Перейти к содержимому

Сериёлҳои туркӣ чӣ гуна машғули тасхири дунё ҳастанд?

Ба қалами Фотима Буту дар нашрияи Guardian

Фотима Буту

Ба лутфи фурӯшҳои байналмилалӣ ва доро будани бинандагони ҷаҳонӣ, Туркия баъд аз Омрико рутбаи дуввуми пахши барномаҳои телевизиюнӣ дар ҷаҳонро дорад ва тавониста мухотабони ҳангуфте дар Русия, Чин, Куреи ҷанубӣ ва Омрикои лотин пайдо кунад. Дар ҳоли ҳозир бештарин теъдоди намоишҳои “дизӣ” (вожае туркӣ ба маънои силсила), ба Шилӣ (Чилӣ) фурӯхта шуда ва аз ин ҳайс, ин кишвар бештарин теъдоди масрафкунандагони дизиро дорад. Ин дар ҳолест, ки Мекзик ва сипас Оржонтин бештарин пулро барои харидории ин сериёлҳо пардохт мекунанд.

Иззат Пинту, муассиси телевизиюни Global Agency, ки дар Истонбул мустақар аст ва худро “пахшкунандаи мустақилли барномаҳои телевизиюнӣ барои бозорҳои ҷаҳонӣ” тавсиф мекунад, мегӯяд, муваффақияти дизӣ аз соли 2006 бо сериёли “Ҳазору як шаб” шурӯъ шуд. Дар ҳамон замон як намоиши туркии дигар ба номи “Нуқра” дар Ховари Миёна пуртарафдор шуда буд, аммо “Ҳазору як шаб” буд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ба муваффақият даст пайдо кард. “Ҳазору як шаб” ба 80 кишвар фурӯхта шуд ва дар тамоми ин кишварҳо рекурддори теъдоди бинанда шуд. Ин сериёл як марди ҷаззоби чашмобиро намоиш медод, ки нақши ӯро Ҳолит Эргенч бозӣ кард; ҳамон бозигаре, ки дар сериёли “Қарни бошукӯҳ” нақши аввалро бар ӯҳда гирифт.

Сериёли “Қарни бошукӯҳ” достони зиндагии Сулаймон, даҳумин подшоҳи усмонӣ ва робитаи ошиқонаи ӯ бо яке аз занони ҳарамсаро ба номи Хуррам буд. Сулаймон бар хилофи суннатҳо бо Хуррам издивоҷ мекунад. Гумон меравад ин чеҳраи тақрибан ношинохтаи таърихӣ, як масеҳии уртудукс аз Укройни имрӯзӣ будааст.

Иддао мешавад вақте ки сериёли “Қарни бошукӯҳ” барои нахустин бор дар соли 2011 аз телевизиюни Туркия пахш шуд, як севвум аз мухотабони ин телевизиюн онро тамошо карданд. Як рӯзномаи хориҷӣ ин сериёлро бо бозии тоҷу тахт дар зиндагии воқеӣ муқоиса кард. Ин сериёл чандин мушовири таърихӣ ва тими тавлидии болиғ бар 130 нафар дошт, ки аз ин теъдод фақат 25 нафар масъули либос буданд.

Қарни бошукӯҳ” ба қадре дар Ховари Миёна маҳбуб шуд, ки теъдоди гардишгарони араб, ки ба Истонбул сафар мекарданд, сар ба осмон гузошт. Ҳатто вазири фарҳанг ва гардишгарии Туркия бархе аз кишварҳои арабиро аз пардохти ҳазина барои пахши сериёл муоф кард. Телевизиюни Global Agency тахмин мезанад, ки ҳатто бидуни ба ҳисоб овардани харидорони ахири ин сериёл дар Омрикои лотин, беш аз 500 милюн нафар дар саросари ҷаҳон онро тамошо кардаанд.

Қарни бошукӯҳ” нахустин сериёле буд, ки Жопун онро аз Туркия харид. Аз соли 2002, дар ҳудуди 150 дизии туркӣ ба беш аз 100 кишвари ҷаҳон шомили Алҷазоир, Марокаш ва Булғористон фурӯхта шудааст. “Қарни бошукӯҳ” буд, ки роҳро барои дида шудани соири сериёлҳо дар ҷаҳон боз кард.

* * *

Ба чолиш кашидани фарҳанги попи омрикоӣ

Ҳолит Эргенч

Фарҳанги тӯда аз Шарқ – аз Bollywood то K-pop – дар ҳоли ба чолиш кашидани султаи фарҳангии попи омрикоӣ (American pop culture) дар қарни 21-ум аст ва муваффақияти дизиҳои Туркия дар сатҳи байналмилалӣ фақат яке аз нишонаҳои ин раванд аст.

Ҳолит Эргенч мӯътақид аст, ки сериёлҳои туркӣ ба ин далел муваффақанд, ки телевизиюни Омрико саргармкунанда аст, аммо дар ҳаракат нест. Ӯ мегӯяд: “Онҳо ба рӯи он эҳсосоте, ки аз мо инсон месозад, даст намегузоранд. Замоне нигоҳи Туркия муштоқона ба Ғарб буд; мардум филмҳо ва барномаҳои телевизиюнии Ғарбро барои пайдо кардани сарнахҳое барои чӣ гуна рафтор кардан дар дунёи шитобони мудерн бо диққат мутолеа мекарданд, аммо имрӯз, намоишҳои омрикоӣ роҳнамоиҳои андаке дар ин замина ироа медиҳанд.”

Вай меафзояд: “Ба яке аз сериёлҳои телевизиюнии омрикоӣ фикр мекардам – иҷоза бидиҳед исмашро наёварам. Фалсафаи сериёл танҳо будан буд. Ҳама дар ҷустуҷӯи шод будан.”

Ҳарчанд Эргенч исми сериёлро намеовард, аммо тасаввур мекунам, манзури ӯ сериёли “Секс ва шаҳр аст.” Эргенч идома медиҳад: “Чунин чизе хеле хастакунанда аст. Нест? Инки танҳо бошӣ, мудом ва бо суръат шарикони зиндагиатро иваз кунӣ ва ба дунболи шодӣ бошӣ ва ҳар бор, ки ба дунболаш ҳастӣ, дучори шикаст шавӣ. Аммо чун ин иттифоқҳо дар дунёи комилан фонтезӣ рух медод, мардум ба он алоқаманд шуда буданд. Онҳо (мардум) пайваста машғули харҷ кардан ҳастанд, харҷ кардани замонашон, ишқашон ва ҳама чизашон.”

* * *

Муқобилаи арзишҳои суннатӣ дар баробари мудернита

Дизиҳое, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтанд, онҳое ҳастанд, ки дар ривоятҳояшон арзишҳо ва усули суннатӣ бо фасоди отифӣ ва маънавии асри мудерн ба рақобат пардохтааст. Сериёли “Иштибоҳи Фотимагул чӣ буд?” (Fatmagül’ün Suçu Ne?) бар меҳварияти таҷовузи гурӯҳӣ ба духтари ҷавоне ба номи Фотимагул ва муборизаи ӯ барои дастёбӣ ба адолат буд. Ин сериёл дар Оржонтин ғавғо кард ва дар Испониё дар соати авҷи тамошои телевизиюн, милюнҳо мухотаб дошт. Қарор аст ба зудӣ нусхаи испониёии ин сериёл, ки дар қолаби эпизудҳои кӯтоҳи нимсоата сохта шуда ва ҳар рӯз аср аз телевизиюн пахш хоҳад шуд, рӯи онтен биравад.

Фотимагул дар бораи зане дар ҷомеа аст, ки бо мушкилоти фаровон — аз издивоҷи иҷборӣ то равобити пуртаниши хонаводагӣ ва қудрати сарватмандон – мувоҷеҳ мешавад. Аммо Фотимагул аз ӯҳдаи ҳамаи ин мушкилот бармеояд. Ӯ худашро омӯзиш медиҳад ва аз ӯҳдаи ҳамаи сахтиҳо бармеояд ва ба адолати тамомиёр (адолат дар тамоми абъоди он) даст пайдо мекунад: адолати маданӣ аз тариқи додгоҳҳои кишвар, адолати қазоӣ аз тариқи танбеҳи мутаҷовизонаш ва албатта, адолати ишқи ҳақиқӣ.

Агарчи дизӣ ба таври куллӣ дар бораи таҷовуз, озору азият ва қатлҳои номусӣ аст, аммо мардони турк дар дизиҳо ба шакли румонтиктарин мардони олам – ҳатто ошиқтар аз Румеу — бознамоӣ шудаанд. Пинор Селикел, виростори бахши ҳавзаи мӯд мегӯяд: “Онҳо ба мардум чизҳоеро нишон медиҳанд, ки дӯст доранд бибинанд. Ин достонҳо воқеӣ нестанд.

Фотимагул дар соли 2012 ончунон аз назари таъсиргузорӣ дар заминаи қудрати нарм ба авҷ расид, ки як “утоқи фикри ҷумҳурихоҳи омрикоӣ” Эсет (нависандаи ин сериёл)-ро истихдом кард, то як “достони хуби омрикоӣ” дар бораи зане дар Ховари Миёна ба манзури эҷоди тағйироти мусбат, бинависад; зане, ки чеҳраи Омрико дар минтақаро мулоим кунад.”

* * *

Ҷаҳонӣ шудани фарҳанги Туркия

Дар соли 2017 дар Бейрут бо Фодӣ Исмоил, мудири маркази як ширкати тобеъи MBC ва шахсе, ки масъули овардани телевизиюни Туркия ба Ховари Миёна будааст, мулоқот кардам. Исмоил бо хандае кинояомез мегӯяд: “Ман касе ҳастам, ки фарҳанги Туркияро аз тариқи телевизиюн ба тамоми ҷаҳон бурдам.”

MBC яке аз бузургтарин пахшкунандаи телевизиюнӣ дар Ховари Миёна ва шимоли Офриқо бо тақрибан 400 милюн ҷамъият аст. MBC як коноли хабарӣ, як коноли кӯдак, як коноли занон, як коноли Bollywood ва як коноли 24-соата барои пахши филм дорад, ки аз тариқи он сериёлҳои оммаписанди мисрӣ, куреӣ ва омрикои лотин пахш мешаванд.

Исмоил дар соли 2007 ба як ҷашнвораи фурӯши синамоӣ дар Туркия меравад ва ба таври иттифоқӣ дар муқобили яке аз ғурфаҳо як сериёли маҳаллии туркиро тамошо мекунад. Ӯ моҷароро ин тавр ба хотир меоварад: “Дар муқобили ғурфа истодам ва тамошо кардам, ба суръат тамоми саҳнаҳоро дар зеҳнам бо садои арабӣ ҷойгузин кардам ва ҳама чиз ба лиҳози фарҳангӣ ва иҷтимоӣ маънодор шуд, ҳатто ғизоҳо ва либосҳо, ҳама чиз ингор шабеҳи мо шуд ва ман дар дарун фарёди “кашф кардами аршимедусӣ (архимедӣ)”-ро сар додам.”

Исмоил як сериёли туркӣ барои коноли телевизиюнии худ харид. Ӯ номи он намоишро ба хотир надорад, зеро ҳама чиз аз унвони сериёл то номи шахсиятҳо, номҳои тозаи арабӣ гирифтанд ва бо ҳамин муҳтаво пурмухотаб шуд.

Сериёли “Нуқра” дар бозори Ховари Миёна бо номи “Нур” тавлид шуд ва нахустин сериёли пурмухотаб дар ин бозор буд. Миср ба лиҳози таърихӣ дар тавлиди филмҳои синамоӣ пешқадам буд ва телевизиюни ин кишвар низ то замоне ки Сурия дар даҳаи 90 дар Ховари Миёна гӯйи сибқатро гирифт, дар ин минтақа пурбинанда буд. Бозигарони сурӣ ба хотири маҳоратҳои кумедӣ ва теотрии худ маъруф буданд. Коргардонони онҳо ҳунарманд буданд. Сенориюнависҳои сурӣ намоишҳои бокайфиятеро бо кӯмаки будҷаҳои қобили таваҷҷӯҳи давлатӣ тавлид мекарданд. Давлати Сурия пули зиёде дар санъати телевизиюн рехт ва ин кор ба нависандагони сурӣ кӯмак кард ба дурбин, таҷҳизот ва маконҳои таърихии Сурия барои филмбардорӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Аммо баъд ҷанг оғоз шуд ва ҳама чиз вайрон шуд. Исмоил мегӯяд, дуруст дар ин замон буд, ки сериёлҳои туркӣ дида шуданд. Ба ин сабаб, ки сериёлҳои сурияӣ то он мавқеъ ба “падидаҳои ҷаҳони араб” табдил шуда буданд, шабакаи MBC тамоми сериёлҳои туркие, ки харида будро ба лаҳҷаи сурӣ дубла кард. Исмоил натиҷагирӣ мекунад: “Яке аз далоили муваффақияти ин сериёлҳо ҳамин кор буд. Мо сериёлҳои туркиро ба лаҳҷаи сурӣ дубла кардем.”

Қабл аз сарозер шудани сериёлҳои туркӣ ба Ховари Миёна, мардум дар Лубнон сериёлҳои мекзикӣ ва бразилӣ тамошо мекарданд. Ин сериёлҳо, бо он ки бисёр пуртарафдор буданд, ба ду далел натавонистанд дар бозор бимонанд. Нахустин далел, забон буд. Далели дуввум арзишҳо буданд. Имон Мазҳар, масъули садо дар ширкати iMagic – ширкати тавлиди телевизиюнӣ дар Бейрут – мегӯяд: “Мекзикиҳо ба ҳеч унвон шабеҳи мо нестанд.” Мазҳар бо интиқод аз ин сериёлҳо мегӯяд: “Шумо як духтар доред, намедонед падараш кист, намедонед модараш кист. Ин достонҳо орӣ аз ҳар паёми ахлоқи буданд. Чӣ дӯст дошта бошед, чӣ на, ҳамаи мо дар охир чизҳоеро дӯст дорем, ки қадре муҳофизакор (пойбанд ба усулу суннатҳо) бошад. Аммо туркҳо дар ин заминаҳо шигифтангезанд. Мардум дар ин достонҳо номҳои шабеҳи мо доранд, достонҳояшон шабеҳи мост ва мардум ин достонҳоро дӯст доранд.

Аммо дар 18 моҳи гузашта, дастрасӣ ба телевизиюни Туркия дар Ховари Миёна маҳдуд шуд. Арабистони Саудӣ дар рӯзи 2 марти 2018 соати 1 бомдод пахши дизиро аз шабакаи MBC лағв кард. 6 сериёл аз рӯи онтен бардошта шуд ва ин кор зарари 25 милюн дулорӣ ба шабакаи MBC ворид кард. Сухангӯи шабака эълом кард: “Тасмим гирифта шуда то сериёлҳои туркӣ аз чанд коноли телевизиюн дар минтақа ҳазф шавад. Ман наметавонам таъйид кунам тасмимгиранда чӣ касоне будаанд.”

Валиаҳди Арабистон, Муҳаммад бен Салмон, аз соли 2015 барои хариди шабакаи MBC бо ин шабака музокира мекард, аммо пешниҳоди рақами 3 милёрд дулорӣ аз сӯи соҳибони шабакаро рақами ҳангуфт тавсиф кард. Дар ноябри соли 2017, Муҳаммад бен Салмон аксари саҳомдорон ва мудирони шабакаи MBC-ро таҳти унвони “иқдом барои мубориза бо фасоди молӣ” дастгир кард. Бунёнгузори шабакаи MBC, Валид бен Иброҳим Алиброҳим, як тоҷири саудӣ, ки хоҳараш бо подшоҳи қаблӣ издивоҷ карда буд, баъд аз он ки 83 рӯзро дар зиндони муҷаллал сипарӣ кард, озод шуд. Ширкати ӯ акнун як молики махфии ҷадид бо қудрати тасмимгирӣ дошт (яъне ҳамон Муҳаммад бен Салмон), ки дастур дод тамоми дизиҳои туркӣ аз шабакаҳои MBC бардошта шаванд.

Мумкин аст ин навъ аз қудрати нарми Туркия боиси нигаронии Муҳаммад бен Салмон шуда бошад, ва комилан возеҳ аст, ки Муҳаммад бен Салмон аз ин ки Туркия шуҷоъона алайҳи муҳосираи Қатар тавассути Арабистони Саудӣ дар соли 2017 сӯҳбат кард, эҳсоси таҳқир шудан кардааст. Бинобар ин, MBC дар марти 2018, раисиҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Ардуғонро муттаҳам кард, ки барои эҷоди як “хилофати Усмонӣ”-и ҷадид талош мекунад, ва Туркияро дар зумраи кишварҳое, ки ӯ “мусаллами шарорат” меномад, қарор дод ва ба суръат дизиро аз телевизиюни Ховари Миёна ҳазф кард.

Ардуғон ва сериёлҳои туркӣ

Сиёсат (дар Туркия) бо дизӣ омехтааст. Ардуғон худ аз мухолифони маъруфи сериёли “Қарни бошукӯҳ” буд. Ӯ ин сериёлро дабардорандаи манозири ҷинсӣ медонист, ки ба андозаи кофӣ бар асоси таърихи ҳақиқии усмонӣ нигошта нашудааст.

Давлати ӯ муҷаввизи тавлидкунандагонро барои филмбардорӣ дар маконҳои таърихӣ лағв кард. Яке аз намояндагони Ардуғон дар Ҳизби адолат ва тавсиъа низ поро то он ҷо фаро ниҳод, ки ба порлумон дархост дод, намоиши ин сериёлро ба таври қонунӣ мамнӯъ кунанд.

Сериёли “Қарни бошукӯҳ” ҳаргиз тавассути давлат барои афкандани қудрати нарми Туркия дар ҷаҳон мавриди истифода қарор нагирифт, аммо соири дизиҳо барои ин кор истифода шуданд. Ду тавлиди ахири телевизиюни давлатии Туркия (TRT) агар бо ҳидояти давлат сохта нашуда бошанд, мавриди таъйиди қалбии давлат ҳастанд.

Аввалин сериёл, “Растохез” аст, ки рӯзҳои шукӯҳу ҷалоли ҳукумати усмонӣ ва зиндагии Эртуғрул, падари бунёнгузори имперотурии усмониро нишон медиҳад. Шиори ин дизӣ “Бедории миллат” аст ва бинандагони ин сериёл 5 фаслро ба тамошои ҷанги Эртуғрул бо салибиҳо, муғулҳо, масеҳиён ва афроди дигар нишастаанд. Ин сериёл муфтахар аст, ки маҳбубтарин намоиши телевизиюни давлатии Туркия аст.

Ардуғон дар бораи Эртуғрул гуфтааст: “То вақте ки шерҳо достонашонро худ нанависанд, шикорчиёнашон қаҳрамон хоҳанд буд.” (Ин ҷумларо як шоири офриқоӣ дар бораи истеъмори Офриқо тавассути урупоиён гуфта ба ин маъно, ки достони офриқоиҳо ҳамвора аз забони сафедпӯстони урупоӣ нақл шуда; гӯӣ Офриқо қабл аз кашф шудан тавассути урупоиён вуҷуд надоштааст.)

Намоиши дигари телевизиюни Туркия ба номи «Охирин имперотур«, ки бар асоси зиндагии охирин подшоҳи қудратманди усмонӣ, Султон Абдулҳамид сохта шудааст, ниҳояти шефтагӣ ба салотини усмониро нишон медиҳад.

Ҳам мухолифон ва ҳам ҳаводорони дизӣ мӯътақид буданд дар ин сериёл Султон Абдулҳамид улгубардорӣ аз шахсияти Ардуғон аст. Тарафдорони раисиҷумҳури Туркия ин шабоҳатро дар ғурури ҳар ду раҳбар ва ин ки дар мувоҷеҳ бо Ғарб тарсе ба дил роҳ намедоданд ва ҳар ду орзуи ташкил додани иттиҳоди саросарии мусалмонон ба марказияти Туркияро дар сар мепарваронданд, медиданд.

Давлати Туркия умедвор аст то соли 2023 санъати дизӣ рақаме дар ҳудуди 1 милёрд дулор аз роҳи содирот вориди ин кишвар кунад.

The Guardian

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: