Перейти к содержимому

Боздошти хабарнигори рус дар Теҳрон ба иттиҳоми ҷосусӣ барои “Исроил”

Юлиё Юзик (Юлия Викторовна Юзик), бонуи рӯзноманигори рус ва хабарнигори собиқи рӯзномаи “Комсомольская парвда” ба иттиҳоми ҷосусӣ барои “Исроил” дар Эрон боздошт ва муҳокима шуда ва хатари 10 сол ҳабс ин хабарнигорро таҳдид мекунад.

Ба гузориши “Спутник”, Мориё Зохорово, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия, зимни таъйиди ин хабар гуфтааст, ки қазияи боздошти Юлиё Юзик, бонуи рӯзноманигори рус дар Эронро таҳти назорати шахсии худ қарор додааст.

Хонум Мориё Зохорово ёдовар шудааст, ки барои озодии ин рӯзноманигори рус талош хоҳад кард.

Вай афзуд: “Дар ҳоли ҳозир коркунони Сафорати Русия дар Вазорати хориҷаи Эрон ҳастанд ва дар ҳоли баҳс дар бораи ин масъала мебошанд.”

Пештар расонаҳо эълом карда буданд, ки як хонуми хабарнигори рус ба иттиҳоми ҷосусӣ барои “Исроил” дар Эрон боздошт шудааст.

Бар асоси гузориши “Спутник”, Сафорати Русия дар Эрон аз боздошти Юлиё Юзик, хабарнигори рус дар Теҳрон хабар дорад ва диплумотҳои рус дар ҳоли талош барои равшан кардани ҷузъиёти ин қазия ҳастанд.

Ондре Гоненку (Андрей Ганенко), вобастаи матбуотии Сафорати Русия дар Эрон ин матлабро эълом кард.

Ибтидо Борис Вуйтсекуфски (Борис Войцеховский), рӯзноманигор ва шавҳари собиқи ин бону, дар Фейсбук аз боздошти вай хабар дода буд.

Вай хотирнишон кард, ки Юлиё Юзик рӯзи шанбе муҳокима шуда ва хатари 10 сол ҳабс ин хонуми хабарнигорро таҳдид мекунад.

Борис Вуйтсекуфски афзуд, ин хонум чанд сол қабл ба унвони хабарнигор дар Эрон кор мекард ва ҳоло бо даъватнома ба ин кишвар бозгашта буд. Дар фурудгоҳ гузарномаи вайро гирифта ва қавл доданд онро ҳангоми хуруҷ аз кишвар бозгардонанд, аммо дертар маъмурони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ин хонуми хабарнигори русро бо шикастани дари утоқаш дар ҳутел боздошт карданд.

Дар ҳамин росто, сафири Эрон дар Русия ба Вазорати хориҷаи Русия эҳзор шуд. Ба гузориши “Спутник”, “Маҳдӣ Саноӣ, сафири Эрон дар Маскав дар хусуси боздошти Юлиё Юзик хабарнигори аҳли Русия, ба Вазорати умури хориҷаи Русия фаро хонда шуд.”

Ондре Гоненку, вобастаи матбуотӣ (пресс-атташе)-и Сафорати Русия дар Эрон гуфт: “Дар 29 сентябр, Юлиё Юзик, шаҳрванди Русия то он ҷо, ки медонем, бо даъвати хусусӣ ба Теҳрон парвоз карда буд. Ба маҳзи вуруд, кормандони фурудгоҳи Имом Хумайнӣ гузарномаи вайро ба далоили номаълум забт карданд. Дар 2 октябр, ин шаҳрванди Русия дуруст дар ҳутеле, ки дар пойтахти Эрон иқомат дошт, дастгир шуд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: