Перейти к содержимому

Оё мушкил фақат ин аст, ки дар куҷо “ӯ” бояд навишт ва дар куҷо “у”?

Акс мутаъаллиқ ба Родию Озодӣ

Ба баҳонаи Рӯзи забон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ду рӯз пеш, ба баҳонаи Рӯзи забон, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо шуморе аз забоншиносон, аз бебандуборӣ дар арсаи забони модарӣ интиқод ва барои ислоҳи ин вазъ ба “Кумитаи забон ва истилоҳот” дастур додааст, то моҳи январи соли 2020 “Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ”-ро таҳия кунад.

Интиқоди Раҳмон дурусту баҷост ва касе ҳам мункири вуҷуди беназмӣ дар арсаи забони модарӣ дар Тоҷикистон нест. Вале мусибат ин ҷост, ки касе ҳозир нест решаёбӣ кунад ва ба ҷустуҷӯ аз иллатҳо ва сабабҳои воқеии ин бебандуборӣ бипардозад. Инки гумон шавад, иллаташ масалан дар қоидаҳои имлост, ки агар “қоидаи наве” дар ин замина таҳия ва барои ҷомеа пешкаш ва мардум ба он пойбанд шаванд, ҳама чиз сари ҷояш хоҳад нишаст, ин гумон иштибоҳ аст. Магар “қоидаҳои имло”, ки то кунун ҷорӣ буданд, мӯъҷизае дар бартараф шудани ин беназмӣ карданд, ки ҳоло як “қоидаи нав”-и дигар коре аз дасташ сохта бошад?!

Хонандаи азиз таваҷҷӯҳ дорад, ки беназмӣ дар арсаи забони модарӣ дар ҷомеаи мо, танҳо маҳдуд ба навиштор нест, ки масалан ҳанӯз мушаххас нест, куҷо бояд “ӯ” навишт ва куҷо “у”, ва ё ҳарфи (аломати) “ъ” куҷо ба кор бурда мешавад ва дар куҷо ба кор бурда намешавад?! Мушкили бебандуборӣ танҳо маҳдуд ба инҳо нест, балки бисёр фаротар аз он аст.

* * *

Боризтарин намунаи ин бебандуборӣ ин аст, ки ҳанӯз ҷомеаи мо ба “забони адабӣ” унс пайдо накардаанд ва фаҳми он барояшон душвор аст – то чӣ расад ба ин ки ба ин “забон” гуфтугӯ ва ё матлабе бинависанд — ва албатта ҳақ ҳам доранд, ки ба зудӣ далелашро тавзеҳ хоҳам дод. Бинобар ин, ғоят чизе, ки аз дасти “қоидаи имло” бармеояд ин аст, ки ба навиштор як назму насақ мебахшад ва нависандаро пойбанд месозад, ки аз чорчӯби он берун нашавад. Аммо ин ки гуфтори мардум ба назм дарояд, ин дигар кори “қоидаи имло” нест. Ҳоло инро андаке тавзеҳ бидиҳам.

Тавзеҳ он ки: “қоидаи имло” наметавонад коре бикунад, ки масалан вақте муҷрии телевизиюн ё як донишманд ба “забони адабӣ” сӯҳбат мекунад ва ё як филм ба “забони адабӣ” дар телевизиюн пахш мешавад, ҳам гӯянда роҳат ва бидуни такаллуф сӯҳбат кунад ва ҳам шунаванда роҳат ӯро бифаҳмад. Фикр накунам, касе дар Тоҷикистон мункири ин воқеият бошад, ки вақте як шаҳрванд дар баробари дурбин қарор мегирад ва мехоҳад назарашро ба “забони адабӣ” (на лаҳҷа) иброз бидорад, хеле сахтӣ мекашад ва дар интихоби калимаҳо бисёр диранг мекунад аз хавфи он, ки мабодо ҳарфи беҷое аз забонаш берун ояд, ва ҳатто донишмандон ва коршиносон ҳам ҳамин вазъро доранд. Бар хилофи тоҷикони афғонистонӣ – то чӣ расад ба эрониҳо – ки вақте пушти дурбин қарор мегиранд, роҳат ва равон ва бидуни макс сӯҳбат мекунанд ва ҳангоми сӯҳбат ҳаргиз худро дар як ҳолати душвору ногувор эҳсос намекунанд.

Бузургтарин мушкил дар арсаи забони модарӣ дар ҷомеаи мо, ҳамин аст, на “қоидаи имло”. Ва аз қазо, вуҷуди ҳамин мушкил аст, ки ҳанӯз бисёре аз ҳамватанони мо тарҷеҳ медиҳанд ба русӣ сӯҳбат кунанд ва ба русӣ бихонанд, зеро фаҳми он барояшон роҳаттар аст.

* * *

Хуб, ҳоло сабаби ин мушкил дар чист? Сабаби ин мушкил худи “забони адабӣ” аст; забоне, ки иттифоқан умри чандоне ҳам надорад, зеро умраш беш аз 70 сол нест. Ин забон, ва бо ин шаклу қиёфа, дар замони ҳукумати Шӯравӣ шакл гирифтааст. Забоне, ки иборатҳои зерин фақат махсуси он аст ва рабте ба забони воқеан адабии мо, тоҷикон надорад:

Хизматчии давлатии маъмурӣ — хизматчии давлатӣ, ки ӯҳдадориҳои мансабии ӯ ба таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсии хизмати давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ равона карда шудааст.” (Қонуни ҶТ “Дар бораи хизмати давлатӣ”, моддаи 1)

Ва ё:

Роҳбарии методии хадамоти кадрии мақомоти давлатиро амалӣ намуда, Низомномаи намунавии хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; “қҷт 11.03.2010 №603” (Қонуни ҶТ “Дар бораи хизмати давлатӣ”, моддаи 8: Мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ.)

Ин ду фақат барои намуна оварда шуданд, вагарна иборатҳо ва ҷумлаҳои тамоми қонунҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон аз ҳамин қабиланд.

Оё ин қабил ҷумлаҳо ва иборатҳо вақте барои як тоҷики афғонистонӣ (то чӣ расад ба як эронӣ) хонда шаванд, ӯ чизе мефаҳмад? Ё фикр мекунад ин забон як забони дигар аст, ки барои фаҳми он ба як мутарҷим ниёз аст?

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки гуфтам, ҷомеаи мо ба ин “забон” – бо вуҷуди умри беш аз 70-солааш — унс пайдо накарданд ва пайдо ҳам нахоҳанд кард. Зеро ин “забон” кучактарин иртиботе бо забони воқеан адабии мо, тоҷикон надорад. Оё иборатҳое чун: “роҳбарии методии хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ” ва ё “шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ” ва ғайра… дар порсӣ “адабӣ” ба шумор мераванд?

Ин забон забонест, ки ҳамзамон бо табдили хатти порсӣ ба хатти кирил по ба арсаи вуҷуд гузошта ва қабл аз он вуҷуди хориҷӣ надошт. Ва ба сухани дигар, дар ҷомеаи мо дар замони Шӯравӣ на танҳо хатт табдил шуд, балки ҳамзамон бо он, як забони ҷадид ҳам таъсис гардид, ки рӯи он унвони “забони адабӣ” гузоштанд.

Бинобар ин, агар мо нигарони забони модарӣ ҳастем, аввал бояд ин мушкилро бартараф намоем. Ва рафъи ин мушкил ҳам, чунонки борҳо гуфтаем ва дигар азизон ҳам гуфтаанд, танҳо замоне муяссар аст, ки ба хаттамон баргардем. То замоне, ки хатти кирил дар ҷомеаи мо соя меафканад, мутмаин бошед, ин мушкил ҳам ҳаст.

Танҳо роҳи чора, баргашт ба хатти порсӣ аст. Ин ҳам, ки бархе эрод мегиранд ва мегӯянд, ҳамон тавр ки хатти кирил барои мо бегона аст, порсӣ ҳам бегона аст чун “арабиасос” аст ва пешниҳод мекунанд, ки агар қарор бошад ба хатте дигар баргардем, бояд ба хатти пеш аз 1400 сол баргардем, ин эрод ва ба дунболаш ин пешниҳод воқеан беҷост, ки ба зудӣ дар як мақола дар ин мавзӯъ бештар баҳс ба амал хоҳам овард.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: