Перейти к содержимому

Тромп: “Вақти он аст аз ин ҷангҳои бепоёни масхара хориҷ шавем!”

Дунолд Тромп дар твитте, бо ишора ба ҷанг дар Сурия, навишт: “Замони он аст, ки аз ин ҷангҳои бепоёни масхара хориҷ шавем. Бисёре аз онҳо қавмӣ ва қабилаӣ ҳастанд. Мо бояд сарбозони худро ба хона бозгардонем.”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар Твиттер, бо ишора ба курдҳои Сурия навиштааст: “Курдҳо ҳамроҳи мо ҷангиданд бо миқдори зиёде пулу таҷҳизот, ки аз мо дарёфт карданд. Онҳо даҳаҳост, ки бо Туркия меҷанганд. Ман барои се сол аст, ки ин ҷангро мутаваққиф кардаам, аммо замони он аст, ки аз ин ҷангҳои бепоёни масхара хориҷ шавем. Бисёре аз онҳо қавмӣ ва қабилаӣ ҳастанд. Мо бояд сарбозони худро ба хона бозгардонем.”

Ӯ дар идома таъкид кардааст: “Мо бояд дар ҷое биҷангем, ки дар ҷиҳати манофеъамон бошад, фақат барои пирӯзӣ биҷангем. Туркия, Урупо, Сурия, Эрон, Ироқ, Русия ва курдҳо бояд шароит ва ин ки мехоҳанд бо доъишиҳои дастгиршуда дар ҳамсоягиашон чӣ кунанд бисанҷанд. Ҳамаи онҳо аз ДОЪИШ мутанаффиранд. ДОЪИШе, ки барои солҳо душман будааст. Мо 7000 мойл дуртар ҳастем, аммо агар як бори дигар дар ҳар куҷо наздики мо шаванд, нобудашон мекунем.”

Дар ҳамин росто, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дирӯз таъйид кард, ки нерӯҳои омрикоӣ дар ҳоли холӣ кардани мавозеъи худ аз шимоли шарқии Сурия ҳастанд. Тахлияи нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳида аз шимоли Сурия пас аз он сурат мегирад, ки рӯзи якшанбе (6 октябр) раисони ҷумҳури Туркия ва Омрико бо ҳам телефонӣ гуфтугӯ карда буданд.

Туркия эълом кардааст ба зудӣ аз замину ҳаво ба мавозеъи курдҳо дар шимоли шарқии Сурия ҳамла мекунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: