Перейти к содержимому

Ба баҳонаи зодрӯзи Ҳойдегер

Тазаккур: Бо ин ки зодрӯзи Мортин Ҳойдегер (Martin Heidegger) ҳудуди як ҳафта пеш буд яъне 26 сентябр ва қарор буд ин мақоларо дар ҳамон рӯз бигузорам, аммо ба далели даргирӣ бо бархе масоили дигар натавонистам он рӯз гузорам, аммо ба назарам, ҳанӯз дер нашудааст.

* * *

Мортин Ҳойдегер, аз фалосифаи бисёр барҷастаи на танҳо Олмон, ки кулли ҷаҳон дар қарни 20-ум аст. Ӯ дар 26 сентябри соли 1889 дар хонаводае котулик дар яке аз рустоҳои аёлати Боден-Вуртемберг ба номи Мескирш дар Олмон ба дунё омадааст. Падари ӯ ходими калисо буд. Ҳойдерег илоҳиётро аз соли 1909 дар Донишгоҳи Фройбург оғоз кард ва баъд аз он ба фалсафа рӯй овард. Фаъолияташ ҳамвора таҳти таъсири устодаш Едмунд Ҳусерл (Edmund Husserl) буд. Вай аз аъзои ҳизби нозӣ ва намояндаи ин ҳизб дар Донишгоҳи Фройбург буд. Ӯ дар 26 майи соли 1976 даргузашт.

Зиндагиномааш чандон муҳим нест, дар ин навиштор бар онам, то бештар дар бораи афкору андешаҳои ӯ сухан ба миён оварам.

Муҳимтарин асари Мортин Ҳойдегер китоби “Вуҷуд ва замон” аст. Ҳойдегер ин китоби худро бо як пурсиш шурӯъ мекунад ва бо ҳамон пурсиш китобашро тамом мекунад. Пурсиши калидии Ҳойдегер ин аст, ки: “Ҳақиқати вуҷуд чист?

Ҳойдегер мӯътақид аст, ки вақте ба таърихи фалсафа назар мекунем ва ба Арасту мерасем, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки Арасту “вуҷуд”-ро ба “мавҷуд” (ё “ҳастӣ”-ро ба “ҳаст”) коҳиш медиҳад. Ин коҳиши “вуҷуд” ба “мавҷуд”, як навъ ғафлат аз асли “вуҷуд ва ҳастӣ” аст. Баъдҳо дар қуруни вусто фалосифа мӯътақид буданд, ки вуҷуд бениёз аз таъриф аст. Яъне, мафҳуми вуҷуд мафҳуме равшан аст. Дар суннати фалсафаи исломӣ низ файласуфони мусалмон вуҷудро бениёз аз таъриф медонанд. Онҳо ҳатто бар таърифнопазирии вуҷуд бурҳон иқома мекунанд.

* * *

Дозойн (Dasein) ва шинохти вуҷуд

Ҳойдегер аммо мӯътақид аст, яке аз мушкилоти фалсафа дар ғафлат аз вуҷуди асил, мафҳуммеҳварӣ аст. Аз назари Ҳойдегер, “мафҳум” дар муқобили “маъно” қарор дорад. Мафҳум як амри интизоъӣ (abstract) аст ва бо таҳлили ақлӣ ба даст меояд; дар ҳоле ки маъно як амри инзимомӣ (concrete) аст ва инсонҳо дар зиндагии воқеӣ бо он мувоҷеҳ ҳастанд.

Барои шинохт ва фаҳми “вуҷуд”, бояд ба маънои он таваҷҷӯҳ кард, на мафҳуми он. Фаҳми маъно низ равиши хосси худро дорад ва ин равиш, аз назари Ҳойдегер, ҳамон падидоршиносии ҳерменутикӣ (hermeneutical phenomenology) аст. Падидоршиносӣ равише аст, ки “Дозойн” (ҳамон инсон) онро ба кор мебарад. Ба ин тартиб, Ҳойдегер барои фаҳми маънои ҳастӣ, таваҷҷӯҳ ба “Дозойн”-ро амре меҳварӣ медонад. Дозойнро дар форсӣ ба “вуҷуди инҷоӣ-онҷоӣ” тарҷума кардаанд. Манзур аз “Дозойн” ҳамон “инсон” аст. Вуҷуд дорои зотҳо ва ҳиссаҳое аст ва яке аз ин зотҳо ва ҳиссаҳо, инсон аст.

* * *

Ҳойдегер ва поёни фалсафа

Машҳур аст, ки Ҳойдегер мӯътақид аст, фалсафа ба поёни худ расидааст. Пеш аз Ҳойдегер низ бархе сухан аз поёни фалсафа ба миён оварда буданд. Ҳойдегер мӯътақид аст, ки фалсафа дунёи Ғарбро шакл додааст. Ба ақидаи вай, фалсафа зуҳури “умонизм” (humanism) аст. Умонизми ғарбӣ мунҷар ба шаклгирии тамаддуни кунунии Ғарб шуда ва текнулужӣ ба навъе маҳсули он аст.

Ҳойдегер баён мекунад, ки танҳо “Дозойн” (ҳамон инсон) аст, ки метавонад аз ғорнишинӣ ба бурҷнишинӣ бирасад. Инсон “вуҷуди онҷо” дорад, “эгзистон” дорад ва метавонад аз худ берун биистад ва аз ҳудуду суғури худ дар ин лаҳза фаротар биравад.

Аз назари Ҳойдегер, қувваи фалсафа бо Ҳегел тамом мешавад. Ҳегел дар китобҳои худ, хусусан дар китоби “Падидоршиносии руҳ” (The Phenomenology of Spirit), изҳор медорад, ки хотами фалосифа аст ва дар воқеъ пас аз ӯ ҳеч файласуфи бузурги низомсозе зуҳур намекунад. Пас аз Ҳегел, тадриҷан фалсафаҳои музофе назири падидоршиносӣ (phenomenology), ҳерменутик (hermeneutics) ва ғайра, ва дар фалсафаи таҳлилӣ назири маърифатшиносӣ (epistemology), фалсафаи зеҳн (philosophy of mind), фалсафаи забон (philosophy of language) ва ғайра зуҳур мекунанд. Ҳеҷ кадом аз ин фалсафаҳо ҷаҳонро ба таври куллӣ тафсиру таъвил намекунанд.

Моркс низ чунин изҳор мекард, ки фалсафа то кунун ба дунболи тафсири ҷаҳон будааст, аммо акнун замони тағйири ҷаҳон фаро расидааст. Ҳойдегер низ баён мекунад, ки фалсафа дигар имкони тағйир дар ҷаҳонро надорад. Яъне тавоноии тарҳу барномарезӣ барои дунёи ҷадидро надорад. Ҳойдегер мӯътақид аст, ки яке аз асбобу авомили вуқӯи ҷангҳои ҷаҳонии аввал ва дувум, фалсафидани фалосифае назири: Лок, Ҳобз, Конт ва Вебер буд. Тафаккуроти ин андешамандон имкони зуҳури ингуна ҷангҳоро ба вуҷуд оварданд.

Ҳойдегер худро файласуф намедонад, балки худро як андешаманд ва мутафаккир ба ҳисоб меоварад. Ӯ мӯътақид аст, ки фалсафа чизе нест ба ҷуз пурсишгарӣ дар мавриди масоил ва умури бунёдин.

* * *

Ҳерменутики фалсафӣ

Баҳсҳои Ҳойдегер дар боби моҳияти “фаҳму тафсир, забон, таъсирпазирии фаҳм аз пешфаҳмҳо ва таърихӣ будани вуҷуди инсон” мунҷар ба пайдоиши “Ҳерменутики фалсафӣ” гардид. Ҳойдегер дар суханрониҳои соли 1923 ва дар китоби “Вуҷуд ва замон”, ошкоро бо фосила гирифтан аз талаққии роиҷ дар бораи равиши фаҳм ва равишшиносии улуми инсонӣ, дидгоҳи комилан тозаеро пеш ниҳод, ки баъдҳо тавассути шогирди ӯ Годомер ба “Ҳерменутики фалсафӣ” шӯҳрат ёфт ва аз сӯйи касоне назири Рикер (Paul Ricœur) ва Деридо (Derrida) пайгирӣ шуд.

То пеш аз пайдоиши ҳерменутики фалсафӣ, ҳерменутик ба равишшиносии фаҳм маҳдуд мешуд; ба гунае ки ҳерменутик маҷмӯае аз қоъидаҳо ва услубҳо барои роҳёбӣ ба маънои воқеии матн ва муроди ҳақиқии муаллиф буд ва аз ин ҳадд фаротар намерафт. Аммо бо шаклгирии ҳерменутики фалсафӣ тавассути Ҳойдегер ва шогирдаш Годомер, ҳастишиносии фаҳм ба масъалаи меҳварии ҳерменутик табдил шуд ва пурсиш аз чистӣ ва моҳияти худи падидаи “фаҳм” ва омилҳои таъсиргузор бар шаклгирии он ба миён омад.

Годомер ҳерменутикро ба манзилаи куниши фалсафӣ таъриф мекунад, ки масъалаи марказияш ин аст: чӣ гуна фаҳм мумкин мешавад? Ба иборати дигар, ҳерменутики фалсафӣ асосан алоқае ба ироаи равиш ва баёни усул ва қоъидаҳои ҳоким бар фаҳму тафсир надорад. Ва на танҳо алоқае ба ироаи равиш надорад, балки ба нақди равишшиносӣ низ мепардозад ва ин андешаро, ки аз роҳи танқеҳи равиш метавон ба ҳақиқат расид, ба нақд мекашад.

Шояд битавон парҳез аз “ироаи равиш” ва ба ҷойи он, таваҷҷӯҳ ба “ҳастишиносии фаҳм”-ро меъёри аслии фалсафӣ шудани ҳерменутик дар андешаи Ҳойдегер ва Годомер донист.

Годомер дар китоби “Ҳақиқат ва равиш” ин андешаро, ки “ягона роҳи вусул ба ҳақиқат, пайравӣ аз равиши фаҳм аст” ба чолиш мекашад. Аз назари Годомер, равиш ба наҳви томму тамом ба ҳақиқат роҳ намебарад.

Ҳерменутики фалсафӣ, дигар, равише барои расидан ба фаҳм нест. Зеро асосан фаҳм чизе нест, ки бо равиш битавон ба он даст ёфт. Фаҳм, дигар, амали зеҳнии инсон дар баробари айн тасаввур намешавад, балки фаҳм иборат аст аз: “наҳваи ҳастии худи инсон”. Инсон дар ҳар лаҳза аз зиндагии худ, дар ҳоли фаҳми ҳастӣ, имконоти худ ва хештани хеш аст ва даст ба таъвилу тафсири хеш мезанад. Ба гуфтаи Ҳойдегер, ҳерменутик илме аст, ки аз тариқи “Дозойн” (инсони инҷоӣ-онҷоӣ) моҳияти ҳастиро бар худаш маълум мекунад. Дар фаъолияти ҳерменутикӣ пешдовариҳо ва пешфарзҳои Дозойн (ҳамон инсон) дар мувоҷеҳа бо мавзӯи хоссе ошкор мешавад ва дар натиҷа абъоди ҷадиде аз ҳастии инсон бар худи ӯ кашф мегардад. Аз ин рӯ, ҳар фаҳме дар бораи ҳар мавзӯе, иборат аст аз: хештанфаҳмӣ. Ба ҳамин далел, Ҳойдегер фаҳмро хоссияти зотии инсон медонад. Аз назари ӯ, вуҷуди инсон зотан ҳерменутикӣ аст ва инсонҳо аз тариқи фаъолияти тафсирӣ ва таъвилӣ вуҷуд доранд.

Дар ҳоле, ки андешаи ҳоким дар замонҳои қабл аз Ҳойдегер ин буд, ки меъёрҳо ва қоъидаҳое вуҷуд доранд, ки ба мадади онҳо метавон фаҳми дурусту мӯътабарро аз фаҳмҳои нодурусту ғайримӯътабар бозшиносӣ кард ва ба фаҳми айнии маънои матн даст ёфт, аз назари Ҳойдегер ва ҳаводорони ҳерменутики фалсафӣ аммо, асосан фаҳм амре нисбӣ аст ва роҳе барои дастёбӣ ба муроди воқеии муаллиф дар даст нест.

Аз назари Ҳойдегер, ҳамаи мо мавҷудоте таърихӣ ҳастем. Манзури ӯ ин аст, ки ҳастии мо, одамиён сохтаи суннатҳое аст, ки ба ирс бурдаем. Маъное, ки дар зеҳни одам шакл мегирад, маҳсули ҳаёти таърихии ӯст. Ҳаёте, ки маҷмӯае аз қазоватҳои пешиниро дар зеҳни ӯ сохтааст. Ва ба иборати дигар, таърихмандии инсон маҷмӯае аз тасаввурот ва боварҳоро дар зеҳни ӯ шакл мебахшад, ки Ҳойдегер аз он ба “пешсохтори фаҳм” таъбир карда. Ин пешсохтори фаҳм, ки ҳеч роҳи гурезе аз онҳо нест, зеҳнияти муфассирро дар амали фаҳм маншаи асар мекунад ва боис мешавад, то муфассир натавонад ба шеваи реалистӣ ба маънои мавриди назари муаллиф ва ё ба иборати дигар, ба фаҳми айнӣ даст ёбад.

Бар хилофи нигоҳи давраи равшангарӣ, ки мехост бо истифода аз равиши дуруст худро аз пешдовариҳо халос кунад, ҳерменутики фалсафӣ мӯътақид аст, аввалан, халосӣ аз пешдоварӣ ва пешсохтори фаҳм ба ҷиҳати таърихӣ будани инсон мумкин нест. Ва сониян, набояд пешдовариро ба маънои манфӣ фаҳмид. Пешдоварӣ муқаввими фаҳм аст ва асосан ҳеч фаҳме бидуни он имкон надорад.

Ва аз он ҷое, ки ҳар инсоне маҳсули шароити фарҳангӣ ва таърихии мутафовите аст, бинобар ин, ҳар фард фаҳме мутафовит бо дигарӣ дорад. Ин масъала имкони дастёбӣ ба як фаҳми мутлақ аз падидае хоссро ба чолиш кашида ва ба нисбияти фаҳм мунҷар мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки дастёбӣ ба муроди муаллиф, амре беаҳаммият ва номумкин шинохта мешавад.

* * *

Ин буд хулоса ва чакидаи андешаҳои Ҳойдегер. Албатта, ин дидгоҳҳо ва бахусус “ҳерменутики фалсафӣ” ва масъалаи фаҳм, ки Ҳойдегер ироа карда, ишколоти асосӣ доранд ва бисёре аз фалосифа, чӣ дар Ғарб ва чӣ дар ҷаҳони ислом, ба онҳо эродҳо ва ишколҳои асосӣ ворид кардаанд, ки феълан дар мақоми баёни онҳо нестем ва иншоаллоҳ дар маҷоле дигар, онҳоро хоҳем овард.

* * *

Ҳойдегер ва ҳизби нозӣ

Ҳойдегер ҳаргиз фошист (ба маънои воқеии он) набуд. Ӯ, ки дар замони фошистҳо раиси донишгоҳ буд, барои он ки ба кораш идома диҳад, чорае надошта ҷуз он ки узви ҳизби нозӣ бишавад. Бо ин вуҷуд, бархе афсарони нозӣ ӯро душмани худ мепиндоштанд. Ҳонс Cлуго (Hans Sluga), муаррих, вазъи Ҳойдегер дар ҳангоми риёсати донишгоҳро чунин тавсиф кардааст:

Ӯ (Ҳойдегер) ба унвони раиси донишгоҳ, монеъ аз намоиши пустери зидди cомӣ тавассути донишҷӯён дар вурудии донишгоҳ ва идомаи сӯзондани китобҳо мешуд..

Дар 23 сентябри соли 1966, Ҳойдегер бо маҷаллаи “Эшпигел” мусоҳибае дошт, ки дар он пазируфт, ки дар бораи гузаштаи сиёсиаш баҳс кунад. Мусоҳиба дар 31 майи 1976 мунташир шуд. Ҳойдегер дар он мусоҳиба аз даргириаш дар Ҳизби сусиёл-миллӣ (ҳамон ҳизби нозӣ) ба ду тариқ дифоъ кард: аввал ин ки, чораи дигаре набуд, ӯ саъй кард донишгоҳ (ва ба таври куллӣ улумро) аз сиёсӣ шудан наҷот диҳад ва бинобар ин маҷбур буд бо нозиҳо ба тавофуқу мусолиҳа бирасад. Дуввум ин ки ӯ пазируфт як бедориро мебинад, ки мумкин буд барои ёфтани як шигирди ҷадиди миллӣ ва иҷтимоӣ ба дард бихӯрад, аммо назараш дар бораи он дар 1934 тағйир кард. Ҳойдегер дар ин мусоҳиба, аз суханрониаш дар соли 1935 бо шарҳи “Ҳақиқати дарунӣ ва азамати ҷунбиш” дифоъ кард. Ӯ тасдиқ кард, ки хабаррасонони нозӣ, ки суханронии ӯро мушоҳида карданд, аз калимаи ҷунбиш дарк мекарданд, ки манзури ӯ Ҳизби сусиёл-миллӣ будааст, дар ҳоле ки донишҷӯёнаш медонистанд, ки ин баён марбут ба ҳизби нозӣ набуд.

* * *

Манобеъ:

1) Вуҷуд ва замон, Мортин Ҳойдегер, тарҷумаи Сиёвуши Ҷамодӣ;

2) Ҳерменутики Ҳойдегер, таълифи нигоранда (Сайидюнуси Истаравшанӣ);

3) Гузаре бар андешаҳои Мортин Ҳойдегер, таълифи Амирҳусайни Хоҷавӣ;

4) Ҳерменутик, таълифи Оятуллоҳ Ҷаъфари Субҳонӣ;

5) Мортин Ҳойдегер ва ҳерменутики фалсафӣ, таълифи Оятуллоҳ Раббонии Гулпойгонӣ;

6) Даромаде бар ҳерменутик, таълифи Аҳмади Воизӣ;

7) Таърихмандии фаҳм дар ҳерменутики Годомер, Имдод Турон;

8) Донишномаи озоди Википедия.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: