Перейти к содержимому

Ризоӣ: “Имрӯз маҳдудият дар тамоми абъоди фаъолиятҳои исломӣ ҷорӣ аст”

Муҳаммадсаъид Ризоӣ, руҳонии тоҷик ва узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо баёни ин ки имрӯз “маҳдудият дар тамоми абъоди фаъолиятҳои исломӣ ҷорӣ аст”, гуфт: “Ашхосе, ки баъд аз истиқлол дар донишгоҳҳои исломӣ ва кишварҳои мусалмонӣ таҳсил кардаанд, дар таъқиби ниҳодҳои амниятӣ қарор доранд. Иддаи зиёде аз онҳо дар зиндонҳо ба сар мебаранд ва шумори дигарашон берун аз ватан овора ҳастанд.”

Ба гузориши хабаргузории Тасним, руҳониҳо ва уламои динӣ дар ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷойгоҳи вежае бархӯрдоранд. Дар тӯли таърихи ин минтақа аз он ҷое, ки руҳониҳо маншаи таҳаввулу ҷараёнсозӣ дар ин ҷомеаҳо будаанд, чолишҳои зиёде бо муҳоҷимон ва ҳуккоми мустабидди таърих доштаанд; аз давраи ҳуҷуми муғул гирифта то султаи Русияи тезорӣ ва бавежа ҳокимияти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва идеулужии кумунистӣ. Бо ин вуҷуд, пас аз истиқлол, дар баъзе ҷумҳуриҳо ҳамчунон масоили бисёре дар қиболи бархе руҳониҳо вуҷуд дорад. Ин масоил баъзан дар қолаби хонанишинӣ, маҳдудиятҳои сиёсӣ ва ҳатто зиндонӣ шудан бурузу зуҳур ёфтааст.

Яке аз ин ҷумҳуриҳо Тоҷикистон аст, ки бо масоил ва мушкилоти бисёр зиёде дар заминаи ҷараёнҳои исломӣ аз соли 2015 ба баъд мувоҷеҳ будааст. Дар ҳамин росто, хабаргузории Тасним мусоҳибаеро бо оқои Муҳаммадсаъид Ризоӣ тартиб додааст. Эшон аз руҳониҳо ва олимони динии тоҷик ҳастанд, ки аз аъзои аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (масъули бахши фарҳангӣ) низ мебошанд. Оқои Муҳаммадсаъид Ризоӣ ҳамчунин нависандаи даҳҳо мақола дар заминаи умури динӣ ва мазҳабӣ ва коршиноси барномаҳои телевизиюнӣ назири “Ислом ва дунёгароӣ”, “Сирати сиёсии Паёмбар (с)” ва “Хонавода дар партави дин” низ ҳастанд.

Тасним: Руҳониҳо ва уламои тоҷик имрӯз дар чӣ вазъияте ба сар мебаранд? Оё иҷозаи фаъолияти озодонаи илмӣ ва исломиро доранд?

Ризоӣ: Банда ба унвони як руҳонӣ, ходими дини Худо ва фарди огоҳ ба маорифи исломӣ, хидмататон арз кунам, ки руҳониҳо ва уламои дин дар Тоҷикистон дар вазъияти бисёр сахте ба сар мебаранд. Инҷониб шоҳиди ду даврон ҳастам: аз даҳаи ҳаштоди мелодии қарни 20, ки авҷи ҳокимияти кумунистҳо ва ба истилоҳ бехудоён буд то ба имрӯз, ки ҳудуди ду даҳа аз қарни 21 мегузарад ва кумунизм ҳам шикаст хӯрда ва кишварҳои исломӣ аз зери султаи Шӯравӣ истиқлол ёфта ва ба ойину фарҳанги аслии худ баргаштаанд. Аммо бояд ёдовар шуд, ки дар даврони Шӯравӣ, бо вуҷуди он ҳама фишорҳо, вале руҳоният ва уламо ин андоза вазъияти душвору асафбор, ки имрӯз дорандро надоштанд. Имрӯз масоҷид ва муқаддасоти исломӣ ба ҳадде таҳқир ва мавриди иҳонат қарор мегиранд, ки дар даврони Шӯравӣ ҳаргиз чунон набуд.

Феълан чизе аз ибтидои замони Шӯравӣ намегӯям, аммо ҳамин қадр медонам, ки баъд аз таҳкими пояҳои қудрати Шӯравӣ, ба як ҳадде, қонунмеҳварӣ вуҷуд дошт. Лозим аст ёдовар шавам, ки дар Шӯравӣ асле буд ба номи “ҷудоии дин аз давлат”. Феълан мегузарем аз дурустӣ ва ё нодурустии он, вале дар он замон, бино ба ҳамин асл, воқеан давлат дар шуъуни динии мардум коре надошт, яъне давлатмардон ба масоҷиду амокини муқаддаси мусалмонон ва руҳоният коре надоштанд. Аммо имрӯз ва баъд аз ба истилоҳ исқтилол, бо ин ки чунин асле яъне “ҷудоии дин аз давлат” дар қонун вуҷуд дорад, аммо давлат ба ҳадде дар шуъуни динии мардум дахолат мекунад, ки ҳадду марзе надорад ва уламо ва имомҷамоатҳо дар дохили масоҷид мавриди анвоъи тавҳинҳо ва иҳонатҳои мақомоти интизомӣ ва амниятӣ қарор мегаранд ва таҳқир мешаванд.

Ва дардовар ин ҷост, ки руҳоният ҷое барои шикоят надоранд, ва агар шикояте ҳам бикунанд, ба иҳонаткунанда иртиқои мақом дода мешавад.

Маҳдудият дар тамоми абъоди фаъолиятҳои исломи ҷорӣ аст. Ашхосе, ки баъд аз истиқлол дар донишгоҳҳои исломӣ ва кишварҳои мусалмонӣ таҳсил кардаанд, дар таъқиби ниҳодҳои амниятӣ қарор доранд. Иддаи зиёде аз онҳо дар зиндонҳо ба сар мебаранд ва шумори дигарашон берун аз ватан овора ҳастанд. Руҳоният ва уламои исломӣ бо иттиҳомоти гуногун — аз иттиҳом ба узвият дар “Ҷамоати таблиғ”, “салафигарӣ” ва ахиран ба иллати узвият дар Ҳизби наҳзати исломӣ – аз бист то бисту ҳашт сол ба зиндон маҳкум шудаанд, ки намунаи боризи онҳо, Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, руҳонии барҷаста ва раиси шӯъбаи назоратии Ҳизби наҳзат, Домулло Зубайдуллои Розиқ, олим ва раиси Маҷмаъуламо, Домулло Саъдуддини Рустам, Домулло Наимҷон Самеов, узви собиқи Шӯрои олии Ҳизби наҳзат ва даҳҳо нафари дигар аз уламои исломӣ ва навҷавонони таҳсилкарда, ба иттиҳомҳои сохта ва бофта, зиндонӣ ҳастанд.

Ба илова, мақомот ин уламоро дар зиндонҳо ҳамроҳ бо афроди муттаҳам ба узвият дар ДОЪИШ — ки ба шиддат бо уламои мӯътадил ва миёнарав душманӣ меварзанд – дар якҷо нигоҳ медоранд, ки дар мавориде ба дасти он ҷинояткорҳо уламои мо кушта мешаванд. Эшони Сайидқиёмуддин Ғозӣ, Шайх Темур ва чандин руҳонии дигар ба дасти ҳамин авбошон ба шаҳодат расиданд.

Тасним: Оё омору листе аз уламои тоҷик, ки тайи солҳои ахир (2015 ба баъд) ба тарзи машкуке аз дунё рафтаанд ё дар зиндонанд ё маҳдудияти фаъолият доранд ва ё ин ки табъид шудаанд ба хориҷ аз кишвар, дар даст доред?

Ризоӣ: Мутаассифона омори дақиқе аз руҳониҳо ва уламое, ки ахиран ба сурати машкук аз дунё рафтаанд ё дар зиндонҳо ба шаҳодат расидаанд, ва ҳамчунин донишҷӯёни улуми исломӣ, ки ба иллати маҳдудияти фаъолиятҳои динӣ ва исломӣ дар ҳиҷрат ба сар мебаранд, дар даст надорам, вале медонам хеле зиёданд, махсусан онҳое, ки мавриди пайгирд қарор доранд ва ба ин иллат дар ҳиҷрат ба сар мебаранд. Ҳоло масъулони зирабт дар Ҳизби наҳзати исломӣ дар садади гирдоварии он ҳастанд, вақте такмил шуд, дар ихтиёри расонаҳо мегузорем.

Тасним: Шӯрои уламо яке аз ниҳодҳое аст, ки дар Тоҷикистон метавонад нақши муҳимме дар заминаи ҳимоят аз руҳониҳо ифо кунад. Аммо ба назар мерасад чунин нест. Иллати ин мавзӯъ аз назари шумо чист?

Ризоӣ: Шӯрои уламо дар Тоҷикистон як ниҳоде аст, ки аз ҳеч салоҳияте дар робита бо ҳимоят аз руҳониҳо бархӯрдор нест. Ин ниҳод як нусха аст аз даврони собиқи Шӯравӣ ва балки баръакс, аз салоҳиятҳое, ки дар даврони Шӯравӣ дошт ҳам коста шуда ва ихтиёроташ дар назорат бар масоҷиду одоби таҳорату намоз маҳдуд шудааст. Аҷиб он ки ин ниҳод ба ҷойи дифоъ аз ислому мазҳаб, яке аз монеъгузорон ва бетаваҷҷӯҳ ба барномаҳои динӣ ва исломӣ шудааст. Иллати ба ин ҷойгоҳ поин рафтани ин ниҳод, адами вуҷуди афроди донишманд дар он нест, хеле донишмандон дар сатҳи олӣ он ҷо кору фаъолият мекунанд, балки иллати аслӣ, вуҷуди маҳдудиятҳо аз сӯи ҳукумат бар ин ниҳод аст, ки аҳаде ҷуръати мухолифат бо он дастуротро надорад.

Мавзӯи дигар, ин фасоди идорӣ аст, ки ашхосро ба табақаҳо ҷудо карда, худӣ ва бегонаро ба вуҷуд овардааст, ки ҳар масъала аз ин зовия ҳаллу фасл мешавад ва на қонун, ислом ва шариат. Вагарна дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя мисли Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ҳамин ниҳоди шӯрои уламо, аз руҳониҳо ва ислому муқаддасоти мусалмонӣ сахт ҳимоят ва пуштибонӣ мекунанд.

Тасним: Лутфан дар бораи вазъияти Эшони Нуруддинҷон тавзеҳоте бифармоед. Чӣ тавр шуд, ки эшон бо ин маҳдудиятҳо мувоҷеҳ шуданд? Магар эшон ҷузъи руҳониҳои барҷастаи Тоҷикистон нестанд?

Ризоӣ: Бале, Эшони Нуруддинҷон, фарзанди аршади Эшони Тӯраҷон (раҳматуллоҳи алайҳ) ва тамоми бародарон ва хонаводаи мӯҳтарамашон ҷузъи руҳониҳои барҷаста ва хидматгузорони дину миллат дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳастанд. Танҳо хидматҳои шоистаи ҷаноби Қозидомулло Акбарҷон (муовини раиси опозисиюни тоҷик, марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ) дар поён додан ба ҷангҳои дохилии солҳои 1992- 1997 ва имзои созишномаи сулҳ, кофист, то тақдир шаванд ва ба фаромӯшӣ супурда нашаванд.

Ман инро ба сароҳат мегӯям, ки ин бузургворон ва бисёре аз руҳониҳои барҷастаи дигари мо, ҳамчунин аъзо ва размандагони собиқи мухолифон, ки солҳост феълан на узви наҳзат ҳастанд ва на дар давлат хидмат мекунанд, онҳо дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир мисли гаравгон назди ҳукумат қарор доранд ва дар ҳар лаҳза аз онҳо ҳамчун сипари ҷангӣ — ки дар қадим аз асирони ҷангӣ истифода мешуд — дар муқобила бо мухолифон истифода мешаванд. Поймол намудани қарорҳои созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ, ҳазфи тарафи дигар, дар асл як хиёнати бузурги таърихӣ маҳсуб мешавад, ва албатта арз шавад, ки ҳар қадр кӯшиш барои таҳрифи ҳақиқати он шавад, ба ҳамон андоза қонуншиканиҳо афзоиш меёбад ва ашхоси бегуноҳ кушта ё зиндонӣ ва ё овора мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон мӯътақид ҳастанд бо канор задани наҳзат — тарафи муассири сулҳу ваҳдат — ва дар инзиво қарор додани он ва руҳониҳои барҷаста кишвар, метавонад ҷиноёти худро сарпӯш гузорда ва ҳақиқатро аз анзори мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пӯшида нигоҳ доранд. Аммо хушбахтона имрӯз наҳзат ва дигар мухолифон дар хориҷи кишвар гирди ҳам омада ва опозисиюни қудратмандеро ташкил додаанд. Мухолифон, ҷойгоҳи сиёсии худро мустаҳкам намуда, дар баробари хилофкориҳои ҳукумат қад алам намуда, миллати шарифи тоҷик ва низ ҷомеаи ҷаҳониро аз авоқиби бади иқдомҳои ҳукумат мутталеъ месозанд. Аз ин рӯ, ҳукумат ва дастгоҳои амниятӣ ва интизомии кишвар аз муқобила бо шаклгирии пурқудрати мухолифин ва барои ҷилавгирӣ аз таъсири он, худро оҷиз мебинад, ва аз ин рӯ аз руҳониҳои барҷаста ва дигар ашхосе, ки дар боло ишора кардам, иҷборан ва бо таҳдид, талаб мекунад, то ҷилави дурбинҳо истода ва барои мунҳариф сохтани афкори умумӣ, алайҳи мухолифин ва ҳамразмони собиқашон дурӯғу тӯҳмату ифтиро зананд.

Ин ҷо муносиб аст аз яко яки ин бузургворон ҳамроҳ бо ба сабр даъват карданашон, маъзаратхоҳӣ кунам, зеро кишвару миллат ниёз ба дастгирӣ доранд ва опозисиюн воҷиб медонад, то кишвар ва миллати худро кӯмак кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: