирӯзмандонаи” Толибон қарор медиҳад. Бояд дид, ки дар ин миён мардуми Афғонистон кадом роҳро интихоб мекунанд?!

Fararu

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: