Перейти к содержимому

Кабирӣ дар ҳошияи изҳори назари Лавров: “Ҳукумати Тоҷикистон ҳатто дар минтақа низ ба инзиво рафтааст”

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, бо ишора ба изҳори назари ахири Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, хотирнишон кард: “Вақте як масъули баландпояи Русия чунин мавқеъгирӣ мекунад, ин маънои онро дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳатто дар минтақа низ вориди як марҳилаи душвор шудааст; дар минтақа ҳам ба инзиво рафтааст.”

Ахиран Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, бо ишора ба танишҳои бавуҷудомада дар чанд соли ахир байни ҳукумати Раҳмон ва опозисиюни тоҷик, унвон дошт: “Маскав барои коҳиш додани ташаннуҷ ҳама корро мекунад.” Ба гузориши Родию Озодӣ, Лавров дар мусоҳиба бо нашрияи “Коммерсант”, изҳор кардааст: “Дар Осиёи Миёна, масалан соли 1996 (манзур имзои созишномаи сулҳи тоҷикон) пас аз чанд соли музокирот бо ширкати фаъоли Русия ва Эрон имкон даст дод, ки вазъият дар Тоҷикистон миёни ҳукумати дунявӣ ва ҳизби исломӣ танзим шавад. Намояндагони ин ҳизби мухолиф ба ниҳодҳои давлатӣ, ҳукумат ва порлумон ҷалб шуданд.

Вай дар идома бо баёни ин ки “ҳоло боз аз нав ташаннуҷ пайдо шуда” гуфтааст: “Мо ҳамаи корҳоро анҷом медиҳем, ки онро коҳиш диҳем ва бартараф созем. Умед дорам, ин ба мо даст медиҳад.”

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ, рӯзи сешанбе (1 октябр) дар барномаи навбатии посуху пурсиши худ, ки аз сӯи коноли ПМТ дар Youtube иҷро мешавад, дар посух ба ин пурсиш, ки назари ӯ дар бораи изҳори назари ахири Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар нашрияи “Коммерсант” чист, гуфт: “Ман ин мусоҳибаро хондам, ки на танҳо дар нашрияи “Коммерсант”, балки дар сойти Вазорати умури хориҷаи Русия ва дигар сойтҳо низ нашр шуда, аз ҷумла дар бархе расонаҳои тоҷикӣ, баъд дидем, ки “Коммерсант” аз сафҳааш ин мусоҳибаро бардоштааст.”

Раҳбари ПМТ дар идома, бо баёни ин ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли ба ҳошия рондан шудан аст, гуфт: “Дар сӯҳбати қаблиам гуфтам, ки дар сатҳи байналмилал, ба хотири заҳмату талошҳои ПМТ, ва на танҳо ПМТ, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ҳукумати Тоҷикистон дар инзиво қарор гирифт, ва ҳатто рафторҳои худи мақомот низ боис гаштанд, ки ин ҳукумат дар инзивои байналмилалӣ қарор бигирад, аммо дар минтақа баъзе ҳамфикрҳо ва шариконе дошт ва ҳанӯз ҳам дорад, ки ин ҷои пинҳон нест. Бо ин ҳама, вақте як масъули баландпояи Русия чунин мавқеъгирӣ мекунад, ин маънои онро дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳатто дар минтақа низ вориди як марҳилаи душвор шудааст; дар минтақа ҳам ба инзиво рафтааст.”

Кабирӣ афзуд: “Аввал ин ки вазири умури хориҷаи Русия эътироф мекунад, ки як тарафи сулҳ ҳизби исломӣ буд, яъне ҲНИТ буд; ҳақиқате, ки Раҳмон ҳамеша ва ҳаддиақал дар чанд соли ахир инкор мекунад. Вале Русия ҳамчун як кишвари миёнарав ва кафили сулҳ ва кишваре, ки воқеан ҳам заҳмату талош кашид ҳамроҳи Эрон, омад ва инро эътироф кард.”

Раҳбари ПМТ афзуд: “Дуюм ин ки дар Русия дарк карданд, ки он чи алъон дар Тоҷикистон мегузарад, ба амният ва суботи на танҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи минтақа рабт дорад ва халалдор мекунад. Албатта, Русия ҳам вақте як мавқеъгирӣ мекунад, на ба хотири ин ки касеро дӯст медорад ва ё алайҳи касе аст, балки Русия дунболи манфиатҳои худаш аст. Русия ба дунболи он аст, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ва минтақаи пасошӯравӣ босуботу ором бошад. Чун дар минтақа хеле хатарҳо ва таҳдидҳои зиёд ҳастанд, ки аз ҳама бузургтаринашон ин ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, қочоқи силоҳ ва ғайра аст… Агар Худой нокарда дар Тоҷикистон ва ё дар яке аз кишварҳои минтақа иттифоқе биафтад, таъсири худро ба Русия хоҳад расонд. Бинобар ин аст, ки Русия пеш аз он ки иттифоқе биафтад ва як ҳодисае пеш ояд, мехоҳад пешгирӣ кунад, ва ин табиӣ аст.

Раиси ҲНИТ дар идома хотирнишон кард: “Ин ҳам, ки алъон русҳо ба ин натиҷа расидаанд, ҳикоят аз ин мекунад, ки онҳо вазъиятро дарк карданд. Ва ҳарчанд Раҳмон талош кунад, ки ҳама чиз ором аст, ҳеч гуна опозитсияе нест, як гурӯҳи заъиф ҳастанд, аммо билохира коршиносону таҳлилгарон таҳлил мекунанд… Аз ҳама муҳиммаш ин ки шояд на ин ки дар ин миён қудрати опозитсияро дида бошанд, балки бештар заъфи худи ҳукуматро дарк карданд, ва ин, онҳоро бештар метарсонад. Билохира як инсон қудрату тавонмандиаш ҳадду марзе дорад, ки вақте тамом шуд ва ба ниҳояташ расид, аз омили субот табдил мешавад ба омили бесуботӣ.”

Кабирӣ афзуд: “Агар то имрӯз худи шахси Эмомалӣ Раҳмон ва равиши ҳукуматдории ӯ барои бисёре аз кишварҳои минтақа ҳамчун як омили субот шумурда мешуд ва аз он пуштибонӣ мекарданд, вале алъон онҳо дарк карда истодаанд, ки бо ин равиш, ӯ худаш ва равишаш табдил ба як омили бесуботӣ мешавад. Ва ин аст, ки онҳо бонги хатар мезананд ва мехоҳанд вазъиятро пеш аз он ки як ҳодиса иттифоқ биафтад, пешгирӣ кунанд.”

Раҳбари ПМТ афзуд: “Ман фикр мекунам, ки ин фаҳмишу ин дарк, дар Русия ва дар кишварҳои минтақа ҳосил шуда истодааст ва онҳо дунболи манфиатҳои худашон ҳастанд, дунболи оромиш ҳастанд, ва ман таъаҷҷуб намекунам агар баъд аз Русия ҳам кадом як кишвари дигар биёяд ва ҳамин гуна масъалагузорӣ кунад ва ҳатман масъалагузорӣ хоҳанд кард. Он вақт хоҳем дид, ки ҳукумати Тоҷикистон чӣ мавқеъ хоҳад гирифт?! Алъон талош мекунад бо фишор, бо равишҳои гуногун — масалан ин мусоҳибаро аз “Коммерсант” бардоштанд – коре кунад, аммо ин фикрро наметавон аз мағзи як масъул ва як таҳлилгари рус ё қазоқ ё чинӣ ё урупоӣ бардошт. Ин дидгоҳ ва ин таҳлил вуҷуд дорад ва рӯз то рӯз бештар мешавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар дарк карда истодааст, ки Раҳмон бо ин сиёсатҳояш, ҳам худаш ва ҳам кишварро дар як ҳолати бӯҳронӣ қарор дода истодааст, ва бояд як роҳи ҳал пайдо кард. Ва ман фикр мекунам, ки русҳо бо матраҳ кардани ин мавзӯъ, дар ҷустуҷӯи як роҳи ҳал на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кулли минтақа ҳастанд.”

Навори комили посуху пурсиш бо раҳбари ПМТ:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: