Перейти к содержимому

Худи шумо кистед, Саломиддин-ака?! (1)

Ба қалами Мирбобо Мирраҳим

(Аз силсилаи “Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид” (Қисмати 12)

Ба Идораи ҳафтаномаи «Asia-Plus»!

Мӯҳтарам Сардабири ҳафтаномаи «Asia-Plus»!

Нашри Номаи саркушодаи С. Мирзорахматов дар шумораи рӯзи 09.07.2012 маро маҷбур сохт, ки ба ҷиҳатҳои торики чанд масъала рӯшанӣ андозам. Умедворам, ки ин посухи мухтасари мо мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», ҳамчунин тибқи эъломияи ҳафтаномаи «Asia-Plus» ба чоп мерасад. Бо эҳтиром Мирбобои Мирраҳим.

* * *

Худи шумо кистед, Саломиддин-ака?!

Мақолаи навбатии С. Мирзорахматов дар шакли Номаи саркушода ба Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар «Asia-Plus» («Кто Вы? Открытое письмо Ходжи Акбару Тураджонзода», 09.07.2012) ба нашр расид. Турфанди ҷолиб он аст, ки ин қаламбадасти коммунистмаоб дар мақолааш бо як тир ду нишонро ҳадаф қарор додааст: нахуст, дар раванди сиёҳ кардан, тахриб ва тӯҳмат бофтан дар ҳаққи Ҳ. А. Тӯраҷонзода мавқеъияти худашро ба сабт расонидааст ва дуввум, «пайташро ёфта» ҳам ба И. Каримов, ҳам ба Н. Назарбоев ва ҳам ба ҳукуматдорони феълӣ хушомади зебо задаст. Албатта, барои ороиши мақола як гози амиқ аз И. Каримов низ гирифтааст, то дар назари ҳамагон, ба вижа ҳукуматдорони имрӯзи кишвар, манфур нашавад. Дар як номаи саркушода гунҷонидани ин қадар хушоманду пешомад ҳунари ҳар қаламкаши муғриз нест. С. Мирзорахматов маълум кард, ки бо забони русӣ низ чоплусӣ ва хушомадгӯ метавон кард.

Навиштаҳои имрӯзи С. Мирзорахматов такрори мақолаҳои эшон аз маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ноҳиявии Кумитаҳои ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Қӯрғонтеппа дар саҳифаҳои якум ва дуввуми «Коммунист Таджикистана» аст. Танҳо тафовут дар он ки имрӯз онҳо ба рӯзномаи дигар интиқол пайдо карда, вале, хушбахтона, масири ояндаи зиндагии мардумро таъйн карда наметавонанд, балки як пӯкидани холӣ асту бас. Зеро рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» дигар органи роҳбарикунанда (ҳарчанд «Asia-Plus» рисолати онро мехоҳад анҷом бидиҳад) ва Ҳизби коммунист «ақл, хирад ва виҷдони даврони мо» нест. Вагарна ҳам Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва ҳам онҳое, ки каму беш ба ӯ иродат доранд, дар доми балое, ки С. Мирзорахматов афкандааст, меафтоданд.

Ба ин пӯкиши навбатии С. Мирзорахматов посух навиштан кори осон нест, вале лозим аст ба таври хеле мухтасар танҳо ба ду дурӯғ ва як таъкидаш бо ишораи «P.S.» рӯшанӣ андохт.

Нахуст, С Мирзорахматов чунин иддао кардааст:

«Таджикское телевидение под руководством Мирбобо в период хаоса и безвластия 92 года стало, пожалуй, самым чудовищным средством разжигания вражды между регионами. Об этом я подробно написал в своей книге «Герои-истинные и мнимые».

Маҳз таъкид бар китобчае, ки пур аз дурӯғ ва таҳқиру тӯҳмат аст ва афзун бар ҳама онро ҳақиқати кулл пиндоштани муаллифаш барои мо ҷолиб буд. Маълум мешавад, ки «Аёз ҳадди худро» нашинохтааст ва по аз кӯрпа фаротар гузоштааст. Яку ним сол пеш С. Мирзорахматов тӯҳматнома ё дақиқтар бигӯем, хуфияномаи собиқашро бо унвони «Герои-истинные и мнимые» дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба нашр расонида, ба Тоҷикистон овард ва дар байни арбоби қалам ва дӯстони наздикаш тавзеҳ кард. Пасон барои боз ҳам густардатар шудани дурӯғномааш ҷашни 75-солагии устоди зиндаёд О. Латифиро минбар қарор дода, дар он ҷо низ ин китобчаашро ба намойиш гузошт ва шастсолагиаш низ баҳонае шуд, то дар мақола ва мусоҳибаҳо таблиғи тӯҳматномааш бештар фарогир шавад. Соли 2011 рӯзномаҳои кишвар ба таблиғи «шоҳасари» С. Мирзорахматов пардохтанд. Мо ба он музахрафоти С. Мирзорахматов посухи мухтасаре бо номи «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Хулькар Юсупов ПӮКИД» навишта, тамомии дурӯғ ва тӯҳматҳояшро бо далелҳои илмӣ ва таърихӣ ва шоҳидони зинда нишон додем. Вале ба хотири он ки обрӯ ва ҳайсияти эшон тамоман аз байн наравад, аз чопи васеи он худдорӣ варзидем (танҳо бахше аз он ба таври ихтисор дар шумораи 17 /100/ «Пайкон» аз 11.05.2011 ба чоп расиду халос). Барои ҷаноби С. Мирзорахматов гуфта шуда буд, ки ба ҷойи дурӯғпароканӣ, тахриб, тӯҳмат ва ҳақоратнависӣ дар мақола ва китобчааш бояд бо далелу бурҳон такя мекард ва номи писари моро, ки ба духтари эшон ҳатто ҳарфе назадааст, дар баҳси мақолаҳо нисбат ба шахсияти мо ва интиқод аз барномаҳои Ширкати садо ва симо (1988-1992) дар миён нагузорад. Мутаассифона, суханҳои дурусти мо ба як гӯши эшон даромаду аз дигараш берун шуд ва ҳоло боз ба иғво пардохтааст.

Устоди таҳрифоти таърих-С. Мирзорахматов фаромӯш кардаанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он бо имзои тавофуқи сулҳ дар Маскав 27 июни соли 1997 ба поён расида ва бод додани «коҳи кӯҳна» дигар ҳамонро мемонад, ки мувофиқ аст ба мақоли маъруфи: «мушти пас аз ҷанг боло бардоштаатро ба сари худат бизан!» Имрӯз маҳз чунин дурӯғбофон мехоҳанд боз кишварро ноором созанд ва бо санг партофтан ба сӯи дигарон заминаҳои назарӣ ва амалии дарҳамбарҳамӣ, ташаннуҷ ва даргириҳоро ҳамвор созанд.

Дар мавриди намоишҳои симо ва гуфтори садо дар тобистони соли 1992, ки ҷаноби С. Мирзорахматов ба онҳо тӯҳмат бофтаанд, чанд нуктаи муҳимро ёдовар мешавем, то ҳолашон ба худ ояд ва шояд дарк намоянд, ки воқеъият ва ҳақиқати ҳол тамоман чизи дигар буда, на он дурӯғест, ки эшон ба қалам додаанд.

Нахуст, дар бораи «қаҳрамон» шиносонидани Сангак Сафаров аз симо. Замоне ки Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳимро (5.05.1992) ба гаравгон афтоданд, коргардони боистеъдоди синамо Д. Худоназаров ба кӯмак расид ва тарҳи мусоҳиба ба онҳоро матраҳ кард, то «тӯба» намоянд. Сӯҳбаторои ин намойиши фоҷиа устод Сафари Абдулло буд, ки ҳоло дар Қазоқистон зиндагӣ ба сар мебарад ва эшонро С. Мирзорахматов хуб мешиносанд. Ман дар бораи он мусоҳиба чизе намегӯям, зеро дуруштиву дағалии онро то ба ҳол ҳар фарди каме аз фарҳанг бохабар дар ёд дорад. Наворбардори он мусоҳиба ва саҳнаҳои он равоншод Коваи Баҳор буд, ки дертар ба таври мармуз дори фониро падруд гуфт. Чизе, ки мехоҳам ба таваҷҷӯҳи шумо бирасонам ин аст: ба ҳеҷ ваҷҳ пахши он навор аз симо ҷоиз набуд. Аммо Д. Худоназаров, С. Абдулло ва боз як даста аз тарафдоронашон борҳо ва борҳо таъкид бар он доштанд, ки навори бозпурсии (истинтоқи) Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳим бояд ва ҳатман аз симо пахш шавад. Бечора Коваи Баҳор се бор аз студияи симо ронда шуд ва ба ӯ гуфтанд:

-Гӯру чӯби ин наворро нест намо, зеро бадбахтӣ меоварад!

Гӯё қисмат чунин будааст, ки маҳз Коваи Баҳор он мусоҳибаро (албатта, маълум аст, ки бо супориши кӣ) ба навор бигирад ва воситае байни коргардонон ва симо шавад. Билахира, бо пофишориҳои зиёде, ки ҷанобон доштанд, навори бозпурсии С. Сафаров ва Р. Абдураҳим аз симо пахш шуд (1). Барои он ки умуман ба симо дахл надоштани он мусоҳиба ва истинтоқ рӯшан шавад ҳангоми пахш дар гӯшае аз он чунин навиштаҳо ҳаккокӣ ва сабт шуд: «Наворбардор Коваи Баҳор», «Навори Коваи Баҳор».

Ҷаноби С. Мирзорахматов! Агар шумо ҳирфаи рӯзноманигорӣ ва ба вижа рӯзноманигории садо ва симоро дуруст омӯхта бошед, ҳатман медонед, ки ҳангоми пахши навор ё санаде, ки симо ба моликияти он соҳибҳуқуқӣ надорад ва ба садо ва симо дахил нест, бояд сарчашмаи он нишон дода шавад. Инро дар истилоҳи рӯзноманигорӣ-идорӣ «одоби ҳирфаӣ-ҳунарӣ» (профессииональная этика) ва ҳуқуқӣ-«ҳуқуқи молӣ ва маънавии асари муаллиф» меноманд, ки шояд шумо фаромӯш карда бошед. Коваи Баҳор ҳангоми пахши навори он бозпурсӣ аз симо ду бор ба студияи телевизион ташриф овард ва хост, ки он навиштаҳои «Наворбардор Коваи Баҳор» ва «Навори Коваи Баҳор» аз экран пок карда шавад. Аз «боло» ҳам занг мезаданд, ки навиштаҳои фавқулзикр аз экран пок шавад, зеро маълум буд, ки он ба наворбардорони симо дахл надорад ва моли каси бегона ва ибтикори дигарон ҳаст, ки мехоҳанд, паси парда бимонанд.

Дар ин робита боз як мисоли дигарро, ки маҳз чунин бозиҳо дар берун аз симо рух медод, ёдовар мешавем. Райиси Ҷумҳур Р. Набиев дар сафарҳои расмиаш низ танҳо аз ҳунари наворбардории Коваи Баҳор истифода мекард (на наворбардорони телевизиони давлатӣ), ки як пораи онро дар маҷмӯаи «Даме бо Лоиқ» овардаам, ки онро ду сол пеш ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба нашр расонида буд.

Дуввум. Террор, нифоқ андохтан байни минтақаҳои Тоҷикистон ва фаҳшиёт на аз Симои мардумии Тоҷикистон, балки аз садо ва симои Ӯзбакистон (оғоз: шоми 12 ва 14 июни соли 1992) ва Русия шурӯъ шуд, ки то ба ҳол идома дорад (зеро на мурда ва зиндаи мардуми тоҷик барояшон аҳамияте надорад). Ёд доред, ҷаноби С. Мирзораҳматов, чӣ наворҳое сохтаву бофта аз симои Ӯзбакистон пахш мекарданд ва чӣ қаҳрамононе аз он сухан мегуфтанд?! Ин кор хеле идома дошт ва танҳо ҳамон рӯзе, ки мо ба Райиси Кумитаи садо ва симои Ӯзбакистон ҷаноби оқои Ҳайитметов занг задем ва ба таври қатъӣ талаб кардем, ки: «агар ин хел дахолатҳоро ба корҳои дохилии кишвари мо бас накунед, мо навори қатли оми Ӯшро дар даст дорем ва пахш мекунем» аз дасисаҳояшон ба таври мустақим каме худдорӣ карданд. Албатта, онҳое, ки дар мавриди дасисаҳои дигарон дар корҳои дохилии Тоҷикистон аз қабл чашмашонро кӯр ва гӯшҳояшонро ба карӣ задаанд, он таърихро зуд ба дасти фаромӯшӣ супурданд (чӣ расад ба ин рӯзҳо, ки ҳоло солиёни зиёде аз он таърих сипарӣ шудааст) ва ҷомае пур аз дурӯғ ва ҳарзаву тӯҳмат барои мо дуруст карданд. Ба эҳтимоли зиёд барои Ҷумҳурии Ӯзбакистон ва Федератсиони Русия (ва ҳол Ҷумҳурии Халқии Чин) сарзамин ва сарватҳои кишвари Тоҷикистон бе вуҷуду ҳузури тоҷикон лозим буд ва ҳаст. Равоншод Исмоил Давлатов (собиқ Райиси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, вазири иқтисод, вазири ҳифзи иҷтимоӣ) дар як мусоҳибаи телевизиониаш соли 1993 таъкид карда буд, ки соли 1992 як миллиону сесад ҳазор (1.300.000) сар гов («чорвои калони шохдор») аз вилояти Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбакистон бурда шудааст, то он заҳамоти ройгони ҷаноби олӣ-Ислом Каримов ва ҷаноби холӣ-Салим-бойбачча дар истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон ҷуброн шавад. Бунёдгузори Фронти халқии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев барои чунин «корномаи пурифтихори» солҳои 1993-1995 Ислом Каримовро ба Ҷоизаи сулҳи Нобел номзад пешбарӣ карда буд (сад шукр, ки Ҷоизаи сулҳи Нобел насиби Ислом Каримов нашуд, вагарна имрӯз монанди Бараки Ҳусейни ё Ҳусейнович Обама, ки ба таври муфт Ҷоизаи сулҳи Нобелро ҳамчун пешпардохт дар ҷайб зад ва ба Либӣ ҳуҷум овард, ҷанги наверо дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекард). Ин нуктаи ҷолибро ҳам ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш дар шаҳри Сочии Русия Райиси Ҷумҳури Ӯзбакистон, мӯҳтарам Ислом-ака Каримов, барои он ҳама иштибоҳоти содиркардаашон дар истиқрори сулҳ ва осойиш дар Тоҷикистон аз «халқи бузургвори тоҷик» узрхоҳӣ кардаанд…

Севвум, соли 1992 хати интиқоли сигналҳои садо ва симои Тоҷикистон аз Душанбе ба вилояти Ленинобод аз хоки Ӯзбакистон убур мекард ва дақиқан аз оғози моҳи май дӯстони ӯзбакии мо онро масдуд карда буданд. Албатта, бо ибтикори хеш ва дархости мансабдорони Тоҷикистон. Бесабаб набуд, ки бархе аз мансабдорони баландрутбаи Тоҷикистон моҳи майи соли 1992 чанд бор ба таври пинҳонӣ ба он кишвар сафар карда ва бо мақомоти баландпояи Ӯзбакистон дидор ва гуфтугӯ ба амал оварда, масъалаи бо роҳҳои қонунӣ ва ҳуқуқӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардан ва ба Ӯзбакистон пайвастани вилояти Ленинободро матраҳ сохта буданд ва ҳатто дар ҳамин замина Иҷлосияи намояндагони вилояти фавқулзикр низ баргузор шуд. Дертар мо навори суханронии Додситони куллро дар он Иҷлосия аз симо намойиш додем, вале аз он ки паси парда сарварони мӯҳтарам ба чӣ кори шармовар ва хиёнат машғул шуда буданд, чизе нагуфтем (2) (масъалаи тарҳи таҷзияи Тоҷикистон аз ҷониби мухолифин бо сарварии А. Соҳибназаров, Ш. Ф. Юсупов Т. Абдуҷаббор ва … мавзӯъи дигар аст). Бояд ба Ислом-ака Каримов ташаккур гӯем, ки ин пешниҳоди калладорони бузурги Хуҷанд (3) дар мавриди ҷудосозии вилояти Ленинобод аз кишвари Тоҷикистон ва мулҳақ кардани он ба Ҷумҳурии Ӯзбакистонро «ба таври муфт напазируфтанд», вагарна мо имрӯз на танҳо даҳ-бист ҳазор километри мураббаъ, балки садҳо ҳазор километри мураббаъ бештар аз хоки Тоҷикистонро тамоман аз даст дода будем (4). Бидуни шак И. Каримов на танҳо вилояти Ленинобод (Суғд), балки тамомии Тоҷикистонро мехост ғасб ва тасарруф кунад (5), вале дар кадом як марҳилае байни манофеи Ӯзбакистон ва сиёсати геополитикии Русия тазодд ба миён омад ва дуввумӣ бар якумӣ амалиёти маъруфи иборат аз се ангуштро нишон дод. Лозим аст барои дақиқ шудани ин нукот ба хотироти афсари баландрутбаи Созмони иттилооти Артиши Русия-ГРУ Александр Сергеевич Чубаров, ки дертар бо дастури раҳбарияти Ӯзбакистон муовини вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд, муроҷиат намоем. А. С. Чубаров аз тобистони соли 1992 ва дахолати бевоситаи Ӯзбакистон ва Русия дар даргириҳои Тоҷикистон чунин ёдовар мешавад:

«Хотелось бы пояснить, чем мы в республике занимались и в чьих интересах действовали. Мы защищали конституционный строй Таджикистана, одновременно являясь офицерами узбекской армии, и думали в первую очередь о том, что матушке-России не нужен был этот бардак в регионе, где к власти рвались исламские фундаменталисты. Все, кто там воевал из ГРУшников, имели опыт Афганистана за плечами. Выдвигались мы из Чирчика, с территории 15-й бригады спецназа ГРУ, на тот момент «отошедший» к Узбекистану. Нужно признать, что президент Ислам Каримов повел себя мудро. Он прозливо предугадал возможное развитие ситуации и, опасаясь ее развития по сценарию ваххабитов, решил отдать приказ на формирование специального корпуса в Узбекистане и оказать помощь Народному фронту Таджикистану. Разумеется, он преследовал и свои цели: отсечь северные провинции Таджикистна, где располагались более ста развитых предприятий и мощный военно-промышленный комплекс (ВПК). Забегая вперед, скажу, что сделать это ему не удалось… Усилиями спецназовцев, которым приходилось не только воевать, но вести разведку в этом необыкновннно сложном регионе и заниматься там политикой, был создан так называемый Народный фронт-по сути, местные отряды самообороны, которые мы обучали и направляли для борьбы с исламистами. Нам был придан статус советников, но мы, офицеры спецназа, вместе с «фронтовиками» принимали участие в боевых действиях и подставлялись под «ваховские» пули. Мы учили людей воевать, учили командиров руководить боем» (6).

Бар замми ҳамаи ин тақвиятдиҳандаҳои (ретранслятор) садо дар шаҳраки Гулистони ноҳияи Вахш дар ихтиёри марказ набуд. Аз 24 августи соли 1992 сарварони вилояти Ленинобод пахши садо ва симоро дар вилоят қатъ карда, телевизиони Тошканд ва Русияро бозкушоӣ намуданд ва бо дастури онҳо кор мекарданд, ки якбора чӣ тавр аз даст рафтани ҳокимияташонро нафаҳмида монданд (ва имрӯз дар ҳасрати он дилтангӣ доранд).

«Изҳороти нерӯҳои демократии Тоҷикистон» «Садои мардум» №103(353), 30.05.1992, с. 2

 

Чаҳорум, Карим Абдулов, мудири котиботи Раиси Ҷумҳури вақт-Раҳмон Набиев дар солҳои 1991-1992 аз таърихи он хиёнатҳо чунин ёдовар шудааст:

«Як чизро мехоҳам хотиррасон кунам, ки он шабу рӯз Тоҷикистон дар арафаи парокандашавӣ қарор дошт. То сессияи 16 Шӯрои Олӣ як гурӯҳ намояндаҳои вилояти Ленинобод талош доштанд, сессияи вилоят баргузор карда, ба ҳайати Ӯзбекистон дохил шаванд. Вақте ки ба Кӯлоб аз Душанбе имкони парвози самолёт (ҳавопаймо-М. М.) набуд, депутатҳои водии Вахш, водии Ҳисор, Кӯлоб ва водии Қаротегин барои иштирок дар иҷлосия аз тариқи Термез ба Хуҷанд рафтанд. Дар Термез одамоне пайдо шуданд, ки аз депутатҳои ӯзбеки вилояти Қӯрғонтеппа даъват карданд, ки ба иҷлосия нараванд. Онҳоро ташвиқу талқин карданд, ки баргарданду раванд ва дар Қӯрғонтеппа сессия доир карда, дар бораи ба ҳайати Ӯзбекистон шомил шудан, қарор қабул намоянд. Лекин депутатҳои мо қатъиян муқобил баромаданд. Он вақт бадахшониҳо ҳам фикру андеша доштанд, ки худро мухтору мустақил эълон кунанд. Хавфи дохилшавии Мурғобу Ҷиргатол ба Қирғизистон вуҷуд дошт. Як тасаввур кунед, ки агар кор чунин ранг мегирифт, аз Тоҷикистон чӣ боқӣ мемонд?» (7)

Панҷум, яке аз таъриххарошони садаи бист ва оғози садаи бисту як-Иброҳим Усмонов дар китоби хеш «Соли Набиев» аз таърихи хиёнатҳои бузургони миллат ба маънои мусбат чунин ёдовар мешавад (ҳамчун пуштибонии маънавӣ), ки мутолааи онро ба худи шумо, рафиқ С. Мирзорахматов, вогузор менамоем:

«Бояд гуфт, ки дар арафаи ҳабси (гарави умумии кормандони дафтархонаи Раиси Ҷумҳур ва Девони вазирон) вазъияти сиёсии Тоҷикистон ниҳоят тезутунд шуда буд: Дар водии Вахш вазъияти нерӯҳои мардумӣ танг мешуд, телевизиони Ӯзбекистон намоише аз Тоҷикистон нишон дод, ки дар он фоҷиа ва куштори ваҳшиёнаи водии Вахш тарсим, ба ҳайси созмондиҳанда Қозикалон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Шодмон Юсуф номбар мешуданд. Дар навор барои исботи даъво далел кам набуд. Ин албатта ғашу ғазаби пирӯзонро меовард. Чунин наворҳоро ором тамошо кардан имкон надошт, зеро танаҳои бесар, сарони бегӯшу биннӣ, ҷасади сӯхта, кӯдаки шикофташуда, инҳоро ҳатто шунидан душвор аст.

Дар ин вақт воқеае шуд, ки онро ба ҳайси баҳона истифода намуда, намоиши телевизиони Тошкандро барои минтақаи мавҷи Душанбе қатъ карданд. ТМТ дар арафаи гурези Набиев бо номи «Хиёнат» дар бораи роҳбарияти вилояти Ленинобод, ки хоинони миллати тоҷик «мухолифони якпорчагии онанд» намоиш дод ва зикр кард, ки онҳо намоиши телевизиони мардумиро барои вилоят қатъ карданд. Чизи дигаре гуфта нашуд ва намоиши телевизиони Тошканд барои водии Ҳисору Душанбе қатъ гардид» (8).

Шашум, пас аз юриш ва турктозии С. Кенҷаев (9) ба шаҳри Душанбе (дар таърихи 24 октябри соли 1992) хабарнигори симои Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар бо ҷаноби А. Достиев мусоҳиба дошт ва номбурда талаб кард, ки суханрониаш бе виройиш пахш шавад. Мо ин талаби эшонро ба ҷой овардем. Суханони ҷаноби А. Достиев бе камукост аз симо пахш шуд. Ёд доред: дар он суханронӣ ҷаноби А. Достиев ба нишонии ҳамсари иҷрокунандаи вазифаи Райиси Ҷумҳурӣ А Искандаров дақиқан чӣ фиристод?!

Дигар боз чӣ даъво доред, ҷаноби С. Мирзорахматов?! Шояд ин далелҳо, ки дар боло овардем, дар раддия ба дурӯғномаи шумо кифоят кунад? Шумо чунин пуррӯи ва дурӯғпароканӣ доред, ки ҳеҷ ба гӯшу хаёли одамон намерасид: дар асри XXI таҳрифи таърихи тоҷикон бозоргир хоҳад шуд.

* * *

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Корманди Додситонии кулли кишвар Солеҳҷон Ҷӯраев аз он таърих чунин ёд меоварад: «Он рӯз (яъне 5.05.1992-М.М.), дертар Сангакро мухолифин гаравгон гирифтанд. Аммо бо Сангак чӣ сӯҳбат шуд, ба фикрам як умр ҷавоб намедиҳам. Онҷо гапҳо зиёд буд, намехоҳам ифшо шаванд. Вале тамоми ҷараёни сӯҳбат, ки ба таври расмӣ ба протоколи пурсиши Сангак Сафаров ва инчунин Рустам Абдураҳим аз тарафи муфаттиш баргузор шуд дар навори магнитофон сабт шудааст».- Фараж, №39(240), 27.09.2011, с. 9.

(2) Тухми хиёнате, ки дар мавриди ҷудосозии вилояти Ленинобод (имрӯз Суғд) аз кишвари Тоҷикистон дар моҳи майи соли 1992 кошта шуд, дар як муддати кӯтоҳ панҷ бор ҳосили талх ба бор овард. Нахуст, рӯзи қатли Н. Ҳувайдулоев, 24 моҳи августи соли 1992, раҳбарони вилояти Ленинобод бо машварат ва дастгирии М. Осимӣ ва Ю. Исҳоқӣ масъалаи ҷудошавии вилояти Ленинободро ба таври қатъӣ ба миён гузоштанд (ҳатто С. Кенҷаев, рақиби ашаддии Н. Ҳувайдуллоев, дар маросими ба хоксупории Додситони кулл ашки тимсоҳ рехта, савганд ёд карда буд, ки «кори ӯро давом хоҳем дод…»). Дуввум, фирори Раиси Ҷумҳур-Р. Набиев аз шаҳри Душанбе ба мақсади Хуҷанд дар авоили моҳи сентябри соли 1992 низ яке аз марҳалаҳои ҳассоси ин раванди ҷудоихоҳӣ буд, ки бо даст кашидани эшон аз ҳокимият хотима ёфт. Севвум, дар маросими ифтитоҳияи Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Кохи Арбоби Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 Раиси Кумитаи иҷрояи вилояти Ленинобод А. Ҳомидов суханронии хешро бо забони ӯзбакӣ шурӯъ кард ва ҳатто дар навори симо суханони ӯ: «Хуш келибсиз, азиз меҳмонлар!» садо дод. Ин ба он маънӣ буд, ки А. Ҳомидов аллакай (ба лаҳҷаи хуҷандиҳо «аллақачан») вилояти Ленинободро дар оғӯши Ҷумҳурии Ӯзбакистон медид. Чаҳорум, А. Ҳомидов соли 1993 ба нерӯҳои қудратии вилояти Ленинобод дастур дод, ки ҳамаи фирориёни аз пойтахт ва навоҳии ҷумҳурӣ ба вилоят омада, ба вижа мухолифинро, зери фишор ва таъқиб қарор диҳанд ва дастгир карда, ба Душанбе фиристанд. Панҷум, ҳамин ҷаноби А. Ҳомидов буд, ки як бор ба Ӯзбакистон фирор кард ва пасон боз ба мансаби Раиси комиҷроияи вилояти Ленинобод расид ва пули иртиботии рӯдхонаи Яғнобро, ки шимол ва ҷануби Ҷумҳуриро бо ҳам мепайваст, тарконид ва дар ниҳоят бо аъмоли зиёди хиёнатборе бар зидди тамомияти арзии кишвар муттаҳам шуд ва соли 2010 дар зиндон ба сахтӣ мурд. «Валлоҳу ло юҳиббу хоинина»-Аллоҳ хоинонро дӯст намедорад! Ниҳоят, фарҷоми хиёнатҳо ҳуҷуми сарҳанг М. Худойбердиев дар соли 1997 аз хоки кишвари Ӯзбакистон ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Барои ҷаноби С. Мирзорахматов ва Н. Табаров ёдовар мешавем, ки агар садо ва симо хиёнати додситонҳо, раҳбарони вилояти Ленинобод ва мушовираи М. Осимӣ ва Ю. Исҳоқӣ ва фирори Р. Набиевро сари вақт бозгӯӣ намекард, мо имрӯз ба монанди нимҷазираи Корея ва мардуми он ду қисмат будем ва ё зери султаи Ӯзбакистон. Бо камоли масъулият арз менамоям, ки дар тафсири сиёсии симо шаби 27-уми августи соли 1992 ин нуктаҳои боло ошкоро ба тамошобинон гуфта шуд. Пас аз он ҳам М. Осимӣ ва ҳам Ю. Исҳоқӣ шахсан ба мо занг заданд ва изҳори норозигӣ карданд, ки «мо ба тасмими раҳбарони вилоят ҳеҷ таъсире надорем». Дар ҳоле ки далелҳо шаҳодат бар он медод, ки маҳз ин ду тан пас аз марги Н. Ҳувайдуллоев ибтикори амалро дар ин замина ба даст гирифта буданд. Аҷаб не марги нохостаи эшон самараи хиёнати худи онҳо бошад… Нақл мешавад, ки пас аз ба қатл расонидани М. Осимӣ дар даҳонаш ин хатчаро гузоштаанд: «Сазои сари хоин ин аст».

(3) Пагоҳии 23 сентябри соли 1991 кафили қонун-Додситони кулли кишвар-Н. Ҳувайдуллоев ҳангоми берун шудан аз дари хурӯҷии бинои Шӯрои Олии Тоҷикистон ба дастгирии гирдиҳамоии коммунистон дар сӯги фурӯ рехтани муҷассамаи В. И. Ленин чунин гуфта буд: «Ман ҳамаи авбошону зиндониёнро озод карда, к…ни исломиҳоро медаронам…» Ман шоҳиди зиндаи ин суханони таърихии Додситони кулли Тоҷикистон Н. Ҳувайдуллоев будам. Додситони кулл олами ҷиноятро бо баҳонаи гирдиҳамоии мардум дар Майдони Озодӣ моҳи сентябри соли 1991 аз маҳбас берун овард. Чанде пеш дар «Asia-Plus» (20.06.2012, №47/734/, с. А/6) ба ин амали Додситони кулли кишвар талвеҳан ишорат шудааст. Додситони кулли кишвар натиҷаи ваъдаашро надид, вале подоши кирдори хешро 24 августи соли 1992 дарёфт кард, албатта, ба эҳтимоли зиёд аз тири ҳамон сипоҳе, ки ба сӯи мардуми Тоҷикистон равона карда буд… Истеҳзо ва фоҷиаи таърихро бинед, ки пас аз даргузашти ҳаждаҳ сол шахсият ва корномаи Н. Ҳувайдуллоев бо қалами номзади илмҳои филологӣ Нурулло Азимов ба хонандагон ҳамчун «марди шарифу бузург ва қаҳрамони беҳамтои роҳи истиқлолият» (ниг.: Фараж, 17.03.2010, №11(178), с. 13) муаррифӣ шудааст. Воқеан ҳам ин қабил рӯзноманигорон, олимон ва таърихнигорон танҳо дар байни тоҷикон пайдо мешаванд, ки дурӯғи бефурӯғашонро бо нархи гарон ба фурӯш мебароранд ва харидор ҳам доранд ва чунин пиндоранд, ки мардум аҳмақ аст ва чизе дарк намекунад ва ҳар он чӣ ки шон навиштанд ҳақиқат аст ва танҳо сухани онҳо маҳаки таърих буда ва худи таърих низ дар инҳисори онҳо қарор дорад. Барои мисол яке дигар бо унвони доктори илми таърих миннатдории хешро аз табартақсими русӣ-коммунистии Осиёи Миёна чунин изҳор доштааст: «Новобаста аз он ки Тоҷикистон дар гӯшаи дурдасти тоҷикнишини кӯҳистон ташкил гардид, на дар марказҳои аслии зисти тоҷикон ба мисли шаҳрҳои Бухорою Самарқанд, халқи тоҷик бояд як умр аз халқи бузурги рус ва хусусан ҳизби коммунисти он миннатдор бошад…». Ғолиб Ғоибов. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз. Душанбе-2006, саҳ. 593. Ин нуктаро аз китоби он таъриххарош сокини шаҳри Норак С. Алиев дарёфт кардааст ва ҳафтаномаи «Нигоҳ» зери сарлавҳаи «Хари моро нахандонед!» 25.01.2012, №45(268), с. 15 ба чоп расонидааст. Ин «хулосаи илмии» таърихшиноси мӯҳтарам дақиқан ҳамон мусоҳиба-латифаеро дар бораи қавми чукча пеши назар меоварад. Худ бихонед ва ба нуктаи як умр «миннатдории» халқи тоҷик аз халқи бузурги рус ва коммунистон муқоиса намоед:

«Журналист берет интервью у чукчи: -Как вы жили до революции 1917 года?// -Голод и холод.// -А как вы живете теперь?// — Голод, холод и чувство глубокой благодарности». Ниг.: Антология мирового анекдота. Социльно-политический анекдот. Киев: Довира, 1994, с. 99. Боварии комил дорем, ки дар нашрҳои ояндаи китоби «Антология мирового анекдота» дурри маънии суфтаи Ғолиб Ғоибов ҳамчун латифаи тоҷикӣ ворид хоҳад шуд, ки боиси ифтихор ва рӯсурхии С. Мирзорахматов ва Н. Азимов мегардад.

(4) Барои пӯшонидани кирдори пешин ва нави Н. Ҳувайдуллоев дар ҳамон рӯзҳои сарнавиштсози моҳи майи соли 1992 дар саҳифаҳои матбуот дурӯғпароканиҳои зиёде ба роҳ андохтанд (имрӯзҳо ин раванд бо қотеъият идома дорад ва гузоштани тандису кӯчаҳо ба номи вай ба мӯд даромадааст), то ҳама чиз пинҳон бимонад. Ин дурӯғпароканиҳо маҷбур сохт, то дар раддия бо унвони «Изҳороти нерӯҳои демократии Тоҷикистон», ки рӯзномаи «Садои мардум» №103(353), 30.05.1992 дар саҳифаи дуввум ба нашр расонид, чунин таъкид шавад: «Рӯзномаҳои «Садои мардум» ва «Ҷумҳурият» аз 27.05.1992 хабаре нашр кардаанд, ки «Рӯзҳои наздик мири шаҳри Душанбе Мақсуди Икром… ба озодӣ мебарояд. Ин иқдоми ҳукуматро гӯё қувваҳои опозисион табрик намуда, аҳд кардаанд, ки кафили осоиши Додситони кулли ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев мебошанд». Мо албатта иқдоми ҳукуматро дар бораи озод кардани Икромов табрик мегӯем, вале бо салоҳат (шояд шакли дурусташ «сароҳат» бошад-М.М.) изҳор менамоем, ки мо ба ҳеҷ касе аҳд накардаем ва кафили осоиши касе нашудаем. Дар бораи Додситони кулли ҷумҳурӣ гуфтанием, ки бар асоси протоколи созиш байни Раиси ҷумҳур, Раёсати Девони Вазирон ва неруҳои опозисион истеъфои Нурулло Ҳувайдуллоев пешбинӣ шуда ва минбаъд дар вазифаҳои масъули давлатӣ кор накардани он зикр шуда буд. Аз ин рӯ, мо аз Раиси ҷумҳур қатъиян талаб менамоем, ки иҷрои бандҳои протоколи созишро пурра таъмин намояд. Раиси ҲНИ М. Ҳимматзода; Раиси ҲДТ Ш. Юсуф; Раиси созмони Растохез Т. Абдуҷаббор; Раиси созмони «Лаъли Бадахшон» А Амирбек».

(5) И. Каримов моҳи марти соли 2012 даъвоҳои бист соли пеши хешро ба ёд оварда, ба таври ошкоро ва бешармона тасарруфи бахше аз қаламрави Тоҷикистон ва ба вижа сарбанди нерӯгоҳи Фарҳодро ҳадаф қарор дод. Ҷолиб ин аст, ки ба ин ғосибӣ ва зиёдаравиҳои И. Каримов на мақомоти расмии кишвар, балки сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав, ки сарпарастии онро мӯҳтарам А. Достиев бар ӯҳда дорад, вокуниш нишон дод. Муфассал ниг.: Таджикистан обвиняет Узбекистан-Asia-Plus, №25(712), 4.04.2012, с. А/3; Фараж, №14(279, 4.04.2012, с. 2.

(6) Александр Чубаров. Сто десять боевых выходов.-журнал «Братишка», январь 2011. Сайт: bratishka.ru Нуралии Давлат матни ин хотироти генерал А. С. Чубаровро аз забони русӣ ба тоҷикӣ баргардон ва дар шумораҳои 16(226), 17(227) моҳи апрели соли 2011 ҳафтаномаи «Фараж» ба чоп расонидааст.

(7) Ниг.: Фараж, 5.10.2011, №40(450), с. 16.

(8) Усмонов И. Соли Набиев. Душанбе: Матбааи байни донишкадаҳои олӣ, 1995, с. 99. Дар ин солноманависии И. Усмонов дурӯғ ва дарҳамбарҳамии зиёде ҷой дорад: Нахуст, намоиши саҳнасозишуда ва иғвобарангези Симои Ӯзбакистон на дар «арафаи ҳабс» ё «гарави кормандони дафтархонаи Раиси Ҷумҳур ва Девони Вазирон», ки чаҳоруми сентябри соли 1992 иттифоқ афтод, балки хеле бармаҳал, яъне 14.06.1992 соати 2100 шаб пахш шуда буд. Дуввум, барои ҷанобон И. Усмонов ва С. Мирзорахматов гуфта шавад, ки Раиси Симои Ӯзбакистон Ҳайитметов аз ақди қарордоди тарафайн дар мавриди пахши Симои Ҷумҳурии Ӯзбакистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва билъакс-Симои Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбакистон сар печид. Ӯзбакистон мехост, ки барномаҳои ТВи ӯзбак ба таври зӯрӣ ва яктарафа дар Тоҷикистон аз буҷаи давлати Тоҷикистон пахш шавад ва бар иваз Симои Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ дар Ӯзбакистон намоиш дода нашавад. Матни қарордод дар мавриди пахши тарафайни намоишҳои симо моҳи июни соли 1992 ба тарафи Ӯзбакистон ва Русия пешниҳод гардид ва пеш аз он таърихе, ки И. Усмонов навиштааст, пахши ТВи ӯзбак мутаваққиф шуд. Севвум, он чӣ, ки мо ба намоиши Симои Тоҷикистон дар 27.08.1992 «Хиёнат» ном гузоштем, дақиқан дуруст буд ва ҳеч муболиғае накардем. Ҳосили он хиёнатҳо (ки бархе бори аввал ба таври мухтасар дар боло бозгӯӣ шуд) ва пас аз онро мардуми Тоҷикистон дар тӯли бисту як соли ахир ҳамчун заҳр мечашанд, ки аз инҳо иборат аст: минкории марзҳо (дар ин муддат беш аз сад нафар ҳаммеҳани мо кушта шуданд ва боз садҳо нафар захмӣ); роҳбандон; боздошти масолеҳи сохтмонӣ, нафтӣ, хӯрокӣ; вайрон кардани роҳи оҳани самти Қӯрғонтеппа; қатъи газ; қатъи нерӯи барқ ва интиқоли он; ғасб ва талаби хоки кишвар; боздошт ва куштори мардуми тамоман бегуноҳ; муҳосираи иқтисодӣ; бастани марз ва эҷоди монеа дар убур ва мурури шаҳрвандон (аз 16 посгоҳи марзии ду кишвар ҳамагӣ ду ё се фаъол асту халос) ва боз даҳҳо мавриди дигар, ки ба ҳамагон маълум аст. Чаҳорум, масъалаи қарордоди пешниҳодгардида байни Ширкатҳои телевизионии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбакистон ва рад шудани он аз ҷониби бародарони бузург ва миёна борҳо дар барномаи «Ахбор» матраҳ шуда буд ва дар намоиши «Хиёнат» ҳоҷат ба такрор надошт.

(9) С. Кенҷаев шаби 23 ба субҳи 24 октябри соли 1992 дақиқан бо супориши И. Каримов ва дастгирии нерӯҳои он кишвар аз роҳи самти ғарбии мамлакат-шаҳри Турсунзода вориди хоки поки Тоҷикистон шуд. Ин бузургтарин хиёнат ба миллат ва якпорчагии кишвар буд. Русия тавонист ин бозиро ба нафъи худ ҳал кунад: тири С. Кенҷаев ва пуштибонаш хок хӯрд ва С. Сафаров (ки бо тарафдоронаш ба Душанбе наёмад ва С. Кенҷаевро фиреб дод) ӯро бо ин шармандигии абадӣ аз саҳнаи бозиҳои минбаъдаи сиёсӣ дур андохт. Русия дар ин масир ва барои саркӯбии тоҷикон аз нерӯҳои тарафдори М. Худойбердиев ҳам хуб истифода карда, дертар ӯро низ канор зад. Бояд зикр шавад, ки бознависии таърих ва «қаҳрамони истиқлоли кишвар» ҷилва додани С. Кенҷаев (ҳамчунин Н. Ҳувайдуллоев) дар матбуоти кишвар аз устод Лоиқ сар карда, то нависандаву рӯзноманигорон бисёр мӯд шудааст, ки баррасии ҳамаи онҳо аз маҷоли ин посух берун аст.

* * *

Қисматҳои дигари мақолаи «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: