Перейти к содержимому

Абулкаломи Озод мушкили ҳазорсолаи ҳувияти Зулқарнайнро ҳал кард

Аз дербоз то кунун муфассирон дар бораи кистӣ ва ҳувияти Зулқарнайн дар Қуръон ба посухе қонеъкунанда нарсидаанд. Бархе ӯро подшоҳе яманӣ дониста ва баъзе онро Искандари Мақдунӣ гуфта ва албатта баъзе мӯътақиданд, ӯ ҳамон Куруш, подшоҳи эронӣ аст.

Вожаи Зулқарнайн дар Қуръон матраҳ шуда ва Қуръони Карим ӯро яке аз подшоҳони куҳан дониста ва аз ӯ ба хубӣ ёд мекунад. Дар сураи Каҳф аз шахсе ба номи Зулқарнайн ном бурда мешавад, ки ҳувияти он ҳамвора барои муфассирони Қуръон маҳалли суолу баҳс будааст.

Гурӯҳе аз пажӯҳишгарон гумон бурдаанд, ки Зулқарнайн яке аз подшоҳони ҳимярӣ ҳамонанди Зулманор ва Зулозор аст. Онҳо ба истиноди ҳамин ташобуҳи вожагонӣ, дар Яман ба дунболи раддипойи Зулқарнайн гаштанд. Дар миёни донишмандони эронӣ Абӯрайҳони Берунӣ дар “Осорулбоқия” ва таърихнигор Ибни Халдун низ мувофиқи ин назар ҳастанд. Ҳарчанд Абулкаломи Озод дар китоби “Куруш ё Зулқарнайни Қуръон ва Таврот” муддаои онҳоро бо ироаи се далел рад мекунад.

Абулкаломи Озод

Иддаи дигаре аз соҳибназарон Зулқарнайнро Искандари Мақдунӣ медонанд. Ибни Сино дар китоби “Шифо” мегӯяд, Искандар ҳамон Зулқарнайни мавриди ишораи Қуръон аст. Имом Фахри Розӣ низ дар тафсири машҳури худ ҳамин боварро дуруст мешуморад. Абулкаломи Озод дар бораи изҳори назари Имом Фахри Розӣ, бо баёни ин ки “(Фахри Розӣ) посухҳои ночизу суст медиҳад”, ёдовар мешавад: “Ҳеч ҳамонандӣ ва ташобуҳе миёни Искандари Мақдунӣ ва Зулқарнайн дар Қуръон мушоҳида намешавад.” (Абулкаломи Озод, Куруш ё Зулқарнайни Қуръон ва Таврот, с.57)

Абулкаломи Озод бо резбинии пажӯҳишгаронаи хосси худ асноду мутуни динии яҳудиён монанди “Ишаъё”, “Ирмиё” ва “Дониёл”-ро мурур мекунад ва дар бораи эътибори ҳар як аз онҳо мунсифона изҳори назар мекунад ва диде ҷомеъ ба хонанда медиҳад. Вай нишон медиҳад, ки Куруш ба шаклҳои мухталиф дар мутуни яҳудиён мавриди такриму эҳтиром аст то ҷое, ки дар “Вақоеънома” омадааст:

22. Ва дар соли якуми Куруш, подшоҳи Форс, барои он ки каломи Худованд аз забони Ирмиё иҷро шавад, Худованд руҳи Куруш, подшоҳи Форсро барангехт, ва ӯ дар тамоми мамлакати худ ҷон андохт ва ба таври хаттӣ низ эълон намуда, гуфт:

23. “Куруш, подшоҳи Форс, чунин мегӯяд: “Ҳамаи мамлакатҳои заминро Худованд, Худои осмон, ба ман додааст, ва Ӯ ба ман амр фармудааст, ки дар Ерусалим, ки дар Яҳудия аст, хонае барои Ӯ бино намоям. Кист аз шумо, аз тамоми қавми Ӯ, ки Худояш бо вай бошад, бархоста биравад.” (Аҳди қадим (Таврот), китоби дуввуми Вақоеънома, боби 36)

Абулкаломи Озод ба руъёе аз Дониёли паёмбар ишора мекунад, ки ишора ба маънои луғавии Зулқарнайн – яъне ду шох — дорад. Дар руъёи Дониёл аз қӯче бо ду шох ёд шуда, ки як шохаш ба ҷилав ва дигаре ба ақиб аст ва қӯч бо шохи худ ғарб, шимол ва ҷанубро шох мезанад ва ҳеч ҳайвонеро ёрои муқобила бо он нест:

1. Дар соли севвуми салтанати подшоҳ Балшасар, ба ман, Дониёл, руъёе зоҳир шуд, баъд аз он ки бори аввал ба ман зоҳир шуда буд.

2. Ва дар руъё дидам, — ман худро дар Шушани пойтахт, ки дар вилояти Элом воқеъ аст, дидам; — ва дар руъё дидам, ки ман назди наҳри Улой мебошам.

3. Ва чашмонамро боло бардошта, дидам, ки инак, қӯчқоре назди наҳр истодааст, ва он ду шох дорад, ва шохҳояш баланд аст, вале яке аз дигаре баландтар аст, ва баландтараш дертар баромад.

4. Дидам, ки ин қӯчқор ба самти ғарб ва шимол ва ҷануб шох мезанад, ва ҳеҷ ҳайвоне наметавонад пеши он истодагӣ намояд, ва касе нест, ки аз дасти он халос кунад; ва он ҳар чи мехост, мекард, ва бузург мешуд…” (Аҳди қадим (Таврот), китоби Дониёли Набӣ, боби 8)

Сипас фариштае хоби Дониёлро таъбир мекунад ва ба ӯ мегӯяд:

20. Қӯчқори соҳиби ду шох, ки ту дидаӣ, подшоҳони Модай ва Форс мебошанд.” (Аҳди қадим (Таврот), китоби Дониёли Набӣ, боби 8)

Дар пешгӯии руъёи Дониёл, ду кишвари Мод ва Порс ба шакли ду шох намуд пайдо мекунад, чун қарор аст ин ду ба зудӣ муттаҳид шаванд.

Ин муҳаққиқ мегӯяд, то муддатҳо нисбат ба ҳамсонии Куруш бо Зулқарнайн мураддад буда, то ба тасвире аз муҷассамаи Куруш даст пайдо мекунад. Муҷассамае, ки дар давраи Ардашер сохта шудааст. Дар ин тасвир подшоҳи эронӣ (Куруш) дар ҳайате ҳамонанди руъёи Дониёли паёмбар нишон дода шудааст. Вай менависад: “Кашфи як асари таърихии муҳим низ комилан тардидҳоро аз миён бурд ва барои ман яқин ҳосил шуд, ки мақсуд аз Зулқарнайн касе ҷуз Куруш нест ва пас аз ин дигар ҳеч ниёзе нест, ки барои ёфтани ҳувияти Зулқарнайн дунболи шахси дигаре ҷуз ӯ бошем. Ин асари муҳимми таърихӣ муҷассамаи худи Куруш аст, ки дар ҷойе ҳудуди 80 километрии Истахр, пойтахти Эрони бостон, дар нуқтае бар канораи рӯди Мурғоб аст…” (Абулкаломи Озод, Куруш ё Зулқарнайни Қуръон ва Таврот, с.60)

Тасвири муҷассамаи мавриди ишораи Абулкаломи Озод

Фасли чаҳоруми китоб вақте оғоз мешавад, ки барои нависанда қатъӣ шуда, ки Зулқарнайн ҳамон Куруш аст. Нависанда ин фаслро бо ин ҷумлаҳо шурӯъ мекунад: “Акнун метавонем бигӯем, ки ба таври қатъ Зулқарнайн лақаби Куруш будааст. Шакке нест ин пиндор, ки Зулқарнайн ҳамон Куруш аст, аз қабл вуҷуд доштааст. Мо ҳатто агар аз шаҳодатҳои сареҳи Аҳди атиқ (ҳамон Таврот) чашмпӯшӣ кунем, тимсоли худи Куруш шоҳид ва гувоҳе айнӣ аст бар дурустии гуфтори мо…” Ба ҳамин тартиб нависанда бо такрори ибороте аз Қуръони Карим ва муқоисаи он бо иқдомоти Куруш иддаои худро ба наҳве исбот мекунад.

Абулкаломи Озод дар фасли панҷум нишон медиҳад вежагиҳои рафторӣ ва эътиқодии зикршуда дар оятҳои мавриди баҳси Қуръони Карим низ бо хусусиёт ва таърихи даврони Куруш татобуқ дорад. Вай дар ҳамин робита менависад: “Акнун лозим аст бибинем оё Куруш ҳамон сифоту вежагиҳои Зулқарнайни ёдшуда дар Қуръонро дорад? Дар посух бояд бигӯем, оре. Зеро ҳамаи қароину шавоҳид ин иддаоро таъйид мекунад…

Ин муҳаққиқ сипас дар фасли баъдӣ ба дунболи нишонаҳои садди Яъҷуҷу Маъҷуҷ, ки дар Қуръон аз он ёд шудааст рафта ва ба дунболи нишонаҳои ҷуғрофиёии ин садд ва мисдоқи он дар сарзаминҳои таҳти фармони Куруш меравад.

Аз дигар бахшҳои арзишманди китоб “таълиқот” аст. Аз он ҷо, ки ин асар дарбардорандаи теъдоди зиёде аз номҳои маконҳо, ашхос ва рӯйдодҳои таърихӣ ва мафоҳими динии яҳуд, зартушт ва бостонӣ аст, бинобар ин афзудани ин бахш ба асари нависандаи аслии китоб тавассути мутарҷимон коре арзишманд ва дар хӯри қадрдонӣ аст.

Саъиди Нафисӣ дар ёддоште, ки барои аввалин тарҷумаи ин китоб менависад дар бораи аҳаммияти ин асар менависад: “Солҳо буд, ки чӣ дар Эрон ва чӣ дар кишварҳои исломии дигар Зулқарнайнро ҳамон Искандари Мақдунӣ мепиндоштанд ва касе дар садад нашуда буд бо қароин ва ҷиҳоти дигар татбиқ кунад ва ҳақиқатро биҷӯяд ва арза дорад. Ин мушкили ҳазору чандсоларо ахиран донишманди номӣ ҷаноби Аллома Абулкаломи Озод дар ин рисола ошкоро ҳал карда ва бад-ин васила хидмати шоёне ба маорифи исломӣ кардааст…. Бо далоили мутқану тардиднопазир собит кардааст, ки муроди Қуръони шариф аз Зулқарнайн, Куруши бузург, шоҳаншоҳи номии Ҳахоманишӣ аст…

Тасвири рӯи ҷилди китоб

Гуфтанист Мавлоно Абулкалом Муҳйиддин Аҳмад, машҳур ба Абулкаломи Озод, донишманд, муҳаққиқ, сиёсатмадор, хатиб, рӯзноманигор ва муфассири Қуръон ва ҳамразми Моҳотмо Гондӣ ва Ҷавоҳирлаъл Неҳру дар муборизоти истиқлолталабонаи миллии Ҳинд ва нахустин вазири омӯзишу парвариши Ҳиндустон дар солҳои пас аз истиқлол будааст.

(Манбаъ: Мақолае дар хабаргузории Irna бо андак тавзеҳот аз худи инҷониб: С.И.)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: