Перейти к содержимому

Оё хатти порсӣ “арабиасос” аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз баҳонаҳои мухолифони бозгашт ба дабираи порсӣ дар ҷомеаи мо ин аст, ки мегӯянд, агар сирилик барои мо бегона аст, дабираи кунунии порсӣ ҳам бо мо миёнае надорад, зеро “арабиасос” аст, ва бар асоси ҳамин пиндор ҳатто пешниҳоди гузор ба “хатти авастоӣ”-ро ҳам мекунанд.

Ду нукта дар посух ба ин пиндор ва ин пешниҳод қобили мулоҳиза аст, ки мехоҳам дар ин навиштор ба баёни он бипардозам:

1) Нуктаи аввал ин ки: ба фарзи он ки бипазирем дабираи кунунии порсӣ “арабиасос” будааст (дар ҳоле, ки чунин нест ва дар нуктаи дуввум роҷеъ ба ин матлаб ба тафсил баҳс хоҳам кард), аммо далели зарурати гузор ба ин дабира, беш аз ин ки худи ин хатт бошад, ҳувияти мо, тоҷикон аст, ки бо ин хатт сахт гиреҳ хӯрда ва бидуни он қобили шинохт нест.

Тавзеҳ он ки: ростдорандаи ҳувияти ҳар миллате, беш аз ҳар чиз, ин забонаш аст. Дар забон аст, ки ҳувият табалвур пайдо мекунад ва намоён мешавад. Забон, ки мегӯям, фақат савту садое, ки аз даҳон берун меояд нест. Забон яъне ҳама чиз: таърих, фарҳанг, адабиёт, дин, сунану одот ва ғайра… Зеро инсон, бо таърихаш — масалан — аз тариқи забон (забони навишторӣ) огоҳӣ ва иртибот пайдо мекунад; бо адабиёташ ва мероси адабиаш низ аз тариқи забон ошно мешавад; ба сунану одоташ низ ғолибан ба василаи забон огоҳӣ меёбад. Ва хулоса, инсон бо “худаш” ба воситаи забон огоҳӣ меёбад. Асосан, худогоҳӣ барои инсон, бидуни забон имконпазир нест.

Ҳол, ин забон, ки арз шуд, барои мо, тоҷикон дар кадом андом зуҳур ёфтааст? Оё дар андоми хатти сирилик? Дар андоми “хатти авастоӣ”? Дар андоми хатти лотин? Дар кадом тану андом? Оё ҷуз дар андоми дабираи кунунии порсӣ, ки таърихи ҳазоронсолаи мо ва ҳатто таърихи пеш аз ислом, ба он навишта шуда? Мероси адабӣ, фалсафӣ ва илмии мо ҳама ба ҳамин дабира навишта шуда ва ҳатто он чи ба қабл аз 1400 сол яъне қабл аз вуруди ислом ба ин сарзамин таъаллуқ дорад низ, аз ҷумла Авасто ва омӯзаҳои зартуштӣ, имрӯз ба ҳамин хатту дабира қобили дастрасӣ аст, на “хатти авастоӣ”.

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки гуфтам, ҳувияти мо сахт ба ин хатт гиреҳ хӯрда, на ба хатте дигар. Гузашта аз ин, имрӯз забони порсӣ ва бо ҳамин хатт, 13-умин забони пуркорбурд дар муҳтавои вебу интернет аст. Дар сурати гузор ба дабираи порсӣ, тоҷикон ба баҳре аз таҳқиқот, пажӯҳишҳо, осор ва дастовардҳои илмӣ хоҳанд пайваст, ки то ба имрӯз аз он маҳруманд.

* * *

2) Нуктаи дуввум: асли ин иддао, ки хатти феълии порсӣ бо мо бегона ва “арабиасос” аст низ дуруст нест. Ва бо ин ки ин иддао ба ҳадде дар зеҳнҳо русух пайдо карда, ки метавон гуфт ба яқин ҳам табдил ёфтааст, аммо воқеият чунон нест. Дар ин мавзӯъ таҳқиқот ва пажӯҳишҳои дар хӯри таваҷҷӯҳ ва бисёре анҷом гирифта. Муҳаққиқоне мисли дуктур Рукнуддини Ҳумоюнфаррух – пажӯҳишгари ҳавзаи эроншиносӣ ва адабиёти порсӣ, дуктур Озартоши Озарнӯш – пажӯҳишгар дар ҳавзаи забон ва адабиёти араб, дуктур Озода Эҳсонӣ — пажӯҳишгари забонҳои бостонӣ ва устоди Донишгоҳи Теҳрон ва даҳҳо муҳаққиқи дигар, таҳқиқоти азиме дар ин мавзӯъ анҷом додаанд.

Ин навиштор маҷоли онро надорад, ки тамоми далелҳои барпокардаи ин муҳаққиқон барои исботи ин муддаоро биёварам, танҳо ба зикри чанд далел, ки бону Озода Эҳсонӣ дар мақолааш таҳти унвони “Хатти порсӣ бозмондаи хаттҳои куҳани Эрон аст” зикр мекунад, басанда мекунам.

Дуктур Озода Эҳсонӣ — пажӯҳишгари забонҳои бостонӣ ва устоди Донишгоҳи Теҳрон

Дуктур Озода Эҳсонӣ ибтидо собит мекунад, ки асосан хатте ба номи “хатти арабӣ” вуҷуд надошта, то навбат ба ин бирасад, ки бигӯем, дабираи феълии порсӣ “арабиасос” аст. Ӯ менависад:

Дидгоҳи бархеҳо дар бораи хатти порсӣ ин аст, ки “ин хатт бозмондаест аз хатте, ки онро арабӣ мехонанд, ва шигифт он ки бар ин боваранд, “хатти арабӣ бозмондаи хатти набатӣ ё кӯфӣ аст.”

Ҳол он ки вуҷуди хатте бо номи “хатти арабӣ” худ ҷойи пурсиш дорад. Чаро ки то пеш аз ислом нишоне аз вуҷуди хатту девону омӯзиш дар миёни арабҳо бавежа дар миёни арабҳои Ҳиҷоз дида нашудааст, ҳарчанд аз арабҳои шимоли Арабистон (Ҳира ва Ғассон, ки яке зери фармони шоҳаншоҳиии Эрон ва дигаре зери фармони имперотурии Рум буд) панҷ мадрак, ки куҳантарини онҳо ба 1500 сол пеш бозмегардад, ба даст омадааст. Аз арабҳои ҷануб низ осоре ба даст омада, ки пайванд бо мардумони Яман дорад ва онҳо низ ҳамонанди мардуми Ҳира зери фармони шоҳаншоҳии Эрон будаанд.

Дуктур Рукнуддини Ҳумоюнфаррух дар китоби “Саҳми эрониён дар пайдоиш ва офариниши хатт дар ҷаҳон” мегӯяд: “Мардуми Ҳиҷоз бар асари саҳронишинӣ, аз навиштану хатт бебаҳра монданд. Аммо каме пеш аз ислом, бархе, ки ба Ироқ ва Шом (Ҳира ва Ғассон) мерафтанд, навиштанро аз онҳо омӯхтанд ва (забони) арабии худро ба хатти набатӣ ва сурёнӣ ва ибронӣ менавиштанд. Барои намуна, Суфён ибни Умайя, ки аз бозаргонони он давра буд, аз касоне буд, ки хатти сурёниро ба Ҳиҷоз овард.”

Сипас бону Озода Эҳсонӣ меафзояд, аз маҷмӯаи ривоятҳо (-и таърихӣ) чунин бармеояд, ки худи арабҳо низ нахустин маркази интишори хаттро шаҳри Ҳира ва Анбор (Пирӯзшопур) медонистаанд ва шояд он ки ривоҷи хаттҳои эронии ғарбӣ дар Миёнрӯдон (Байнаннаҳрайн) чунин эҳсосеро дар миёни онон ба вуҷуд оварда бошад, ва бавежа интишори хатти сурёнӣ дар миёни настуриёни Эрон ин эҳсосро тақвият менамудааст.

Хатте, ки имрӯза “кӯфӣ” меномандаш, нахуст ба хатти “ҳирӣ” машҳур буд ва пас аз он ки мусалмонон Кӯфаро дар канори шаҳри Ҳира бино ниҳоданд, ин хатт номи кӯфӣ ба худ гирифт. Нуктае ҳаст, ки мебоист бад-он таваҷҷӯҳ дошт, хатте, ки имрӯза “кӯфӣ” номида мешавад, сад сол пеш аз пайдоии шаҳри Кӯфа, дар Ҳира ва Анбор шинохта шуда буд.

Дар идома дуктур Озода Эҳсонӣ ёдовар мешавад, ки “хатти порсӣ” на баромада аз хатти набатӣ ва на баромада аз хатти кӯфӣ аст, балки гунаи такомулёфтаи хаттҳои роиҷ дар пешинаи дарозоҳанги девону дафтар дар Эрон аст. Барои равшан шудани ин гуфтор, нахуст ба пешинаи “хатти набатӣ” нигоҳе меафканем:

Забони набатӣ дар воқеъ забони подшоҳии Петро аст. Ин подшоҳӣ замоне чанд аз Сурия то Ҳиҷоз ва аз Ӯрдун то саҳрои Сино дар Миср густурда буд. Табиист, ки осоре ба хатту забони набатӣ дар шимоли Арабистони имрӯзӣ низ, ки замоне бахше аз подшоҳии набатиён будааст, ба даст биёяд.

Асноди ба даст омада дар шимоли Арабистони имрӯзӣ, умуман дар дарозои се сада, байни ду ҳазор то ҳазору ҳафтсад сол пеш падид омадаанд ва ба хатту забони набатӣ — ва на забони арабӣ — навишта шудаанд. Албатта мебоист ёдовар шуд, ки аз 1600 сол пеш асаре дар даст аст, ки имрӯза катибаи “Аннамора” номида мешавад ва тақрибан ба забони арабии холис аст, аммо боз ҳам ба хатти набатӣ.

Аз солҳои наздик ба зуҳури ислом (ҳудуди 1450 сол пеш), танҳо ду навиштаи гузида (камтар аз ду раҷ) дар даст аст, ки дар яке аз онҳо, ки катибаи “Ҳаррон” номида мешавад ва ба соли 568 мелодӣ (ҳангоми шоҳаншоҳии Анӯшервони Соcонӣ) бозмегардад, хатти ба кор рафта дар он, бо хатте, ки арабӣ номида мешавад, ҳамонандиҳое дорад.

Аммо ин ки дар ин гусасти тақрибан дивистсола, яъне аз ҳангоми нигориши катибаи “Аннамора”, ки нахустин асар ба забони арабӣ ва хатти набатӣ мебошад, то замони катибаи “Ҳаррон”, чӣ бар хатт ва дигаргунии он гузаштааст, бар касе ошкор нест. Ва ҷойи басе шигифтӣ аст, ки ин пажӯҳишгарон бидуни ҳеҷ санаду мадраке, хатти катибаи “Ҳаррон”-ро бо хатти набатии катибаи “Аннамора” пайванд медиҳанд.

Ва низ ба бовари устод Озарнӯш дар китоби “Роҳҳои нуфузи форсӣ дар фарҳангу забони араби ҷоҳилӣ”, халаъи шигифтоваре, ки дар охирин қарнҳои ҷоҳилияти араб ба вуҷуд омада, баррасии таҳаввули хатти набатӣ ба арабиро душвор месозад.

Пас бисёр дур менамояд, ки хатте чун хатти имрӯзи мо, бозмонда аз хатти мавҷуд дар ду катибае бошад, ки ба бовари ин пажӯҳишгарон, аз хатти набатӣ ба ҷой мондааст.

Хатти кӯфӣ низ ончунон, ки пештар гуфта шуд, ба бовари пешинанигорони арабзабон низ, хатти мардуми Ҳира ва Анбор (Миёнрӯдон) будааст ва шумори андаке аз арабҳо, ки умуман аз бозаргонони араб будаанд, онро шинохта ва бо худ ба Ҳиҷоз бурдаанд, чунонки Билозарӣ менависад: “Он замон, ки ислом даррасид, ҳабдаҳ тан аз қурайшиён навиштан медонистанд.”

Нуктаи бисёр ҷолиб дар ин замина, ишораҳое аст, ки дар ашъору ахбори мавҷуд ба забони арабӣ, дар бораи хатту навиштор ба ёдгор мондааст. Ба гуфтаи устод Озарнӯш, “ашъори арабӣ, ки дар онҳо ба китобат ишора шудааст, монанди дигар ашъори ҷоҳилӣ, ба ҳеч ваҷҳ таърихи муайяне надоранд ва дар асолати бисёре аз онҳо тардид кардаанд ва эътибори замонӣ ва таърихии онҳо аз қарни нахусти ислом ақибтар наметавонад рафт, яъне замоне, ки медонем ба сабаби пайдоиши ислом, хатту нигориш равнақе ёфта буд.”

Ҷолиб ин ҷост, дар ашъоре, ки шоирони араб дар онҳо ба хатту китобат ишора мекунанд низ пойи эрониён дар миён аст. Барои намуна, дар ашъори ҷоҳилӣ ба вожаи “маҳориқ”, ки ҷамъи вожаи “муҳрақ” мебошад, ишора шудааст ва ин вожаро, ки ба маънии “аҳдномаҳо, паймонномаҳо, коғазҳо” аст, далеле медонанд бар вуҷуди хатту навишта дар миёни арабҳо. Ҳол он ки ин вожа муъраби (арабишудаи) вожаи “мӯҳрак”-и паҳлавӣ мебошад, бад-ингуна, ки коғазу номаи мӯҳрзадаро “мӯҳрак” меномиданд. Ва ҳатто шоирони араб худ ба пайванди вожаи “муҳрақ” ба эрониён ишора кардаанд, барои намуна ба байте аз Ҳорис ибни Ҳалза бингаред:

Ин хонаҳо, ки дар Ҳабс рӯ ба нестӣ ниҳодаанд аз они кист?

Осору нишонаҳои онҳо ҳамонанди маҳориқи порсиён аст.”

Имрӯза аз бисёре пажӯҳишгарон мешунавем ва мехонем: “Пас аз он ки тозиён Эронро тасхир карданд, чун бештари тозиён хондану навиштан намедонистанд, эрониёнро барои корҳои девонӣ истихдом карданд. Эрониёни девонсолор низ, ки пай ба мушкилоти хатти арабӣ бурда буданд, талош карданд шеваи нигориши онро беҳбуд бахшанд.

Аммо бояд андешид, ин хатт, ки пажӯҳишгарон онро “хатти арабӣ” меноманд, чӣ гуна хатте будааст, ки чанд сол пеш аз ислом аз марзҳои хориҷ аз сарзамини Ҳиҷоз (умуман аз марзҳои Эрон) ба василаи бархе бозаргонон вориди сарзамини арабҳо шудааст ва худи арабҳо онро намедонистаанд ва наметавонистанд бад-он бинависанд ва бихонанд, ва аз сӯи дигар дабирону девонсолорони эронӣ онро ба некӣ мешинохтанд ва метавонистанд бад-он бинависанд ва бихонанд ва дар он дигаргунӣ низ падид оваранд ва беҳбудаш бахшанд?!

Бояд ёдовар шуд, ки пешинаи хатти имрӯзи мо (ба ҳар номе, ки онро бихонанд, хатти порсӣ ё арабӣ), бегумон ҳамон хаттҳои роиҷ дар Эрони куҳан будааст.

Дар Эронзамин аз гунаҳои мухталифи хаттҳои эронӣ навиштаҳои бешуморе ба даст омадааст ва ҳар як аз он хаттҳо дар ҳавзаи ҷуғрофиёии Эрон ва ба ҳиммати эрониён ба вуҷуд омада ва комилкунандаи хатту нигориши пеш аз худ будааст.

Аммо бояд донист, ки то кунун ҳеҷ асару навиштае аз ҳеч хатте, ки зодгоҳи он сарзамини арабҳо бошад, ба даст наомадааст. Пас чӣ гуна метавон пазируфт, ки хатти порсии имрӯз, ки ошкоро пайвандиашро бо хаттҳои мавҷуд дар Эрон аз рӯзгори куҳан то имрӯз пос дошта, дар сарзамине ба вуҷуд омада бошад, ки ба заҳмат танҳо чанд намунаи ангуштшумор аз хатти набатӣ ва кӯфӣ дар он ёфт шудааст?!

* * *

Хатти порсӣ дар куҷо ва чӣ гуна ба вуҷуд омад?

Дар посух ба ин пурсиш дуктур Озода Эҳсонӣ мегӯяд, барои посух ба ин пурсиш мебоист ба наздик ба се ҳазор сол пеш бозгардем. Бовари бархе бар ин аст, ки “гунае аз алифбои cомӣ, ки онро “хатти оромӣ” мехонанд, наздик ба се ҳазор сол пеш, аз “алифбои финиқӣ” падид омад…” Ин пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки “ин хатт дар паҳнаи ғарбии сарзамини Эрон ба вуҷуд омад, бавежа пас аз рӯи кор омадани шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ, ки сарзамине густурда аз Мовароуннаҳр (Фарорӯд) то Миёнрӯдонро дарбар мегирифт, ривоҷи бисёр ёфт. Ниёз ба як хатту забони иртиботии ягона дар шоҳаншоҳии паҳновари Ҳахоманишӣ, бар густариши хатту забони оромӣ дар паҳнаи Эронзамин афзуд.”

Гарчӣ ба некӣ медонем дар катибаи Бистун — сутуни чаҳорум — бандҳои 70-88, дар бораи хатту забони эронӣ чунин омадааст: “Дориюшшоҳ гӯяд: ба хости Аҳуромаздо ин аст катибае, ки ман барсохтам. Илова бар ин ба “эронӣ” буд, ва дар рӯи алвоҳи гилин ва рӯи чарм тасниф шуда буд. Илова бар ин пайкараамро низ барсохтам… Ва он навишта шуд ва хонда шуд пеши ман. Пас аз он, ман ин катибаро дар ҳамаи аёлат фиристодам. Мардум ҳамкорӣ карданд.”

Ошкор аст, хатте, ки рӯи чарм навишта мешудааст хатти мехӣ набуда, балки хатте будааст, ки имрӯза онро албатта ба нодуруст “оромӣ” меноманд. Ин хаттро метавон хатти роиҷ дар ғарби Эрон хонд, чаро ки мардуми Миёнрӯдон аз тираҳои эронӣ буда ва пайвастагии таборӣ ва фарҳангии ин мардумон ба сарзамини модарӣ, амре ошкор мебошад. Хатти эроние, ки бар пояи катибаи Бистун рӯи чарм навишта шуда буд, хатте буд, ки дар дарознои таърихи Эрон, дабирони эронӣ дар он дигаргуниҳое падид оварданд ва ба ёрии он хаттҳои портӣ, паҳлавии катибаӣ, паҳлавии китобӣ, суғдӣ, монавӣ, сурёнӣ, паҳлавии масеҳӣ ва авастоӣ ва бисёре хаттҳои дигарро, ки имрӯза дигар ҷуз номе аз онҳо намедонем падид оварданд. Ва хатти порсии имрӯз, идомаи ҳамин раванди такомули хатт дар Эрон буда ва ин мавзӯъ ошкоро дар ҷадвали марбут ба сайри такомули хатт дар Эрон низ дида мешавад.

Дабирони донишманду ҳушманди эронӣ, ки маъмулан бо як ё чанд алифбои замони худ монанди паҳлавӣ, сурёнӣ, суғдӣ, монавӣ ва авастоӣ ошноӣ доштаанд, метавонистанд беҳтар аз ҳар каси дигар хатти порсии имрӯзро падид оварда ва қонунманд сохта бошанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: