Перейти к содержимому

“Ховари Миёнаи ҷадид” ба ривояти сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Ҷаҳониён фақат ба тарафе эҳтиром мегузоранд, ки иқтидор дошта бошад ва каромати инсонии миллат ва иззати кишварашро ҳифз ва аз таслим шудан дар баробари боҷхоҳиҳо худдорӣ кунад ва ба хештан ва қудрати зотии худ дар дифоъ аз ҳокимияташ такя кунад.

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Силии муҳкаме, ки Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ба ҳамтои омрикоиаш Дунолд Тромп зад замоне ки аз посух додан ба тамоси телефонии Тромп — ки тарҳи Имонуил Мокрун, раисиҷумҳури Фаронса буд — худдорӣ кард, ин мавзӯъро мавриди таъкид қарор медиҳад, ки Эрон дар эҷоди “Ховари Миёнаи ҷадид”, вале ба раҳбарии худаш ва на ба раҳбарии Омрико – ҳамон тавр ки Кондулизо Ройс, вазири хориҷаи асбақи Омрико барномарезӣ карда буд — муваффақ шудааст.

Қарор буд ин тамоси телефонӣ дар ҳошияи ҳузури ду раисиҷумҳури Эрону Омрико дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-йорк ва баъд аз мувофиқати давлати Омрико бо аксари шартҳои Эрон, ки муҳимтарини онҳо лағви фаврии таҳримҳост, анҷом шавад. Омрико ин масъаларо пазируфт, вале дастуроте, ки аз Теҳрон содир шуд, монеъ аз анҷоми ҳар гуна дидор ё тамоси телефонӣ миёни Руҳонӣ ва Тромп шуд, ки далели ин амр, ақибнишинии Омрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва вазъи таҳримҳои сахтгирона алайҳи Эрон будааст.

* * *

Раҳбарони Эрон худро дар мавзеъи қудратманд мебинанд, ки ба онҳо ин имконро медиҳад, ки шароит ва хостаҳои худро бар дигарон ва дар раъси онҳо Омрико ва “дунболаравҳояш” дар минтақа, ба чандин далел таҳмил кунад:

1) Нахуст: шикасти таҳримҳои иқтисодии Омрико дар “ба зону даровардан”-и Эрон ва идомаи содироти нафти Эрон ба Чин, Туркия, Ҳинд ва дигар кишварҳост;

2) Дуввум: раҳбарони Эрон яқин доранд, ки Омрико “тарсутар” аз он аст, ки ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон оғоз кунад, чӣ барои интиқомгирӣ ба далели соқит кардани паҳподаш ва чӣ барои дифоъ аз ҳампаймононаш ва бавежа саудиҳо бошад;

3) Севвум: тамоми душманони Эрон бо бӯҳронҳои бисёр вахиме даст ба гиребон ҳастанд; шикастҳое, ки ба Арабистони Саудӣ ба таври паёпай аз тариқи ҳамалоти яманиҳо таҳмил мешавад ва санъати нафти онро фалаҷ кардаанд, ки охирин мавриди ин шикастҳо, амалиёти бузурги артиш ва кумитаҳои мардумӣ (вобаста ба Ҳусиҳо) дар меҳвари Наҷрон буд, ки тайи он, ҳазорон нафар аз нерӯҳои саудӣ асир ва садҳо тани дигар кушта ва худравҳои зиреҳии ин кишвар ба ғанимат гирифта шудаанд.

4) Чаҳорум: тарафи исроилӣ, ки аз аслитарин таҳриккунандагони Омрико барои ҳамла ба Эрон буд, феълан бо ҳарҷу марҷи сиёсӣ дасту панҷа нарм мекунад ва Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири ин режим, барои бори дуввум дар ташкили кобина шикаст хӯрда ва аз рӯзи ҷаҳоршанбе таҳқиқоти расмӣ аз тарафи додситони кулл дар заминаи иттиҳомоти ворида ба вай аз ҷумла фасод оғоз шуд ва нопадид шудани вай дар арсаи сиёсӣ ва иқомат дар селлул ба муддати чанд сол қатъӣ шудааст.

5) Панҷум: Тромп худро бо таҳқиқоте мувоҷеҳ мебинад, ки мумкин аст ба инзивои вай мунҷар шавад ва ҳатто агар ин эҳтимол вуҷуд надошта бошад, вале шонси пирӯзии вай дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико барои даври дуввум ба далоили мутаъаддиде коҳиш ёфтааст, ки аз ҷумлаи он метавон ба вахомати авзоъи иқтисодӣ ва суистифодаи вай аз қудрат ва мутавассил шудан ба роҳҳои ҳампаймонони араби “ақибмонда” ва “ғайрдемукротик”-аш бо ҳадафи тахриби виҷҳаи душманонаш ва касрати дидори вай бо ҳампаймонони араб ишора кард;

6) Шашум: меҳвари муқовимат, ки таҳти раҳбарии Эрон аст, бо бозгушоии гузаргоҳи Букамол дар марзҳои муштараки Сурия ва Ироқ тайи ду рӯзи гузашта, ба як дастоварди истротежики бисёр муҳим даст ёфтааст, ин бад-он маъност, ки ин меҳвар бидуни ҳеч монаъаҳое то соҳилҳои Медитарона мерасад ва муҳосираи таҳмилӣ алайҳи Сурияро мешиканд ва ба инзивои он поён медиҳад.

Аз ин тағйиру таҳаввулот дар авзоъи Ховари Миёна, ки дар он Эрон дар ҳоли пешрафт аст ва дар муқобил, душманонаш дар ҳоли ақибнишинӣ ҳастанд ва Тромп дар баробари Эрон ба хиффату хорӣ афтодааст ва тавҳинҳоро дар талош барои музокира бо Эрон ба умеди хориҷ шудан аз бӯҳронҳояш таҳаммул мекунад, таъаҷҷуб намекунем.

Масъулони саудӣ, ки ба интиқоли ҷанг ба дохили хоки Эрон аз тариқи гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ба шеваи Либӣ ва Сурия таҳдид карда буданд, акнун миёнҷигарҳоеро барои интиқоли паёмҳое ба Теҳрон ҷиҳати матраҳ кардани дархости гуфтугӯ ва оташбас мефиристанд; ва ин масъала ба манзилаи ақибнишинӣ ва кӯтоҳ омадани онҳо аз мавозеъашон аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти ахир дар ҷанги Яман қобили дарк аст.

Алӣ Рабиъӣ, сухангӯи давлати Эрон, се рӯз пеш намак ба захми саудиҳо пошид, замоне ки таъкид кард, ки Руҳонӣ паёме аз сӯи Риёз, ки тавассути яке аз миёнҷигарон (бидуни зикри номаш) ҷиҳати дархост барои музокира ва оташбас, дарёфт кардааст. Аҷиб аст, ки Одил Алҷубайр, вазири мушовири давлати саудӣ дар умури хориҷа, ин иттилоотро рад накард ва ба гуфтани ин, ки “ин изҳорот дақиқ нест” басанда кард. Алҷубайр муддаӣ шуд, ки яке аз кишварҳои бародар барои ин оташбас талош мекунад. Вале тавҷеҳоти ин вазири саудӣ комилан бо изҳороти Имронхон, нахуствазири Покистон дар таноқуз аст, ки таъкид карда Арабистони Саудӣ аз вай хостааст барои оташбас бо Эрон миёнҷигарӣ кунад. Баъид нест, ки Имронхон ҳамон фарде бошад, ки ин паёмро ирсол кардааст.

* * *

Гуфтаем ва бори дигар мегӯем, ки ҷаҳониён фақат ба тарафе эҳтиром мегузоранд, ки иқтидор дошта бошад ва каромати инсонии миллат ва иззати кишварашро ҳифз ва аз таслим шудан дар баробари боҷхоҳиҳо худдорӣ кунад ва ба хештан ва қудрати зотии худ дар дифоъ аз ҳокимияташ такя кунад. Раҳбарони эронӣ ба ин усулу арзишҳо пойбанд ҳастанд ва ҳамроҳ бо он, тарҳҳои созандагӣ ва тавсиъаи санойеъи ҷангиро бо сабру таҳаммул дунбол ва иҷро мекунанд ва аз иттихози рӯйкарди салиқаӣ ва фардӣ дурӣ меҷӯяд.

Омрико арабҳо ва бавежа кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форсро фиреб дод ва онҳоро хору залил кард ва аз онҳо боҷхоҳӣ кард ва амволу пули онҳоро ба ғорат бурд ва ба онҳо силоҳҳои ”қуроза” (аз кор афтода) фурӯхт ва ин масъала ба вузуҳ дар шикасти мушакҳои “Потриут” ва родорҳои “мудерн” — ки даҳҳо милёрд дулор ҳазина дорад — дар радёбӣ ё ҷилавгирӣ аз ҳамалоти ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ва ҳифозат аз таъсисоти нафтӣ ва фурудгоҳҳои Арабистон, собит кардааст.

Мо аз гуфтугӯи кишварҳои арабӣ бо Эрон ва оташбас миёни тарафайн ҳимоят мекунем; чаро ки давлати Тромп дар ҳоли гадоӣ (баҳрабардорӣ аз танишҳо ба нафъи худ) аст, аз ин рӯ дур аз интизор нест агар давлати Тромп таслими тамоми шартҳои Эрон шавад ва таҳримҳо алайҳи Эронро ба таври комил лағв ва ба раҳбарии Эрон дар минтақаи Ховари Миёна эътироф кунад.

Дар шароите, ки Чин тасмими худро барои сармоягузории 450 милёрд дулорӣ дар Эрон эълом мекунад ва Туркия низ эълом мекунад, ки ба воридоти нафти Эрон идома медиҳад ва таҳримҳои Омрикоро ҳаргиз ба расмият намешиносад, ва дар канори онҳо, Русия низ сиёсатҳои худ дар Сурия ва минтақаро бо Теҳрон ҳамоҳанг мекунад, ин умур бад-он маъност, ки “Ховари Миёнае ҷадид”-е ташкил шудааст, ки арабҳо дар он нақш ва ҷойгоҳе надоранд ва агар ҳам ҷойгоҳу нақше дар ин минтақа дошта бошанд, нақше вобаста ва ҳамроҳ бо хиффат аст… Замон ҳама чизро нишон медиҳад.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: