Перейти к содержимому

Ҳикматёр ҳам муддаии пирӯзӣ дар интихобот шуд // Чаро номзадҳои интихоботи Афғонистон эъломи пирӯзӣ мекунанд?

Дар ҳоле, ки бар асоси эъломи Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон, 18 рӯз то эъломи натиҷаи ниҳоии интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар боқӣ мондааст, аммо номзадҳои ин интихобот шурӯъ ба эъломи пирӯзӣ кардаанд.

Ҳанӯз то замони эъломи натоиҷи ниҳоии чаҳорумин давраи интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон 18 рӯз боқӣ монда, бо ин ҳол бархе номзадҳо аз ҳамон соатҳои поёни замони баргузории интихобот бо баргузории нишастҳои хабарӣ ва ё дар гуфтугӯ бо расонаҳо, пирӯзии зудҳангоми худро эълом карда ва мегӯянд чунончи натиҷа чизе ғайр аз эъломи пирӯзии онҳо бошад, ба он пойбанд нахоҳанд буд.

Ба гузориши Tasnimnews, дар ин байн тимҳои интихоботии Ашраф Ғанӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Гулбиддин Ҳикматёр ва Ҳаким Турсун тасреҳ кардаанд, ки интихобот ба даври дуввум нахоҳад рафт ва худро пирӯзи интихобот эълом мекунанд.

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали тими интихоботии “Давлатсоз” ба раҳбарии Ғанӣ, ба “Садои Омрико” гуфтааст: “Бар асоси оморе, ки ин тим дарёфт карда, байни 60 то 70 дарсади мардум ба тими “Давлатсоз” раъй додаанд ва бар асоси оморҳои ғайрирасмӣ ин тим пирӯзи интихобот аст.”

Пас аз он буд, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раҳбари тими интихоботии “Субот ва ҳамгароӣ” дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин тим бо ихтилоф аз дигар номзадҳо орои бештареро касб карда ва интихобот ба даври дуввум нахоҳад рафт, зеро ин тим давлати ояндаи Афғонистонро ташкил хоҳад дод. Вай гуфт, ки танҳо орои “пок” мавриди қабули ин тим аст ва ин бор шароит бо интихоботи соли 2014 мутафовит аст.

Ҳикматёр низ дар гуфтугӯ бо ВВС муддаӣ шуд, ки ба таври яқин пирӯзи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ аст.

Аз сӯи дигар Ҳаким Турсун, ки ба далели изҳори назарҳои зидду нақиз аз номзадҳои ҷанҷолии интихобот буд низ ба расонаҳо гуфтааст: “Зарурате ба даври дуввум рафтани интихобот нест, Турсун дар даври аввал раисиҷумҳур аст. Умедворам дигар расонаҳо маро номзади интихобот нагӯянд, балки бигӯянд Турсун раисиҷумҳури Афғонистон.”

Аммо нуктаи муҳим дар ин миён ин аст, ки чаро номзадҳои интихоботи Афғонистон бо ин аҷала ба дунболи эъломи пирӯзии зудҳангом дар интихобот ҳастанд?

Шояд битавон посухи ин пурсишро бо баррасии гузаштаи интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон — аз замони ҳузури Омрико дар ин кишвар ва шароити кунунии он — дарёфт.

Барои ҳамаи тимҳои ҳозир дар интихоботи Афғонистон ин як “асли пазируфташуда” аст, ки раванди интихобот дар ин кишвар бо тақаллубу фасоди густурда ҳамроҳ аст ва дар ниҳоят низ агар ихтилофи ҷиддӣ миёни тимҳои интихоботӣ ба вуҷуд ояд, ин Омрикост, ки тасмими ниҳоиро мегирад ва қудратро тақсим мекунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин “асли пазируфташуда” ва бо назар ба шароити кунунӣ дар Афғонистон, то ҳадде метавон далели ин ҳама шитоб дар эъломи пирӯзии зудҳангом аз сӯи тимҳои интихоботии Афғонистонро дарёфт.

* * *

Таҷрибаи интихоботи гузашта ва шавқи тақсими қудрат

Тимҳои интихоботӣ дар Афғонистон ба ин мавзӯъ воқиф ҳастанд, ки бешак дар ин интихобот тақаллубу фасоди густурда рӯй хоҳад дод монанди он чи дар 3 давраи гузаштаи интихоботи Афғонистон аз соли 2001 то кунун рух додааст. Ҳол тимҳои интихоботӣ пеши рӯи худ ду роҳ доранд:

1) Роҳи аввал ин аст, ки онҳо ба ин фасоду тақаллуб тан дода ва сукут ихтиёр кунанд ва натиҷаи ниҳоиро бипазиранд, албатта қабули ин шароит низ вобаста ба касби ҳаддиақалҳои қудрат аст. Дар нахустин давр аз интихоботи Афғонистон ва замоне, ки рақобати ҷиддӣ миёни Ҳомид Карзай ва Юнус Қонунӣ буд, Карзай тавонист бо такя бар ҳамин шикофи қонунӣ дар интихобот пирӯз шавад; пирӯзие, ки бо муқовимати ҷиддии Юнус Қонунӣ рӯ ба рӯ шуд, аммо ӯ пас аз муддати кӯтоҳе аз мавозеъаш кӯтоҳ омад. Дар ҳамон замон иддае эълом карданд, ки Қонунӣ дар муқобили дарёфти бахше аз қудрат ва манобеи молӣ розӣ ба сукут шудааст. Ва ин дақиқан монанди он чизе аст, ки дар даври баъд дар рақобат миёни Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ пеш омад. Ба назар мерасад таҷрибаи ҳукумати ваҳдати миллӣ ин бор тимҳои интихоботиро барои сукут ва пазириши натиҷаи ниҳоии интихобот розӣ нахоҳад кард ва онҳо ба дунболи саҳмияи бештар бошанд.

2) Роҳи дуввум ҳамонанди он чизе аст, ки мунҷар ба ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ шуд, яъне адами пазириши натоиҷи ниҳоӣ ва муқовимати беш аз андоза дар муқобили хости тими пирӯз ва сад албатта Омрико ба унвони тасмимгири ниҳоӣ. Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва тими ҳомиёни вай, ки собиқаи ду бор пазириши бидуни чуну чарои шикаст дар интихобот дар муқобили Карзайро доштанд, дар интихоботи соли 2014 ва дар ҳоле, ки оро ҳокӣ аз пирӯзии онҳо буд, муҷаддадан бо эъломи шикаст мувоҷеҳ шуданд, аммо ин бор тасмими онҳо адами пазириши натиҷа буд. Ин бор Абдуллоҳ Абдуллоҳ даст ба эътирози ҷиддӣ ва муқовимат барои расидан ба хостааш зад ва дар ниҳоят Омрико маҷбур шуд кулли системи интихоботи Афғонистон ва ҳукумат дар ин кишварро тағйир дода ва ҳукумати ваҳдати миллиро шакл диҳад; ҳукумате, ки симате ба унвони “Риёсати иҷроӣ” фаротар аз салоҳиятҳои муовини аввал дар он шакл гирифт ва ин бор Абдуллоҳ бар хилофи гузашта тавонист дар давлат саҳми бештаре аз қудратро дошта бошад ва бад-ин васила омрикоиҳо тавонистанд ӯро розӣ кунанд.

Дар ин давр аз интихобот низ шоҳиди он ҳастем, ки номзадҳои мухталиф ба дунболи шакл додан ба чунин ҷараёне ҳастанд. Онҳо бо эъломи пирӯзии пеш аз мавъид, хоҳони он ҳастанд, ки битавонанд худро ба сурати ҷиддӣ матраҳ карда ва дар оянда дар қудрат саҳми бештареро ба худ ва ҳомиёнашон ихтисос диҳанд.

* * *

Шароити кунунии Афғонистон ва мавзеъи Омрико

Бо барҳам хӯрдани музокироти сулҳ миёни Омрико ва Толибон, акнун давлати Тромп тамоми ҳавосси худро мутаваҷҷеҳи интихоботи Афғонистон карда ва ба дунболи обрӯдорӣ дар ин интихобот аст. Тимҳои интихоботии Афғонистон ба хубӣ бар ин мавзӯъ низ воқиф ҳастанд, ки барои Омрико истиқрори як давлати муқтадир дар шароити кунунӣ аҳаммияти садчандон дорад, зеро онҳо бо такя ба ин давлат метавонанд бори дигар ба мизи музокира бо Толибон баргарданд ва дар ғайри ин сурат Толибон беш аз гузашта дасти бартарро хоҳад дошт ва аз мавозеъ ва манофеи худ кӯтоҳ нахоҳад омад.

Омрико ҳамчунин ба дунболи барқарории оромиши пеш аз бозгашт ба мизи музокира бо Толибон аст ва медонад чунончи шароити интихобот ба самте пеш равад, ки тимҳои норозӣ шикояташонро ба кафи хиёбон биёваранд, имкони ҳар гуна нооромӣ вуҷуд дорад ва авлавияти сулҳ бо Толибон ба авлавияти дасти дуввум табдил хоҳад шуд ва Омрикоро беш аз пеш дар ботлоқи Афғонистон фурӯ хоҳад бурд.

Ва дар ниҳоят тимҳои интихоботии Афғонистон ин муҳимро низ пазируфтаанд, ки ин Омрикост, ки тасмими ниҳоӣ дар мавриди эъломи тими пирӯзро хоҳад гирифт.

Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамаи масоили фавқ, ҳол метавон ингуна ҷамъбандӣ кард: тимҳои интихоботии Афғонистон бо дарки шароити мавҷуд дар кишварашон ва аҳаммияти ин интихобот барои Омрико аз як сӯ ва бо доштани таҷрибаи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ аз сӯи дигар, шурӯъ ба эъломи пирӯзии зудҳангом кардаанд, то аз ин тариқ битавонанд Омрикоро таҳти фишори ҷиддӣ гузошта ва битавонанд саҳми ҳаддиаксари қудратро барои худ дар давлати оянда ба даст оваранд.

Аммо ин интихобот як тафовути ҷиддӣ дорад ва он ҳам ҳузури Ҳикматёр ба унвони зилъи севвуми талабкор аст. Дар ҳоле, ки дар интихоботҳои гузашта ҳамвора ду рақиби ҷиддӣ вуҷуд дошт ва Омрико метавонист бо гурӯҳи бозанда вориди муомила шавад, ин бор Ҳикматёр ба унвони зилъи ҷиддӣ ҳузур дорад, ки корро беш аз пеш барои Вошингтун сахт хоҳад кард.

Ба назар мерасад дар рӯзҳои оянда омрикоиҳо ба шиддат фаъол хоҳанд шуд ва бо тимҳои мухталиф барои розӣ кардани онҳо вориди гуфтугӯҳои мустақим шаванд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: