Перейти к содержимому

Худи шумо кистед, Саломиддин-ака?! (2) — поёнӣ

Ба қалами Мирбобо Мирраҳим

(Аз силсислаи “Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид” (Қисмати 13 — поёнӣ)

Дурӯғи дуввуми С. Мирзорахматов ин аст:

«Мирбобо Миррахимов, начиная с февраля 1990 года, был штатным оратором на всех митингах, организованных исламской партией. Формально он не был членом исламской партии, но стал вашим ближайшим соратником и лидеров ПИВТ. Поэтому организаторы митинга оценили заслуги Мирбобо и посадили его в кресло председателя телевидения и радио».

Дар гирдиҳамоиҳои соли 1990 ва соли 1992 ман ҳеҷ нақше надоштам ва ровӣ ҳам набудам, номӯҳтарам Саломиддин-ака! Пеш аз чунин томот бофтан андак ба худ заҳмат дода, ба гузоришҳои он солҳо навишатаатон ё ба дафтари хотира як назар мекардед, ки оё чунин даъво дуруст аст ё на. Дигар он ки ман ҳеҷ гоҳ аъзои ягон ҳизби сиёсӣ набудам ва нестам (1), аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ. Ҳеҷ қаробате ё узвият ба ин ҳизб наҷустаам, надоштам ва надорам. Чаро С. Мирзорахматов чунин дурӯғро навиштааст, онро ба виҷдони худаш вомегузорем. Ман барои тасаддии мансаби Раёсати Ширкати давлатии садо ва симо ҳеҷ гоҳ кӯшише ба харҷ надодаам ва лозим ҳам набуд. Ҳизби наҳзати исломӣ номи маро ба мансаби Раисии Ширкати давлатии садо ва симо пешниҳод кардааст ё на ҳатто хабар надорам. Бояд аз масъулини ҲНИТ суол кард, ки оё ин даъвои С. Мирзорахматов сиҳҳат дорад ё на?! (2) Тобистони соли 1992 як бор аз равоншод Раҳмон Набиев-Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон сабаби интихоб шуданам ба Раёсати Ширкати давлатии садо ва симоро пурсон шудам. Он кас чунин гуфтанд:

-Дар рӯйхати довталабҳо фамилияи (номи хонаводагии) шумо набуд. Мухолифон номҳои Абдунабӣ Сатторзода, Сафар Абдуллоев, Бозор Собиров, Бӯрӣ Каримов, Давлат Усмонов, чанд нафари дигар ва ҳатто Отахон(Латифӣ)-ро ба Раисии Ширкати давлатии садо ва симо пешниҳод карданд. Ҳеҷ кадоме аз онҳоро ман қабул надоштам. Он гоҳ номи хонаводагии шуморо пеш оварданд. Пурсидам:

-Чаро Мирраҳимовро ба ин вазифа пешниҳод мекунед?

Яке гуфт:

-Вай агар кушта шавад ҳам ба мо ҳеч зарар намерасад. Садқаи сар

Мутассифона, муаллифи ин суханҳо ва тарроҳи ба Раёсати Ширкати давлатии садо ва симои Тоҷикистон номзад пешниҳод кардани М. Мирраҳимов дар қайди ҳаёт нест, вагарна ба назди шумо, номӯҳтарам С. Мирзорахматов, мебурдам, то худаш ба шумо бигӯяд, ки ҳадафи аслии ин дасиса чӣ буд. Он чӣ метавонам дақиқ бигӯям ин аст, ки 5 майи соли 1992 пас аз мурофиаи Додгоҳи Олӣ, ки раддияи мо нисбат ба даъвои С. Кенҷаев баррасӣ шуд ва мо бегуноҳ шинохта шудем, ба манзил баргашта, дигар аз ҳама кор худро канор кашида будам. А. Худойдодов (Мулло Абдуғаффор) бо супориши ҳамон шахс (ба қавли худи шумо «Вы прекрасно знаете, кого я имею в виду») ба ду ҷавони мусаллаҳ ба манзили мо омад ва рӯйирост гуфт:

-Р. Набиев ҳеҷ касро қабул надорад ва қарор шуд туро ба Раисии Ширкати давлатии садо симо пешниҳод кунанд. Агар ҳозир бо мо наоӣ ва ба Идораи телевизион наравӣ аҳли хонаводаат несту нобуд карда мешаванд ва дар Майдони Шаҳидон худатро «хоин» эълон мекунем…

Ман Мулло Абдуғаффорро хуб мешинохтам ва ахлоқи тезу тундашро медонистам, ки барои иҷрои супориши аз хоҷагон гирифтааш ҳар кореро, ки аз дасташ меояд, анҷом медиҳад…

Моҳи марти соли 1995 дар Афғонистон аз Мулло Абдуғаффор (ӯ дар он замон Қозии ҲНИТ буд) пурсидам:

-Ту дар ҳақиқат он замон маро мехостӣ тирборон кунӣ, агар аз супориши бузургонат итоат намекардам.

Ӯ бе ҳеҷ даранг гуфт:

-Ҳукми ту содир шуда буд ва агар онро иҷро намекардам, худи маро мекуштанд!

Худо раҳмат кунад марди тез ва соддае буд ва бо супориши устодонаш гирифтори бало шуд ва моро ҳам дарди сар кард ва гирифтори ин тӯҳматҳои С. Мирзораҳматов. Мулло Абдуғаффор рӯзи 11 майи соли 1992 бо рӯйхати 12 нафар кормандони садо ва симо, ки дар садри он номҳои Бобоҷон Икромов, Мансур Султонов, Ғулом Маҳмудов ва боз чанд нафари дигар қарор дошт, ба Студияи телевизион омад, то «ин ленинободиҳоро бурда тирборон» кунад. Ман рӯйхати дар дасташ бударо дида аз ӯ пурсидам:

-Кӣ ин рӯйхатро тартиб дод?

Мулло Абдуғаффор номи тартибдиҳандаи рӯйхатро бароям гуфт. Он гоҳ ба нишониаш як дашноми мусулмонӣ ва дастабиринҷӣ фиристодам ва гуфтам:

-Ҳоло метавонӣ маро ҳам дар ин қатор бурда, тирборон кунӣ ва худат ба ҷойи ман Раис шавӣ!

Ман ӯро аз Студияи телевизион рондам ва гуфтам, ки дигар бо ин дасисаҳо қадам ба он ҷо нагузорад.

Он рӯзҳо камтарин мухолифат ба рафтори Мулло Абдуғаффор бо қимати ҷон тамом мешуд ва ҳеҷ кас ҷуръат надошт, ки бо ӯ рӯ ба рӯ шавад. Шахсе, ки рӯйхати «ленинобидиҳоро» дар Ширкати садо ва симо тартиб дода буд, то ҳол зинда аст ва мавриди эҳтиром ҳамшаҳриҳои С. Мирзорахматов қарор дорад. Барои дурустии ин ҳарфҳо ба шоҳиди ин таърих-марди ростин, рӯзноманигор Хайриддини Қосим муроҷиат кунед. Ш Ҳайдаров-директори Студияи телевизион низ аз ин рухдодҳо хабар дорад.

Агар С. Мирзорахматов дар ин маврид далели дигаре дорад, бояд пешниҳод мекард, на ба шахсияти инсон таҳқир ворид карда, дурӯғ мегуфт! Ман як «гуноҳи бузург» дорам ва он ин аст, ки барои мардуми ҷануб ва Ғарму Бадахшон «шимолӣ», «ленинободӣ» ва барои шимолиҳо бегона-«ҷанубӣ» (ё ба гуфтаи як сокини Хуҷанд, ки дар моҳи августи соли 1992 рӯ дар рӯ ба шахси мо фармуд: «мастчоҳӣ») ҳастам. Тарозуи ақлу хиради С. Мирзораҳматов низ бо тамоюли ҳамин ақрабак (пандул, раққосак) вуҷуди маро баркашида. Албатта, боз ҳам ғалат кардааст.

Азбаски забони дурӯғгӯй ва муттаҳам дароз аст ва мо имкони ҳар бор ба он кас посух гуфтанро надорем ва имкон нест, ки ҳар бор ба тӯҳмати нави эшон ҷавоб нависем, ин ҷо лозим аст ба як нуктаи бисёр муҳим рӯшанӣ андохт. Ман китоби устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ «Он сӯи сиёсат»-ро ба нашр омода ва бо кӯшишҳои зиёд онро чоп кардаам. Дар виройиш ва нашри Паёми Устод Нурӣ низ хидмати хоксоронаи мо ҳаст. Барои ин осор банда ҳеҷ маблағе дарёфт накардаам. Ин масъаларо аз писари бузургвори эшон Муҳаммадҷони Нурӣ, Раиси ҲНИТ М. Кабирӣ ва Раиси Ҳизби номнависнашудаи «Ваҳдат» Ҳ. Саидиён (Саидов) метавонед, суол фармоед. Агар ин ашхос мавриди эътимоди шумо нестанд, пас, аз бозраси Вазорати амният, мӯҳтарам М. Шафоатов, дар ин маврид бипурсед. Он кас ҳатман ба гӯши шумо боз дигар масъалаҳоро ба таври возеҳ хоҳанд расонд, ба вижа масъалаи аз таълифи осор барои дигарон маблағе дарёфт накардани маро. Ҳамчунин М. Шафоатов бо камоли эҳтиром ба шумо ном ва номи хонаводагии садҳо нафар «шоҳидони парвандаи асри ХХ»-ро, ки дар ҳаққи М. Мирраҳимов баёнот ва тӯҳматнома навиштаанд, нақл ҳоҳанд кард, ки бархе дар мақомҳои баланди давлатӣ, ҳатто сарварии Вазорат ва идораҳои хабарнигории муҳим, қарор доранд. Китоби дигаре, ки мо навиштаем, ин «Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар оинаи дӯсту душман» аст, ки соли 1998 нашр шуд. Он замон-яъне аз моҳи сентябри соли 1997 то нимаи дуввуми моҳи феврали соли 1998, ҳеҷ кас аз Ҳ. А. Тӯраҷонзода ёд намеовард ва эшон симмате ҳам надошт. Барои ин китоб ва китоби «Ҷаҳон ҷои гудози дӯстон аст» низ ман аз касе маблағе дарёфт накардаам. Баръакс дар нашр ва нигаҳдории онҳо аз ҷониби мо харҷи зиёде шудааст. Ин нуктаро барои он дар ин ҷо ёдовар шудам, ки С. Мирзорахматов дар нақде, ки ба китоби Бӯрӣ Каримов навиштааст, ба Муҳаммадраҳими Сайдар (равонаш шод бод) чунин айб гирифтааст: «Словом Большая книга напоминает огромную порцию очень невкусного винегрета поданную на очень дорогом блюдце (один переплет чего стоит, не говоря о дорогой бумаге). Тем не менее, редактировавший книгу Мухаммадрахими Сайдар настойчиво убеждает читателя: ешьте винегрет, очень вкусный! Мне жаль известного таджикского журналиста. Не потому, что он врет. А потому, что он проделал адский труд, день за днем читая и перечитывая книгу. Что поделаешь, жизнь заставляет» (3).

Наздик ба як сол мешавад, ки дар матбуоти Тоҷикистон ва торномаҳои интернетӣ симои Ҳ. А. Тӯраҷонзода бо хати сиёҳ ва тӯҳмату бӯҳтони бепоён ҳаккокӣ мешавад. Ҳар касе, ки дар ин ҳаллоҷикорӣ ширкат дорад, ҳатман манфиатеро дунбол мекунад ва С. Мирзорахматов низ аз ин доира берун нест. Ӯ дурӯғ мегӯяд вақте чунин таъкидро дар охири номааш овардааст: «P.S. Уважаемый Ходжи Акбар Тураджонзода! Вы часто воспринимаете критику в свой адрес, как заказ власть предержащих. На этот раз я вас разочарую-мое письмо незаказное. Я покинул Таджикистан в ноябре 1992 года до прихода нынешних правителей к власти и уже 20 лет живу в Казахстане. Поэтому с этой властью меня ничто не связывает. Уже много лет я не хожу в таджикское посольство в Казахстане, даже не знаю, по какому адресу в Астане оно находится, и кто его возглавляет. Так что, извините!»

Нахуст, ин ки агар ба фарз шумо, Саломиддин-ака, бист сол пеш аз Тоҷикистон дингӯз зада бошед, пас, чаро ҳоло ба Ҳ. А. Тӯраҷонзода номаи саркушода навишта, дар авҷи раванди сиёҳсозии эшон худро нишон додаед? Ба қавле «рафтӣ, ки рафтӣ» ва ин бозомаданҳо чӣ маънӣ дорад?! Дуввум, он ки барои шумо ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан ҳоҷат нест, бигузор Сафорати Тоҷикистон бо сафир ба пеши шумо оянд. Севвум, он ки 25.04.2012 дар «Asia-Plus» мақолаи шумо дар дастгирии паёми солонаи Раиси Ҷумҳур бо номи хеле ҷолиб «Мы тоже могли бы инвестировать в экономику Таджикистана» (4) ба чоп расид (зеро риштаҳои ноаён ва манофеи иқтисодиатон дар Тоҷикистон тақозо мекунад, ки сари ҳар гоҳе вокунише аз хеш нишон диҳед, то зинда будани шумо фаромӯш нашавад):

Шояд паёми он нома-вокуниши С. Мирзорахматов ба мамдӯҳ (адресат) нарасид ва ҳоло тавассути номаи саркушода ба Ҳ. А. Тӯраҷонзода ба фарёдрас гӯшзад хоҳад шуд. Ба ҳар ҳол фурсат ғанимат аст ва интиқод аз Тӯраҷонзода дар авҷ.

Замоне ки ҳамагон дар як кишвар ба ҷони як нафар дармеафтанд ва ба тамомии бадбахтиҳои дирӯз ва имрӯзаашон ӯро гунаҳкор медонанд, маълум аст, ки ин ҷо дасисае дар роҳ аст ва ҳар кас, ки дар ин моҷаро ширкат варзида, ба тарафи он шахс санг мепартояд, камоли ноҷавонмардиро аз худ нишон медиҳад. Ман намегӯям, ки Ҳ. А. Тӯраҷонзода тамоман беайб аст: айб дорад, вале фазилаташ сад бор болотар аз айбҳояш ва маҳз ҳамин илму дониш ва бедориаш тамомии айбҳояшро мепӯшонад ва ҳамаи нотавонҳо дар пайи интиқоди ӯ афтодаанд.

Ҳ. А. Тӯраҷонзода беадолатӣ ва ноҷавонмардиро бад мебинад ва ҳарфашро ошкоро мегӯяд. Чанд сол пеш дар яке аз нишастҳои байналмилалии кадом як созмони исломӣ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро ба ҳайси намояндаи мустақил узви Раёсати он интихоб мекунанд. Як нафар муллонамои кишвар ба ин интихоб эътироз карда, номзадии муфтии Тоҷикистонро ба ҷои ӯ пешбарӣ менамояд. Намояндаи созмони исломӣ ин эътирозро намепазирад ва мегӯяд:

-Мо шахсиятҳои исломиро барои дониш ва фазилаташон ба Раёсат интихоб мекунем, на аз рӯи мансабе, ки доранд.

Ҷаласа ба охир мерасад ва ҳамагон аз толор берун меоянд. Ҳ. А. Тӯраҷонзода дар роҳрав ба он мулло, ки замоне ҳамаи шароитро барои таҳсилоташ муҳайё карда буд, кушоду рӯшан чунин дашномро сазовор медонад:

-Ҳе, дар к…т к…рам!

Ҳол он мулло дар як вилоят барои мусулмонҳо ваъз мегӯяд ва ҳатто унвони илмӣ ҳам дорад. Албатта, чунин беҳурматӣ ба мақоми мулло бахшидашуданӣ нест!

Дар китоби «Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар ойинаи дӯсту душман» (саҳ. 261-262) порае аз ҷавонмардии як хонуми тоҷик оварда шудааст, ки дар замони хафақони соли 1993 (замони зинда будани Сангак Сафаров) дар як деҳи Тоҷикистон иттифоқ афтодааст. Ин ҷо онро аз нав бо ҳам мехонем:

«Дар кадом як рустои Тоҷикистон пас аз ба сари қудрат омадани саркардаҳои Фронти халқӣ дар роҳи дастгирӣ аз эшон сандуқи хайрия ташкил мекунанд. Ҳангоми ҷамъоварии маблағ байни занҳои деҳа баҳс мехезад.

Як хонуми солхӯрда, ки орзӯяш Сангак Сафаровро шавҳар гирифтан будааст, мегӯяд:

-Агар Сангак ба ин ҷо биёяд, ман ба вай мерасам! Он гоҳ кадом як хонуми ҷавон, ки муқобили куфру илҳод будааст, дар ҷавоб мегӯяд:

-Агар Тӯраҷонзода биёянд, ман зани он кас мешавам!» (5)

Ба ҳамаи мардакҳо тавсия мешавад, ки мардӣ аз ин хонум биёмӯзанд, ки дар давраи хафақони соли 1993 суханашро мардона гуфт!

Воқеан агар Ҳ. А. Тӯраҷонзода беайб мебуданд ин хонуми ҷавонмарди тоҷикро пайдо ва ба хоҳархондӣ қабул мекарданд ва аз сараш тилло мерехтанд, ки дар он замон дар Тоҷикистон ва он ҳам дар кадом як рустои дурдаст дар байни номардҳо ва занҳо як шерзан пайдо шудааст, ки ҳарфашро ошкоро ва нотарсона гуфтааст…

Аммо С. Мирзорахматов дар понздаҳ-бист соли ғурбат аз Меҳан ба як бемории мармуз-тахриби шахсиятҳои илмӣ ва сиёсии (мо дар бораи уламо ва рӯҳоният чизе намегӯям, зеро эшон боз маро ба исломгароӣ гунаҳкор хоҳад кард) кишвар гирифтор шудааст ва ин раванд ба ҷараёни номатлуби «мирзорахматовщина» мубаддал гардида, ки рӯз то рӯз худи муаллифашро азият мекунад ва мардуми Тоҷикистонро дарди сар. С. Мирзорахматов тавассути забони русӣ барои хоҷагонаш метавонад шахсияти ҳар касеро, ки лозим аст ва дар дидгоҳи номуборакаш манфӣ, хароб кунад ва аз «ҷонҳои мурда» қаҳрамон созад. «Мирзорахматовщина»-ин намунаи олии сабки тахриб, тӯҳматнома ва дӯрӯғнависӣ дар рӯзноманигории навкоммунистӣ аст, ки чунин нубуғ то ба ҳол ба ҳеҷ як аз аҳли қалам муяссар нашуда буд ва агар ҳукуматдорони имрӯзи кишвар аз ин истеъдоди фавқуллодаи С. Мирзорахматов истифода накунанд сад ҳайф.

«Мирзорахматовщина» зуҳуроти номатлуби рӯзноманигории навкоммунистӣ дар матбуоти бозаргонии имрӯзи русизабони Тоҷикистон, вижаи ҳафтаномаи «Asia-Plus» аст, ки ҷанбаҳои таҳрикомез ва иғвобарангезеро дар пай дорад. Яке аз шохисҳои асосии он фурӯши дурӯғ дар қабои сиёҳу сафед мебошад. Мисоли рӯшани ин нукта дурӯғи дигари С. Мирзорахматов бо номи «Нодир-не похожий на других», мебошад, ки дақиқан бист рӯз пас аз ирсоли ин навиштаҳо ба идораи ҳафтанома дар шумораи 63(750) 16 августи соли 2012 дар саҳифаи В/4 «Asia-Plus» ба чоп расид. Дар мақола сабки рӯзноманигории коммунистӣ бо бандубасти (суҷаи) дақёнусӣ, яъне пирӯзии сиёҳ бар сафед, он чунон ҷаззоб тавсиф шудааст, ки ашки хонандаро дармеоварад. Мазмуни мақоларо аз назари ҳақиқат бингарӣ ҳамон байти маъруфи садаи нуздаҳ дар доираҳои адабии Бухоро ба ёди кас мерасад, ки фармуда:

Аз дусад сарқанд «махдум» сохтанд,

Нуктадонҳо хӯрда мегӯянд, ки: -Фач!

Ҷолиб он аст, ки дар равади «мирзорахматовщина» ҳар ҷо Хулькар Юсупов дурӯғ ва тӯҳмат бофад, дер ё зуд Саломиддин-ака ба кӯмак ва ҳимояти вай меояд ва нохудогоҳ Саломиддин-ака пӯкида монанд, филфавр Х. Юсупов аз ӯ дифоъ ба амал меоварад. Бигузор худи хонандаи мӯҳтарам қазоват намояд: С. Мирзорахматов 9 августи соли 2012 дар «Asia-Plus» номаи саркушодаи худ ба Ҳ. А. Тӯраҷонзодаро чоп кард. Ҳанӯз ранги мақолаи Саломиддин-ака хушк нашуда, 10 август ҳафтаномаи «Asia-Plus» дифоияти Х. Юсупов аз С. Мирзорахматовро бо номи «Саиду (в одном интервью Тураджонзода), Абдулло и другим инкогнито» дар сайти хеш ба дасти чоп супурд. Саломиддин-ака пас аз бисту ду сол (агар соли 2002-ро дар назар бигирем пас аз 14 сол) аз фитнаи Хулькарҷон Юсупов дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» пуштибонӣ карда бошад, Х. Юсупов пас аз 24 соат ӯро ба осмони ҳафтум бароварда, ба хонандагони ҳафтаномаи «Asia-Plus» ва тамомии рӯзноманигорон чунин таъкид кардааст: «Что касается самого Саломиддина Мирзорахматова-его работы можно смело использовать на занятиях по написанию анналитических статей, особенной по экономике страны, и при подготовке политических публикаций». Ин таъриф ва сабки «мирзорахматовщина» дақиқан бозгӯи тозаи масали бисёр маъруфи И. А. Крылов мебошад, ки гуфта мешавад: «За что же не боясь греха// Кукушка хвалит петуха?// За то, что хвалит он кукушку». Ба иборати дигар, ҳар ҷо агар Саломиддин-ака ташриф фармоянд, пас, ноаён Хулькарҷон ҳам ҳузур дорад ва ё баръакс.

«Мирзорахматовщина» мероси наҳс ва аъҷубаи (феномен) нодири ҳамтабақон ва ҳамқадаҳони Шодмон Юсупов мебошад. Шояд аксарият оқои Афзалиро фаромӯш карда бошанд, вале мо хуб дар ёд дорем, ки эшон солҳои 1994-1996 шохаи Ҳизби демократро аз номи Ш. Юсупов ва Р. Мусулмонқулов дар Душанбе сарварӣ мекард ва ҳатто ҳукуматдорон ҲДТ-ро ба таври расмӣ ба қайд гирифта буданд ва дар гуфтушуниди мухолифин бо ҳукумат ширкат ҳам варзид. Зуҳури Афзалӣ дар осмони сиёсати он солҳо бисёр суолбарангез буд, лекин, хушбахтона, ҳамон хеле ки пайдо шуд, ҳамон тавр якбора ғайб зад. Муаммои «мирзорахматовщина» идомаи ҳамон ситораи дунболадори (комета) нав дар фазои сиёсиву рӯзноманигории Тоҷикистон аст, ки сараш ба дарди Садомиддин-ака мехӯрад ва думаш моли Хулькарҷон Юсупов мебошад.

С. Мирзорахматов бисёр фурсатталаб аст ва медонад, ки кай ва дар кадом мавқеъ ва дар кадом мавзӯъ сару садо баланд кунад. Вагарна ба фикру хаёли ҳеҷ кас намерасид, ки Паёми солонаи Раиси Ҷумҳурро баҳона қарор дода, филфавр ва дар як они воҳид мақолае бо номи «Мы тоже могли бы инвестировать в экономику Таджикистана» нависад ва дар «Asia-Plus» ба нашр расонад. Ростӣ, ман понздаҳ-бист сол аст, ки милки худ дар гузари ҳаштуми кӯчаи Чехов (имрӯз Н. Муҳаммад), ҳавлии №1-ро бозпас гирифта наметавонам. Ҳар гоҳ бо дархост ба Вазорати амният муроҷиат менамоям, онҳо маро ба суд (яъне додгоҳ) ҳавола мекунанд, ба шаҳрдори Душанбе муроҷиат шавад, касе нест, ки ҳарфи маро шунавад, ба Раиси Ҷумҳур муроҷиат намоям, акси садое намеояд. Борҳо ба Раиси КОМ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (худо раҳмат кунад), муовини нахуствазир Ҳ. А. Тӯраҷонзода, сарпарасти Вазорати Амният С. Зуҳуров, Додситони кулли кишвар Б. Бобохонов ва ҳатто Раиси Ҷумҳур ва шаҳрдори мӯҳтарами Душанбе М. Убайдуллоев муроҷиат кардам, вале ҳеҷ кори савобе аз дасташон наомад: яке фавт кард ва сеи дигар ба истеъфо рафтанд ва ду нафар ҳоло ҳам дар садри коранд. Мо ҳатто дастнавиштҳои хешро, ки ба солҳои пеш аз Иҷлосияи ХУ1 ШО дар Хуҷанд (ноябри соли 1992) мутааллиқ аст, аз Вазорати амният бозпас гирифта наметавонем, пас, чӣ монад ба ҳавлӣ дар кӯчаи Чехов! (6)

Шояд асосгузори «мирзорахматовщина» огоҳ нест, ки аз кайҳост тасвири (образ) фарде чун хуфиянигор мавриди таваҷҷӯҳи аҳли қалам низ қарор гирифтааст. Ҳамзамон бо нашри тӯҳматномаи С. Мирзорахматов «Герои-истинные и мнимые» дар Душанбе романи нависандаи боистеъдод Зарифи Ғулом бо номи «Асри хиёнат»-дар мавриди андешаҳои илмӣ ва сиёсии мо-рӯшанфикрон ва хиёнати мухолифон ба чоп расид, ки, хушбахтона, аз назари ҳамабини Саломиддин-ака дур мондааст. Дар як порае аз романи «Асри хиёнат» сарнавишти тоҷики дур аз Ватан, ки дар хиёноти аср саҳим аст, ин тавр тасвир шудааст:

«Соли 2002. Остона. Сиҷоуддин барои гардиш бегоҳӣ ба кӯчаву хиёбонҳи шаҳр баромад. Дар хиёбони марказии шаҳр назди фаввора истода, ба бозии бачаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Худаш бехабар монд, ки ду ходими хуфия дар ду бари паҳлӯяш рост шуданд.

-Мӯҳтарам Мирзошоҳраҳматов! Аҳволатон чӣ тур?-пурсид ходиме, ки аз тарафи дасти росташ меистод.

-Ғарибон як ҳол доранд,-Сиҷоуддин гумон кард, ки кадоме аз ҳамшаҳриҳояш бо ӯ пайвастааст:-Дар дил танҳо орзӯи баргаштан ба Ватанро мепарваранд.

-Мо омодаем барои амалӣ намудани орзӯҳоятон дасти ёрӣ дароз намоем,-ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд ходими дуюм:-Барои ин ба шумо супорише доштем.

-Супориш?!-Сиҷоуддин акнун ба чеҳраи ҳамсӯҳбатҳояш нигарист ва зуд дарк кард, ки онҳо намояндагони идораи ҷосусӣ мебошанд.

-Бале!-тасдиқ намуд ходими аввалӣ:-Супориш!

-Ман бояд амалеро ба иҷро расонам?-Мирзошоҳраҳматов донист, ки аз онҳо бо осонӣ халос шудан амри муҳол мебошад.

-Қурбони аҳли фаҳм шавам,-ходими дуюм зери лаб табассум намуд:-Шумо бояд ба мақолаи Мирбобо Мирраҳимов «То ба кай об аз таги ях меравад?» нақди фошофош ва тахрибкоронае тайёр кунед. Маблағгузорӣ ва тамомии ташвиши чопи китоб бар зиммаи мост.

-Уҳ-ҳу!!!-китф дарҳам кашид ва тааҷҷуб кард Сиҷоуддин,-аз чопи он мақола ин қадар сол гузаштааст. Як аср!

-То он вақте ки муаллифаш зиндааст, хатари таъсиргузортар шудани ин мақола аз байн намеравад,-гуфт ходими дуюм ва аз зери бағали Сиҷоуддин гирифт:-Ба шумо як моҳ мӯҳлат дода мешавад. Мана ин бастаи мақолаҳои А. Саъдуллоев, И. Усмонов, Р. Амонов, Р. Ғаффоров, С. Табаров, М. Осимӣ, Х. Юсупов, А. Маниёзов ва Қ. Маҳкамов, ки дар вақташ ба ин олими иғвогар ҷавоб навишта, чеҳраи ӯро дар байни хонандагон ва мардуми Тоҷикистон ва ҳатто Иттиҳоди Шӯравӣ манфур ҷилва дода буданд. Метавонед бе тарсу ҳарос аз мафод ва сабку услуби тахрибкоронаи онҳо фаровон истифода баред. Барои китоби шумо номи зебои «Қаҳрамонон аслӣ ва дурӯғини миллат»-ро баргузидаем ва аз Рӯшани Табарзода хостем, ки як пешгуфтори муфассале омода созад. Ин «аз нӯги хамир фатир аст», яъне маблағи пешпардохти хидмати хоксоронаи шумо,-ходими хуфия ба кисаи пиҷҷаки Сиҷоуддин бастаи пули сабзранги хориҷиро ҷо кард:-Ана ҳамин тавр аз пагоҳ дер намонда, корро оғоз намоед. Онҳое, ки дар вақташ ба ин мақола тақризи муғризона навишта буданд, дар мансабҳои баланди давлатӣ хизмат карда истодаанд. Ҳамин қисмат шуморо интизор аст. Хуб, боз як нуктаи дигар аз ёдатон наравад: дар Алмаато як зоти шариф аз ҳамммилати шумо зиндагӣ мекунад, ки хеле маъруф аст. Барои такмили дониши худ дар боби Мирбобо Мирраҳимов ба ҳамон кас муроҷиат кунед. Вай Мирбобо Мирраҳимовро чашми дидан надорад ва саду панҷоҳ баробар нафрати худро бо дурӯғҳои бефурӯғ бароятон ироа хоҳад дод. Агар як дар сади (фоизи) суханаш дуруст бошад ҳам ҳангоми истифода аз он шубҳа кунед, ки боз мо ва худатонро ба дарди сари нав гирифтор насозед. Супориш, ки ба иҷро расид, ба ҳамин шумораи телефони ҳамроҳ занг занед. Мо аз кори шумо сари вақт истифода ба амал хоҳем овард ва дар замони зарурӣ чоп ва дар Тоҷикистон тавзеҳ менамоем…

Ходимони хуфия чӣ тавре, ки пайдо шуда буданд, ҳамон тавр ғайб заданд.

Баъди як моҳ Сиҷоуддин Мирзошоҳраҳматов бо дастони ларзон дастнависашро ба соҳибони супориш бо ду дасти адаб тақдим кард».

Пеш аз ба поён расонидани матлаб зарур аст, ки чанд нуктаи муҳим ёдовар шавад:

Нахуст, ман ба С. Мирзорахматов ҳамшаҳрӣ ва ҳамқавм, Б. Каримов, Ш. Юсупов, «необразованный Ахмадшохи Комил» (Герои-истинные и мнимые, с. 85), «карикатурный вице-премьер», «нигде не учился» Д. Усмон (ҳамон китобча, с. 85, 89), Муҳаммадюсуф ва «имиджмейкер»-и «террорист»-ҳо Мулло Муҳаммадрасул (китобчаи зикршуда, с. 92), Мулло Абдуғаффор (худо раҳмат кунад) нестам.

Дуввум, аз Додситони кулли кишвар, мӯҳтарам Шерхони Салимзода, хоҳиш мешавад, ки китобчаи С. Мирзорахматов «Герои-истинные и мнимые»-ро бо диққат баррасӣ карда, ба саҳифаи 80, 93 (сархати чаҳорум) таваҷҷӯҳ фармоянд, ки ҷаноби С. Мирзорахматов бо чӣ алфозе нисбат ба мо ҳақорат фиристодааст ва агар навиштаҳои вай мушкили қонунӣ надорад, пас, ба мо низ иҷозат дода шавад, то бо ҳамон калом дар бораи ин ҷаноб китоб бинависем.

Ниҳоят, ин суол матраҳ аст ва бояд пурсида шавад:

-Худи шумо кистед, Саломиддин-ака Мирзорахматов?!

* * *

P.S. Номӯҳтарам Саломиддин-ака! Ба иттилоъи шумо барин мардакҳо расонида мешавад, ки аъзои ягон ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ набудам ва нестам, аз ҳеҷ шахсияти сиёсӣ ва ҳизби хосе тарафдорӣ накардаам ва намекунам. Дар тамомии умрам дар интихоботи умумихалқӣ ба ягон нафар номзад ба намояндагӣ овоз надодаам (истисно: интихоботи Раёсати Ҷумҳурӣ дар соли 1991 ба Д. Худоназаров) ва ҳама вақт дар баргаи раъйдиҳӣ номҳои Гугуш, Ҳойида (худо ҷояшро ҷаннат кунад), Ҷӯрабеки Мурод ва равоншод Зафари Нозимро навиштаам. Ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад, ки поёни соли 1994 ҳама аз Мирбобои Мирраҳим даст кашиданд ва мехостанд, ки дар зиндон бимонаду эъдом шавад ва танҳо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода (ин масъаларо ҳатман аз Салими Аюбзод бипурсед) ҷони моро бо фазлу дониши хеш аз душманон озод карданд. Иншоаллоҳ, ба наздикӣ китоби «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Хулькар Юсупов ПӮКИД» чоп хоҳад шуд ва, албатта, бо соядаст бароятон фиристода мешавад (дар ин маврид мутмаин бошед). Ва агар боз дурӯғпароканӣ кунед, ҳатман посухи зебо ва муносиб бароятон хоҳам навишт ва ин нуктаро ба хотир биспоред, ки барои ҳусни хитоми ин чанд таъкиди мухтасар дар ҳошияи «шоҳасарҳои» мунтақидони дирӯз, имрӯз ва оянда, суханони устоди оташинсухани мутоибот Убайди Зоконӣ интихоб шуд, ки чунин фармудааст:

Ҳар маърифате, ки марди бангӣ гӯяд,

Дар к…и харе навису дар к…наш кун! (7)

Мирбобои Мирраҳим

29.07.2012

* * *

Тавзеҳот

*Замоне, ки С.Сафаров ва Р.Абдураҳимро. Саҳ.82. 05.05.1992 Сангак Сафаров пас аз он, ки Абдулло Назаров парвандаи «Рихард»-ро фош кард, мехост Рустами Абдураҳимро бо сачоқ хафа карда бикушад.

*дар бало мондем. Саҳ. 110. Дақиқан як сол пас аз иншои ин сатрҳо-охирҳои моҳи апрели соли 2012 барои озмоиш китоби «Илми ахлоқ ва одоб»-ро тавассути яке аз ошноҳо ба Раёсати Донишгоҳи исломии Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки чанд нусха аз онро барои донишҷӯён ва исломпажӯҳон харидорӣ намоянд. «Асҳобано» (ба қавли Убайди Зоконӣ) пас аз чанд рӯз бо ин мазмун ба мо посух доданд, ки ба латифаи нав шабоҳат пайдо кард:

-Китоб ду камбудӣ дорад: Якум, дар китоби акси яке аз муаллифони он-хонум Саъдинисо Ҳакимова бе рӯсарӣ чоп шудааст; дуввум, дар матни китоб ҷойҳое ҳаст, ки муаллифон се нуқта гузоштаанд Агар ин ду камбудӣ намебуд, мо китоби «Илми ахлоқ ва одоб»-ро харидорӣ мекардем ва мутолааашро барои донишҷӯёни исломӣ тавсия мефармудем.

Эроди бе рӯсарӣ чоп шудани акси Саъдинисо Ҳакимова (ишон наздик ба навад сол доранд) шояд дуруст бошад (масалан, ҳасидиёни Амрико аз чопи акси Котиби давлатии ИМА 3.05.2011 дар як рӯзномаи Лос-Анҷелос пешгирӣ ба амал оварданд, зеро ба назари онҳо акси Ҳиллари Клинтон шаҳватафзо будааст), аммо гуноҳи «се нуқта», ки мо маҷбур будем барои кӯтоҳ кардани матлаб ва ё барои нигаҳ доштани одоб ва иҷтиноб аз тафсирҳои гуногун дар матн истифода намоем, дар чист?! Ин пурсиш ба мавқеъ аст, ки агар ба ҷойи се нуқтаҳо асли вожа навишта шавад, он гоҳ китоб сад дар сад исломӣ мешавад?! Дар давраҳое, ки он сарчашмаҳо-дурдонаҳои ахлоқӣ, халқ шудаанд, дар воқеъ муаллифонашон аз аломати «се нуқта» истифода набурдаанд, балки аз нигоҳи исломӣ ҳар чӣ мавриди назарашон буд, рӯйирост навиштаанд. Шояд манзури сарварони мӯҳтарами Донишгоҳи исломӣ низ роҳ ба сӯи хайр будааст ва маҳз ба ҳамин сабаб хостаанд, ки мутуни дар китоб ҷой гирифта, бояд ба таври дақиқ пешкаши хонанда шавад. Масалан, андар осори Убайди Зоконӣ дар аҳди исломӣ байти мазкур (ки дар боло бо истифода аз аломати се нуқта аз назари ҳамагон гузашт) дар «Сад панд» бо ин шакл омадааст:

Ҳар «маърифате», ки марди бангӣ гӯяд

Бар кери харе навису дар кунаш кун!

Ё худ аз «Хубсиёт»-и «Девон»-и Саъдӣ, ки даҳҳо саҳифаро ташкил медиҳад, овардани як дубайтӣ зарурат дорад, ки имрӯз низ дақиқан чунин чоп шудааст:

Гуфтам, ки: -Биё, пеши ман, эй ҳурнажод,

Гуфто, ки: -Биёр, то чиам хоҳӣ дод?

Гуфтам, ки: -Дуо кунад ба ту модари ман!

Гуфто, ки: -Ба дуои модарам хоҳӣ год? (8)

Аз он ки китоби «Илми ахлоқ ва одоб» барои мутолаа дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи муллоҳои оянда қарор нагирифт, чизе аз арзиши он кам намекунад. Вале овардани як рухдоди ибратомӯз, ки воқеъияташ бар ин байти Ҳофизи лисонулғайб —

Воъизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунад,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунад.

— сидқ дорад, лозим аст.

Моҳи Рамазони соли 1432 ҳиҷрии қамарӣ, яъне августи соли 2011 мелодӣ, як муллои бисёр мӯҳтарам аз маркази кишвар меҳмони ҳамкасабаҳои хеш-муллоҳои мансабдори (на оддӣ ва қаторӣ!) шаҳри Истаравшан мешавад. Муллоҳои бузургвори Истаравшан низ ба поси хидматҳои он абармард (супермен) дар роҳи рушди ислом ба ифтихори ӯ ифтори пурдабдабае баргузор менамоянд. Пас аз ифтори шикамсерӣ меҳмонмулло носкадуро аз ҷайб бароварда, кафи дасташро аз нос пур карда, бо эҳтиром ва васвоси хос онро ба зери забонаш ҳавола мекунад. Соҳибхона ин вазъро дида, ба писараш мефармояд:

-Зуд! Бидав ностуфкунакро биёвар, то меҳмон носро дар он туф кунанд.

Яке аз зарифони истаравшанӣ, ки дар он ифтор ҳузур пайдо карда ва пойгаҳи хона нишаста, ин ҳолро зери назар доштааст, ба меҳмон-муллои мӯҳтарами носкаш чунин машварат медиҳад:

-Домулло! Лаби гилемро бардошта, зераш туф кардан гиред, ҳеч чиз намешавад.

Он муллои носкаш дар ҷавоб мегӯяд:

-О, айб аст. Гилему кӯрпача ҳаром мешавад. Он шахси зариф филфавр чунин посух мегӯяд: -Магар даҳони шумо аз носкашӣ ҳаром нашуд!?

Ин рухдоди аҷоиб-ахлоқи ҳамидаи муллоҳоро метавон бо ин ҳикмати Саъдӣ ҷамъбандӣ кард:

Эй дарунат бараҳна аз тақво,

К-аз бурун ҷомаи риё дорӣ.

Пардаи ҳафтранг дар магзор,

Ту ки дар хона бӯрё дорӣ! (9)

Ин воқеъият, ки мулло, мансабдор, вазир, сафир, муаллим, табиб, олим ва боз даҳҳо навъ мутахассиси носкаш дар мамлакат кам нестанд ва имрӯз маҳз онҳо фарҳанги тоҷиконро ба ҳамагон муаррифӣ мекунанд, шояд касеро ба андеша водор насозад, зеро чӣ дар хона ва чӣ дар кӯчаву бозор носкашӣ ва ба вижа писта(семечка)хӯрӣ чун одати умумихалқӣ байни зану мард маъмул шудааст. Гарчанде дар Федератсиони Русия мартабаи носро ба ҳадди маводи мухаддир баробар ва дар Ҷумҳурии Қазоқистон барои писта(семечка)хӯрӣ дар ҷойҳои таҷаммӯи хосу ом ҷарима муқаррар карданд, вале тоҷик бояд аз одатҳои «хуб»-аш даст накашад.

дар мавриди истеъфои Раҳмон Набиев. с.118. Нуктаи ҷолиб инҷост, ки Раҳмон Набиев 07.09.1992 ба истеъфо рафт, вале рӯзномаҳои «Правда» ва «Известие» се рӯз пеш аз он таърих, яъне 04.09.1992 истеъфои Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври қатъӣ эълон намуданд. Маълум мешавад, ки тарҳи фитна дар Тоҷикистон аз қабл барномарезӣ шуда будааст. Вагарна дар кадом асос ҳамзамон ду рӯзнома ба пахши чунин хабар иқдом намудаанд?!

* * *

Зиндагиномаи Мирбобо Мирраҳим

Мирбобои Мирраҳим (Мирраҳимов мутаваллиди 9.01.1954) пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе 5.06.1975 ба Кумитаи давлатии садо ва симои Тоҷикистон ба кор омад. Ҳамзамон бо кор дар садо ва симо барои таҳсил дар бахши донишпажӯҳии (аспирантура) Фарҳангистони илмҳои Тоҷикистон имтиҳон супурд ва он ҷо пазируфта шуд. Дар поёни с. 1975 ба хидмати сарбозӣ рафт. Аз соли 1977 таҳсилро дар аспирантура идома дод ва солҳои 1980-1989 дар Фарҳангистони илмҳои ҷумҳурӣ машғул ба кор шуд. Муаллиф ва муассиси аввалин барномаҳои ҷашнгирии Наврӯз дар сатҳи давлатӣ дар Тоҷикистон (1980 Қӯрғонтеппа ва 1982 Душанбе). Барои пажӯҳиши илмӣ ва амалии ҷашни Наврӯз ва расму ойинҳо соли 1987 сазовори ҷойизаи Фарҳангистони илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ҷавон шуд. Соли 1987 рисолаи номзадиашро дар Маскав дифоъ кард. Номзади илми фалсафа. Яке аз бунёдгузорони Ҳаракати мардумии Растохез ва нашрияи он. Дар Анҷумани нахустини Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ) 14.10.1989 ҷонишини Райис интихоб шуд ва он ҷо кор кард. Аз 11 май то 2 ноябри 1992 Райиси Ширкати давлатии садо ва симои Тоҷикистон. 19.01.1993 дар шаҳри Ишқободи Туркманистон дастгир шуд ва то 5.11.1994 дар боздоштгоҳи Вазорати амният ба ҷурми сиёсӣ ба сар бурд. 14.11.1994 дар Хоруғ бо асирони ҳарбӣ табодул шуд ва ба Афғонистон ҳиҷрат кард ва аз баҳори соли 1995 дар Теҳрон зиндагӣ ихтиёр намуд. Соли 1997 аз фаъолияти сиёсӣ канор рафт. Ҳеҷ гоҳ аъзои ягон ҳизби сиёсӣ набуд ва нест.

Мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?»-ро («Комсомоли Тоҷикистон» 6.01.1988) поёни султаи идеологияи когмунистӣ ва оғози бозсозӣ дар матбуот ва рухдоди бузург дар ҳаёти илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсии тоҷикони Вароруд донистаанд, ки тавонист мардумро ба шоҳроҳи худшиносӣ даъват намояд. Муаллифи беш аз дусад мақолаи илмӣ ва ин китобҳост: Праздник Навруз (Ирфон 1985, 1999); Ҷашни Наврӯз ва ҷаҳоншиносӣ (Ирфон, 1992); Ҷаҳон ҷои гудози дӯстон аст (1996); Рӯзномаи маҳбуси маҳкум ба қатл(1997); Падидаҳои худшиносӣ(1999); Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад (1998); То ба кай об аз таги ях меравад? (1998); Саъдахтар (2001); Ватани ман дар куҷост? (2003); Сар омад қиссаи дуздӣ ҳикоят ҳамчунон боқист (2003); Илми ахлоқ ва одоб (2010, бо ҳаммуаллифии С. Ҳакимова). Муаллиф иншои китоби «Пешвоёни дурӯғини Тоҷикистон» (ҷ.1)-ро ба охир расонидааст. Тарҷимаҳо: Б. Пастернак. Шопен; Р. Шуман. Қавонини ҳаётӣ барои аҳли мусиқӣ; Ҳ. А. Юлдошев. Нақшу нигори меъмории Тоҷикистон; С. Ҳакимова. Танзими оила; Д. Ҳакимова. Матнҳои навори Чернӣ (оп. 599) ва «Китоби А. М. Бах»; А. Д. Артоболевская. Нахуст-дидор бо мусиқӣ.

Романи «Қиссаҳои ширини айёми баччагӣ» (Душанбе 2004), ривояти нахустин аз силсилаи «Достонҳои бузурги хотирот», овони кӯдакӣ ва ҷавонии нависандаро ба риштаи тасвир кашидааст. Ҷилди дуввуми роман-«Достони донишгоҳ» ба поён расидааст ва дафтари севвуми он-«Сарбозӣ» дар арафаи анҷомёбист ва китоби чаҳоруми он бо номи «Ашк ва ханда» (2009) ба чоп расида.

* * *

Поёни китоб

* * *

Пайнавишт:

(1) Дар зиндагиномаи М. Мирраҳимов, ки борҳо ба нашр расида, навишта шудааст: «Ҳеҷ гоҳ аъзои ягон ҳизби сиёсӣ набуд ва нест».

(2) Дурӯғпарокании С. Мирзорахматов дар нисбат ба мо, ки гӯё ба Ҳизби наҳзати исломӣ қаробат дорем, то бад-он дараҷа дар ҷомеаи Тоҷикистон таъсир гузошт, ки дар мақолаи «Агар Кабирӣ равад…» дар шумораи 38(248) ҳафтаномаи «Фараж» аз 21-уми сентябри соли 2011 чунин навиштанд: «Муҳаммадалии Ҳайит ҳамроҳи яке аз нахустин пешвоёни озодихоҳӣ Мирбобо Мирраҳимов дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 1992 ба ҲНИТ пайваст» (с. 3). Як ҳафта пас дар саҳ. 4 шумораи 39(249) «Фараж» аз 27-уми сентябри соли 2011 ин «Тасҳеҳ» чоп шуд: «Дар шумораи №38 дар мақолаи Нуралӣ Давлат-«Агар Кабирӣ равад…» бо такя ба манбаъҳои носанҷидашуда ба иштибоҳҳо роҳ дода шудааст. Баъди чопи мақола маълум гардид, ки мӯҳтарам Мирбобо Мирраҳимов дар моҳи апрели соли 1992 ба ҲНИТ шомил нашудааст. Бинобар ин муаллиф бо арзи пӯзиш аз номбурда иброз медорад, ки Мирбобо Мирраҳимов аъзои ягон ҳизб набудааст, аз ҷумла ҲНИТ низ».

(3) Мирзорахматов С. Винегрет подали как черную икру. Заметки на полях одиннадцатой книги Бури Каримова.-Чароги руз, 1999, №2(98), стр. 10. С. Мирзорахматов ин сархатро (ки иқтибос овардем) дар китобчааш «Герои-истинные и мнимые» (ниг. саҳ. 34 ва 46) ба куллӣ тағйир додаст. Маълум мешавад, ки аз тӯҳмати бофтааш шарм дошта, нашри такрориро лозим надонистааст.

(4) Таҳлили мухтасари ҳамин мақола бо дарназардошти ғаразҳои муаллиф мувофиқи мақсад аст.

(5) Иттифоқан чанд рӯз пас Сангак кушта мешавад ва он хонуми солхӯрда боз «бева» мемонад. Пас аз ин рухдод аҳолии русто ба он зан «беваи Сангак» лақаб гузоштанд. Чанд сол пеш «беваи Сангак» ба он дунё рахт баст.

(6) Умед аст, ки Додситони кулли кишвар ин мадорикро, ки рӯнамои онро дар зер овардем, мавриди таваҷҷӯҳи хоси хеш қарор хоҳанд дод ва «ҳақ ба ҳақдор мерасад».

(7) Ин мақола бо истинод аз матлаби «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Хулькар Юсупов ПӮКИД» иншо шудааст ва 03.08. 2012 ба идораи ҳафтанома пешниҳод гардид. Аз ин рӯ дар он баъзе такрор вуҷуд дорад. Сардабири «Asia-Plus» Марат Мамадшоев ва молики он Умед Бобохонов (23.08.2012) аз нашри мақолаи мо сар печиданд. Маълум шуд, ки онҳо аз мавқеияти С. Мирзорахматов пуштибонӣ мекунанд. Шояд С.Мирзорахматов мушовири пасипардагии «Asia-Plus» бошад ва Х.Юсупов дурӯғросткуни вай.

(8) Саъдӣ, Муслиҳиддин Абдуллоҳ. Куллиёт. Бо кӯшиши Муҳаммади Садрӣ. Теҳрон: Номак, 1380, саҳ. 1045. Год-аз масдари «гоидан». Муфассал муроҷиат шавад ба «Хубсиёт» дар саҳифаҳои 1043-1067 ҳамин нашр.

(9) Саъдӣ. Муслиҳиддин Абдуллоҳ. Гулистон. Теҳрон: Қадёнӣ, 1370, с. 142-143.

* * *

Қисматҳои дигари мақолаи «Ҳамтабақи Шодмон Юсупов ва Ҳулкар Юсупов пӯкид»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: