Перейти к содержимому

Манотиқи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон дар остонаи суқут ба дасти Толибон

Намояндаи мардуми Тахор дар Сенои Афғонистон ҳушдор дод, ки дар натиҷаи ташдиди ҳамалоти Толибон, шаҳристонҳои Баҳорак ва Хоҷа Ғори ин вилоят дар остонаи суқут қарор дорад.

Ба гузориши рӯзномаи “Мондагор”, Абдулваҳҳоб Ирфон, намояндаи мардуми Тахор дар Сенои Афғонистон гуфт, ки вазъияти амниятии ин вилоят дар бадтарин ҳолат қарор дорад ва марокизи шаҳристонҳои Баҳорак ва Хоҷа Ғор дар натиҷаи ҳамалоти Толибон дар остонаи суқут қарор гирифтааст.

Вай афзуд, ки ба далели даргириҳо тамос бо 6 шаҳристон пас аз Кукча қатъ шуда ва вазъияти амниятӣ дар ин шаҳристонҳо низ вахим аст.

Сайид Шарафуддин Айнӣ, намояндаи Тахор дар порлумони Афғонистон низ гуфт, аъзои Толибон аз вилоятҳои Бадахшон ва Қундуз барои ҳамлаи густурда ба маркази ин вилоят ва шаҳристонҳои он гирди ҳам омадаанд.

Айнӣ афзуд, ки бахши умдаи манотиқи 7 шаҳристон пас аз Кукча ба дасти Толибон суқут карда ва танҳо марокизи ин шаҳристонҳо дар контроли нерӯҳои давлатӣ аст.

Гуфтанист, ки гурӯҳи Толибон пас аз лағви якҷонибаи гуфтугӯҳо бо Омрико аз сӯи Тромп, ҳамалоташро дар саросари Афғонистон афзоиш додааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: