Перейти к содержимому

Муллоҷонов: “Фаъолияти мухолифин хеле густариш пайдо кардааст”

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, бо ишора ба баста шудани шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Youtube дар шоми 1-уми октябр барои чанд соат, далели онро густариш пайдо кардани фаъолияти мухолифон донист ва афзуд: “Вақтҳои охир тарғиботи гурӯҳҳои мухолифин, ки дар кишварҳои Урупо ба сар мебаранд, хеле густариш пайдо кардааст. Ин гуна масдудкуниҳо метавонад вокуниши Хадамоти алоқа ба фаъолнокии мухолифин бошад.”

Акс аз Родию Озодӣ

Ба гузориши Родию Озодӣ, шоми 1-уми октябр дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Youtube ва ҳамчунин сомонаҳои Родию Озодӣ дар Тоҷикистон якбора маҳдуд ва пас аз чанде дубора дастрас гардид.

Бар пояи ин гузориш, дастнорас шудани шабакаҳои иҷтимоӣ корбаронро дар Тоҷикистон ҳайрон намекунад, чун дар солҳои ахир борҳо ин ҳолат рух медиҳад. Аммо ин бор “сайтбандон” аз гузаштаҳо фарқ дошт. Аввал ин ки маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Youtube ва Facebook тӯл накашид ва ҳамагӣ чанд соат ва баста шудани сомонаҳои Родию Озодӣ аз он ҳам камтар идома кард. Шоми 1-уми октябр корбарони Facebook дар навиштаҳои худ яке пайи дигар аз масдуд шудани дастрасӣ ба ин шабакаи иҷтимоӣ хабар медоданд ва сабаб меҷустанд.

Ин гузориш меафзояд, иттифоқан дар ҳамин вақт мусоҳибаи зинда ва интерактивии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон роҷеъ ба солгарди таъиси ин ниҳод ва ҳамоиши САҲА дар Варшав дар Youtube ва Facebook пахш мешуд ва ин гумонзаниҳоеро дар миёни корбарон ба вуҷуд овард, ки эҳтимол ин барнома сабаби баста шудани шабакаҳои иҷтимоӣ шуда бошад. Ва ҳамчунин эҳтимол меравад сомонаҳои Родию Озодӣ низ ба ин гурӯҳ ҳамроҳ карда шудаанд.

Илҳомҷон Атоев

Мақомот дар Тоҷикистон ин гуна ҳадсу гумонҳоро билофосила рад карданд. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 1-юми октябр дар ҷавоб ба суоли Родию Озодӣ гуфт, аз баста шудани шабакаҳои иҷтимоӣ хабар надорад.

Аммо бино ба мушоҳидаи корбарони Youtube ва Facebook дастнорасӣ ба ин шабакаҳо то поёни шаби 1-уми октябр давом карда, баъдан онҳо дубора бозгаштанд, ҳарчанд ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки бисёре аз сафҳаҳо, ба гуфтаи коршиносони фаннӣ, дар фосилаҳои гуногуни замонӣ ва аз тарафи ширкатҳои мухталифи интернетрасон бо навбат баста ва боз мешаванд.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, масдуд шудани дастрасӣ ба ин ё он сомона ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ бе ширкати Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имкон надорад.

Парвиз Муллоҷонов

Вай ёдовар шуд: “Ягона ниҳоде, ки аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонад, ин Хадамоти алоқа аст. Хадамот ҳамеша даст доштанаш дар бастани сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро инкор мекунад, вале аксарият ба гуфтаҳои онҳо бовар надоранд, чӣ дар дохил ва чӣ хориҷа.”

Муллоҷонов афзуд, вақтҳои охир тарғиботи гурӯҳҳои мухолифин, ки дар кишварҳои Урупо ба сар мебаранд, хеле густариш пайдо кардааст. Вай гуфт: “Ин гуна масдудкуниҳо метавонад вокуниши Хадамоти алоқа ба фаъолнокии мухолифин бошад.”

Аммо таҳлилгари тоҷик мегӯяд, масдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар Тоҷикистон корбарон онро “сайтбандон” унвон кардаанд, чандон коромад нест. Чун аксари корбарон, ба гуфтаи ӯ, аз василаҳои гуногуни рахнагар, филтиршиканҳо истифода мекунанд ва дар ниҳоят ба маводи дилхоҳи худ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Муллоҷонов гуфт: “Аз сӯи дигар як бахши бузурги корбарони тоҷик дар берун аз кишвар ҳастанд. Танҳо дар Русия шумораи тоҷикон, муҳоҷирон ва онҳое ҳам, ки шаҳрванд шуданд, тақрибан 1,5 милюн нафаранд. Як бахши бузурги мухотабони мухолифон дар он ҷо ҳастанд. Аз ин рӯ, кӯшишҳои Хадамоти алоқа фоида надоранд.”

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта борҳо изҳори нигаронӣ карда буданд, ки гурӯҳҳои, ба ибораи онҳо, “тундрав” аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои тарғиби фаъолиятҳои худ суистифода мекунанд.

Вале ҳомиёни ҳуқуқ пайваста баста шудани шабакаҳои иҷтимоиро, ки ба як василаи муҳими иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтаанд, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасӣ ба иттилоъ медонанд. Бино ба муқаррароти моддаи 30-юми Қонуни Асосии Тоҷикистон, “ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.”

Озодии дастрасӣ ба иттилои сонсурнашуда дар қонунҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла қонун “Дар бораи матбуот ва дигар ВАО” ва “Дар бораи иттилоотрасонӣ” кафолат дода шудааст.

Рустам Гулов, корбари фаъоли интернет дар Тоҷикистон, мегӯяд, масдудияти охир нисбатан кӯтоҳ буд ва пеш омадани мушкили фаннӣ ҳам аз эҳтимол дур нест.

Рустам Гулов

Вай ёдовар шуд: “Дар Тоҷикистон тамоми траффики интернет тавассути як ниҳод – Маркази ягонаи коммутатсионӣ мегузарад ва пеш омадани мушкили фаннӣ дар дастрасӣ ба ин ё он сомонаҳо аз эҳтимол дур нест. Ё мумкин мақомот усулҳои навини масдуд кардани дастрасӣ ба торномаҳои алоҳидаро таҷриба карда истодаанд. Ҳама чиз дар дасти Хадамоти алоқа аст ва мо танҳо ҳадс зада метавонем, чунки кори ин ниҳод комилан пӯшида аст.”

Аммо Гулов афзуд, ҳарчанд Facebook дар Тоҷикистон шабакаи иҷтимоии рақами як нест, корбарони он аксаран аз қишри фаъоли шаҳрвандон иборат аст: “Барои чӣ корбарони Facebook назар ба дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон зиёд нестанд, аммо маҳз ҳамин шабака беш аз ҳама масдуд мешавад? Чунки корбарони он аксаран мавқеи рӯшани шаҳрвандӣ доранд, фаъоланд ва аз донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ бархӯрдоранд. Бинобар ин, маҳдуд шудани дастрасӣ ба ин шабака бештар ба фаъолнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ рабт мегирад.”

Родию Озодӣ дар поёни гузориши худ менависад, бино ба омори охирин аз 9 милюну 100 ҳазор аҳолии Тоҷикистон танҳо каме беш аз 3 милюн ба интернет дастрасӣ доранд.

Дар Тоҷикистон Одноклассники ва ВКонтакте ду шабакаи иҷтимоии сохти Русия дар раддаи аввал ва дуввум қарор доранд. Facebook бо беш аз 200 ҳазор корбар севвумин шабакаи иҷтимоии пуристифода дар Тоҷикистон будааст. Аммо бино ба бархе аз пажӯҳишҳо YouTube ҳарчӣ бештар бинанда ва корбар пайдо мекунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: