Перейти к содержимому

Ҷамшед Ёров: “Ба ҷону саломатии Бузургмеҳр хатар вуҷуд дорад”

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷик, бо баёни ин ки хатар ба ҷону саломатии Бузургмеҳр Ёров вуҷуд дорад, гуфт: “Бузургмеҳр Ёров корманди собиқи Вазорати корҳои дохилӣ буд ва ба ҳайси муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Октябр – ҳоло Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе – кор кардааст. Ҳар касе, ки дар мақомоти қудратӣ кор кардааст, бояд дар колонияи алоҳида нигаҳ дошта шавад. Бузургмеҳр Ёров ҳоло дар колонияи умумии низомаш сахт нигаҳ дошта мешавад. Фикр мекунам, ин аз тарафи сардорони раёсати корҳои ислоҳӣ махсус карда шудааст. Мумкин дар оянда ягон хатар, ягон маҳдудият ба Бузургмеҳр, ба ҳаёти ӯ дошта бошад.”

Акс мутаъаллиқ ба Родию Озодӣ

Ба гузориши Родию Озодӣ, баъд аз тақдими ҷоизаи ба номи Вотслов Ҳовел дар Истросбург, баранда ва номзадҳои ин ҷоизаи бонуфузи Маҷмаи порлумонии Урупо ба шаҳри Прог, маркази Ҷумҳурии Чек, омаданд. Бо қарори ин ниҳод, ҷоизаи имсола ба Илҳом Тоҳтӣ – фаъоли ҳуқуқи уйғурҳо дар Чин ва донишманди зиндонӣ ва ҳамчунин ба созмони «Ташаббуси ҷавонон» аз Балкан тақдим шуд. Вакили зиндонӣ аз Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёров, ки ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст, барандаи диплуми ҷоизаи ба номи Вотслов Ҳовел шуд.

Дар маросими тақдими ҷоиза дар Истросбург рӯзи 30-юми сентябр бародари хурдии Бузургмеҳр – Ҷамшед Ёров иштирок ва рӯзи 2-юми октябр дар қатори барандагони ҷоиза дар шаҳри Прог суханронӣ кард. Хабарнигори Родию Озодӣ дар ҳошияи конфронси Прог бо Ҷамшед Ёров ҳамсӯҳбат шуд.

Родию Озодӣ: Аз он ки Бузургмеҳр Ёров барандаи ҷоиза неву соҳиби дипломи он шуд, нороҳат нашудед?

Ҷамшед Ёров: Нороҳат нашудем. Ин ғалабаи бузург аст, ки номи як тоҷик ба феҳрасти номзадҳои ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар пешниҳод шуд. Ин имконияти дигар аст, ки дар бораи қазияи Бузургмеҳр Ёров ба ҷаҳониён маълумоти бештар диҳем. Умеде барои озодшавии зудтари Бузургмеҳр аст ва ҳам ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки дар кишвар вазъ аз назари риояи ҳуқуқи инсон ислоҳ мешавад.

Родию Озодӣ: Худи Бузургмеҳр дар бораи пешбарӣ шудани номзадиаш ба ин ҷоиза хабар дошт?

Ҷамшед Ёров: Албатта, хабар дошт. Ӯ дар маҳкама родиюи шуморо гӯш мекунад ва ҳамаи хабарҳоро мефаҳмад. Чанд рӯз пеш ба воситаи мо салому дуруди худро ба таҳиягарони ин ҷоиза, иштирокдорони он, ба ҳайати ҳакамон расонд.

Родию Озодӣ: Умеди Шумо аз ин ҷоиза чист?

Ҷамшед Ёров: Мо умедҳои осмониро надорем, ки баъди садо додани номи Бузургмеҳр дар Истросбург, Варшав ё шаҳри дигар, ҳукумати Тоҷикистон ӯро мутобиқи қарори Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал озод мекунад. Вале умед дорем, ки ҳам вазъи Бузургмеҳр дар зиндон беҳтар мешавад ва ҳам ба ӯ имконият дода мешавад, ки бо намояндагони СММ ва расонаҳо вохӯрад. Шояд парвандаи Бузургмеҳр Ёров аз сари нав баррасӣ шавад. На ин ки танҳо дар додгоҳҳои Тоҷикистон, балки бо ҷалби мутахассисони беғараз, бо иштироки намояндагони Созмони Милал ва хабарнигорон.

Родию Озодӣ: Аз аҳволи Бузургмеҳр огоҳед? Хабари охир кадом аст?

Ҷамшед Ёров: Хабарҳои охир дақиқ ва тасдиқшаванда нестанд. Медонем, ки нисбат ба Бузургмеҳр Ёров айни ҳол ягон фишор нест, гӯиё маҳдудияте ҳам надорад. Озодона ба масҷиди ҳамон муассиса меравад, имкони кор дар яке аз сехҳои дуредгариро дорад. Дар ихтиёраш китобхона дорад. Гуфта метавонам, ки шароити будубош ва нигаҳ доштани онҳо – ҳамаи зиндониҳои тоҷик – ногувор аст. Вале як чизро гуфтаниам, ки ба Бузургмеҳр Ёров хатар вуҷуд дорад.

Родию Озодӣ: Манзур хатар ба ҷонаш?

Ҷамшед Ёров: Хатар ба ҷон ва саломатиаш. Бузургмеҳр Ёров корманди собиқи Вазорати корҳои дохилӣ буд ва ба ҳайси муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Октябр – ҳоло Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе – кор кардааст.

Родию Озодӣ: Пеш аз фаъолияти адвокатӣ?

Ҷамшед Ёров: Бале. Ҳар касе, ки дар мақомоти қудратӣ кор кардааст, бояд дар колонияи алоҳида нигаҳ дошта шавад. Бузургмеҳр Ёров ҳоло дар колонияи умумии низомаш сахт нигаҳ дошта мешавад. Фикр мекунам, ин аз тарафи сардорони раёсати корҳои ислоҳӣ махсус карда шудааст. Мумкин дар оянда ягон хатар, ягон маҳдудият ба Бузургмеҳр, ба ҳаёти ӯ дошта бошад.

Родию Озодӣ: Камтар аз як сол пеш дар сатҳи раҳбарияти низоми зиндонҳои Тоҷикистон тағйирот шуд. Оё дар шароити нигаҳдории Бузургмеҳр баъди ин чизе тағйир ёфт?

Ҷамшед Ёров: Агар тағйироте карданӣ мебуданд, тавре гуфтам, Бузургмеҳр Ёровро аз муассисаи умумӣ, ба муассисаи махсус барои кормандони собиқ ҳифзи ҳуқуқ мегузарониданд. Агар тағйирот мешуд… Аз рӯи қонун бояд ба ҳар як зиндонӣ ҳар ҳафта имкони занг задан ба хешу табораш дода шавад. Муассиса бояд телефон дошта бошад, вале ин ҳам нест. Вазъ на танҳо нисбат ба Бузургмеҳр, балки нисбат ба зиндониҳои дигар низ тағйир наёфтааст. Дар як соли гузашта ду шӯриш шуд, гурӯҳи зиндониҳо ҳангоми интиқол аз шимоли Тоҷикистон ба марказ даргузаштанд. Ҳеҷ тағйироте нашуд.

Родию Озодӣ: Бузургмеҳр Ёров то ҳол аз чизе шикоят кардааст?

Ҷамшед Ёров: Тақрибан як сол пеш буд. Ба модарам дар бораи шиканҷа шикоят карда буд. Баъд аз ин ҳеҷ шикоят аз Бузургмеҳр Ёров нашунидем. Худаш намегӯяд ва ё воқеан ҳам нисбат ба ӯ ягон амали ноҷо карда нашудааст.

Родию Озодӣ: Бузургмеҳр ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ шудааст. Фикри худи Бузургмеҳрро медонед? Шояд аллакай аз мубориза хаста шудааст, ба вазъият тан додааст?

Ҷамшед Ёров: Не, не, тамоман хаста нашудааст. Гапи модарам, ки ҳар сари чанд вақт бо ӯ мулоқот мекунанд, ин аст, ки рӯҳияи Бузургмеҳр Ёров устувор аст. Бино ба маълумоте, ки ба дасти мо расидааст, чанд дафъа кӯшиш кардаанд, дар телевизион баромад кунад. Ҳатто аризаи тайёрро ба номи Эмомалӣ Раҳмон овардаанд, «имзо кунад ва афв хоҳад шуд». Бузургмеҳр Ёров розӣ нашуд. Ёров аз аввал то охир дар як ақида аст, ки «бегуноҳ ҳастам» ва бояд озод шавам.

Родию Озодӣ: Мақомоти Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёровро ба чанд ҷурм, аз ҷумла сохтакорӣ, тақаллуб ва таҳқири президент гунаҳкор медонанд ва мегӯянд, додгоҳ ин иттиҳомотро исбот кардааст, назари Шумо чист? Умеди Шумо чӣ аст, кадом сохтор метавонад дар ин ҳолат кумак кунад?

Ҷамшед Ёров: Ягон додгоҳе дар Тоҷикистон ҳуқуқи тағйири ҳукми Бузургмеҳрро надорад. Дар ин ҷо фақат як иродаи сиёсии раҳбарияти Тоҷикистон даркор аст. Ин иродаи сиёсӣ, ба назари ман, мумкин дар натиҷаи фишорҳои созмони байналмилалии ҳуқуқи башар, корпусҳои дипломатӣ ва сарони давлатҳои дигар ба вуҷуд ояд. Чунки ҳамин додгоҳҳо ҳукми ноодилонаву ғайриқонуниро бароварданд ва ҳеҷ яке аз онҳо намехоҳанд, аз пеши худ ҳукмро тағйир диҳанд ва бо ҳамин роҳ тасдиқ кунанд, ки онҳо хато кардаанд.

Родию Озодӣ: Бармегардем ба ҳодисаҳои чанд моҳи пеш. Вақте Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал, мақомоти Иттиҳоди Урупо ва САҲА озодии Бузургмеҳрро тақозо карданд, гуруҳе аз мардум дар назди намояндагии ин ниҳодҳо дар Душанбе гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо гуфтанд, Бузургмеҳр қарздор аст ва набояд озод карда шавад. Асли қазия чӣ аст?

Ҷамшед Ёров: Асли қазия… Ба фикри муфаттишон чунин аст ва ин ҳарфҳо дар айбнома ҳам оварда шудааст. Барои мисол, иддао доранд, ки «Бузургмеҳр Ёров рӯзи 10-уми феврали соли 2011, мисол мегӯям, аз оҷизӣ ва мӯҳтоҷии шаҳрванд истифода бурда, бо ваъдаи ин ки дар мақомоти қудратӣ шиносҳои зиёд дорад ва фарзанди ӯро аз маҳбас озод карда метавонад, 5 ҳазор доллар, 10 ҳазор доллар ё 1 ҳазор доллар гирифтааст. Аммо ягон амале ба фоидаи ин шахс анҷом надод ва бо ҳамин роҳ ба ӯ зарари калони молӣ расонд.» Тафтишот фақат ба як чиз такя мекунад: “Бузургмеҳр ягон амали ҳуқуқиро иҷро накардааст”.

Родию Озодӣ: Яъне манзурашон ин ки ваъдахилофӣ кардааст?

Ҷамшед Ёров: Бузургмеҳр Ёров аз ҳамон 18 нафаре, ки зидди ӯ ариза навиштанд, фақат гирифтани маблағ аз се нафарро тасдиқ кард. Ӯ дар додгоҳ ҳам гуфт, «дар ҳақиқат пули шумо дар дасти ман аст ва бо сабаби он ки маро зиндонӣ карданд ва бо сабаби он ки аризаи шумо дар баррасӣ аст, натавонистам парвандаро пеш барам”. Вале он 15 нафари дигар… баъзеашонро умуман намешиносад, ва ё ба воситаи нафарони дигар ба Бузургмеҳр муроҷиат карда буданд. Масалан, онҳо менависанд, 10 ҳазор доллар додаанд, вале аз ин маблағ шояд 2 ҳазор доллараш ба дасти Бузургмеҳр расидааст.

Родию Озодӣ: Ин кадом пул аст? Ин ҳаққи хидмат аст, пора аст ва ё ҳаққи миёнравӣ барои ҳалли кадом масаъалае?

Ҷамшед Ёров: Ин пулҳо ҳаққи хидмати адвокат аст, чунки қонун андозаи маблағи аз муштарӣ мегирифтаро маҳдуд накардааст. Муносибати байни Бузургмеҳр ва мизоҷ бояд бар асоси Кодекси гражданӣ баррасӣ шавад. Яъне, бастани шартнома. Дар паймони байналмилалии ҳуқуқи зеҳнӣ гуфта шудааст, ки ҳеҷ кас набояд барои иҷро накардани шартнома ба зиндон андохта шавад. Мизоҷон дар сурати аз ҷониби Бузургмеҳр Ёров иҷро нашудани қарордод ё қисман иҷро шуданаш аввал ба худи Бузургмеҳр, баъдан ба Коллегияи адвокатҳо ва агар аз натиҷаи баррасии шикояташон норозӣ буданд, ба додгоҳи шаҳрвандӣ муроҷиат мекарданд. Ҳукумат инро ҳамчун силоҳи зидди адвокатҳои номақбул истифода кард ва ҳоло ҳам истифода мекунад.

Родию Озодӣ: Ҳодисаҳои атрофи Бузургмеҳр ба зиндагии оилаи шумо – Ёровҳо таъсир гузошт, шумову ду хоҳаратон кишварро тарк кардед. Соле пеш шунидем, ки як созмони ҷамъиятии кумаки ҳуқуқӣ ба паноҳҷӯёнро ташкил кардед. Дар миёни муштариён тоҷикистониҳо ҳам ҳастанд?

Ҷамшед Ёров: Мо созмони байналмилалии Human Rights Vision Foundation-ро таъсис додем. Дар Ҳолланд сабтином шудааст. Ҳам ба шаҳрвандони Тоҷикистон ёрӣ мерасонем ва ҳам ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд. Бештар ба мониторинги вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: