Перейти к содержимому

Нигоҳе ба фаъолияти “дастгоҳи идеулужик”-и ҳукумат

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз мавзӯъҳое, ки аз дербоз мехостам пиромуни он баҳс ба амал оварам – ки баҳсе дар хӯри таваҷҷӯҳ ҳам ҳаст — вале фурсат намешуд, ин баррасии фаъолияти “дастгоҳи идеулужик” (идеологический аппарат)-и ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар чанд соли ахир аст. Дар яке ду рӯзи ахир бароям ин фурсат даст дод.

Ин баҳсро зимни баёни чанд нукта дунбол мекунем:

1) Муроди ман аз “дастгоҳи идеулужик” дар Тоҷикистон, як ниҳоди муайяне нест, балки маҷмӯае аз ниҳодҳост, ки рисолаташон ҳидояти ҷомеа ба лиҳози фикрӣ аст, мисли марокизи пажӯҳишии вобаста ба дастгоҳи риёсати ҷумҳурӣ, садо ва симо, расонаҳо ва нашрияҳои давлатӣ мисли “Ховар”, “Садоми мардум”, “Ҷумҳурият” ва ғайра.

2) Тасаввури ибтидоии ҳар инсон аз “дастгоҳи идеулужик”-и як давлат он аст, ки ин дастгоҳ ба роҳ андохта шуда, то заминаҳои таҳаққуқ (амалӣ гардидан)-и аҳдофу ормонҳое, ки давлат пеши рӯи худ гузоштааст фароҳам созад; ормонҳое, ки усулан дар Қонуни Асосӣ дарҷ мешаванд. Ва аз ин рӯ фаъолияти “дастгоҳи идеулужик” дар дараҷаи аввал дар ин ҷиҳат аст, ки ҷомеаро ба лиҳози фикрӣ, ба ин аҳдофу ормонҳо боварманд созад. Ин, ба назарам, тасаввури ибтидоии ҳар инсоне аз “дастгоҳи идеулужик”-и як давлат аст.

Аммо дар Тоҷикистон “дастгоҳи идеулужик”-и режими Эмомалӣ Раҳмон на танҳо кораш боварманд сохтани афроди ҷомеа ба аҳдофу ормонҳое, ки дар Қонуни Асосӣ дарҷ шудаанд нест, балки дуруст бар хилофи ин аҳдофу ормонҳо фаъолият мекунад. Ва албатта ва бо камоли таассуф, бо ҳидояти раъси ҳокимият яъне шахси Эмомалӣ Раҳмон.

Шояд бароятон таъаҷҷубовар бошад, аммо ҳақиқат мутаассифона ҷуз ин нест. Зеро, асоситарин ҳадафе, ки дар пешонии Қонуни Асосӣ зикр шуда чист?

Оё ҷуз ин ки: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.” (Моддаи аввали Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон)?

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳадаф, “дастгоҳи идеулужик” қоъидатан кору фаъолияташ бояд дар ин ҷиҳат бошад, ки аз тариқи васоиле, ки дар ихтиёр дорад – мисли садо ва симо ва нашрияҳо ва ғайра… – фарҳанги “демукросӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявият”-ро дар ҷомеа ниҳодина кунад. Ва ниҳодина шудан ба ин маъност, ки шаҳрвандони Тоҷикистон на танҳо аз рӯи коғазҳо бидонанд, ки сохтори сиёсии кишварашон “демукротик, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ” будааст, балки амалан робита ва муносибати иҷтимоии худ бо якдигар ва низ бо ҳукуматро – аз раисиҷумҳур бигир то поинтарин масъули давлатӣ — бар асоси меъёрҳои “демукросӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявият” муайян кунанд. Ниҳодина шудан ба ҳамин маъност.

Хуб, то кунун ва дар хилоли умри наздик ба 30-солаи ҳукумати Раҳмон, оё ҳеч иқдоми ҷиддӣ дар ҷиҳати ниҳодина шудани фарҳанги “демукросӣ” дар ҷомеаи Тоҷикистон сурат гирифтааст? Ва ба таъбири худашон, “фаҳмондадиҳӣ” дар ин ҷиҳат сурат гирифта? Инки масалан аз тариқи садо ва симо ба шаҳрвандони Тоҷикистон талқин бишавад, ки бидонед кишвари шумо аз назари сохтори сиёсӣ, як кишвари “демукротик” аст, ва демукросӣ тибқи таърифи роиҷ иборат аст аз: “равиши ҳукуматие, ки дар он, фард ё гурӯҳи хоссе ҳукумат намекунад, балки мардум ҳукумат мекунанд”? Инки ба шаҳрвандон аз тариқи “фаҳмондадиҳӣ” талқин бишавад, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари демукротик, тибқи Қонуни Асосиаш, кишваре аст, ки раисиҷумҳур дар натиҷаи як интихоботи комилан озоду шаффоф интихоб мешавад ва як нафар пушти сари ҳам ҳаққи беш аз ду давра раисиҷумҳур шуданро надорад?

Дар ин ҷиҳат оё “дастгоҳи иделужик”-и Раҳмон ақаллан як дарсади талошҳо ва “фаҳмондадиҳое”, ки масалан дар ҷиҳати бадном кардани мухолифони сиёсии ӯ мекунад, кардааст? Ҳаргиз ва абадан! Дар ҳоле, ки ин, рисолат ва вазифаи аввалиндараҷаи ӯст.

Ва ё дар ҷиҳати ниҳодина кардани “ҳуқуқбунёдӣ” дар ҷомеа, ин дастгоҳ коре кардааст ва мекунад? Ҳуқуқбунёдӣ яъне давлати қонун, ки ба русӣ “правовое государство” таъбир мешавад. Ба давлате “ҳуқуқбунёд” гуфта мешавад, ки се қувва — иҷроӣ, қонунгузор ва қазоӣ — дар он, аз ҳам ҷудо ва тобеъи қонунанд, на хосту иродаи як фард. Ба давлате “ҳуқуқбунёд” гуфта мешавад, ки ҳуқуқи фард-фарди шаҳрвандон дар он риоят ва ҳамаи шаҳрвандон, чӣ раисиҷумҳур бошад ӯ ва чӣ як деҳқони оддӣ, дар баробари қонун баробаранд.

Оё дар ин ҷиҳат “дастгоҳи идеулужик”-и Раҳмон коре карда ва мекунад? Ҳаргиз!

Бале, ин дастгоҳ дар як ҷиҳат ба амали “фаҳмондадиҳӣ”-и худ амал мекунад, ва он ҳам дар ҷиҳати ниҳодина кардани “дунявият” ва ин ки давлати мо тибқи Қонуни Асосӣ як давлати дунявӣ (секулор) аст. Аммо шӯрбахтона дар ҳоли ниҳодина кардани ин фарҳанг ба сурати воруна аст. Зеро пиндори ин дастгоҳ дар хусуси “дунявият” (секулоризм) – ҳоло амдан ё аз рӯи ҷаҳолат – ин аст, ки давлати секулор яъне давлате, ки гароиши секулор дар он яккатоз аст ва ҳеч гароише ба ҷуз гароиши секулор ҳаққи ибрози андом дар онро надорад (дуруст мисли “диктотурии прулеториё” (диктатура пролетариата)) ва ба ҳамин хотир аст, ки тибқи моддаи 8-и Қонуни Асосӣ, дар Тоҷикистон “таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта” мамнӯъ аст.

Ва ин дар ҳоле аст, ки ин бовар дар бораи давлати секулор, аз реша ғалат ва иштибоҳ аст. Зеро тибқи таърифи роиҷ аз давлати секулор дар дунёи имрӯз, “дар як кишвари секулор давлат ва қонунҳо дар бораи дину мазҳаб бетараф амал мекунанд ва ҳеҷ фирқа ё маслакеро расман тарҷеҳ намедиҳад. (Robert Audi, Jürgen Habermas, John Rawls). Дар як кишвари секулор, ба таври расмӣ фарқе надорад, ки шаҳрвандонаш аз чӣ дину мазҳабе бошанд; ва ба афрод ба хотири доштани дину мазҳаби хоссе баҳо дода намешавад. (A Treatise on Secular State. T. S. Venkataraman, Jeyā Vekarāman) Дар як кишвари секулор ағлаб ба таври расмӣ дину мазҳабе вуҷуд надорад, чаро ки дар кишвари секулор дину мазҳаб як амри шахсӣ маҳсуб мегардад. Кишвари секулор лузуман “сиёсати бехудоӣ” надорад, балки монеъи вуруди мазҳаб дар қаламрави қонунҳои ҳукуматии кишвар ва монеъ аз чирагии мазҳабе дар қиёс бо мазҳаби дигар аст. Ҳадаф аз кишвари секулор, ташкили плуролизми сиёсӣ дар ҷомеа аст.” Дар дунёи имрӯз давлати секулор ингуна таъриф шудааст.

Бинобар ин, давлати секулор давлате нест, ки дар он, масалан таъсиси як ҳизби “хусусияти миллӣ ва динидошта” мамнӯъ бошад, балки он чи дар он манъ аст, ин ҳукумати дину мазҳаб ё ҳар идеулужии дигаре дар ҷомеа аст. Ба ҳамин хотир аст, ки дар як давлати секулор агар аҳёнан як ҳизби “характери динидошта” қудратро ба даст бигирад (масалан дар интихобот пирӯз шавад), ӯ қонунан ҳаққи ҳукумат кардан дар ҷомеа бар асоси дастуроту аҳкому арзишҳои диниашро надорад.

Инро ҳам арз кунам, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба “дунявият” ҳам пойбанд нест. Зеро, дар ҳоле, ки:

— тибқи моддаи 8-и Қонуни Асосии Тоҷикистон: “Мафкураи ҳеч як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад”;

— ва тибқи моддаи 30: “Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст”;

— ва тибқи моддаи 26: “Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.”

… аммо Эмомалӣ Раҳмон – ки худро “кафили қонун” ҳам мешуморад – аз болои минбар, бо накӯҳиши ҲНИТ, мегӯяд: “Ҳизби террористии наҳзат пурра мазҳаби шиаро қабул кардагӣ аст”. Ва зимни сарзаниши марҳум Эшони Қиёмуддини Ғозӣ, дар бораи ӯ мегӯяд, вай “пурра мазҳаби шиаро қабул карда.”

Хуб, ин тасреҳот аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ба унвони “кафили қонун” ва раисиҷумҳур, бо “дунявият”-и давлати Тоҷикистон мехонад? Инро ҳам изофа кунам, ки марҳуми Эшони Қиёмуддин дуруст пас аз ҳамин суханронии Раҳмон, дар зиндон ба ҷурми “шиа будан” ба таври ваҳшиёнае кушта шуд.

* * *

Ҳоло баргардем ба асли матлаб. Воқеият ин аст, ки “дастгоҳи идеулужӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ҷиҳати ниҳодина кардани фарҳанги “демукросӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявият” ҳеч коре намекунад, балки баръакс ин дастгоҳ тайи ин муддат ва бахусус дар як даҳаи ахир, коре кардааст, ки дар бораи Эмомалӣ Раҳмон чунин тасаввуре дар ҷомеа ва дар зеҳни мардум эҷод бишавад, ки ӯ “абармарде” аст, ки буду набуд ва дору надори Тоҷикистон дар гарави вуҷуди ӯст, ки агар ӯ набошад, Тоҷикистон якшаба муталошӣ ва нобуд мешавад ва ҷангу даргирӣ ба вуқӯъ мепайвандад; ва чунин тасаввуре дар ҷомеа падид ояд, ки Раҳмон фавқи қонун аст, на ин ки ӯ тобеъи қонун бошад. Тасаввури мардум дар бораи Раҳмон, дар воқеъ ҳамин аст.

Роқими ин сатрҳо бар ин бовар аст, ки эҷоди инчунин тасаввуре дар зеҳни мардум, як амри тасодуфӣ нест, балки бар асоси як барномаи ҳисобшуда падид омада, ки “дастгоҳи идеулужик” дар тарсихи он дар азҳони мардум, саҳми асосиро дорад. Ба сухани дигар, ин дастгоҳ ба ҷойи он ки ба рисолати аслии худаш — ки гуфтем, ниҳодина кардани фарҳанги “демукросӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявият” аст — амал кунад, дуруст дар хилофи ҷиҳати ин фарҳанг амал карда ва дар ҳоли ниҳодина кардани меъёрҳои ғайри демукротик ва хилофи ҳуқуқбунёдӣ аст.

Ба ҳамин андоза аз баҳс иктифо мекунам бо ин ки як саре аз масоил ҳам дар зеҳнам буд, ки мехостам тарҳ кунам, вале мақола андак тӯлонӣ шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: