Перейти к содержимому

Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид (11)

Ба қалами Мирбобо Мирраҳим

Қисмати 11

Посух ба се даъво ва як иқрори муовини якуми раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам ҷ. Р. Сангинов (1)

Нусха: ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мӯҳтарам Ҷ. Р. Сангинов! «вокуниш»-и хушку холӣ («отписка») шуморо мутолаа кардам ва рӯшан шуд, ки интихоби ҷаноби олӣ, яъне шахси шумо, дар симати муовини якум ва ҷаноби Қоҳири Расулзода дар садри раёсати вилояти Суғд шойиста ва беназир аст ва ҳар дастгоҳе, ки шумоёнро ба ин мансабҳо пешбарӣ кардааст ва ҳар касе, ки дар ин маврид тасмим гирифтааст, ки шумо, ҷанобон, бар сари мардуми сарбаланди ин сарзамин муддате чанд ҳукм биронед, дакиқ дарёфтаанд, ки аз дасти ҳар дуятон ба ҷуз дурӯғ навиштан ва пинҳон кардани ҳақиқати ҳол дигар коре намеояд. Ҳадафи мақолаи банда ба майдони баҳсу андеша кашидани Қоҳири Расулзода ва шахси шумо набуд ва нест. Дар воқеъ, «Вокуниш»-е, ки шумо зераш имзои мубораки хешро гузоштаед, бештар ба худфошкунӣ мемонад, то посухномаи як мансабдори боҳуш ва фарҳехта (яъне «тарбиятшуда, адабомӯхта»). Замоне ки ман мақола навиштам, ростӣ, аз дасти дасисаҳои Р. А. Норова ба ҷон расида будам. Ҳол маълум шуд ки сояи шумо ва шахси Қоҳири Расулзода пушти сари хонум Норова Р. А. пинҳон будаасту мо бехабар ва шумоён будаед, ки аз забони мӯҳтарама Норова Р. А. бо банда сӯҳбат мекардаед. Ба ҳар ҳол барои пуштибонӣ аз Р. А. Норова ва чунин бесалоҳиятӣ ва тамоман дарки сухан накарданатон ҳазор ташаккур. Бепарда бароятон мегӯям, ки шумо бо чунин «Вокуниш» ва ин посухи мухтасар ба таърих ворид хоҳед шуд ва мо ин ифтихорро ба шумо бахшидем.

Нахустин даъвои шумо, мӯҳтарам, ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов, ин аст, ки М. Мирраҳим «гӯё аз соли 2007 инҷониб (2) чандин маротиба оид ба бекор кардани никоҳи фарзандаш ба ҷамоат ва бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Истаравшан муроҷиат кардааст. Ҳангоми таҳлил муайян гардид, ки воқеъан 13 марти соли 2012 муаллиф бо ҳамин масъала ба ваколатномаи келинаш Почокалонова Ф. К. ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиати шифоҳӣ намудааст, ки он таҳти №563 ба қайд гирифта шудааст». Агар ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов ва Қ. Расулзода мақоларо дурусттар мутолаа мекардед, албатта, мефаҳмидед, ки ман чандин бор солҳои пеш ва ба вижа моҳи сентябри соли 2011 ду бор, аввал, 2.09.2011 ва бори дигар 16.09.2011 ба САҲШ-и Истаравшан муроҷиат кардаам. Бори дуввум, 16.09.2011 як вакили додгустарӣ (яъне ба забони шумо «адвокат») дар ин муроҷиат ҳузур дошт ва дар гуфтугӯ бо Р. А. Норова шоҳид буд. Он замон ман ваколатномаи писарам, Миршакар ва Ариза-ризоиятномаи хонуми собиқаш Ф. К. Почокалоноваро ба Р. А. Норова пешниҳод кардам. Вале Норова Р. А. ба он ҳуҷҷатҳо ҳатто дуруст назар наандохт ва дархости моро гӯш накарда, бо такаббур суханҳое гуфт, ки ба тарозуи ақл намегунҷид. Дигар он ки матни номаи Почокалонова Ф. К. ба Бахши САҲШ-ро дар мақола чоп кардаем ва ҳоҷат ба такрори он нест. 06.03.2012 низ ба Бахши САҲШ муроҷиат кардам, вале чун Р. А. Норова дар ҷои корӣ ҳузур надоштанд (ёд доред, арафаи 8-уми Март буд), ба дидорашон шарафёб нашудем. Ин ҷо боз метавон дигар далоилро овард, ки дурӯғи шумо барҷастатар ба ҷилва дарояд, вале ҳамин ишораҳо шояд кофӣ бошад.

Дуввумин иддаоъ ва дӯғу пӯписаи сиёсии ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов пас аз тафсири моддаҳои 40 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба ин шакл таъкид шудааст:

«Писари муаллифи мақола никоҳи авваларо бекор накарда, ғайриқонунӣ, дар муддати начандон кӯтоҳ, бо дигар зан оила бунёд кардааст». Нахуст, мо бори дуввум оила бунёд кардани писарамон ва келини собиқамонро инкор накардаем, ки аз он парванда сохт. Дуввум, агар Идораи ҷамоати деҳот ва САҲШ никоҳро бекор накунад, пас, ҷавонон бояд сад сол қонунбозии шуморо мунтазир нишинанд ва ҳеч кас бе амри шахси шумо ва мӯҳри дар дасти Р. А. Норова додаатон на зан гирад ва на шавҳар кунад?! Писари ман бори дуввум зан гирифт ва хонумаш ҳам бори дуввум шавҳар кард. Шояд шумо (ҳарчанд он замон ҷаноби олӣ намояндаи мардум дар парлумон будед) ба Р. А. Норова дастур дода будед, ки қазияи бекор кардани никоҳи фарзандони мо то ба ин ҷо кашида шавад ва замоне битавонед, ки моро ба қонуншиканӣ гунаҳкор созед?! Солисан, ин ҷо боз як масъалаи бисёр зарифонае пеш меояд, ки бармало кардани он барои шумо барин мансабдори мӯҳтарам лозим аст. Пагоҳии рӯзи 01.05.2012 дар қабули Самиев Наврӯз Махсадҷонович-муфаттиши калони Прократураи шаҳри Истаравшан будем. Он ҷо аз натиҷаи шикояти шаҳрванд Юсупов М. дар мавриди никоҳи расмиро бекор накарда, зани дуввум гирифтани Ҷумъаев Хуршед (писари Ҷумъаев Ҳомид) пурсидем. Ҷаноби Самиев Н. М. фармуданд, ки чун Ҷумъаев бо зани дуввумаш бе никоҳи САҲШ зиндагӣ дорад ва зани аввал, ки ҳанӯз никоҳаш аз тарафи САҲШ бекор нашудааст, дар хонаи волидайнаш зиндагӣ мекунад ва хоҷагии муштарак нест, ҳеч қонун вайрон нашудааст. Мисоли дигар: Н. З. аз шавҳараш (ӯ дар маҳбас буд) талоқ нагирифта, ба Ҳоҷӣ Н., ки ҳамсар дошт, ба шавҳар баромад. Мо дар масъалаи динӣ-ҳалол ва ё ҳаром будани никоҳи мусулмонӣ дар чунин вазъият дахолат намекунем (бигузор исломиҳо ин мавзӯъро шаръан шарҳ диҳанд). Вале он чӣ рӯшан аст, мӯҳтарама Р. А. Норова ва М. Олимов (3) аз қазияи мазкур огоҳии комил доранд. Ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов! Ҳол бифармоед, ки қонуни ҷиноӣ ё қонуни маданӣ-шаҳрвандӣ нисбат ба М. М. Мирраҳимов, ки дақиқан чунин вазъият дошт (ва ҳатто беҳтар, зеро ҳамсари собиқаш ба шавҳари дуввум мебаромад) аз дидгоҳи зеҳнӣ (яъне субъективӣ) ва нисбат ба Ҷумъаев Хуршед ва Н. З. ба таври айнӣ (яъне объективӣ) татбиқ карда мешавад? Магар назди қонун ҳама баробар нестанд?! Прокурори ш. Истаравшан Зайниддинов А. К. дар асоси «санҷиши пурра ва ҳаматарафа» бо номаи хеш аз 24.04.2012 таҳти №144а-12 ба шаҳрванд Юсупов М. дар мавриди ҳамзамон дар никоҳ доштани ду зан аз тарафи шаҳрванд Х. Ҷумъаев ин тафсири қонуниро содир кардааст, ки хонданаш аз зарофат холӣ нест: «Прократураи шаҳри Истаравшан аризаи Шуморо оиди аз хонааш рондани духтаратон Муҳайёи М. ва бо зани дигар зиндагӣ кардани шавҳари духтаратон Ҷумъаем Х. мавриди санҷиш қарор дод. Бо гузаронидани санҷиши пурра ва ҳаматарафа муайян карда шуд, ки никоҳи духтаратон ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудааст. Вайрон кардани оилаи духтаратон ба муносибатҳои оилавӣ алоқаманд аст. Дар рафти санҷиш шавҳари духтаратон Ҷумъаев Х. изҳор намуд, ки хоҳиши дар оянда ба охирон зиндагӣ карданро надорад ва Ҷумъаев Х. барои бекор кардани ақди никоҳашон ба суди шаҳри Истаравшан муроҷиат намудааст. Ҳамин тариқ дар рафти санҷиш ваҷҳҳои паст задании шаъну шарафи духтаратон аз тарафи хушдоманаш Ҷумъаева Б. Р. ва хусураш Ҷумъаев Ҳ. тасдиқи худро наёфт». Мӯҳтарам Ҷ. Р. Сангинов! Худи шумо посухи Прокурор Зайниддинов А. К.-ро хонда, онро бо таърихи издивоҷи дуввуми писари мо-Мирраҳимов М. М. муқоиса кунед. Чаро «дар муддати начандон кӯтоҳ, бо дигар зан оила бунёд» кардани писари мо «ғайриқонунӣ» маҳсуб мешудааст ва дар муддатзамони камтар аз Миршакар Мирраҳимов дубора зан гирифтан ва ҳамзамон дар никоҳ нигоҳ доштани ду зан барои Х. Ҷумъаев қонунӣ аст? Ба ҳар агар прокурори мӯҳтарам ва ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов як бор ба моддаи 33 Сарқонуни (Конситутсияи) ҶТ нигоҳ мекарданд, он ҷо ҳатман медиданд, ки дар ин маврид чунин асл ҳак шудааст: «Бисёрникоҳӣ манъ аст». Аммо ҳоло маълум шуд, ки назорат, истифода ва иҷрои қонун дар вилояти Суғд дақиқан монанди мақоли «як бому ду ҳаво» будаасту ҳамагон аз он ноогоҳ. Дар зимн ба муфаттиши мӯҳтарам Самиев Н. М. гуфтем, ки мо барои шикояти худ омадаем, ки шаҳрванд Ҷумъаев Ҳомид моро бе ҳеч гуноҳ дашном дода, тӯҳмат бофтааст, ки гӯё «Мирбобо Мирраҳимов ба писари ман-Ҷумъаев Хуршед граната (норинҷак) ва бомба додааст, то милисахонаро тарконад». Ҷаноби Самиев Н. М. фармуданд, ки шикоят дар чунин маврид ба Прократураи Истаравшан иртибот надорад ва бояд ба суд муроҷиат шавад. Мо низ машварати ройгони муфаттиши калон ва мӯҳтарамро ба раҳбарӣ гирифта, бо масъалаи зикршуда ба суд муроҷиат кардем ва умед аст, ки бо дурӯғ, навиштаҳои хушку холӣ ва тамоман сарболои («отписка») ояндаатон ин масъала низ ба таври аҳсант ба дасти фаромӯшӣ супурда шавад.

Севвумин даъвои ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов ин аст: «Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Истаравшан, вобаста ба муроҷиати Мирбобои Мирраҳим, санаи 13 марти соли 2012 ба воситаи мутахассиси пешбари ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд Юлдошева З. оиди ҳозир шудан ба Бахш доир ба масъалаи бекор кардани ақди никоҳи писараш хабарнома (таҳти №443) мефиристад. Муаллиф дар ҷавоб ба Юлдошева З. иброз доштааст, ки ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти судӣ пешниҳод менамояд». Мӯҳтарам ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов! Пеш аз навиштани «Вокуниш» онро аз нигоҳи мантиқӣ дуруст мутолиа мекардед, хуб мебуд. Зеро шумо пас аз тафсири моддаҳои 40 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба гуфтаҳои худатон муқобил баромадед. Аз навиштаҳои «Вокуниш»-и шумо чунин бармеояд, ки писари ман ва келини собиқам «аризаи муштарак барои бекор кардани ақди никоҳ» ба САҲШ надодаанд. 02.09.2011 САҲШ-и Истаравшан Ариза-ризоиятномаи келини собиқам дар мавриди бе иштироки ӯ ба таври мусбат ҳал намудани масъалаи бекор кардани никоҳ ва Ваколатномаи писари маро напазируфт, пас, Норова Р. А. чӣ тавр метавонад бо хабарномаи дар таърихи 15.03.2012 (таҳти №443) фиристодааш ба масъалаи бекор кардани ақди никоҳ даст бизанад?! Ҳақиқати ҳол ин аст: Р. А. Норова пас аз он ки бо кароҳат моро ба суд фиристоданд, зуд дарёфтанд, ки кор аз кор гузашт ва мо бекор кардани никоҳро рӯзи 13.03.2012 ба Додгоҳи (яъне суд) Истаравшан супурдаем, он гоҳ шаби 15.03.2012, соати 1930 тавассути Юлдошева З. хабарномаи №443-ро фиристоданд. Он рӯз виройиши номаи саргушода ба Қ. Расулзодаро тамом карда будам ва ба ҳамин сабаб ба Юлдошева З. гуфтам, ки аз дидори Норова Р. А. безорам ва масъалаи бекор кардани никоҳро (чуноне ки худи Норова Р. А. 13.03.2012 фармуданд ва дар мақола ин нукта таъкид шудааст) дар суд ҳаллу фасл хоҳем кард. Дар мавриди ташрифи хонум Юлдошева З. бо хабарномаи №443 дар соатҳои 1930 таърихи 15.03.2012 беш аз ҳашт нафар шоҳиди зинда ин суханҳои моро таъйид хоҳанд кард (Барои рӯшан шудани ин тарафи масъала бояд зикр шавад, ки баробари ташрифи Юлдошева З. барқ рафт ва гуфтугӯи мо зери чароғи қувва идома дошт). Хулоса, ин дурӯғи севвумро худи ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов шояд андак дарк кардаанд ва барои каме рост кардани он кӯшиши фаровон ба харҷ дода, ин ҷумларо дар банди охири «Вокуниш» афзудаанд: «Аз сабаби якҷоя муроҷиат накардани ҳамсарон ба бахши (ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов дар тарзи навиштори забони давлатӣ мушкил доранд, вагарна истилоҳи «бахш» дар ин ҷо бояд бо ҳарфи «Б»-и бузург ва номи идора низ бо ҳарфи калон навишта мешуд-М. М.) сабти асноди шаҳрвандӣ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ аризаи даъвогии муалифи (ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов ин ҷо низ камсаводии худро ба маърази намойиш гузоштаанд, зеро «муаллиф» бо ташдиди «л» навиштан лозим буд, на «муалиф»-М. М.) мақола тибқи тартиби муқарраршудаи қонун дар мақомоти судӣ баррасӣ мегардад». Офарин ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов! Ҳол дар ниҳоят худатон ҳам дарк кардед, ки хабарномаи №443 танҳо як бозии навбатии Р. А. Норова аст, ки маънои бо табассум чашмак задан, яъне мо метавонем ва дигарон ҳеч чиз намефаҳмандро ба худ касб мекунад. Машварат медиҳем пас аз мутолааи ин сатрҳо як бори дигар ба Идораи Суди шаҳри Истаравшан сар зада, худатон бубинед, ки Аризаи даъвогии Мирбобои Мирраҳим дар мавриди бекор кардани никоҳи шаҳрвандии писараш кадом рӯз ба дафтархонаи суд ворид шудааст ва хабарномаи №443 кадом рӯз ба мо фиристода шуд. Матлабро гирифтед?! Аммо хабари хуш ин аст, ки 2.05.2012 дар мурофиаи суди Истаравшан никоҳи писари мо бекор карда шуд ва шумо дар таърихи 7.05.2012 аз он бехабар.

«Вокуниш»-и Ҷ. Р. Сангинов аз назари ҳуқуқӣ ба ду пой мелангад ва сар то пой барои масрафи як танзи бонамак мехӯрад. Ба назар чунин мерасад, ки маводи аввалияи ин «Вокуниш»-ро ё Мӯсо Олимов навиштааст ва ё Р. А. Норова ва ё ҳар ду дар хилват ё бо машварат. Вагарна ҳунари ҳар кас нест, ки ин қадар дараҳамбарҳамиро дар дуюнимсафҳа гунҷонад. Ҳар як ҳуқуқшиноси босавод онро дурусттар хонда, ба ғайримантиқӣ, пуч ва хушку холӣ будани «Вокуниш» хоҳад хандид.

Дар қатори се дурӯғе, ки дар боло зикр шуд ва посухҳои хеле мухтасар ба онҳо аз назари ҳамагон гузашт, як иқрор ё дақиқан худфошкунии мутакаббиронаи ҷаноби Сангинов Ҷ. Р. моро бисёр хурсанд кард. Албатта, бо хондани сархати зер аз «Вокуниш» на танҳо дар андешаи банда, балки дар зеҳни ҳар хонандаи хушзавқ даҳҳо суоли кунҷковона пайдо мешавад: «Нисбати «мансабгирии» Норова Р. А. ҳаминро гуфтанием, ки вай дар асоси озмун (протоколи комиссия аз 9 марти соли 2011, №4), бо амри раиси шаҳри Истаравшан аз 10 марти соли 2011, таҳти №35 А-р ба вазифа таъин гардидааст. Дарҳақиқат вай бо Олимов Мӯсо-муовини раиси шаҳри Истаравшан, муносибати хишу (рафиқ Ҷ. Р. Сангинов ҳатто вожаи бисёр соддаи «хеш»-ро дуруст навишта натавонистаанд ва он «хиш» сабт кардаанд-М.М.) таборӣ дорад: писари Олимов М. домоди Норова Р. А. мебошад». Ҳоло чанд суоле, ки ба хотири мо расид аз ин тартиб аст: Озмун «Барои ишғол кардани мансаби Мудири Бахши САҲШ-и Истаравшан» бо номзадии яккаву ягонаи шахси Р. А. Норова кай, кадом сол, дар куҷо ва дар кадом рӯзнома эълон шуда буд? Оё ин озмун озод буд ва ё танҳо ба ном озмун ва дар амал барои хоссон, ба вижа хонум Р. А. Норова?! Чӣ мелоки (меъёрҳои) қазоват барои довталабон вуҷуд дошт? Озмун ба дониш ва салоҳият буд ё ғафсии ҳамёни пул бо дипломати пури пулҳои сабзак (яъне «долларҳои ИМА»)? Озмун танҳо барои он мансабдоре, ки қаблан аз вазифа барои тақаллуб рондашуда буд? Ниҳоят, дар озмун меъёрҳои тағйир ва тақаллуб, яъне сохтакории санадҳои давлатӣ ҷой дошт ё на?! Шумо метавонед ба ин суолҳо аслан посух надиҳед, зеро бо он пуштибонҳое, ки аз Р. А. Норова ба амал овардаед (ва дар оянда хоҳед овард), ба онҳо пурра ҷавоб додед ва ҳоҷат ба такрор нест. Танҳо бароятон рӯнамои даҳҳо ҳуҷҷат-тақаллубкорӣ дар давраи нахустини Мудирии Р. А. Норова дар САҲШ-и Истаравшан пешниҳод мешавад. Мутассифона, ҳангоми чопи мақола барои онҳо дар ҳафтанома имкон набуд. Ҳоло санадҳоро ба торномаи шумо ва Раёсати Ҷумҳурӣ Э. Раҳмон ва М. Убайдуллоев (ва аз эҳтимол Facebook) низ пешниҳод менамоем, то сабку шеваи хоси интихоби ашхоси корношоям ва дасташон қалб аз ҷониби шумоён дар вилояти Суғд фош шавад.

Афзун бар нукоти боло ба таваҷҷӯҳи шумо ва ҷаноби Қ. Расулзода (албатта, мӯҳтарам Э. Раҳмон ва М. Убайдуллоев низ) боз як далели дигарро пешниҳод менамоем. Хоҳари Р. А. Норова хонум Фароғат Юсуфова имрӯз Котиби масъули Комиссияи татбиқи қонуни забон дар назди мақомоти иҷроии шаҳри Истаравшан мебошад. Ҳамагӣ чанд сол пеш Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Э. Раҳмон дар яке аз мулоқотҳои солонаи хеш бо мансабдорон (ки бо номи «Маъракаи дилзанак» маъруф аст) дар мавриди ба мақсадҳои ғайрибуҷавӣ истифода шудани маблағи чандсад ҳазор сомонӣ аз ҷониби Мудири Шӯъбаи маорифи шаҳри Истаравшан Ф. Юсуфова сухан ронда буд…

Маълум нест, ки пас аз ин суханони таърихии Раиси Ҷумҳур кормандони мӯҳтарами Прократура, Идораи мубориза ба ришвахорӣ (яъне «корруптсия») ё Суд дафтари аъмоли Мудири Шӯъбаи маорифи шаҳри Истаравшан Ф. Юсуфовро варақ заданд ё на. Ин нукта барои мо рӯшан нест, балки як муаммост. Вале он замон сармуҳосиби Шӯъбаи маорифи шаҳри Истаравшан муддате ба Русия «муҳоҷирати меҳнатӣ» кард. Ба зудӣ ҳама чиз ба дасти фаромӯшӣ супурда шуд. Ҳоло ҳам Ф. Юсуфова ва ҳам сармуҳосиби собиқ сиҳҳату саломатанд ва боз дар сари мансабҳои давлатӣ. Агар дар ягон кишвари ҷаҳони севвум ва ё қабилаҳои одамхори қитъаи Африқо сардори давлат ё қабила нисбат ба мансабдоре гумони бад барад ва ё бо ишораи абрӯи гирифта (ба ибораи хуҷандиҳо: «қавоқи гирифта»), ӯро ба дуздӣ муттаҳам созад, пою қадами он мансабдор ва ақвомашро аз рӯи замин мерӯбанд. Вале дар минтақаи Истаравшан, ки дар ҳафтодкилометрии ҷануби шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, чунин амал қобили қабул нест, балки баръакси қавонини роиҷи тамомии олами мутамаддин ва ҳатто қабоили ваҳшии одамхор он шахси аз мансаб маъзулшударо аз нав ба аспи мансаб савор мекунанд, то он шахс дар даври нави ҳукмронии хеш мардумро бештар азият намояд ва одамон бидонанд, ки сазовори он ҳокимоне ҳастанд, аз боло барояшон интихоб кардаанд.

Ф. Юсуфова Донишгоҳи аграрии (яъне кишоварзӣ, ба ибораи қадимиҳо «хоҷагии қишлоқ») Тоҷикистонро хатм кардааст ва гӯё шарикдарси Раиси собиқи вилояти Суғд Қ. Р. Қосимов мебошад. Маҳз ба хотири шарикдарс будан бо Қ. Р. Қосимов ва дуои неки вазири собиқи Маорифи Тоҷикистон А. Раҳмонов, ки шояд мушти маҳками Қ. Р. Қосимовро зери чонааш (манаҳ) хӯрда бошад, Ф. Юсуфова ба Мудирии Шӯъбаи маорифи шаҳри Истаравшан мансуб шуд. Эй кош Худо, сояи Қ. Р. Қосимовро аз сари мардум мебардошт, ки чаро Ф. Юсуфоваро ба муовинии хеш барнагузид ва дар сари маорифчиёну насли ҷавони Истаравшан чаҳормағз кафонд…

Барои андеша. Дар санади коршиносии Мутахассиси пешбари Идораи таҳсилоти умумӣ Б. Ашӯрова, ки ба таваҷҷӯҳи вазири мӯҳтарами маорифи Ҷумҳурӣ А. А. Раҳмонов пешниҳод шудааст, чунин омада:

«Санҷиш нишон дод, ки мудири шӯъбаи маориф Юсуфова Ф. А. дар ҳақиқат соли 1988 факултаи агрономии Донишгоҳи аграриро хатм намуда, то ба факултаи фанҳои табии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуданаш (2002-2003) дар мактаби №14 ҳамчун муаллифаи синфҳои ибтидоӣ (1993-1999), дар шӯъбаи маориф ҳамчун мушовири муассисаҳои томактабӣ (1999-2000) ва дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ба номи Т. Ҷумъаев ҳамчун директор фаъолият намудааст.

Юсуфова Ф. А. бо қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 19.01.2004 таҳти №23 ва дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (20.06.2004) иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Истаравшан таъин шудааст. Дар айни замон вай донишҷӯи курси чоруми шӯъбаи ғоибонаи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад».

Дар саҳифаи панҷуми ҳамин санади коршиносӣ ба вазири мӯҳтарами маориф чунин пешниҳод шуда буд: «Бинобар ин, пешниҳод карда мешавад, ки фаъолияти мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Истаравшан ва директори мактаби таҳсилоти умумии №43 деҳаи Суркат то 01.10.2005 аз тарафи Идораи маорифи вилоят ба пуррагӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дода шуда, масъалаи дар вазифа мондани мудири шӯъбаи маориф Юсуфова Ф. А. ва директори мактаби №43 Олимов А. Н. баррасӣ гардад».

Агар тасодуфан гузори меҳмонони мӯҳтарам ба шаҳри Истаравшан афтад ва аз карнаи баландгӯи дӯконҳои фурӯши лавозимоти савтӣ ва тасвирӣ (ба забони тоҷикии имрӯз «аудио и видео» ё DVD, CD ва монанди онҳо), радио ва дастгоҳи пахши навори тасвирӣ дар саворӣ, таксиҳо ва маршруткаҳои дохилишаҳрӣ ва ноҳиявӣ шабу рӯз бо забони ӯзбакӣ аз овозхонҳои кӯчаву бозор сар карда, то фаҳшиёти ғарбӣ ва наворҳои таблиғотии динӣ садо диҳанд ва ё дар намойиш бошанд, ҳеҷ гоҳ дар тааҷҷуб наафтанд ва аз худ бехуд нашаванд. Зеро Истаравшан ҷазираи худмухтори забони ӯзбакӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва агроном Ф. Юсуфова Қонуни забони давлатиро дар ин хитта пиёда месозад, ки бешубҳа мақоли деҳқони ҳавскор-«шавад обӣ, нашавад лалмӣ»ро дар зеҳни инсон зинда месозад. Охир, ким (яъне кӣ) ба шумо иҷозат додаст, ки тамомии навор ва кассетаҳои ӯзбакӣ, суруди таронаҳои ӯзбакӣ, наворҳои савтӣ ва тасвирии таблиғоти динӣ ба забони ӯзбакӣ дар дӯконҳо фурӯхта шавад? Магар Истаравшан дар инҳисори Ӯзбакистон аст? Ҳамаи ин шабехуни фарҳангии кишвари бегона ва ҳатто имрӯз душмани ашаддии миллати тоҷик барои чӣ дар Истаравшан анҷом мешавад? Ё мардуми тоҷикро ба масхара гирифтаед? Чаро радиоҳои «-плюс» ё дигар ҳақ дорад ҳар суруди мусиқии ба забони бегона (форсиву тоҷикӣ ва дарӣ дар назар нест), ба вижа ӯзбакӣ ва туркиро дар фазои минтақа пахш кунад ва касе ба ин амали хилофи ақли солим эрод нагирад? Ҳар садо ва симо, дӯкони фурӯши DVD, CD ва монанди онҳо бояд барои пахши моли кишвари бегона, ба вижа Ӯзбакистон, ба хазинаи давлат андоз ва андози афзуда бар молиёт пардохт намояд ва пеш аз ҳама бояд дида шавад, ки мӯҳтавои он чист ва аз кадом ҷинс аст.

Дар олами мутамаддин, ба вижа Урупо, таблиғи забони ғайр-бегона дар як кишвари соҳибистиқлол муҷозоти сангин дар пай дорад. Вале сарвари қонуни забон дар Истаравшан (ки, мутаассифона, дар кишвари демократии Тоҷикистон қарор дорад) хеле бармаҳал ба ҳамаи қонунҳои олами мутамаддин туф кардааст ва онҳоро ба як пули пуччак намегирад ва ё ба эҳтимол корҳои татбиқи қонуни забон дар ин марзу бум бо таронаи машҳури гурӯҳи мусиқии ABBA «Money-money-money. О, money!» шабоҳат пайдо кардааст. Барои мисол: дар яке аз иёлатҳои Канада қавонини бисёр сахт дар мавриди истифодаи забон ба тасвиб расидааст, ки ҳатто ба андозаи истифодаи ҳуруф дар навиштаҷоти дару девор ва таблиғот дар фазои боз ҳадду ҳудуд гузоштааст. Дар Тоҷикистон забони ӯзбакӣ мақоми давлатӣ надорад ва эҳтиёҷ ба он нест, зеро дар Ӯзбакистон ҳатто ба забони тоҷикӣ ҳарф задан хатарнок аст ва тоҷиконро ошкоро таҳқир мекунанд. Ин ҷо суоле қонунист, ки чаро ба забони тоҷикӣ таблиғоти динӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, вале таблиғоти динӣ ва он ҳам ба таври густарда ва ба вижа ба шеваи туркӣ ва забони ӯзбакӣ дар Истаравшан пинаки касеро халадор намекунад, ҳатто Раиси Кумитаи дин мӯҳтарам Холиқов ва мудири бахши татбиқ қонуни забон хонум Ф. Юсуфоваро?

Нуктаи дигаре, ки мавриди андеша ва таассуф аст, ин навиштаҷоти таблиғотӣ дар тоқи дару девор муассиса ва дӯконҳои шаҳри Истаравшан аст. Дар чанд қадамии дафтари кории Ф. Юсуфова дар таблиғи қаннодие вожаи «туркӣ»-ро махсус бо ҳарфи калон навиштаанд ва онро барои таъкид бузургтар нишон додаанд. Дар ҳоле ки сифат ҳеҷ гоҳ бо ҳарфи бузург навишта намешавад ва ҳоҷат нест, ки калимаи «туркӣ» бо ҳарфи калон оғоз ва таъкид шавад…

Мӯҳтарам Ҷ. Р. Сангинов! Бо истинод ба далоили боло ҳоло бифармоед, ки хонум Ф. Юсуфова дар асоси кадом озмун ба мақоми Котиби масъули Комиссияи татбиқи қонуни забон дар назди мақомоти иҷроии шаҳри Истаравшан баргузида шудааст? Агар дар «Вокуниш»-и дуюним-саҳифаии шумо даҳҳо ғалат ва иштибоҳи фаҳши забонӣ, маъноӣ, ҳуқуқӣ ва мантиқӣ ҷой дорад, пас, Ф. Юсуфова дар донистану навиштан бо забони давлатӣ чӣ қадр босаводтар аз ҷаноби Ҷ. Р. Сангинов бошад?! Ба фикрам, шумо ва ҷаноби Қ. Расулзода давлатдориро дар вилояти Суғд ба масхара гирифтаед ва агар мардум ҳеч садое аз худ намебароранд, онро ба маънои хеш «сукут аломати ризоият» тафсир кардаед!

Оё имрӯз ба мақоми Котиби масъули Комиссияи татбиқи қонуни забон дар назди мақомоти иҷроии шаҳри Истаравшан баргузида шудани хонум Ф. Юсуфова даҳон каҷ кардан ва хок пошидан ба чашми Раиси Ҷумҳур Э. Раҳмон ва ба як пули пуччак баробар кардани қадри суханони ӯ нест?!

Олиҷанобон Ҷ. Р. Сангинов ва Қ. Расулзода! Шумо сазовори истеъфо ҳастед, вале лаёқати эълон кардани онро надоред, зеро орӣ аз шуҷоат ва ҷасорат будаед, то битавонед онро мардона ба ҳамагон эътироф намоед (4).

Душанбе-Истаравшан-Душанбе 29 апрел-2 майи соли 2012. 12.05.2012

* * *

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Ниг.: Ҷ. Р. Сангинов. Ҳамсарон якҷоя муроҷиат накардаанд.- Фараж, №23(288), 6.06.2012, с. 6.

(2) Инҷониб-дар он ҷумла ба маънои «ман, мо» аст.

(3) Дар мавриди бо ришва дастгир шудани М. Олимов ба матбуоти соли 2012 муроҷиат намоед.

(4) Ин мақола ба идораи ҳафтаномаи «Фараж» пешниҳод шуд, вале ба иллатҳои ба мо номаълум аз чопаш худдорӣ варзиданд.

* * *

Қисматҳои дигари мақолаи «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: