Перейти к содержимому

Забони форсӣ василаи худогоҳии миллии эрониён аст

Пруфесур Думенику Инҷениту, раиси Депортумони таърих ва фарҳангҳои килосики Донишгоҳ Колифурниё, мӯътақид аст, ки забони форсӣ мероси муштараки эрониён барои ҳифзи худогоҳии миллӣ аст ва тадовуми забони форсӣ то кунун, ба далели таҷаллии худогоҳии миллии эрониён дар ин забон аст. Ӯ мӯътақид аст, забони форсӣ забоне аст, ки ҳам андешаҳоро бо худ ҳамл меккунад ва ҳам василаи худогоҳии таърихии эрониён аст.

Думенику Инҷениту (Domenico Ingenito) — устод ва раиси Депортумони таърих ва фарҳанги килосики Донишгоҳи Колифурниё

Забони форсӣ ганҷинае аз мазомини гаронсанг аз андешаҳои ноби инсонӣ ва ахлоқист, ки роҳҳои инсонӣ зистан на ҳамчун як забон, балки як ойини фарбеҳу хушоҳанг бар ҷоми ҷони мардумони бисёре дар паҳнаи Машриқ, чунон бодаи маърифат рехта, ки шодобии андешаҳояш, ба рағми захмҳои таърихӣ, ҳамчунон бар созҳои забонӣ ва маърифатии бисёре захма мезанад. Забоне, ки ҳам андешаҳоро бо худ ҳамл мекард ва ҳам василаи худогоҳии таърихии эрониён буд ва ҳам пуштвонаи диндорӣ ва забони илм буд ва меросе барои посдорӣ аз Эрон. Ҳар ойина, ки забони форсӣ дучори рахвате аз берун шуд, ҳамчун сарвҳои боғҳои кавириаш, дубора қомат афроштааст ва бо ҳозимае бисёр қавӣ ва бо омезиши гузидагароёна бо забонҳои юнонӣ, арабӣ, туркӣ ва муғулӣ, ҳам андешаҳои ин забони пурарзишро дар зарфи он забонҳо рехта ва ҳам аз ҷанбаҳои мусбати онҳо бардоштҳои баҳинае доштааст.

Пруфесур Думенику Инҷениту (Domenico Ingenito) — устод ва раиси Депортумони таърих ва фарҳанги килосики Донишгоҳи Колифурниё, ки нигориши осори бисёре дар робита бо Ҳофиз ва забони форсӣ, ба забони ангилисиро дар корнома дорад, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Илно, аз аҳаммият, рамзи бақо ва чароии тадовум ва печидагиҳои забони форсӣ сухан ба миён меоварад.

Илно: Иллати бақои таърихии забони форсиро дар чӣ мебинед? Оё забони форсӣ тилисме барои шикаста нашудан дорад?

Думенику Инҷениту: Забони форсӣ дар канори забони исландӣ, қадимитарин забонҳои роиҷ дар ҷаҳон ҳастанд ва қидмати забони форсӣ албатта аз тамоми забонҳои дунё бештар аст. Далоили бисёр зиёде барои қидмат доштани забони форсӣ вуҷуд дорад, вале намешавад тамоми ин далоилро дар як тайфи таърихӣ, ё равоншинохтӣ, забоншинохтӣ, динӣ ва сиёсӣ дастабандӣ кард.

Ҳамон тавр ки медонед, эрониён нахустин мардумоне буданд, ки тавонистанд мафҳуми давлат-миллатро (ба таъбири Ҳегел), пеш аз шаклгирии таърихии ин мафҳум дар Урупо (ва ҷаҳон), дар сарзамини худ сомондиҳӣ кунанд ва ба ҳамон таъбир, тавонистанд ба худогоҳии миллӣ бирасанд. Ин яъне ин ки эрониён ҳамвора нисбат ба миллат буданашон воқиф буданд. Барои шаклгирии як миллат низ, илова бар вуҷуди дастгоҳи сиёсии миллии ҳоким, бояд забони миллӣ ва низоми боварҳои динӣ (ва ақидатӣ) дар даруни як марзро барои худ таъйин кунанд. Эрониҳо бо истифода аз забони форсӣ, тавонистанд як пайванди фарҳангӣ ва сиёсӣ дар чорчӯби сарзаминҳои паҳновари худашон эҷод кунанд. Эрониён ҳар бор, ки давлатҳои миллиашон тавассути хориҷиҳо суқут кард, барои ҷилавгирӣ аз суқути миллат буданашон, аз забони форсӣ ҳамеша бо қудрати болое истифода карданд ва иҷозаи суқути худогоҳии миллиашонро надоданд. Шояд тилисми забони форсӣ, ҳамин худогоҳии миллии эрониён аст.

Илно: Дар Руми бостон ҳам, давлати миллӣ вуҷуд дошт ва дар Чину Ҳинд низ давлатҳои пурқудрати миллӣ ба вуҷуд омад, аммо ҳаргиз забони миллӣ дар ин кишварҳо барқарор намонд. Чӣ далеле барои ин ҷонсахтии забонӣ вуҷуд дорад, ки дар миёни миллатҳои дигар камтар ба чашм меояд?

Думенику Инҷениту: Ҳамин тавр аст, дар Рум давлати миллӣ вуҷуд дошт, аммо ҳаргиз мабнои машрӯъ надошт. Бисёре аз ин ақвом масеҳӣ шуда буданд, аммо давлати мустақар дар Рум ҳозир ба пазириши ин тағйир набуд. Шояд дар посух бигӯед, ки бархе аз имперотурҳои Рум ҳам масеҳӣ шуданд, аммо ин ба танҳоӣ барои ин ақвом кифоят намекард ва давлати имперотурӣ як давлати секулор буд, ки ҳеч боваре ба калисо надошт. Ба ин далел, пас аз фурӯпошии Имперотурии Рум забонҳои қавмӣ дар сарзаминҳои мухталифи урупоӣ ҷойгузини забони миллии пешин (лотин) шуд. Бисёре аз ин забонҳо акнун забони миллӣ ҳастанд ва мардуми сарзаминҳояшон дигар на шаҳрвандони калисои Вотикон ҳастанд ва на шаҳрвандони Имперотурии Рум. Худогоҳии миллӣ доранд ва давлат-миллатҳои худашонро таҳаққуқ бахшидаанд, ҳарчанд решаҳои хешовандии забонӣ дар ин забонҳо бисёр дида мешавад ва ҳамаи онҳо реша дар забони лотин доранд.

Дар робита бо Чин, вусъати бисёр зиёди ин кишвар, яке аз далоиле буд, ки ҳаргиз забони мондорин (як гурӯҳ аз забонҳои чинӣ) натавонист ба забони миллӣ бадал шавад. Ин як забони мукотиботӣ буд ва саводомӯзӣ барои мардуми пуршумори Чин дар сарзаминҳои васеъашон муяссар нашуд. Ҳарчанд давлати Чин беш аз чаҳор даҳа аст, ки бо истондордсозии забони чинӣ, тавониста як забони миллии воҳид, ки алифбои мушаххасе дорад (new chinese)-ро дар сар то сари ин сарзамин амалиётӣ кунад.

Дар робита бо Ҳинд мешавад муқоисаи ҷолибе нисбат ба Эрон дошт. Ба ҳамон андоза, ки Эрон мавриди ҳуҷуми бегонагон қарор гирифт, Ҳинд низ мавриди тохту този хориҷӣ буд. Бо ин ҳол, то пеш аз истеъмори Ангилистон, танҳо забоне, ки тавониста буд мардуми Ҳиндро ҳавли як давлати миллӣ ҷамъ кунад, забони форсӣ буд. Ва нуктаи ҷолибтар дар ин робита ин буд, ки забони форсиро туркон ба Ҳинд бурданд, дар ҳоле, ки забони худашонро доштанд. Ин иттифоқ дар робита бо Усмонӣ ҳам афтод ва забони усмонӣ низ то пеш аз таъсиси давлати Туркия, форсӣ буд ва туркони усмонӣ дар мукотибот ва суханрониҳо ва ашъорашон, ба забони форсӣ такя доштанд.

Ин нишон медиҳад, ки забони форсиро ба ҳеч ваҷҳ намешавад ба унвони як забони қавмӣ пазируфт, балки як забони таърихӣ аст, ки боиси эҷоди ҳамбастагӣ дар бисёре аз мардуми мутамаддини Осиёи Миёна ва Ховари Миёна шуд ва мероси бузурги фалсафӣ, адабӣ ва динӣ ба вуҷуд овард.

Илно: Дар Эрон забонҳои қавмии бисёр зиёде вуҷуд дорад, ки аз чанд сада то чанд ҳазор қидмат доранд, вале дар айни ҳол меҳварияти забонии забони форсӣ то кунун ҳифз шудааст. Иллати ин тамоюз дар забонҳои қавмӣ миёни эрониён бо Ҳинду Урупо дар чист, ки забонҳои қавмии эрониён на танҳо боиси тазъифи забони форсӣ нашудаанд, балки боиси тақвияти он шуданд ва ба бақои худашон ҳам тадовум бахшиданд?

Думенику Инҷениту: Забонҳои қавмӣ дар Эрон хеле шабеҳ ба забонҳои қавмиятӣ дар Ҳинду Урупо нестанд ва забонҳое ҳастанд, ки мардум дар сарзаминҳои худашон барои барқарории иртибототи дарунқавмӣ истифода мекарданд ва ҳаргиз мунҷар ба шаклдиҳӣ ба осори бузургу муҳимми адабӣ нашуданд. Балки эрониён бештар ба дунболи тавлиди осоре ба забони миллии Эрон буданд, ки мехостанд дар сар то сари Эрон дида шавад ва ба андарзномаҳо, сиёсатномаҳо, шариатномаҳо, девонҳои ашъор, мутуни фалсафӣ, кутуби динӣ ва кутуби илмиро ба як забони миллӣ мунташир карданд, ки то ба имрӯз мавриди истифодаи тамоми эрониён ва пажӯҳишгарони таъриху тамаддуни Эрон аст.

Ин иттифоқ дар миёни ақвоми масеҳии урупоӣ ва ақвоми ҳиндӣ ба иллати фуқдони худогоҳии миллӣ науфтод ва забонҳои бисёр зиёде дар ин сарзаминҳо шакл гирифт, ки бештар даргири мавзӯоти дарунии худашон буданд. Ба ҳамин ҷиҳат ҳанӯз ҳам осори адабии килосики забони форсӣ, ҳанӯз дар пешхонҳои муҳимми адабии дунё ҷойгоҳи бисёр болое доранд.

Ilna

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: