Перейти к содержимому

Чаро Муҳаммад бен Салмон хоҳони музокира бо Эрон ва поёни ҷанги Яман шудааст?

Муҳаммад бен Салмон дар гуфтугӯи ахири худ бо шабакаи CBS дар айни ҳол, ки иддаоҳои Омрико дар хусуси нақши Эрон дар ҳамла ба таъсисоти нафтии Оромкуро таъйид кард, бо тағйири мавзеъи ошкору мутаноқиз, аз лузуми бакоргирии “роҳи ҳаллҳои сиёсӣ ва музокира бо Эрон” сухан гуфт. Пурсиш ин аст, ки чаро Бен Салмон пас аз танишҳои ҷиддӣ бо Эрон ва ботлоқи Яман, аз як сӯ хоҳони музокира бо Эрон шуда ва аз тарафи дигар аз омодагӣ барои ҳалли бӯҳрони Яман сухан гуфтааст?

Муҳаммад бен Салмон дар гуфтугӯи ахири худ бо шабакаи CBS дар айни ҳол, ки иддаоҳои Омрико дар хусуси нақши Эрон дар ҳамла ба Оромкуро таъйид кард, бо тағйири мавзеъи ошкору мутаноқиз, аз лузуми бакоргирии “роҳи ҳаллҳои сиёсӣ ва музокира бо Эрон” сухан гуфт.

Дар ростои ҳамин тағйири мавозеъ, ахборе низ мабнӣ бар омаду рафтҳои бархе миёнҷиҳо (Покистон ва Ироқ) ва ирсоли паёмҳое барои беҳбуди равобити Эрону Арабистон мунташир шудааст.

Аз сӯи дигар, Бен Салмон дар хусуси Яман низ бар зарурати “истифода аз роҳи ҳалли сиёсӣ” таъкид карда ва гуфтааст: “Роҳкори сиёсӣ дар ин кишвар осонтар ва фароҳам хоҳад шуд, мо хоҳони музокира барои поёни ҷанги Яман ҳастем ва ҳар рӯз ин корро анҷом медиҳем ва талош мекунем ин муноқишаро дар майдон иҷроӣ кунем. Эъломи Ансоруллоҳ (Ҳусиҳо) дар бораи оташбас, гоме мусбат аст, ки музокироти сиёсиро коромадтар ва ҷиддитар ба ҷилав мебарад.”

Суол ин аст, ки чаро Бен Салмон пас аз танишҳои ҷиддӣ бо Эрон ва ботлоқи Яман, аз як сӯ хоҳони музокира бо Эрон шуда ва аз тарафи дигар аз омодагӣ барои ҳалли бӯҳрони Яман сухан гуфтааст?

Ин пурсише аст, ки нашрияи American Herald Tribune ба он пардохта ва навиштааст:

Мусоҳибаи Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, ки рӯзи якшанбе тавассути коноли омрикоии CBS пахш шуд, аз се ҷанба қобили таваҷҷӯҳ буд:

1) Нахуст ин ки ӯ монанди ҳокими мутлақи Арабистони Саудӣ сӯҳбат ва рафтор кард. Вай ба сахтӣ аз падараш, шоҳ Салмон ном бурд ва масъулияти қатли Ҷамол Хошуқчиро ба унвони мудири иҷроии ин кишвар, ки масъулияти се милюн корманди онро бар ӯҳда гирифта буд, пазируфт;

2) Дуввум, ӯ ба таври ғайримаъмул бо Эрон ва муттаҳидонаш бо мулоимат ҳарф зад ва аз лузуми мусолиҳа бо онҳо сухан гуфт ва комилан аз лаҳни тунди мусоҳибаҳои пешин ба дур буд;

3) Севвум, марде, ки ҷанги Яманро оғоз кард, исрор дошт, ки ӯ барои ҳар гуна талош барои расидан ба поёни сулҳомези ҷанг омода аст ва роҳи ҳалли сиёсиро бар низомӣ тарҷеҳ медиҳад.

Қобили қабултарин тавзеҳот дар мавриди ин тағйири мавзеъи ногаҳонии Бен Салмон ин аст, ки валиаҳди саудӣ эҳсоси хиёнат ва фиреб тавассути муттаҳидони ғарбии худ ба вежа Иёлоти Муттаҳида мекунад. Онҳо ӯро дар баробари ҳамалоти мудовими Эрон ва Ҳусиҳо бавежа ҳамалот ба Оромку ба ҳоли худ раҳо карданд.

Ӯ ҳамчунин ба вузуҳ талоши худро барои ёфтани афроди мӯътабар барои миёнҷигарӣ бо Эрон оғоз кардааст. Нахуствазирони Покистон ва Ироқ баъд аз сафарҳои ахир ба Риёз тайъид карданд, ки аз онҳо хоста шуда, ки чунин нақше ифо кунанд.

Панҷ сол пас аз шурӯи ҷанг дар Яман, Муҳаммад бен Салмон зоҳиран фаҳмида, ки ҳаргиз наметавонад дар он пирӯз шавад, бавежа ин ки Ҳусиҳо аз ҳолати дифоӣ хориҷ шуда ва ибтикори амал дар ҳуҷумро ба даст гирифтаанд. Ҳамалоти паҳподӣ ва мушакии онҳо ба умқи Арабистони Саудӣ расидааст, падофанди ҳавоии подшоҳӣ, ки бо ҳазинаи даҳҳо милёрд дулор аз Омрико харидорӣ шудааст натавонист коре аз пеш бибарад.

Муҳаммад бен Салмон ба ин натиҷа расида, ки рӯи Омрико ва “Исроил” барои ҳамла ба Эрон набояд ҳисоб кунад ва онҳо бо таҳдиди лафзӣ алайҳи Эрон сирфан ба дунболи фурӯши таслеҳоти худ ба Саудӣ ҳастанд.

Шояд ҷиддитарин паёмади ҷанги Яман барои давлати Саудӣ, тазъифи чеҳра, эътибор ва иқтидори он бошад; на танҳо дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ, балки ба таври физояндае дар байни шаҳрвандони худ.

Агар нияти Муҳаммад бен Салмон бар сулҳу гуфтугӯ ва тағйири рӯйкарди сиёсии ӯ ҷиддӣ бошад, бояд мавриди истиқбол қарор гирад. Эрониён ва Ҳусиҳо низ бидуни таъхир бояд истиқбол кунанд.

Ин амр на танҳо мӯҷиби поёни хунрезиҳо дар минтақа мешавад, балки ба берун кашидани Арабистони Саудӣ аз талае, ки Омрико ва “Исроил” эҷод кардаанд, кӯмак мекунад.

* * *

Сиёсати чумоқу ҳавиҷи саудиҳо

Дар ҳоле, ки Муҳаммад бен Салмон аз лузуми гуфтугӯ бо Эрон ва ҳамчунин поёни ҷанг дар Яман сухан гуфтааст, Одил Алҷубайр, вазири мушовири давлати Саудӣ дар умури хориҷа, бомдоди чаҳоршанбе (2 октябр) дар сафҳаи расмии худ дар Твиттер иддаоҳои тозае дар бораи муҳтавои паёми Арабистони Саудӣ ба Эрон мунташир кард.

Алҷубайр ибтидо муддаӣ шуд, ки суханони сухангӯи давлати Эрон дар бораи паёми Арабистони Саудӣ ба Эрон “ғайри дақиқ” будааст. Ӯ навишт, он чи иттифоқ афтод ин буд, ки “бархе кишварҳои бародар” хостори танишзудоӣ бо Эрон шудаанд ва Арабистони Саудӣ ба онҳо иттилоъ дода, ки мавзеи Риёз ҳамеша талош барои ҳусули амнияту субот будааст.

Вай дар паёми дигар навиштааст: “Мо ҳамчунин ба онҳо иттилоъ додем, ки сулҳ бояд аз ҷониби тарафе ҳосил шавад, ки бо иқдомоти хасмонаи худ дар ҳоли доман задан ба танишҳо ва густариши ҳарҷу марҷ аст. Мо мавзеи худамон дар бораи Эронро, ки ҳамвора дар тамоми маҷомеъ эълом медорем ва охирин мавриди он дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид буд, ба онҳо ҳам интиқол додем.”

Вазири мушовир Саудӣ навиштааст: “Мавзеи Арабистони Саудиро дар инҷо такрор мекунам, то бишнаванд: ҳимоят аз теруризм, сиёсати тахриб ва ҳарҷу марҷ, дахолат дар умури дохилии кишварҳои арабӣ, тавсиъаи силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва барномаи мушакҳои болистикро мутаваққиф кунед!

Одил Алҷубайр дар паёми дигаре навиштааст: “Дар бораи он чи сухангӯи давлати Эрон дар бораи сулҳ дар Яман гуфт, Подшоҳии Саудӣ дар бораи Яман бо режими Эрон сӯҳбат накарда ва нахоҳад кард. Масъалаи Яман, комилан ба яманиҳо марбут аст ва решаи бӯҳрони Яман, нақши бесуботкунандаи Эрон аст.”

Гуфтанист, Алӣ Рабиъӣ, сухангӯи давлати Эрон, рӯзи душанбе (30 сентябр) дар як нишасти хабарӣ гуфт: “Паёмҳое аз сӯи Арабистон ба мо расидааст, аммо мо бояд паёми аланиро он бидонем, ки метавонад поёни ҳамла ба Яман бошад. Агар Арабистон воқеан ба дунболи тағйири рафтораш бошад, мо истиқбол мекунем ва дар “Тарҳи Ҳурмуз” ҳам кор бо ҳамсоягон аст ва ҳеч кас берун аз ин тарҳ нахоҳад буд.”

Ба назар мерасад, Саудӣ бавежа бо сӯҳбатҳои Муҳаммад бен Салмон аз як сӯ дар пайи он аст, ки масири диплумосӣ ва музокираро барои хуруҷ аз бӯҳрон дар пеш бигиранд, ва аз сӯи дигар, ончунон, ки дар изҳороти Алҷубайр мушоҳида кардем, ҳамчунон рӯйкарди сахту бӯҳронзои қаблиро дунбол мекунанд. Онҳо аз як сӯ, сиёсати ҳавиҷро дар пеш мегиранд ва аз сӯи дигар, чумоқро дар дастури кор қарор медиҳанд; сиёсате, ки ба назар мерасад, саудиҳо наметавонанд ба дурустӣ иҷро кунанд ва ба назар мерасад, дар ин замина низ шикаст хоҳанд хӯрд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: