Перейти к содержимому

Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид (10)

Ба қалами Мирбобо Мирраҳим

Қисмати 10

Вазир! Аз зердасти шумо ба ҷон омадаем!

Номаи саркушода ба вазири корҳои дохилии Ҷумҳури Тоҷикистон А. А. Қаҳҳоров

Нусха ба ҳафтаномаҳои «Фараж», «Азия-Плюс», «Нигоҳ», СММ ва Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар,

Раиси ҶТ Э. Раҳмон ва Раиси МО М. Убайдуллоев

Мӯҳтарам вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон Абдураҳим Абдулаҳадович Қаҳҳоров!

Сабаби навиштани ин номаи Саркушода ба Шумо дар остонаи рӯзҳои пурсаъодати бистумин соли истиқлол баёни аъмоли корманди бисёр мӯҳтарами Раёсати мубориза бар зидди ҷиноёти муташаккилаи (мухтасар РМЗҶМ ё ба русӣ УБОП) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаноби Холиқов Абдумаҷид мебошад. Ман ин корманди Шуморо намешиносам, вале дар чанд соли ахир суроби шахси ишон бар сари хонаводаи мо сояи даҳшату ваҳшат афкандааст ва боиси тарсу нигарониҳои зиёд шудааст. Зеро Холиқов Абдумаҷид мусаллаҳ аст ва ба таври муташаккил аз вазифа ва мансаб сӯъиистифода карда, хоҳарзодааш-Зокирова Умеда Собирхоҷаевнаро дар ҳавлии мо маскун сохта, ба террори маънавӣ, иқтисодӣ ва сиёсии мо дасту остин барзадааст. Ним сол мешавад, ки Холиқов А. озодӣ ва оромии хонаводагии фарзандони маро ба куллӣ барҳам зада, таҳти фишор ва таҳдид аз ҷониби хоҳарзодааш зиндагиро ба ҷаҳаннам табдил додааст ва кӯшиш мекунад, ки аз ин аъмоли ғайриқонунии ӯ дар ҳеҷ ҷой лаб во накунем ва ба ҳар коре, ки хоҳарзодааш дар ҳавлӣ ва хонаи мо анҷом медиҳад, хомӯширо риоят намоем.

Асли қазия ин аст: Писари ман, Мирраҳимов Миршакар (с. т. 15 июли соли 1978, зодаи деҳаи Қалъаи Баланд, ноҳияи Истаравшан, сокини деҳаи зикршуда) нӯҳуми декабри соли 2007 бо зани бешавҳар Зокирова Умеда Собирхоҷаевна бори дуюм издивоҷ кард. Онҳо никоҳи мусулмонӣ кардаанд, вале аз Сабти Асноди Ҳолатҳои Шаҳрвандӣ (САҲШ=ЗАГС) нагузаштаанд. Даҳ моҳ пас (09.09.2008) аз онҳо духтарчае ба дунё омад. Мирраҳимов Миршакар соли 2008 барои кор ба Русия рафт ва моҳи сентябри соли 2009 ба Тоҷикистон баргашт ва онҳо боз як ё якуним моҳ бо ҳам зиндагии муштарак доштанд. Севуми ноябри соли 2009 Зокирова У. С. бо гирифтани талоқ ба хонаи падараш бозгашт. Мирраҳимов Миршакар моҳи майи соли 2010 барои кор ба Русия рафт. Дар ин муддат моҳҳои феврал ва марти соли 2010 ман ду бор ба деҳаи Қалъаи Баланд омадам, вале на Зокирова У. С. ва на падару модараш барои ҳеҷ даъвое (нафақа-алимент) ба назди ман ё писарам наомаданд, то қазияи падарии Мирраҳимов Миршакар нисбат ба ҷанини дар шиками Зокирова У. С. буда низ ҳал шавад. Зеро мувофиқи гуфтаи Зокирова ҳангоми ба хонаи падараш рафтан ӯ ҳомила будааст ва моҳи июни соли 2010 духтарчаи дигаре зоид. Дар тӯли соли 2010 низ ҳеҷ даъвое нисбат ба падарии писари ман нисбат ба духтарчаи Зокирова У. С. вуҷуд надошт. Якуми марти соли 2011 Зокирова У. С. бе ҳеҷ эълон ба ҳавлии мо омада, дар як хона ба зӯрӣ нишастааст ва бо дастгирии Раиси Шӯрои деҳаи Қалъаи Баланд Ахмедов Х., ки бо хонаводаи Зокировҳо хешовандӣ дорад, модари Миршакар Мирраҳимов, хонаводаҳои фарзандони дигари ман-Мирраҳимов Мирҳабиб, Мирраҳимов Миралишоҳ ва фарзандони онҳоро ҳар рӯз бо ҷанҷол, даъво ва ҳақорат таҳқир карда, таҳти фишори сахти иқтисодӣ ва маънавӣ қарор додаст. Дар ин ҳавлӣ дигар аз озодии инсон бе ҳукми хоҳарзодаи Холиқов А. ҳарф задан мумкин нест. Барои мисол: фарзандонам ҳатто агар барои ҳалли масъалае ба ман бо телефони ҳамроҳ занг зананд ва Зокирова У. С. аз он огоҳ шавад, ҳатман ҷанҷол бардошта, ба онҳо ҳушдор медиҳад, ки «ҳозир ба тағоям занг мезанам, шумоҳоро боб карда мемонад» ва ғайра.

Шикоятҳои модари Миршакар Мирраҳимов ва фарзандони ман нисбат ба таҳқир, даъво, ҷанҷол ва беадолатиҳои Зокирова У. С. ба мақомоти расмӣ-Шӯрои деҳа ва милитсия бетаъсир аст. Зеро Зокирова У. С. аз пуштибонии қавии тағояш-Холиқов Абдумаҷид, ки номбурда дар Раёсати мубориза бар зидди ҷиноёти муташаккилаи (мухтасар РМЗҶМ) Вазорати корҳои дохилаи ҶТ дар вилояти Суғд кор мекунад, бархурдор аст ва ин тағои азиз ба корҳои хонаводагии мо бевосита ва бавосита дахолат мекунад. Барои мисол: 24 августи соли 2011 милитсионери минтақавӣ, лейтенанти калони милитсия Ғафуров Бахтовар барои баррасии шикоят ба манзили мо омадааст. Худи ҳамон рӯз Холиқов А. бо сӯъиистифода аз вазифа ба милитсионери минтақавӣ занг зада, ба кори касбии ӯ дахолат мекунад, ки хоҳарзодааш ҳақ аст. Дигар он ки Холиқов А. боз ба Раиси Шӯрои деҳа низ дар ҳамин маврид занг зада, сӯҳбат кардааст. Барои дуруст будани ин суханҳо мешавад зангҳои хурӯҷии шумораи телефони ҳамроҳи Холиқов А. 92-7088776 ва дигар телефонҳои ӯ ба шуморателефонҳои Ғафуров Б. ва Раиси Шӯрои деҳаи Қалъаи Баланд Ахмедов Х. ва дигар мақомот дар ин давраи ним сол баррасӣ ва мурур шавад. Рӯзи 25 августи соли 2011 ман аз ин дахолатҳои Холиқов А. ба Сардори Раёсати РМЗҶМ-и ВКД ҶТ генерал-майори милитсия Зоиров Ҷ. М. шикоят кардам, вале то имрӯз ҳеҷ хабаре аз РМЗҶМ ба мо нарасидааст. Дар ин ҳаракатҳои бевосита ва бавоситаи Холиқов А. баръало зоҳир мегардад, ки вай аз мансаби хизматӣ сӯъиистифода дорад ва эҳтимолан ба таври муташаккил дар мақомоти болои ин Раёсат низ дастгирӣ меёбад (зеро мансабдорони РМЗҶМ низ то имрӯз хомӯширо авло донистаанд).

Аз якуми моҳи марти соли 2011 хоҳарзодаи Холиқов А.-Зокирова У. С. ҳар лаҳза бо ҷанҷол ва даъво ба аҳли хонаводаи мо таъкид мекунад, «ҳозир ба тағоям мегӯям ҳамаи шуморо аз ин хонаву ҳавлӣ берун карда мепартояд», «тағоям ин ҳавлиро ба ман гирифта медиҳад», «писарат (ба модари Миршакар) мард бошад омада, маро талоқ диҳад» (дар ҳоле, ки ин занак даҳҳо бор худаш талоқ гирифта, аз манзили мо рафта буд ва зиндагии муштаракро намехост) ва ҳазорон суханҳои таҳқиромезу нораво дар шаъни инсон аз карнаи даҳони Зокирова У. С. берун меояд, ки бисёр заҷровар ва беадолатӣ аст. Таҳдидҳои Зокирова У. С. бесабаб нест, зеро тағоҳои ӯ хеле зиёданд: Холиқовҳо як не, балки чандто ҳастанд, ки дар мақомҳои бисёр калидии кишвар ҷой гирифтаанд (яке Раиси Кумитаи дин, дигаре муовини вазири адлия ва …) ва бидуни «агар» муташакилона амал кунанд, на танҳо хонаводаи моро аз хонаву кошона ва Ватан берун мекунанд, балки эҳтимолан ҳокимиятро низ дар Тоҷикистон ғасб хоҳанд кард. Шукр, ки хонаводаи мо ғайр аз Худо касеро надорад, ки дифоъяшон кунад.

Ҷаноби вазир! Ҳатто дар давраи истилои муғул ва бедодии манғит ҳам аз тарафи мансабдоре (ба монанди Холиқов А.) ва он ҳам тавассути хоҳарзодааш (ба монанди Зокирова У. С), ки зан бошад, чунин зулм ва бераҳмӣ нисбат ба дигар инсон дар таърих сабт нашудааст. Маълум мешавад, ки дар зербинои созмони РМЗҶМ-и ВКД-и Шумо боз як созмони шахсии Раёсати Мубориза Зидди Ҷамъияти Мардум бо сарварии Холиқов А. дар вилояти Суғд, ки қасди ғасби моликияти хонаводагии моро ҳадафи асосии хеш қарор додааст ва муташаккилона бо ҳамдастии дигар мақомоти расмӣ-Шӯрои деҳа ва суд дар зинаи нахустини кор-маскун сохтани хоҳарзодааш-Зокирова У. С. муваффақ ҳам шудааст, амал мекунад, ки ҷаноби вазири корҳои дохилӣ аз он огоҳ нест ва аз дасташ ҳам коре намеояд! Албатта, ҳалнома ва ҳукмномаи судӣ (албатта, бе огоҳӣ ва даъвати мо ба мурофиаи судӣ) ба нафъи хоҳарзодаи А. Холиқов низ шояд аз кайҳо омода ва ҳаллу фасл шудааст ва дар фурсати муносиб эълон хоҳад шуд (ин достон ба таври ҷудогона иншо мешавад, то фишор ба кори судя наояд) …

Ҷаноби вазир! Мирраҳимов Миршакар аз пардохти нафақа (яъне алимент) ба фарзандаш саркашӣ накардааст (ман ҳатто пешниҳод карда будам, ки ин кор ба хушӣ ҳал шавад ва як духтарро ҷониби Мирраҳимов Миршакар ва духтарчаи дигарро тарафи Зокирова У. С. тарбият кунанд ва тифлакон заҳри ҷудоӣ ва бепадариро начашанд), вале дахолати ноҷои Холиқов А. ба ин қазия ва маскун кардани хоҳарзодааш дар ҳавлии мо танҳо ба бадбахт кардани ин тифлакон меанҷомад, ки аз дахолати нобарҷои корманди Шумо шаҳодат медиҳад. Дигар он ки падарии писари ман-Мирраҳимов Миршакар нисбат ба духтарчаи дуввум дуруст баррасӣ шавад. Афзун бар ин талаб кардани хона ва ҳавлии алоҳида аз ҷониби хоҳарзодаи Холиқов А. оё дар дастури кории РМЗҶМ ВКД ҶТ қарор дорад? Агар қарор дорад, пас, лутфан дастур фармоед Холиқов А. ҳамчун ҳокими мутлақи зиндагии мардуми вилояти Суғд бигузор хоҳарзодаашро аз нав ба ягон шоҳзодаи муҷаррад ба занӣ дода, аз вай низ қасри муҷаллал ва нафақа талаб кунад?! Он гоҳ мушаххас хоҳад шуд, ки РМЗҶМ-и шахсии Холиқов А. ва РМЗҶМ ВКД-и Шумо дар вилояти Суғд ба чӣ кор машғуланд?! Оё вазифаи корманди РМЗҶМ ВКД Холиқов А. маскун кардани хоҳарзодааш дар ҳавлии мост ва пулу мол ситонидан аст?

Ман хоҳиш намекунам, ки Шумо ба мо кӯмак кунед. Танҳо мехоҳам, ки дасти корманди мӯҳтарами РМЗҶМ ВКД А. Холиқовро аз зиндагии хонаводагии мо кӯтоҳ созед ва бифармоед, ки номбурда хоҳарзодааш-У. С. Зокироваро бо камоли эҳтиром ва ташрифоти лозим аз ҳавлии мо берун бибарад.

Ва агар ин кор аз дасти Шумо намеояд, яъне зӯратон ба кормади РМЗҶМ намерасад, ҷавонмардона истеъфо бидиҳед, то мушаххас шавад ва пеш аз кушта шудан аз дасти Холиқов А. дар роҳи дифоъ аз молу мулки хеш мо низ гӯрамонро аз ин сарзамин ба ягон ҷойи дигари дунё бикашем.

Ҷашни истиқлолатон муборак!

Мирбобо Мирраҳимов 3.09.2011. (1)

* * *

Истаравшан: Қиссаи талоқе, ки панҷ сол тӯл кашид

Номаи саркушода ба Раиси вилояти Суғд Қоҳири Расулзода!

Сабаби иншои ин нома қазияи барои Шумо тамоман беарзиш (вале барои мо бандагони хокӣ бисёр ногузир) бекор кардани никоҳи шаҳрвандии писарам мебошад. Асли матлаб ин аст, ки фарзанди ман, Мирраҳимов Миршакар Мирбобоевич, соли 2007 нахуст ба Ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд ва пасон ба Идораи Сабти Асноди Ҳолатҳои Шаҳрвандии (ба таври мухаффаф: САҲШ) шаҳри Истаравшан барои бекор кардани никоҳи шаҳрвандӣ муроҷиат кард. Аз ҳамон таърихи моҳи октябри соли 2007 мелодӣ то ба имрӯз, ки ин нома ба номи мубораки Шумо хатм мешавад, давутози мо барои бекор кардани никоҳи шаҳрвандӣ номуваффақ ва беҳуда будааст. Писарам М. М. Мирраҳимов ва ҳамсари собиқаш … ҳеҷ даъвои молу мулк, чизу чора ва ё фарзандро надоранд (аз зиндагонии муштараки онҳо фарзанде ба дунё наомад ва маҳз ҳамин масъала сабаб шуд, ки зиндагии оилавии онҳо пош хӯрад).

Барои ҳалли ин масъала Раиси Ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд ба Мудири Бахши САҲШ-и Истаравшан бо номаи расмӣ (зери шумораи 68) чунин муроҷиат кардааст:

«Ба мудири Шӯъбаи САҲШ-и н. Истаравшан мӯҳтарама Содиқова С. Н.

Ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд ба Шумо маълум менамояд, ки дар ҳақиқат мувофиқи аризаи Мирраҳимов Миршакар, ки аз санаи 12.10.2007 ба ҷамоати деҳот дохил шудааст, бо сабаби бефарзандиашон аз ҳамдигар ҷудо шудан мехоҳанд.

Мо кӯшиш намудем, ки ин оила муросо кунад. Фаҳмидем, ки илоҷи муросо кардан надорад. Бинобар ин имконияти ба муросо овардан мавҷуд нест. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки масъалаи мазкурро аз рӯи қонун дида баромада, ёрии амалии худро расонед. Раиси Ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд».

Мудири Бахши САҲШ-и Истаравшан ҳалли ин корро ба мутахассис Абдулхайрова Гулбаҳор Лутфуллоевна вогузор менамояд. Аммо гӯё кор дуруст нашудааст ё бало аз таги по хеста, ки Аризаи писари мо таҳти шумораи 289 бо ёддошти зер аз САҲШ ба Суди шаҳри Истаравшан содир мешавад:

«Ба суди шаҳрӣ фиристода шуд, зеро ки зан -… дар рӯзи таъин шуда наомад, ба намояндаи ҷ/д Қалъаи Баланд Юлдошева З. оиди ба Шӯъбаи САҲШ барои дида баромадани ариза ҳозир шудан раъд кардааст».

Аммо номаи Мудири Бахши САҲШ ба Идораи Суди шаҳри Истаравшан намерасад ва муаллақ дар ҳамон САҲШ ё ҷои дигар ба муддати беш аз чаҳору ним сол боқӣ мемонад. Писарам аз рафтуомад ба Идораи САҲШ-и Истаравшан хаста шуд ва идомаи корро ба ман вогузор карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсиони Русия рафт. Тӯли ин панҷ сол барои ҳалли ин қазия наздик ба даҳ бор аз Душанбе ба Истаравшан сафар карда, ҳатман ба Идораи САҲШ медаромадам ва бекор кардани никоҳи писарамро пайгирӣ мекардам.

Аз рӯзе, ки бо салоҳдиди мубораки Шумо ва имзои сеҳромези ҷаноби олӣ мӯҳтарама Р. А. Норова аз нав ба маснади меросӣ ва курсии Мудирии Бахши САҲШ-и Истаравшан такя заданд, раванди бекор кардани никоҳи писари мо ба таври мӯъҷизаосо тағйири масир кард. Мани корафтода ба ин даргоҳи муқаддас муроҷиат мекардам ва дастандаркорони пурталоши он бо ҳазору як баҳона ва макру ҳиял моро овора карда, аз дар меронданд. Оҳиста-оҳиста ин рафтуомадҳои мо ба Идораи САҲШ-и Истаравшан на муроҷиати шаҳрванд ба идораи давлатӣ, балки маънои тамоман нав: бозтоби ақидатӣ-сиёсии давраи инквизатсияи қуруни вусторо ба худ касб кард. Он замон ҳар кас ба дари идораи давлатӣ барои коре муроҷиат мекардааст, ҳатман аз назари ақидатӣ ва сиёсӣ фикру андешаашро баррасӣ карда, ба душманӣ гунаҳкор мекардаанд ва дар оташ месӯзонидаанд. Ҳол Р. А. Норова бо ангеза ва ғалаёни эҳсосоти сиёсӣ гирифтор шуда, сари ҷаҳл ва ё барои «хидмати содиқона» ба ҳукумати феълӣ ба парвандаи бекор кардани никоҳи писари мо мӯҳри номубораки хеш-«оппозитсия»-ро заданд ва мо саргардон шудем.

Рӯзи якуми апрели соли 2009 барои дарёфти зоднома ба ду набераам (яке аз онҳо духтарчаи Миршакар, ки номашро «Шаҳнура» гузоштаанд) боз ба ҳамон САҲШ-и Истаравшан муроҷиат кардам. Ҳангоми навиштани номи хонаводагии набераи дигарам байни ман ва «мутахассиси» САҲШ баҳс ба миён омад. Мутахассиси мӯҳтарамаи САҲШ-и Истаравшан ба ман тафҳим мекард, ки ба номи падарии набераам ҳатман пасванди «ич»-и русиро бичаспонам. Ман ба ин пешниҳоди он мутахассиси САҲШ-и Истаравшан розӣ нашудам. Он гоҳ мутахассиси САҲШ бо асабоният ва оянданигарии аҷибулғариб ба ман чунин гуфт:

-Агар дар даҳ-бист соли оянда набераатон барои кор ба Русия «гострабайтер» шавад, мушкил пеш меояд. Он гоҳ пушаймон мешавед!!!

-Шумо дар идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истодаед, вале дар ғами омода кардани гострабайтер барои Русия фикр мекунед?! Магар кишвари Тоҷикистон мустамликаи нави Русия шудааст ва мо аз он бехабарем?! Дигар он ки Раиси Ҷумҳур Э. Раҳмон пасванди «ов»-ро аз номи хонаводагии хеш дур андохт, Раиси вилояти Суғд Қоҳири Расулзода низ чунин амал кард, ҳол мо чаро «ич»-и бемаъниро барои набераамон қабул кунем?!

Мутахассиси САҲШ лаб газид. Шояд дарк кард, ки беҳуда пӯкидааст. Он рӯзи ханда ва аҳмақии ғарбиён (якуми апрел) низ масъалаи бекор кардани никоҳи писарамро ба миён гузоштам. Вале ба мо боз тафҳим шуд, ки бояд ҳатман тарафайн-завҷи аз ҳам ҷудошуда дар ҷаласа ҳозир шаванд. Гуфтам:

-Масъалаи ҳузур пайдо кардани зану шавҳари собиқ дар ҷаласаи бекор кардани никоҳ бо чанд иллат имконпазир нест: писари ман дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия мебошад, арӯси собиқаш шавҳари дигар кардааст. Худи шумо медонед, ки дар фарҳанги мардуми мо ин масъала бисёр нозук ва ҳассос аст ва кор шояд ба хонавайроншавии он муштипар анҷом ёбад. Беҳтараш се бор даъватнома фиристед, агар наомад никоҳро бекор кунед. Ман ваколат дорам, ки аз номи писарам дар ҳамаи санадҳо имзо гузорам…

-Ҳой амак! Ин ҷо деҳаи Қалъаи Баланд нест!

-Хуб мефаҳмам, ки ин ҷо деҳаи Қалъаи Баланд нест, аммо Идораи САҲШ-и Истаравшан моликияти меросӣ ва хусусии шумо ҳам нест, ки барои бекор кардани як никоҳ се-чаҳор сол бидавем…

Моҳи сентябри соли 2011 боз барои бекор кардани никоҳи писарам ба САҲШ-и Истаравшан муроҷиат кардам. Ин бор аз келини собиқам бо ин мазмун ариза доштам, ки онро котиби Ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд Раҳимов Ҳ. дар шоҳидии банда ва падари вай таъйид карда буд:

«Ба Раиси Идораи Сабти аҳволи шаҳрвандии ЗАГС ш. Истаравшан

Аз номи шаҳрванд …, истиқоматкунандаи даҳаи Қалъаи Баланд

Ариза

Ман, Фарида Почокалонова, соли таваллудам 28.10.1984. Истиқоматкунандаи деҳаи Қалъаи Баланд аз Шумо хоҳиш мекунам никоҳи расмии мо-ЗАГС бо шаҳрванд Мирраҳимов Миршакар Мирбобоевичро бе иштироки ман бекор намоед. Ман нисбат ба шаҳрванд Мирраҳимов ҳеҷ даъвои молӣ ва ҳуқуқӣ надорам…»

Мӯҳтарама Р. А. Норова ин аризаи келини собиқам ва маро дида, хеле нороҳат шуданд. Шояд гумонашон ин буд, ки «ин мард бисёр ҷонсахт будааст, аз азобҳои чандинсолаи мо намурд!» Арзи матлаб кардам:

-Чаҳор сол мешавад, ки дунболи бекор кардани никоҳи писарам овора. Аз номи писарам Ваколатнома дорам, аз келини собиқам низ аризаи ризоият барои бекор кардани никоҳ овардаам, ки дар Ҷамоати деҳот бо мӯҳр ва ҳузури шоҳид тасдиқ шудааст. Лутфан ҳамин масъаларо ҳаллу фасл намоед.

Р. А. Норова бо кароҳат ба сӯи банда нигоҳ карданд ва бисёр омирона, ки танҳо зеби чунин мансабдорони сар ба осмон кашида мебошад, фармуданд:

-Бачатон бояд худаш ба ин ҷо биёяд, келинчак ҳам омаданаш даркор. Фаҳмидед?!

-Хоҳиш мекунам, келини собиқи маро ба ташвиш наандозед, вазъи рӯҳияш хуб нест. Бечора даъвое надорад. Бо як духтарча аз шавҳари дуввумаш ҷудо шудааст. Писари ман ҳам аз издивоҷи дуввум ду духтарча дорад. Охир, то кай бекоршавии ин як никоҳ идома пайдо хоҳад кард?!

-Ман қонунро риоят мекунам. Қонун мегӯяд, ки ҳар ду тараф ҳангоми бекор кардани никоҳ бояд ҳозир шаванд.

-«Қонун хуб аст, аммо истисно аз он беҳтар», ин шиори қонундонони маъруф аст. Ба фарз агар яке аз тарафайни мурофиа фавтида бошад, ҷасадашро аз гӯр кашида пеши шумо биёварем, то барои бекор кардани никоҳаш гувоҳӣ диҳад?!

-Ман ҳеҷ чиз намедонам. Ҳар ҷо мехоҳед, равед шикоят кунед.

-Ман ҷое намеравам ва мехоҳам, ки ба ин қазия ҳамин ҷо файсал бибахшед.

-Боз гуфтам, ки равед, ҳар ҷо ки хоҳед, рафтан гиред…

Тарсидам, ки мӯҳтарама Р. А. Норова сари ҷаҳл ба мо тӯҳмат карда, бо телефони ҳамроҳ (яъне мобилӣ) ба ягон ҷо занг зада, аз мо шикоят намоянд, дар бало мемонам. Ин бор ҳам сафари мо аз Душанбе ба Истаравшан барои бекор кардани никоҳи писарам муваффақияте дар бар надошт.

Ниҳоят 26.02.2012 бо нияти бекор кардани никоҳи писарам аз Душанбе ба мақсади Истаравшан озими сафар шудам. Ҳафт шабонарӯз дар роҳ будам ва барои нону об ва зинда мондан чандсад сомонӣ сарф кардам. Вақте ба шаҳри Истаравшан расидам, рӯзи сешанберо (дар САҲШ-и Истаравшан танҳо рӯзи сешанбе никоҳ бекор карда мешавад) мунтазир шудам. Сешанбеи шашуми марти соли 2012 муваффақ нашудам, ки ба назди мӯҳтарама Р. А. Норова дароям. Бинобар ин рӯзи сешанбеи сездаҳуми март, соати ҳаштуним ба Идораи САҲШ-и Истаравшан рафтам. Сафи тӯлонии корафтодагон-завҷҳои дирӯз ва душманони ашаддии имрӯз, назди дари дафтари кории Р. А. Норова маро боз ба даҳшат овард.

Ним соат бештар мӯҳтарама Р. А. Норова ба кадом забони бегона, ки мафҳуми банда набуд, бар сари кадом завҷи ҷавон ва хешовандони он дод заданд ва ҷанҷол ба роҳ андохтанд. Ҳол бароям комилан рӯшан шуд, ки чаро мӯҳтарама Р. А. Норова дар ҷаласаи бекор кардани никоҳ ҳузури тарафайнро ҳатмӣ медонистаанд. Ишон дӯст доштаанд, ки алами чандин моҳу солҳо овора ва азият кардани мардумро маҳз дар ҳамин рӯз аз димоғи муборакашон берун кунанд ва одамон низ бидонанд, ки дар САҲШ-и Истаравшан мансабдори бекора пушти курсии идораи давлатӣ беҳуда нанишастааст ва забони дигарро ҳам медонад. Мӯҳтарама Р. А. Норова пас аз шикамсерӣ дод задан ва алами дилашонро холӣ кардан бар сари бечорагон (бояд зикр шавад, ки корафтодагон ҳарфҳои пасту баланд ва берабту низоми ин мансабдори воломақомро бо диққати том гӯш мекарданд ва касе дам намезад) ба ҷустуҷӯ ва таҳқиқи кадом як корманди САҲШ-и Истаравшан, ки «Гулҷаҳон» ном доштааст, пардохтанд. Аз телефони собит ба Гулҷаҳон занг заданд. Боз аз гӯшии телефони ҳамроҳ истифода бурда ба вай ё дигар кас занг заданд. Хулоса, духтархонуми нестандарҷаҳон Гулҷаҳон на дар ҷойи кор ва на дар дигар ҷой пайдо нашуд, ки нашуд.

Билахира, дақиқан соати нӯҳу панҷоҳ дақиқа «Абдулхайрова Гулбаҳор Лутфуллоевна-мутахассис оид ба бекоршавии никоҳ» (истилоҳи бисёр хуби онҳо) маро ҳидоят кард, то вориди дафтари кории Р. А. Норова шавам. Ин бор Р. А. Норова шиноснома, ваколатнома ва асноди зарурӣ барои бекор кардани никоҳро дида, дуд аз димоғаш баромад ва беибо гуфт:

-Шумо ба суд равед ва он ҷо коратонро ҳал кунед. -Пас чаро панҷ сол моро овора кардед?! Магар мо бекораем, ки барои бекор кардани як никоҳ наздик ба панҷ сол ба ин Идора биёему биравем ва масъала ҳал нашавад?!

-Гуфтам-ку, равед ба суд!

Р. А. Норова паси варақи Ариза барои бекор кардани никоҳ як мӯҳр гузошт ва ба дастам дод. Ман дигар ҳарфе назада, аз дафтари кории Р. А. Норова берун шудам.

Рӯнамои навиштаҷоти муборак, ки яке соли 2007 мӯҳр надошт ва дар дуввумӣ 13.03.2012 Р. А. Норова мӯҳри САҲШ-ро гузоштанд.

Вақте аз сохтмони САҲШ-и Истаравшан хориҷ мешудам, андешае ба сарам омад, ки барои хотира аз навиштаҷоти болои дари вурудии он бо гӯшии телефонии ҳамроҳ акс бигирам. Гӯшии телефонро омода карда, ду акс бардоштам. Ногаҳон пушти сарам корманди САҲШ-и Истаравшан пайдо шуд ва бо садои баланд пурсид:

-Амак! Шумо моҳона (яъне «моро»-М. М.) чӣ кор мекунед?!

-Ҳеҷ кор намекунам, лекин…

Мӯҳтарам Қоҳири Расулзода! Шумо Р. А. Нороваро хуб мешиносед. Ишонро чанд сол пеш барои ноӯҳдабароӣ ва корҳои тақаллуб дар ҳуҷҷатҳо аз вазифаи Мудирии Бахши САҲШ-и Истаравшан сабукдӯш карда буд.

Албатта, шумо бо намунаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва сохта, ки бо имзои мубораки мӯҳтарама Р. А. Норова дар даври нахустини фаъолияти мудириашон анҷом пазируфтааст, ошно ҳастед

Аммо чӣ шуд, ки ин корманди белаёқат ва ноӯҳдабаро (шояд ба кори худ ҳушёр!) дар поёни салтанати Мунъим Холиқов боз рӯи об баромад. Қиссаи ба ин вазифа мансуб шудани Р. А. Норова бисёр ибратомӯз аст. Сароғоз овоза шуд, ки ба Мудирии САҲШ-и Истаравшан Бӯтақул Мӯсоев мансуб гардид. Вале ба таври аҷибулғариб ва тамоман ногаҳонӣ пас аз як ҳафта Р. А. Норова Мудири САҲШ-и Истаравшан таъйин шуд (дақиқан шабеҳи гашти аспи Сезар дар Сенати Рум). Аз ин интихоби шойистаи болнишинони қудрат дар чунин вазифаи масъул на танҳо мардуми оддӣ ва бофаҳм, балки гунҷишкони болои дарахтон ва сари Масҷиди кабуд ҳам «шох бароварданд» (яъне «шокӣ шуданд»). Охир, магар мешавад корманди як бор эътимодро аз даст дода ва аз мансаб рондаро аз нав дар ҷойи пештараи кориаш ба мудирӣ таъйин кард?! Магар дар шаҳру ноҳияи Истаравшан ба чароғ дар рӯз пайдо кардани ягон мутахассиси ҳуқуқдон ва бофаҳм ё як инсони покният имкон надошт, ки ҳокимони вақт боз ба Р. А. Норова эҳтиёҷ пайдо карданд?! Агар имрӯзҳо назди дари дафтари кории Р. А. Норова сафи зиёди корафтодагон қатор шудаанд, ин маънои онро дорад, ки Мудири Бахши САҲШ-и Истаравшан масъулиятношинос ва ноӯҳдабарост ва ё пойи ришва дар миён аст. Дигар тавҷеҳе вуҷуд надорад. Аммо сабаби асосии боз бар Мудирии САҲШ-и Истаравшан мансуб шудани Р. А. Норова иртиботи хубу наздик, хешутаборӣ ва «қудову анда» (истилоҳи истаравшаниҳо) будани вай бо муовини Раиси шаҳри Истаравшан Мӯсо Олимов (раиси Ҳизби коммунисти Истравшан) будааст, на ягон корномаи фаъоли он хонума. Дар навбати худ кадом яке аз хешовандони наздики Раиси шаҳри Истаравшан Иброҳимҷон Ғоибназарович Абдуллоев низ дар САҲШ-и Истаравшан ифои вазифа мекунад. Чунин ба назар мерасад, ки дар мақомоти иҷроии шаҳру ноҳияи Истаравшан барои ба таври фарогир дар инҳисор даровардани ҷоҳу мансабҳои рӯғанин ба худтавлидкунӣ ва худкифоии комил расидаанд, албатта, бо салоҳдиди шумо. Дар ин минтақа хешутаборчигӣ ва ғайримутахассис масъаларо ҳал мекунад, на инсони кордону бофаҳм, соҳибмаълумот ва босаводу бофарҳанг.

Дар Истаравшан доир ба фаъолияти САҲШ афсонаҳои зиёде боварнокарданӣ даҳон ба даҳон мегардад ва мардуми корафтода ба ин даргоҳ бо он дили худро таскин мебахшад. Яке аз онҳоро занҳои корафтода ба мо нақл карданд:

Кадом як шахси пулдор аз САҲШ-и Истаравшан санади талоқ дарёфт карда, бо хонуми дигаре ақди никоҳ бастааст. Ҳамсари қаблии он марди пулдор бо ду фарзанд мемонад. Боре дар масъалаи шиноснома ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Истравшан муроҷиат менамояд. Он ҷо огоҳӣ меёбад, ки шавҳараш аз САҲШ-и Истаравшан хатти талоқ гирифта, бо дигаре издивоҷ кардааст. Ин зани бечора ҳоло на хонае харида метавонад ва на хонае фурӯхта, на ба ҷое рахти сафар баста метавонад ва на муомилаи бонкие анҷом дода. Байни замину осмон муаллақ ва нотавону бепар. Шавҳари собиқаш ба ҳоли вай механдад:

-Дидӣ?! Ман санади талоқ дорам, вале аз дасти ту коре барнамеояд!

Албатта, мо он қадар содда нестем, ки ба ин хел афсонаҳо бовар кунем. Вале пеш аз ба поён расонидани ин нома се нуктаро барои шумо ёдовар мешавам:

Нуктаи нахуст. Солҳо пеш буд. Бо падарам барои коре ба Идораи САҲШ-и (он замон «ЗАГС» мегуфтанд) Ӯротеппа муроҷиат кардем. Падарам-собиқадори Ҷанги ҷаҳонии дуввум (1941-1945), дорандаи Ордени Шараф, маслуқи дараҷаи якум, ки сандуқи синаашон дар ҷанги Финландия (соли 1939) бо тири мусалсал сӯрох шудаст ва як пояшонро соли 1943 дар ҷанги Сталинград аз даст додаанд. Пагоҳӣ соатҳои ҳаштуним ё нӯҳ вориди Идораи ЗАГС шудем. Танҳо як тасдиқнома (справка) лозим буд. То соати дувоздаҳуним мунтазир нишастем. Мансабдоре, ки бояд тасдиқномаро имзо мекард, наздикиҳои пешин ба падарам гуфт:

-Ман ҳозир вақт надорам. Пагоҳ справкаро имзо мекунам. Фардо биёед.

Падарам чизе нагуфтанд. Фардо боз ба Идораи ЗАГС муроҷиат кардем. Он мансабдор падарамро боз дар роҳрави Идора дида гуфт:

-Оббо! Ба ҷонам расондед! Ҳамун як справкача ба шумо чӣ лозим?

-Барои Идораи ҳифзи иҷтимоӣ.

-Равед! Пагоҳ биёед!

Ба чеҳраи падарам нигаристам. Дидам, ки арақи сард сару рӯяшонро пахш кард. Сари як по рост истода натавонистанд ва ноилоҷ чанд дақиқа ба девори роҳрав такя намуданд. Аз Идораи ЗАГС-и Ӯротеппа берун шудем. Сари роҳ яке аз дӯстони падарамро вохӯрдем. Он кас аҳволи бади падарамро дида, сабаб пурсид. Падарам воқеаи иттифоқуфтодаро нақл карда, дар охир афзуданд:

-Ман аз соли 1937 то соли 1943 дар майдонҳои набард будам ва ин мансабдор дар либосҳои занона дар даштҳои қазоқ фирорӣ. Имрӯз мо одами нодаркору ин ҳаромзода болонишин…

Он дӯст падарамро тасаллӣ доду гуфт, ки чанд дақиқа мунтазираш бошем. Бист-бисту панҷ дақиқа пас он дӯсти падарам бо тасдиқнома баргашт ва гуфт:

-Ин ҷо Ӯротеппа аст. Бояд гулӯи мансабдоронро рӯған кард. Бо панҷ сӯм кори тасдиқнома ҳал шуд. Хуб кардед, ки ба ҷое шикоят набурдед…

Он дӯсти падарам пас аз он оҳе амиқе кашиду чунин нақл кард:

-Яке аз хешовандони мо барои ҳаққу ҳуқуқи хеш ва адолат бисёр талош мекард. Ҳукуматдорони шаҳру ноҳия аз ӯ қади аҷал метарсиданд. Боре барои анҷоми коре ба Хуҷанд сафар кард. Он ҷо гӯиё худашро ба мошин задаст ва филҳол чанд тамошобини ҳангоматалаб низ гирду атрофаш пайдо шуда:

-Ин бахтбаргашта аз ақл бегона аст, вагарна одами боақл ва солим худашро ҳеч гоҳ ба мошин намезанад,-гӯён мурданивор лату кӯб кардаанд. Бечора дигар ба худ наомада, аз дунё гузашт. Муаллими маҳаллаамон низ дар пайравӣ ба он хеши мо гоҳ-гоҳ ба рӯзномаҳо мақола менавишт. Чанд рӯз пеш балони газ дар манзилаш таркид ва ӯ низ мурд. Беҳуда нагуфтаанд, ки ин ҷо Ӯротеппа аст-сарзамини Хуршед ва талу теппаҳо, яъне пастиву баландиҳо ва ҳар кас, ки мехоҳад Хуршеди оламороро бубинад, бояд аз ҳокимони вақт иҷозат бигирад, вагарна мемурад ва нишоне аз ӯ боқӣ намемонад…

Нуктаи дуввум. Чанд сол пеш барои саёҳат ба кишваре рафта будам. Он ҷо ба ман сохтмони як Вазоратхонаи давлатро нишон доданд, ки дар кашолкорӣ ва коғазбозӣ маъруфи замон аст. Номаи додхости як корафтода дар се сол аз ошёнаи якум ба ошёнаи севвуми Вазоратхона расидааст, яъне ҳар сол як ошёнаро тай кардааст. Ҳол бароям он чӣ ба мо дар он кишвар нишон доданд, афсонае нест, зеро Ариза барои бекор кардани никоҳи писарам ба САҲШ-и Истаравшан дар тӯли панҷ сол кашолкорӣ ва бемасъулиятӣ ба мақсад нарасид. Ҳазор офарин ба мардуми хунгарми Истаравшан ва кулли вилояти Суғд, ки чунин ҳокимонро баргузидаанд ва аз забони Ҷорҷ Бернард Шоу ба онҳо мегӯем:

«Демократия абзорест, ки итминон медиҳад, ҳукумате бар шумо таҳмил шавад, ки сазовори беҳтар аз онро нестед!»

Нуктаи севвум ин аст, ки Солон (байни солҳои 640-635 ба дунё омада ва наздикиҳои соли 559 пеш аз мелоди Исои Масеҳ фавтидааст)-раҳбари сиёсии Афини бостон ба ҳокими вақт чунин насиҳат карда буд:

-Вақте туро бар сари қудрат гузоштанд, дар мақому мансабҳои пойинтар одамони тамаллуқкорро ҷой мадеҳ. Зеро ҳар кадом муртакибе гуноҳе шавад, туро ба унвони сардор ба он сифатҳо муттаҳам мекунанд!

Албатта, зарари иқтисодӣ ва маънавие, ки дар тӯли панҷ сол аз кашолкории САҲШ-и Истаравшан дар ҳалли қазияи бекор кардани никоҳи писарам ба мо ворид шуд, ба садҳо ҳазор сомонӣ баробар аст. Маълум нест, ки онро САҲШ-и Истаравшан чӣ тавр бояд ҷуброн кунад. Ҳалли ин масъаларо низ ба ӯҳдаи Шумо, мӯҳтарам Қоҳири Расулзода, вогузор менамоем.

Номаи саркушодаро бо орзӯҳои нек ба поён мерасонам:

-Наврӯзатон пирӯз ва ҳар рӯзатон Наврӯз!

P.S. Вақте ки иншои ин номаи саркушода дар таърихи 15.03.2012 зери рӯшноии чароғи қувва (фанарик) ба поён расид, аз Идораи САҲШ-и Истаравшан пайкеро муваззаф кардаанд, ки ба назди мо бо пайғоми хуш ташриф овард. Ин пайк хабар дод, ки моро ба он Идораи САҲШ даъват доранд ва ваъда ҳам медиҳанд, ки масъалаи бекор кардани никоҳи писарамро ба охир хоҳанд расонд. Мо пешниҳоди ба Идораи САҲШ-и Истаравшан рафтанро қатъиян рад кардем ва гуфтем:

-Қазияи бекор кардани никоҳро мувофиқи супориши мӯҳтарама Р. А. Норова дар додгоҳ, яъне Суд, ҳаллу фасл хоҳем кард (2).

15.03.2012

Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Душанбе

26.02.2012-17.03.2012.

* * *

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Ниг.: Фараж. №36(246), 7.09.2011, с. 10. Дертар А. Холиқовро ба «нафақа» фиристоданд ва 5.01.2012 А. А. Қаҳҳоров аз мансаби вазири корҳои дохилӣ сабукдӯш карда шуд.

(2) Фараж, №16(281), 18.04.2012, с. 10-11.

* * *

Қисматҳои дигари мақолаи «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: