Перейти к содержимому

Тамҷид аз пирӯз

Инсонҳо, албатта на ҳамаи инсонҳо, балки бештари онҳо ғолибу пирӯзро дӯст доранд ва аз вай таърифу тамҷид мекунанд. Ин пирӯз ҳар кӣ ва ба ҳар роҳе (ҳарчанд ба ғадру хиёнат) ба пирӯзӣ расида бошад.

Аммо дар муқобил, мағлубу шикастхӯрдаро накӯҳишу сарзаниш мекунанд, агарчӣ мағлуб одами хубу росткоре ҳам бошад, гӯ ин ки забони ҳолашон ин аст, ки чаро мағлуб шудӣ ва барои чӣ шикаст хӯрдӣ? Ту ҳам метавонистӣ бо тавассул ба ғадру хиёнат ва макру найранг ва чоплусиву тамаллуқ пирӯз гардӣ, аммо соддалавҳӣ! Алъон агар ту пирӯз мебудӣ (ба ҳар роҳу василае), мо ба таърифу тамҷиду мадҳи ту машғул будем ва паёмҳои табрикотӣ ба муносибати зодрӯзат мунташир мекардем.

Ин як хислату хӯйи бисёр пасту зишт дар ин инсон аст, ки тамоюл ба пирӯз дошта ва ҳавои ӯро дар сар мепарваронад.

Вақте меъёри инсон дар таърифу тамҷидҳо ва мадҳу ситоишҳояш аз касе, ғалаба ва пирӯзии ӯ бошад, ин дигар мунтаҳои пастӣ ва разолат аст.

Ин ки вақте ту пирӯз бошӣ, давру барат ҳама ҷамъ мешаванд, аммо вақте мағлуб ҳастӣ, туро танҳо хоҳанд гузошт, далелаш ҳамин хӯйи касифу разл аст.

Мо бояд андаке диранг кунем ва ба худ биандешем, ки чӣ кор мекунем ва ба куҷо меравем?!

Руҳу равонамонро бояд дармон кунем. Дар меъёрҳо ва арзёбиҳои худ аз ҷаҳони пиромунамон, таҷдиди назар кунем. Зеро мо, ИНСОН ҳастем.

Воқеан ҷойи таъассуф дорад, касе ки худашро адолатхоҳ мешуморад, аз касе таърифу тамҷид ба амал оварад (ба муносибати зодрӯзи ӯ, ки 5 октябр будааст), ки ин одам адолатро кушт, адолатро леҳ кард, кораш ҷуз зулму ситаму ноҷавонмардӣ — албатта ба номи «адолат» — нест.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: